Созмони афви байналмилалӣ: вируси корона ҷони беш аз ҳафт ҳазор пизишконро гирифт

229
(Таҷдидшуда 14:12 06.09.2020)
Созмони Афви Байналмилал эълом кард, беш аз ҳафт ҳазор тан аз коркунони беҳдошт ва дармон дар саросари ҷаҳон ба иллати ибтило ба вируси корона ҷони худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Стивен Кокберн, раиси адолати иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Афви Байналмилал афзуд, бо гузашти моҳҳо аз густариши вируси корона, маргумири коркунони беҳдошт ва дармон ба далели ибтило ба ин вирус ҳамчунон дар кишварҳое монанди Мексика, Бразилия ва Амрико бо суръати бисёр болое идома дорад, иттилоъ додааст “Парстудей” дар истинод ба гузориши хабаргузории Фаронса.

Ин мақоми Созмони Афви Байналмилал таъкид кард, ки густариши сареи бемории Ковид -19 дар Африқои Ҷанубӣ ва Ҳинд нишон медиҳад, ки ба иқдоме фаврӣ дар ҳамаи кишварҳо ниёз аст.

Тибқи гузориши Созмони Афви Байналмилал, фақат дар кишвари Мексика ҳазору 320 тан аз коркунони беҳдошт ва дармон ба иллати корона ҷони худро аз даст додаанд.

Бар асоси охирин оморҳо дар ҷаҳон беш аз 26 миллион нафар ба вируси куруно мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод 873 ҳазору 554 нафар токунун ҷон бохтаанд.

229
Барчаспҳо:
ҷаҳон, вирус, саросари кишвар, беҳдошт, марг, созмон
День 30 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

61
(Таҷдидшуда 19:00 29.09.2020)
Рӯзи 30 сентябр, дар Тоҷикистон – Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ буда, ҳамчунин Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо мебошад

Рӯзи 30 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1890 дар Олмон қонунҳои зиддисотсиалистӣ бекор карда шуданд.

День 29 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1901 дар Фаронса бақайдгирии ҳатмии мошинҳое, ки суръаташон аз 36 км/соат баланд аст,  ҷорӣ карда шуд.

Соли 1902 абрешими сунъӣ соҳиби патент гардид.

Соли 1929 бахши англисии "Би-би-си" аввалин маротиба ба пахши барномаҳои телевизионӣ шурӯъ кард.

Рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон дар 49-умин Ассамблеяи генералии СММ суханронӣ намуд.

Эмомали Рахмон в ООН. Архивное фото
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Эмомали Рахмон в ООН. Архивное фото

Соли 1997 раванди бозгашти гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон хотима ёфт.

Соли 1997 роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб кушода шуд.

Участок железнодорожного пути, архивное фото
© Sputnik / Юрий Лашов
Участок железнодорожного пути, архивное фото

Соли 2004 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи танзими ҷараёни таҳия ва интишори иттилооти расмӣ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» — и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси бунгоҳҳои хабарнигории худ дар кишварҳои хориҷӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.

День 28 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 Ҳукумати Тоҷикистон нақшаҳои генералии шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Сомониён — маркази ноҳияи Рӯдакиро тасдиқ кард.

Соли 2012 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё – 2012 миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ал-Аммарӣ"-и Фаластин баргузор гардид. Бозӣ бо иштирок ва дастгирии беш аз 19 ҳазор мухлисони футбол ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистон анҷом ёфт.

Бозии тими Истиқлол бо дастаи филиппинӣ
Бозии тими "Истиқлол" бо дастаи филиппинӣ

Соли 2015 дар ИМА  Президент Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди "Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором" суханронӣ кард.

Соли 2016 лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари заминларза ва сунами дар шаҳри Палуи Ҷумҳурии Индонезия ва ноҳияҳои атрофи он ба Президенти ин мамлакат Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 30 сентябр

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.
  • Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо.
  • Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти адлия.
  • Дар Ҷумҳурии Абхазия – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Ҷалолиддини Румӣ (1207–1273) – шоири форс – тоҷик.

Абдулфаттоҳ Шафиев (1981) - журналист.

Абдуқодир Xомеъи Самарқандӣ (1890-1986)- шоир.

Баҳоваддин Зуҳуриддинов (1946) – меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Борис Кимёгаров (1920 – 1979) – коргардони кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Исматулло Мадалиев (1950) –доктори илми тиб, профессор.

Юрий Маслюков (1937-2010)- арбоби ҳизбию давлатии шўравӣ, (зодаи ш. Хуҷанд)

Нуриддин Набиев (1932)- арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Илария Райкова (1896 – 1979) – доктори илми биологӣ, профессор.

Тоҷирҷон Сатторов (1947) – доктори илми биологӣ, профессоАҳмадшо Улфатшоев (1945)- актёри театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Баҳриддин Ҳомидов (1908-1978)- актёри театр.

Нисон Шоулов (1925-2000) – найнавоз, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

61
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт

Даргузашти амири Қувайт дар синни 92-солагӣ

342
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт дар сини 92-солагӣ  аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико куҳансолтарин ҳокими араб, амири Кувайт Сабоҳи IV дар синни 92-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, амир сар аз моҳи июл дар яке аз беморхонаҳои иёлати Миннесота бистарӣ шуда, ҷарроҳӣ шудааст.

Аз он вақт инҷониб, мақомоти Кувайт борҳо гузориш додаанд, ки саломатии Сабоҳи IV мӯътадил буда дар ҳоли беҳбуд аст.

Ҳамзамон, бародари хурди Сабоҳи IV ва шоҳзодаи валиаҳд Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба ҳайси иҷрокунандаи амир таъин гардида буд.

Тибқи иттилои ҳукумат, амири нав валиаҳд Наваф ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ҷойгузини Сабоҳи IV шудааст.

Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ сар аз моҳи январи соли 2006 дар Қувайт ҳукмронӣ мекард.

Қабл аз он, ӯ ба ҳайси сарвазир кор мекард ва пештар аз он тӯли даҳсолаҳо раёсати сиёсати хориҷии кишварро ба зима дошт.

342
Барчаспҳо:
шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷаббор ас-Сабоҳ, даргузашт, Қувайт
Эмомали Рахмон открыл среднюю школу № 96 в Душанбе

Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳринав сафар кард

25
(Таҷдидшуда 10:05 30.09.2020)
Президенти Тоҷикистон сафарашро аз ифтитоҳи Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Аҳмад" оғоз кардааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав рафт. Кишвардорро фаъолону сокинон истиқбол гирифтаанд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Гуфта мешавад, ки ин ҷо нахуст Президент дар деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Аҳмад"-ро ба баҳрабардорӣ расонидааст.

Тибқи ититлои манбаъ, комплекси мазкур аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия — "Марва-мебел", коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, ошхона, гармхона, ҳавзи моҳӣ ва боғу токзор иборат мебошад.

Корхонаи муштараки "Марва-мебел" дар ошёнаи якуми бинои дуошёна ҷойгир мебошад.

Барои мебелсозӣ аз кишварҳои Урупо 16 адад дастгоҳи замонавӣ ворид гардидаанд.

Вобаста ба фармоиш дар корхонаи навбунёд беш аз 300 номгӯй мебел, аз қабили ҷевону рахти хоб, мизу курсӣ барои хона, корхона, ошхона ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин дарҳои байниҳуҷрагӣ ва кату нишасткурсиҳои гуногунҳаҷм истеҳсол карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар корхонаи мазкур имкон аст дар як шабонарӯз беш аз 8 метри мукааб тахта коркард карда шавад.

Манбаъ таъкид карда, ки дар корхона маҳсулот аслан вобаста ба фармоиш истеҳсол карда шуда, аз лиҳози тарҳ ва сифат ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Чӯбу тахта, фурнитура ва дигар ашёи хом аз Русия ва Ӯзбекистон ворид карда мешаванд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки кандакорӣ дар чӯб, ки барои миллати тоҷик меросист, дар корхона васеъ ба роҳ монда шудааст.

Ба ин кор нафарони соҳибкасб ва дорои таҷрибаи зиёди корӣ ҷалб шудаанд.

Дар корхонаи мебелсозӣ 30 кас бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Президент ба масъулин барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат дастур дода, мутахассисонро ба омӯзонидани нозукиҳои кори мебелсозӣ, аз ҷумла кандакорӣ дар чӯб ба насли наврасу ҷавон ҳидоят кардааст.

25
Барчаспҳо:
сафари корӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Шаҳринав