Осужденные. Архивное фото

Дар Арабистон се узви ДОИШ ҳукми эъдом гирифтанд

107
(Таҷдидшуда 20:06 06.09.2020)
Онҳо бо ҷурми ҳамкорӣ бо ташкилоти террористӣ ба сахттарин муҷозот маҳкум шуданд. Ҷангиён тарҳи ҳамла ба полисро низ кашида буданд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Шабакаи "Аларабия"гузориш медиҳад, ки дар Арабистони Саудӣ се ифротгаро барои ҳамкорӣ бо ДОИШ (ташкилоти террористӣ мамнӯъ дар Тоҷикистону ва Русия) ҳукми эъдом гирифтанд.

Афғонистон аз кушта шудани як раҳбари дигари ДОИШ хабар дод

Хабар дода мешавад, ки ин ҳукмро додгоҳи ҷиноии кишвар нисбат ба се ҷангӣ содир кард. 

"Узви ДОИШ ин муҷозоти сангинро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи ҷиноятӣ гирифтаанд. Онҳо нақша доштаанд ба кормандони пулис ҳамла оваранд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳангоми тафтишот муайян шудааст, ки доишиён нақша доштанд шӯъбаи пулис дар шаҳри Ҷиддаро тарконанд.

ДОИШ дар кишвари ҳамсоя боз аз худ хабар дод: ҳамла ба телевизиони Хуршеди Афғонистон

 

 

107
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Раисҷумҳур: ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро бояд халқ интихоб кунад

493
(Таҷдидшуда 21:03 26.09.2020)
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро халқ интихоб кунад

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бори дигар хостори он шуд, ки ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро халқ интихоб кунад, хабар медиҳанд расонаҳои ин кишвар.

“Ҳокимонро бояд халқ интихоб кунад. Мо ҳатман ин корро мекунем”, — таъкид дошт раисҷумҳури Ӯзбекистон.

Манбаъ қайд кард, ки Шавкат Мирзиёев ҳануз моҳи декабри соли 2016 пешниҳод карда буд, ки ҳокимон дар кишвар бояд интихобӣ шаванд.

“Агар ҳар минтақа роҳбари худро интихоб кунад, афзоиши якбораи масъулияти роҳбарон дар назди мардум ва ҷомеаро чашмдор шудан мумкин аст”, — гуфт президенти Ӯзбекистон.

Бояд қайд кард, ки айни замон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошкандро президент таъйин ва озод мекунад.

Номзадҳои ҳоким барои тасдиқ аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳри Тошканд пас аз машварат бо ҳар кадоме аз гурӯҳҳои ҳизбии маҷлиси дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

 Дар айни замон, ҳокими ноҳия ва шаҳрҳоро ҳокимони вилоятҳо, ҳокими шаҳри Тошканд таъйин ва озод мекунанд ва аз ҷониби кенгаши (маҷлис) дахлдор тасдиқ карда мешаванд.

493
Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, шаҳр, интихоб, вилоят, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон
Боец смешанных единоборств, бывший чемпион турнира UFC Конор Макгрегор

Конор Макгрегор мехоҳад бо Мэнни Пакяо ба ринг барояд

134
(Таҷдидшуда 21:06 26.09.2020)
Мэнни Пакяои 41-сола 62 бор дар рақобати касбӣ пирӯз шуда ва ҳафт маротиба мағлуб гардидааст. Дар муҳорибаҳои омехта ӯ 26 маротиба вориди "октагон" шуда ва 22 бор пирӯзу чаҳор маротиба мағлуб шудааст

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Собиқ қаҳрамони UFC Конор Макгрегор изҳор дошт, ки бо қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи WBA Мэнни Пакяо ба майдон мебарояд.

Варзишкори ирландӣ рӯзи рақобатро дақиқ нагуфт.

"Ман бо Мэнни Пакяо дар Ховари Миёна муштзанӣ мекунам. Барои ман вохӯрӣ бо беҳтарин муштзанҳои замони муосир шарафи бузург аст", - навиштааст Макгрегор.

Рақибе, ки рафтори инсонӣ кард: Конор ба Ҳабиб ҳамдардӣ баён кард

Соли 2017 Макгрегор бар зидди собиқ қаҳрамони ҷаҳонӣ оид ба бокс Флойд Мейвезер ба ринг баромада буд. Он замон варзишкори ирландӣ дар бахши 10-ум бо усули нокаути техникӣ мағлуб шуда буд. Баъдтар Майвезер ва Конор пешниҳоди реванш карда буд.

"Ин бозӣ бароям камаҳамият шуд": Макгрегор сабаби қатъи фаъолияти варзишияшро шарҳ дод

Мэнни Пакяои 41-сола 62 бор дар муштзании касбӣ пирӯз шуда ва ҳафт маротиба мағлуб гардидааст. Дар муҳорибаҳои омехта ӯ 26 маротиба вориди октагон шуда ва 22 бор пирӯзу чаҳор маротиба мағлуб шудааст.

134
Барчаспҳо:
Макгрегор, ринг, муштзанӣ, Ховари Миёна
Флаг Ирана

Эрон аз мубодилаи маҳкумони эронӣ ва тоҷикистонӣ хабар дод

0
(Таҷдидшуда 19:14 26.09.2020)
Мақомоти Эрон аз мубодилаи ду маҳкуми эронӣ ва тоҷикистонӣ ва интиқоли яке аз маҳкумони эронӣ аз Қазоқистон ба кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Маҳмуди Аббосӣ, муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарӣ ва раиси Кумитаи интиқоли маҳкумони Эрон,  иттиҳоми ин афродро қочоқи маводи мухаддир унвон кард ва ба афроде, ки ба кишварҳои Осиёи Миёна ва минтақаи Қафқоз сафар мекунанд ҳушдор дод, муҷозотҳои сангине дар қиболи иртикоби ҷурм бавижа қочоқи маводи мухаддир ва маводи равонгардон дар интизори онҳо аст, иттилоъ додааст ИРНА.

Оқои Аббосӣафзудааст, ки интиқоли маҳкумон илова бар инки тобеи иродаи сиёсии кишварҳо аст ва ҳазинаи сангине бар байтулмол таҳмил мекунад, инъиқоди мувофиқатномаи маҳкумон илзоман ба маънеи интиқол нест ва ин мавзу ба иродаи сиёсии кишварҳо бар мегардад, бинобар ин таъкиди мо бар худдорӣ аз иртикоби ҷурм аз ноҳияи афрод ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм тавассути дастгоҳҳои масъул аст.

Раиси кумитаи интиқоли маҳкумон изҳор дошт, ҳамкории хубе байни вазорати додгустарӣ ва муовинати умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон шакл гирифта ва бояд аз руйкарди ҳамаҷонибаи муовини умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон ташаккур ва қадрдонӣ кунем, ки зимни мувофиқат бо ташкили кори гуруҳи пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм дар Кумитаи ҳуқуқӣ ва қазоии ҳимоят аз эрониёни хориҷ аз кишвар, заминаи муносибе барои пардохтан ба ин мабоҳис дар қиболи эрониёни хориҷ аз кишвар фароҳам карданд.

0
Барчаспҳо:
табибони эронӣ, тоҷикистонӣ, мубодила, маҳбус, интиқол, маҳкум, Эрон, Тоҷикистон