Золотые слитки

Ӯзбекистон аз нигоҳи содироти тилло дар ҷаҳон аввал шуд

389
Дар робита ба харид тиллои Ӯзбекистон пешсафон -  Туркия - 19,4 тонна, Қатар - 3,1 тонна, сипас Ҳиндустон - 2,8 тонна мебошанд

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Моҳи июли соли ҷорӣ Ӯзбекистон дар фурӯши тилло ҷои аввалро дар ҷаҳон гирифт Дар ин бора маълумотҳои Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council)  шаҳодат медиҳанд.

Ин кишвар 11,6 тонна металли қиматбахо содир кардааст.

Дар ҷойи дуввум Муғулистон қарор гирифтааст. Ин кишвар 6,1 тонна тилло фурӯхтааст, ки  Русияву Олмон аз харидорони асосии он будаанд.

Туркия дар заминаи харид дар ҷои аввал аст - 19,4 тонна, пас аз он Қатар - 3,1 тонна, Ҳиндустон - 2,8 тонна, Қазоқистон - 1,9 тонна ва Украина - 0,3 тонна мебошанд.

Қайд карда шуд, ки моҳи июл як грамм тилло дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна 58 доллар арзиш дошт. Ҳоло нарх ба 62 доллар расидааст.

Қаблан низ Шӯрои ҷаҳонии тилло Ӯзбекистонро ба 20-гонаи бузургтарин дорандагони тилло дар ҷаҳон дохил карда буд.

Ба иттилои манбаъ, Ӯзбекистон аз лиҳози захираҳои тилло дар ҷаҳон дар ҷойи 17-ум қарор гирифт. Ин кишвар 325,7 тонна тилло захира мекунад, ки 56,2% аз захираи умумии ин кишвар аст.

389
Барчаспҳо:
фурӯш, тилло, Ӯзбекистон
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

18
(Таҷдидшуда 19:50 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳилле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

18
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон
Город Эль-Кувейт

Амири нави Кувайт савганд ёд кард

53
(Таҷдидшуда 19:04 30.09.2020)
Амири нави Кувайт Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ имрӯз дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ ба унвони амири нави Кувайт рӯзи чаҳоршанбе дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард, иттилоъ додааст  хабаргузории Форс.

Давлати Кувайт рӯзи сешанбе дар паи даргузашти Сабоҳ Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ амири 91 солаи ин кишвар, Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳро ба унвони ҷонишини вай таъин кард.

Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳи 84 сола, ки ба унвони амири Кувайт таъин шуда аст, аз соли 2006 то кунун валиаҳди ин кишвар буда ва пеш аз он низ чанд симати вазирӣ аз ҷумла вазорати дохила, дифо, умури иҷтимоӣ ва муовинати нахуствазирии Кувайтро бар уҳда дошта аст.

Ёдрас мешавем, ки 29 сентябри соли равон амирии Кувайт  Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  даргузашт. 

Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  дар 16 июни 1929 ба дунё омад ва рӯзи 29 сентябри 2020 дар 91 солагӣ дар бемористоне дар Амрико фавт кард.

Вай 29 январи 2006 дар Кувайт ба қудрат расид.

Бо даргузашти амири Кувайт, кишварҳои арабӣ дар паёмҳои ҷудогона зимни тамҷид аз нақши вай дар минтақа, бо мардуму ҳукумати Кувайт ибрози ҳамдардӣ карданд.

53
Барчаспҳо:
Парлумон, нав, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, Амири Кувайт