Эрон хабар дод, ки ваксини зидди коронавирусаш озмоиш мешавад

140
Дар Эрон низ беш аз 10 гурӯҳ бар рӯи тавлиди ваксинаи корона таҳқиқ мекунанд, ки феълан ду гурӯҳ бештар аз бақия корро пеш бурдаанд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Эрон хабар дод, ки ваксини зидди коронавирусаш озмоиш мешавад.

Тавре "Парс тудэй" менависад, раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон гуфт: Мароҳили нахусти озмоишгоҳии ваксинаи эронии корона сипарӣ шудааст ва то 2 моҳи оянда озмоиш ва тазриқи инсонии он анҷом хоҳад шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, доктор Ҷалили Кӯҳпоязода бо ишора ба ин ки таҳқиқоти ҷаҳонии зиёде дар бораи ваксина анҷом шудааст афзуд: Дар Эрон низ беш аз 10 гурӯҳ бар рӯи тавлиди ваксинаи корона таҳқиқ мекунанд, ки феълан ду гурӯҳ бештар аз бақия корро пеш бурдаанд.

Кӯри худу бинои дигарон: хитоби Дмитриев ба мунаққидони ваксинаи Русия алайҳи коронавирус

Раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон гуфт: Пешбинии мо ин аст, ки Эрон то фасли тирамоҳ ва ё авоили замистон битавонад ба намунаҳое аз ваксинаи корона, ки қобили истифода дар сатҳи байналмиллал ҳам бошад даст ёбад.

140
Город Эль-Кувейт

Амири нави Кувайт савганд ёд кард

18
(Таҷдидшуда 19:04 30.09.2020)
Амири нави Кувайт Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ имрӯз дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ ба унвони амири нави Кувайт рӯзи чаҳоршанбе дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард, иттилоъ додааст  хабаргузории Форс.

Давлати Кувайт рӯзи сешанбе дар паи даргузашти Сабоҳ Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ амири 91 солаи ин кишвар, Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳро ба унвони ҷонишини вай таъин кард.

Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳи 84 сола, ки ба унвони амири Кувайт таъин шуда аст, аз соли 2006 то кунун валиаҳди ин кишвар буда ва пеш аз он низ чанд симати вазирӣ аз ҷумла вазорати дохила, дифо, умури иҷтимоӣ ва муовинати нахуствазирии Кувайтро бар уҳда дошта аст.

Ёдрас мешавем, ки 29 сентябри соли равон амирии Кувайт  Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  даргузашт. 

Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  дар 16 июни 1929 ба дунё омад ва рӯзи 29 сентябри 2020 дар 91 солагӣ дар бемористоне дар Амрико фавт кард.

Вай 29 январи 2006 дар Кувайт ба қудрат расид.

Бо даргузашти амири Кувайт, кишварҳои арабӣ дар паёмҳои ҷудогона зимни тамҷид аз нақши вай дар минтақа, бо мардуму ҳукумати Кувайт ибрози ҳамдардӣ карданд.

18
Барчаспҳо:
Парлумон, нав, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, Амири Кувайт
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии новых культурных объектов в Хатлонской области

"Бародарамонро аз даст додем": ҳамдардии Раҳмон бо Навоф ал-Аҳмад

444
(Таҷдидшуда 16:57 30.09.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт, ки дар сини 92-солагӣ  аз олам даргузашт, изҳори таслият кардааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қувайт Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Бино ба гузорши котиботи раисиҷумҳур, Раҳмон дар номаи таслият аз хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ андӯҳгин шудааст.

"Бо реҳлати он ходими шоистаи сиёсиву давлатӣ мо бародари гиромии худро, ки бо хидматҳои бузурги инсондӯстонааш дар минтақа ва ҷаҳон нуфузу эътибори хоссаро соҳиб гашта буд, аз даст додем", - омадааст дар нома.

Раҳмон афзуда, ки марҳум бо саҳми босазояш дар густариш ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Кувайт ҳамеша дар хотироти мо боқӣ мемонад.

"Вобаста ба ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи наздикону пайвандони марҳум, ба тамоми мардуми бародари Қувайт таъзияву таслияти сидқии ин ҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам".

Президенти Тоҷикистон дуо карда, ки "Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад. Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун".

Ёдрас мешавем, ки Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт -куҳансолтарин ҳокими араб дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар синни 92-солагӣ даргузашт.

Ба иттилои манбаъ, амир сар аз моҳи июл дар яке аз беморхонаҳои иёлати Миннесота бистарӣ шуда, ҷарроҳӣ шуда буд.

444
Барчаспҳо:
таслият, ҳамдардӣ, даргузашт, Амири Кувайт, Қувайт, Тоҷикистон