Первая в мире вакцина от коронавируса

КОВИД-19 дубора авҷ мегирад? вазъи ваҳими эпимедиологӣ дар Аврупо

358
(Таҷдидшуда 17:04 16.09.2020)
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ афзоиши фавт аз коронавирус дар Аврупоро пешбинӣ кардааст. Ин созмон мегӯяд ба эҳтимоли зиёд моҳҳои октябр ва ноябри соли равон дар натиҷаи авҷи мавҷи дуюми КОВИД-19 теъдоди фавтидагон дар ин қитъаи олам бештар шавад

 ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Расонаҳои ҷаҳон аз бад шудани вазъи эпимедиологӣ дар Аврупо гузориш медиҳанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ гуфтааст, ки дар ин қитъа омори марг аз коронавирус бештар мешавад.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар истинод ба СУТ менависад, бегоҳии 15-уми сентябри соли ҷорӣ шумори гирифторони коронавирус КОВИД-19 дар олам  29 миллиону 386 ҳазору 502 эълон шуд. То кунун аз ин беморӣ дар саросари ҷаҳон 931 ҳазору 250 нафар фавтиданд.

"Созмони ҷаҳонии тандурустӣ афзоиши фавт аз коронавирус дар Аврупоро пешбинӣ кардааст. Ин созмон мегӯяд ба эҳтимоли зиёд моҳҳои октябр ва ноябри соли равон дар натиҷаи авҷи мавҷи дуюми КОВИД-19 теъдоди фавтидагон дар ин қитъаи олам бештар шавад", - менависад кумита.

Дар Британияи Кабир самароварии воксани COVID дар шакли ингалятсия  (муолиҷаи роҳҳои нафас ба воситаи доруи ба газ ё буғ табдил додашуда) таҷриба мешавад. Таҳқиқотҳои пеш аз ин нишон доданд, ки воксанҳое, ки бо ин роҳ ворид карда мешаванд, назар ба тазриқ меъёр ё вояи нисбатан камтар талаб мекнанд.  

Сарварони минтақаҳои ҷануби Фаронса пешниҳод карданд, ки ба сабаби авҷи нави коронавирус тӯйҳо манъ карда шаванд. Гуфтанист, ки зарфи як ҳафтаи охир дар Фаронса сирояти бештари одамон ба коронавиурс ба қайд гирифта шуд. 

Аввалин санҷиши клиникии воксин аз коронавируси нав рӯзи душанбе дар Испания оғоз мешавад.

Дар Русия 80 дарсади катҳои беморӣ барои беморони мубтало ба коронавирус банд шудаанд. Дар айни замон дар ин кишвар бо 22 ҳазор кат барои беморони вазнин холист. 

Ба донишмандони Донишгоҳи Калифорния воқеъ дар Сан-Франсиско муяссар шудааст, ки молекулаи сафедае созанд, ки қодир аст басо пурсамар коронавирус Sars-Cov-2-ро аз миён барад. Агар бар пояи он аэрозол сохта шавад, ин дору метавонад ҳам барои табобат  ва ҳам барои пешгирӣ аз КОВИД-19 истифода шавад. 

Дар Руминия мактабҳо боз шуданд. 2,8 миллион мактаббачагон вориди синфхонаҳои таълимӣ шуданд. Мақомот доштани ниқоб барои муаллимон ва хонандагонро ҳатмӣ эълон карданд.   

Шуморои сироятшудагон ба COVID-19 дар Русия зарфи як шабонарӯзи гузашта 5529 нафар буд. Гуфта мешавад, ки дар 84 минтақаи ин кишвар шахсони нав сироятшуда ба қайд гирифта шуданд, ки бештари онҳо дар шаҳрҳои Москав (730), Петербург (206) ва вилояти Ростов (165) мебошанд. 

Чаро Ғарб дар сабқати ваксинасозӣ бой дода истодааст: интиқодот аз Русия

Ҳукумати Қирғизистон эълон кард, ки 640 миллион сом (650 миллион рубли русӣ)-ро барои мавҷи эҳтимолии вируси корона дар ин кишвар захира кардааст.

358
Президент Дональд Трамп

Намояндаи мусулмони Амрико ба изҳороти нажодпарастонаи Трамп посухи тунд дод

270
(Таҷдидшуда 20:05 24.09.2020)
Намояндаи мусулмони иёлати Меннесота вокуниши тунде ба изҳороти нажодпарастонаи Трамп нишон дод

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Илҳон Умар, намояндаи мусулмони иёлати Меннесота дар паёми твиттериаш ба изҳороти нажодпарастонаи Трамп вокуниши тунде нишон додааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

“Нахуст кишвари ман Амрико аст ва ман яке аз аъзои Маҷлиси намояндагони Амрико ҳастам, ки шуморо бозхост кард. Дувум ман дар синни ҳаштсолагӣ аз ҷанги дохилии Сомалӣ фирор кардам. Як кӯдаки ҳаштсола кишварро идора намекунад; ҳарчанд ки ту кишвари моро мисли як бачҷаи ҳаштсола идора ме‌кунӣ”, - таъкид доштааст Илҳон Умар.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Амрико ахиран ҳамлаҳои нажодпарастонае алайҳи Илҳон Умар матраҳ кард ва бо масхара кардани маҳалли таваллуди вай ба у гуфт, ки Амрико кишвари вай нест.

 Трамп дар ҷамъи ҳаводорони худ дар Пенсилвания гуфт: “Ӯ  ба мо мегуяд, ки чӣ гуна кишварамонро идора кунем. Ту аз куҷо омадаӣ? Вазъияти кишвари худат чӣ гуна аст?”

Трамп дар як соли гузашта борҳо ҳамлаҳои нажодпарастонаеро ба хонуми Умар ва се зани рангинпӯсти дигари намояндаи Конгресс анҷом додаааст.

270
Барчаспҳо:
мусалмонон, намоянда, Амрико

Лукашенко ба иттиҳомот дар барои инаугуратсияи пинҳонӣ посух гуфт

141
(Таҷдидшуда 17:21 24.09.2020)
Инаугуратсия субҳи чоршанбе баргузор шуд, вале аз ин маросим хабар надода буданд. Лукашенко имрӯз вокуниши бархе аз кишварҳоро дар ин робита шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Белорус Александр Лукашенко ба иттҳиомот дар бораи инаугуратсияи пинҳонӣ посух гуфт, хабар медиҳад Sputnik Белорус.

Дар вохӯрӣ бо сафири Чин Тсуй Тсимином ӯ изҳор дошт, ки "кишвар вазифадор нест касеро аз баргузории инаугуратсия огаҳ кунад".

Инаугуратсия субҳи чоршанбе баргузор шуд. Ожонсии давлатии БелТА бидуни анонс хабар дод, ки Лукашенко ба президентӣ шурӯъ кард ва маросими савгандёдкунӣ дар Қасри истиқлол баргузор шуд.

Вазорати адлия гуфт дар баргузории маросим ягон қонунвайронкунӣ рух надодааст ва ҳамааш мутобиқи қавонин иҷро шудааст.

Ба гуфти Лукашенко бархе аз давлатҳо нисбати Белорус мавқеъи ғайри созандаро пеша кардаанд.

"Аҷибаш ин ки ҳамсояҳо. Ҳамсояҳо атои Худоянд, онҳоро интихоб намекунанд ва мо тақдиран бояд бо дӯстӣ ба сар барем. Вале, на ҳамеша чунин мешавад. Шумо медонед, давлатҳои ҳамсоя бахусус Полша чӣ мавқеъгирӣ кардааст", - гуфт президент ба сафири чинӣ.

Ӯ ҳадз зад, ки ҳамсояҳо муттаҳид шудаанд, ки ҳукумати Белорус "ба лаҳистониҳо, литвагиҳо, украиниҳо ва боз ба ким -киҳо" аз баргузории инаугуратсия хабар надод. Дар баробари ин раҳбари кишвар қайд кард, ки тибқи қонун, ҳукумати Минск вазифадор нест намояндгони дигар кишварҳоро аз савгандёдкунӣ хабар кунад.

"Ин кори дохилии кишвари мо аст. Нақд танҳо як аст: пинҳонӣ буд... Медонед, ба маросими савгандёдкунӣ наздики 2 ҳзаор нафар аз ҷумла низомиён даъват шуда буданд. Дар пинҳонӣ нигоҳ доштани ин номумкин аст", - изҳор дошт Лукашенко.

Интихоботи президентӣ дар Белорус 9 август доир шуд. Бино ба гузориши КМИ дар ин раъйдиҳӣ 5,8 миллион нафар ширкат кард.

Бар асоси эълони натоиҷи  интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани 80,23% овозҳо дар интихобот пирӯз шуд.

Бетартибиҳо дар ин кишвар пас аз эъломи намтоиҷи интихобот оғоз шуд, ки то кунун идома дорад.

141
Барчаспҳо:
инаугуратсия, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, Белорус, Александр Лукашенко

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия