Федеральный канцлер Германии Ангела Меркель

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

285
(Таҷдидшуда 20:12 29.09.2020)
Рӯзномаи “Der Spiegel” хабар додааст, ки канслери Олмон Ангела Меркел дар беморхонаи Шарите дар Берлин бо як сафари махфӣ аз Алексей Навалний хабар гирифтааст

ДУШАНБЕ 29 сен – Sputnik. Нашрияи “Der Spiegel” навиштааст, ки Ангела Меркел, нахуствазири Олмон ба таври махфӣ дар бемористони Шаритеи Берлин Алексей Навалний мухолифи давлати Русияро аёдат кардааст.

Алекей Навалний низ дар саҳифаи Твиттер худ, гузориши нашрияи Олмонии Шпигел дар хусуси дидор бо Ангела Меркелро таъйид кард ва навиштааст, ки ин дидор як ҷаласаи хусуси ва гуфтугӯ бо хонавода буд.

Ёдарс мешавем, ки 20 август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Омск ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд.

Сипас баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш оқои Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи кимёии фалаҷкунанда мавсум ба"Навичок" масмум шудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донист.

Ахиран бемористони Шарите, ки дар шаҳри Берлин қарор дорад, рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфт ва ӯ аз бемористон ҷавоб шуд.

285
Барчаспҳо:
сафар, мухолиф, рӯзнома, беморхона, махфӣ, хабар, бемористон, Олмон, Ангела Меркел
Дмитрий Полетаев

Полетаев: пас аз пандемия муҳоҷиронро дар Русия корҳои зиёд интизор аст

106
(Таҷдидшуда 17:22 19.10.2020)
Дмитрий Полетаев, директори Маркази тадқиқоти муҳоҷират, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия гуфт, ки дар оянда Русия ба коргарони мавсимӣ муддати дароз ниёз хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Соли 2020 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав 40% коҳиш ёфт. Дар ин бора мири шаҳр Сергей Собянин хабар дод.

Камшавии нисфи шумораи муҳоҷирон дар кори хадамоти шаҳрӣ, алахусус дар ҷойҳои кории муваққатӣ барои тоза кардани шаҳр ба назар мерасад.

Коҳиши шумораи муҳоҷирон ба бозори меҳнат дар Маскав таъсир мерасонад. Ин алалхусус ба соҳаи манзилию коммуналӣ дахл дорад, ки дар он коргарони мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.

Ба гуфтаи директори Маркази тадқиқоти муҳоҷират Дмитрий Полетаев, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия, дар Маскав ва дигар шаҳрҳои калон ҷойҳои муҳоҷирон боқӣ хоҳанд монд, зеро пас аз бекор кардани карантин, иқтисод ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.

Генерал Валентина Казакова шарҳ дод, чигуна ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят хоҳад шуд

Полетаев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хидматрасонӣ, тозагӣ - ин ҳама ба ҷое нахоҳад рафт ва ҳамзамон дар умури хизматрасонии хаткашонӣ низ ҷойҳои нав пайдо хоҳанд шуд.

Коршинос қайд кард, ки ҳамин ки иқтисод тадриҷан аз оромии маҷбурӣ бармегардад, ҷойҳои корӣ боз пайдо мешаванд.

Илова бар ин, Полетаев қайд кард, ки раванди ҷалби қувваи корӣ ба маркази Русия ва шаҳрҳо идома дорад. Дар берун аз минтақаҳои калони, ба монанди Санкт-Петербург ва Москва ҷойҳои нав пайдо шудаистодаанд.

"Ин тамоюл барои 10-15 соли оянда аст, бинобар ин, мо бояд ҳатто сари он андешем, ки шояд ҳатто он муҳоҷирони меҳнатиро, ки ҳоло мо ба онҳо такя карда метавонем, нарасад", - илова кард манбаъ.

Ӯ ҳамзамон тавзеҳ дод, ки ин ҷойҳо барои муҳоҷирони дорои тахассуси пасти меҳнатӣ хоҳанд буд, ки дар он ҷо кори душвор хоҳад буд ва аз ин рӯ онҳо танҳо ба муддате ба он ҷо хоҳанд омад.

Мактуб аз баргҳо: муҳоҷири роҳруб тарзи мубориза бо коронавирусро нишон дод - навор

"Мусаллам аст, ки вазъи демографӣ талаб мекунад, ки шумораи бештари муҳоҷирони синни қобили меҳнат ҷалб карда шаванд, ки онҳо русиягӣ шуда метавонанд. Ин муқаррарот амалӣ карда мешавад", - хулоса кард директори Маркази омӯзиши муҳоҷират.

106
Барчаспҳо:
кор, муҳоҷир, Тоҷикистон, Русия
Мусульманин в защитной маске молится во время хаджа

Дар Масҷиди Ал-Ҳаром дар Макка ба хондани намоз шурӯъ карданд

191
Давлати Арабистони Саудӣ маҳдудиятеро, ки бо далели коронавирус дар масҷиди асосии Ал-Ҳаром ҷорӣ карда буд, бекор кард 

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Мақомоти Арарбистони Саудӣ ба шаҳрвандони Арабистони Саудӣ дубора иҷозат доданд, ки дар масҷди Ал- Ҳаром намоз гузоранд.

Дар ин бора расонаҳои Арабистони Саудӣ гузориш медиҳад.

Масҷиди Ал-Ҳаром - масҷиди калонтарин дар тамоми ҷаҳон мебошад.

Ҳамчунин дар ин масҷиди будург, ки Каъба ҷойгир аст, 7 моҳи ахир намоз гузоштан на танҳо ба хориҷиҳо, балки ба шаҳрвандони худи Арабистони Саудӣ низ мамнӯъ буд. Сабаби ин иқдоми мақомот, коронавирус будааст.

Рӯзи якшанбе Вазорати умури ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ дар бораи оғози амалисозии давраи дувуми ҳаҷҷи умра эълон кард. 

Ба Каъба нарасед: ҳаҷ дар шароити пандемия чигуна аст? - 10 акс

Ёдрас мешавем, Арабистони Саудӣ бо далели пандемияи коронавирус эълон кард, ки аз тамоми кишварҳо қабули муҳоҷирон лағв шудааст.

191
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

122
(Таҷдидшуда 20:24 19.10.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, шифоёбӣ ва марг аз коронавирус дар кишварро нашр кард

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  10533 нафар баробар гардид.

Пешбинии анҷоми ҳамагирии коронавирус: як соли дигар "сабр"

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 52 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9563  (90,8%)  баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ  80 нафар фавтидаанд.

Путин аз сабти номи ваксинаи дуввуми Русия алайҳи COVID-19 хабар дод: сеюмаш дар роҳ аст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

122
Барчаспҳо:
вируси корона, омор, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Тоҷикистон