Город Эль-Кувейт

Амири нави Қувайт савганд ёд кард

280
(Таҷдидшуда 22:01 30.09.2020)
Амири нави Қувайт Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ имрӯз дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ ба унвони амири нави Қувайт рӯзи чаҳоршанбе дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Давлати Кувайт рӯзи сешанбе дар паи даргузашти Сабоҳ Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ амири 91-солаи ин кишвар, Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳро ба унвони ҷонишини вай таъин кард.

Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳи 84-сола, ки ба унвони амири Қувайт таъин шуда аст, аз соли 2006 то кунун валиаҳди ин кишвар буда ва пеш аз он низ чанд симати вазирӣ аз ҷумла вазорати дохила, дифоъ, умури иҷтимоӣ ва муовинати нахуствазирии Қувайтро бар уҳда дошта аст.

Ёдрас мешавем, ки 29 сентябри соли равон амирии Кувайт  Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  даргузашт. 

Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  дар 16 июни 1929 ба дунё омад ва рӯзи 29 сентябри 2020 дар 91-солагӣ дар бемористоне дар Амрико фавтид.

Вай 29 январи 2006 дар Қувайт ба қудрат расид.

Бо даргузашти амири Қувайт, кишварҳои арабӣ дар паёмҳои ҷудогона зимни тамҷид аз нақши вай дар минтақа, бо мардуму ҳукумати Қувайт ибрози ҳамдардӣ карданд.

280
Барчаспҳо:
Парлумон, нав, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, Амири Кувайт
Эмомали Рахмон в Мекке, архивное фото

Раҳмон ва Абдулқодирзода дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё

127
(Таҷдидшуда 10:55 27.10.2020)
Пажуҳишгоҳи исломии Уммон исми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистонро ба феҳрасти “500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2021” шомил кардааст.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Рейтинги таъсирузортарин мусалмонони ҷаҳон, рӯзи гузашта нашр шуд, ки раисиҷумҳури кишвар бори шашум шомили он гаштааст.

Исми Эмомалӣ раҳмон аз соли 2012 ва номи Саидмукаррам Абдулқодирзода бошад аз соли 2015 ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор роҳ ёфтаанд.

Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон қарор дорад. Пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдул-Азиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.

Оқохони IV Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-умини исмоилиён дар зинаи 39-ум мақом гирифтааст. Гузоришгарон мегӯянд, аз Оқохони IV беш 15 миллион нафар дар саросари ҷаҳон пайравӣ мекунанд, ки қисме аз онҳо дар Бадахшони Тоҷикистон иқомат доранд.

Ба панҷгонаи аввал щамзамон шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ, ки яке аз олимони машҳури ислом мебошад, шомил шудаанд.

Ба TOP-50 инчунин сарвазири Покистон Имрон Хон, валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, футболбози мисрии клуби англисии Ливерпул Муҳаммад Салоҳ ва ҳамзамон размикори шинохтаи доғистони Ҳабиб Нурмуҳаммадов шомил шудаанд .

Фардо дер мешавад: 5 пешниҳоди Шӯрои уламо ба мардуми Тоҷикистон

Дар ин рӯйхат инчунин Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон, Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон ворид шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки TOP-500 аз бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон сар аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад.

127
Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото

Чанд иштибоҳи асосӣ ҳангоми пӯшидани ниқоби тиббӣ

263
(Таҷдидшуда 12:19 26.10.2020)
Коршиносон чанд иштибоҳ ҳангоми пӯшидани ниқоби тиббиро номбар карданд, ки дар натиҷа пӯшидани ниқоб барабас хоҳад рафт

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Барои пешгирӣ аз коронавирус бояд пеш аз ҳама ниқоби тиббиро дуруст ба рӯй пӯшид, мегӯяд коршинос, номзади илмҳои тиббӣ Владимир Зайтсев.

Ба гуфтаи вай, ниқобро ҳеҷ вақт набояд ба манаҳ пӯшид. Ӯ таъкид кард, ки он бояд ҳатман даҳон ва биниро пӯшонад.

Пизишк қайд кард, ки бархе шаҳрвандон як ниқобро рӯзҳо ва ҳатто ҳафтаҳо мепӯшанд. Одамон онро на барои муҳофизат аз коронавирус, балки барои ҷарима нашудан дар нақлиёт ё мағозаҳо ба рӯй мекашанд.

Коршинос таъкид кард, ки ин амал тамоман нодуруст аст. Ба гуфтаи вай, як ниқобро бояд якчанд соат ифтифода карду халос. 

Ҷаримаи беш аз 100 сокини Хуҷанд: бе ниқоб гашта, фосилаи иҷтимоиро риоя накардаанд

Табиб ҳамчунин ёдрас шуд, ки пас аз расидани дастон ба ашёҳои гуногун чи дар ҷои кор ва чи нақлиёт қапидани рӯй мамнӯъ аст. 

Зайтсов таъкид кард, ки роҳи беҳтарини муҳофизат аз коронаиврус нигоҳ доштани фосилаи якним, думетрӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аст.

263