Додгоҳи Яман ба Доналд Трамп ва Муҳаммад бин Салмон ҳукми эъдом содир кард

348
(Таҷдидшуда 19:10 02.10.2020)
Додгоҳе дар Яман ҳукми эъдоми даҳ нафар аз ҷумла Салмон бин Абдулазиз - подшоҳи Арабистон, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саъудӣ ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро дар иртибот бо ҷинояти ҳамлаи ҳавоӣ ба автобуси ҳомили донишомӯзони яманӣ дар бозори Саъда содир кард

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik.  Ба гузориши хабаргузории ямании Сабо, дар ин додгоҳ, ки ба раёсати қозӣ Риёз Арризомӣ баргузор шуд, ҳукми эъдоми ин афрод ба ҳамроҳи Турки бин Бандар бин Абдулазиз, шоҳзодаи саъудӣ, Ҷеймс Матиз, вазири дифои пешини Амрико, Абдурабӣ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури мустаъфии Яман ва чанд мақоми дигари давлати мустаъфии Яман содир шуд.

Гуфта шудааст, ки ин афрод ба пардохти 10 миллиард доллар ғаромат ба волидайни кудакон маҳкум шуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, Турки Алмоликӣ, сухангӯи эътилофи мутаҷовизи Саъудӣ пас аз ҳамлаи ҷангандаҳои саъудӣ ба бозори Саъда ва куштори донишомӯзони яманӣ гуфт, ки ин ҳамла иқдоми низомии машрӯъ будааст.

Арабистон бо ҳимояти Аморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ёдрас мешавем, ки ҷангандаҳои саъудӣ санаи 9 августи 2018 автобуси ҳомили кӯдакони яманиро дар шаҳри Заҳиёни  устони Саъда ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он 55 кӯдак кушта ва 77 нафари дигар захмӣ шуданд.

348
Дети в защитных масках

Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт

320
(Таҷдидшуда 18:15 27.10.2020)
Мутахассисон кӯдакони гирифтори коронавирусро муоина карда, оқибатҳои хатарнокро муайян кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Кӯдаконе, ки гирифтори коронавируси нав ҳастанд, метавонанд ба оқибатҳои вазнин дучор оянд, мегӯяд Лайло Намозова-Баранова, раиси кумитаи иҷроияи Иттиҳоди педиатрҳои Русия.

Ба гуфтаи вай, ташхиси кӯдаконе, ки сироят ёфтаанд, таҳдиди камборвариро нишон дод.

"Назорати кӯдаконе, ки ба ягон намуди сирояти коронавирус гирифтор шудаанд, ҳатмист" гуфт коршинос.

Тибқи натиҷаҳои пурсиш, пас аз коронавирус дар беморони хурдсол, 30% коҳиш ёфтани функсияҳои маърифатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Чунин нишондиҳандаҳо ҳатто дар кӯдаконе ёфт шудаанд, ки бемории бе аломат доштанд.

Олимон гуфтанд, кадом омил хавфи марг аз коронавирусро дучанд мекунад

"Пас аз гирифторӣ ба сирояти коронавирус, писарон тағироти ҷиддии сперматогенезро аз сар мегузаронанд. Дар оянда ин моро бо мушкилоти камборварии наслҳои оянда таҳдид мекунад", - хулоса кард мутахассис.

320

Лавров оид ба таҳримоти ИА дар робита ба Навалний алайҳи Русия: беҷавоб нахоҳад монд

106
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, таҳримҳое, ки Олмон ва Фаронса дар робита ао ҳодисаи Алексей Навалний оғоз кардаанд, нишон медиҳанд, ки Ииттиҳоди Аврупо ба қадри кофӣ баҳо дода наметавонад.

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. 15 октябр Брюссел алайҳи шаш русиягӣ ва як пажӯҳишгоҳи илмӣ маҳдудият ҷорӣ кард ва Маскав ваъдаи вокуниши баръаксро кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Лавров "радди мағрурона" -и Берлинро аз посух додан ба дархостҳои сершумори Додситонии кулли Русия дар бораи Навалний ёдовар шуд.

Ба гуфтаи дипломат, ин ӯҳдадориҳои Олмонро дар назди Конвенсияи Аврупо оид ба кӯмаки мутақобила дар масъалаҳои ҷиноӣ вайрон мекунад.

“Ба ҷои эҳтиром ба ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ, намояндагони Олмон ва Фаронса як ташаббуси дигари таҳримҳои ғайриқонунии ИА алайҳи шаҳрвандони Русияро оғоз карданд.  Ҳамаи ин таассуфовар аст ва ба таври равшан нишон медиҳад, ки <...> талоши (Брюссел. – аз идора.) худро берун аз қонун гузоштан аст-”, - гуфт Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи Хорватии “Вечерный Лист”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаҳои зиддируссии ҳамкасбони ғарбӣ, ки дипломатияро фаромӯш кардаанд ва ба сатҳи дағалии ғайриоддӣ расидаанд, дар Маскав беҷавоб нахоҳанд монд.

Александр Сабаев: ташхиси Навалний дар бораи "заҳролудшавӣ" тасдиқ нашуд

Дипломат қайд кард, ки Вашингтон ва Брюссел талошҳои худро барои боздоштани рушди Русия дучанд кардаанд, аммо дар айни замон онҳо ҳеҷ далеле дар бораи иттиҳомоти зидди Маскав пешниҳод намекунанд.

Лавров изҳори умедворӣ кард, ки шарикони аврупоӣ барои барқарор кардани муколама ба қадри кофӣ ақли солим ва дурандешӣ дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, моҳи август блогери рус Алексей Навалний дар ҳавопаймо аз ҳуш рафт ва оҷилан ба беморхона интиқол дода шуд.

Ёдарс мешавем, ки 20 август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Омск ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд.

Сипас баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш оқои Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи кимёии фалаҷкунанда мавсум ба"Навичок" масмум шудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донист.

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

Ахиран бемористони Шарите, ки дар шаҳри Берлин қарор дорад, рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфт ва ӯ аз бемористон ҷавоб шуд.

106
Барчаспҳо:
Олмон, ИА, Сергей Лавров, Русия
Абдуқодир Вализода, раиси тозатаъйини шаҳри Кӯлоб

Барномаи якмиллиардии рушди Кӯлоб ҳамагӣ 55 фоиз иҷро шуд: гузориши Вализода ба Раҳмон

32
(Таҷдидшуда 12:41 28.10.2020)
Абдуқодир Вализода, раиси шаҳри Кӯлоб, дар ҷаласаи Ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни татбиқи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019, ки арзиши умумии он беш аз 1 миллиард сомонӣ мебошад, гузориш дод

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, барномаи мазкур 262 лоиҳаро ба маблағи умумии 1 миллиарду 46 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ 237 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоятӣ 5,8 млн сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 23,7 млн сомонӣ, маблағҳои худӣ 187,1 млн сомонӣ, маблағҳои сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ 592,6 млн сомониро дар бар мегирифт.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

"Ин Барнома аз 5 бахш, аз ҷумла бахши иқтисодӣ -саноат, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоӣ - маориф, фарҳанг, тандурустӣ, инфрасохтор - таъминот бо оби нӯшокӣ, коммуналӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва таъминоти захиравӣ иборат буд", - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, дар давоми амалишавии барнома то ба имрӯз ба маблағи 578 миллиону 871 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардид, ки 55,3 фоизи нишондиҳандаи барномаро ташкил медиҳад.

"Дар давраи амалишавии Барнома 17 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода супорида шуданд. Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 14 лоиҳа ба маблағи 6,9 млн сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 4 лоиҳа иҷро, 8 лоиҳа қисман ва 2 лоиҳа иҷро нагардид. Маблағҳои лоиҳаҳои иҷрошуда 1,1 млн сомонӣ ё 15,8 фоизро ташкил дод", - илова кард дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар давраи амалишавии барнома дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 14 ҳазору 742 ҷойи кори нави доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудаст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур доданд, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019” босифат ва пурра дар амал татбиқ карда шавад.

32
Барчаспҳо:
рушд, барнома, шаҳри Кӯлоб, Тоҷикистон