Садои ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ дар Эрон: хумпора аз Қарабоғ як кӯдаки эрониро захмӣ кард

271
(Таҷдидшуда 19:23 02.10.2020)
Бо оғози муноқиша дар минтақаи Қарабоғ, як қатор хумпораҳое (миномётҳо), ки ду тарафи ҷанг андохтанд, ба хоки Эрон фуруд омаданд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Алӣ Амирии Род  фармондори шаҳристони Худоофарин дар марзи шимолу ғарбии Эрон гуфт, ки дар пайи даргирии нерӯҳои низомии Арманистон ва  Озарбойҷон дар минтақаи Қорабоғи Кӯҳӣ, аз субҳи имрӯз  панҷ хумпораи тарафҳои даргир, ба манотиқи марзии Эрон исобат кардааст,  иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Вай афзуд, ки ду хумпора ба рустои  Парвиз  Хонлу бархурд карда, ки бар асари он, як кӯдаки шашсола захмӣ шуда ва се хумпора низ дар боғҳо ва заминҳои кишоварзии ин русто  фуруд омадааст.

Рӯзи душанбе низ дар пайи даргирии нерӯҳои низомии Арманистон ва Озарбойҷон дар минтақаи Қорабоғ, се хумпораи тарафҳои даргир дар манотиқи марзии Эрон  фурӯд омада буд.

Даргириҳои низомӣ миёни нерӯҳои Арманистон ва  Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ субҳи якшанбе аз сар гирифта шуд.

271
Барчаспҳо:
захмӣ, кӯдак, Эрон, муноқиша, ҷанг, Қарабоғи Кӯҳӣ

Ҳабиб амали Макронро маҳкум кард: "мо пайғамбарамонро беш аз ҳама дӯст медорем"

1365
(Таҷдидшуда 17:41 30.10.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи муҳорибаҳои омехта рафтори президенти Фаронса Эммануэл Макронро нисбати пайғамбари ислом Муҳаммад (с) шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар саҳифааш дар Instagram аз ояти Қуръонӣ мисол оварда, акси президенти Фаронса Эммануэл Макронро бо изи пой нашр кард ва ӯро бадтарин махлуқ хонд.

"Бигзор Худои Таъоло чеҳраи ин махлуқ ва тамоми пайравони ӯро, ки зери шиори озодии сухан, эҳсоси беш аз якуним миллиард мусалмонро таҳқир мекунанд, зишт гардонад.  Бигзор Худо онҳоро дар ҳаёт ва дар охират хор созад. Худо дар ҳисобот зуд аст ва шумо инро хоҳед дид", - навиштааст Ҳабиб.

Ӯ афзуда, ки мусалмонон пайғамбарашон Муҳаммад (с) - ро беш аз ҳар касе дӯст медоранд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Да обезобразит Всевышний лицо этой твари и всех его последователей, которые под лозунгом свободы слова оскорбляют чувства более полутора миллиарда верующих мусульман. Да унизит их Всевышний в этой жизни, и в следующей. Аллах скор в расчёте и вы это увидите. Мы - мусульмане, любим нашего Пророка Мухаммада (да благословит его Аллах и приветствует) больше, чем наших матерей, отцов, детей, жён и всех остальных близких нашему сердцу людей. Поверьте мне, эти провокации им выйдут боком, конец всегда за Богобоязненными. - ‎قبح الله وجه هذا الأبتر وجميع تبعهم الذين يؤذون الشعور أكثر من نصف مليار مسلم تحت قناع الحرية ‎أذلهم الله في الدنيا والآخرة إن الله سريع الحساب ‎نحن مسلمون نحب رسولنا ونبينا محمد صلى الله عليه وسلم أكثر من أمهاتنا وآبائنا وأبنائنا وأزواجنا ومن جميع خلق الله سبحانه وتعالى ‎صدّقوني هذه الاستفزازات سوف تخرج من أعناقهم والعاقبة للمتقين - Holy Quran 33:57 ------------------ إِنَّ الَّذِينَ يُؤْذُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ لَعَنَهُمُ اللَّهُ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَأَعَدَّ لَهُمْ عَذَابًا مُّهِينًا Воистину, тех, которые поносят Аллаха и Его Посланника, Аллах проклял в этом мире и в Последней жизни и уготовил им унизительные мучения.

Публикация от Khabib Nurmagomedov (@khabib_nurmagomedov)

"Мо мусалмонон, Паёмбарамон Муҳаммад (с) -ро аз модарон, падарон, фарзандон, ҳамсарон ва ҳамаи одамони ба диламон наздик, бештар дӯст медорем. Бовар кунед, ин иғвоҳо ба онҳо бармегарданд, оқибати хуб ҳамеша барои парҳезгорон аст", - навиштааст қаҳрамон.

Тазоҳурот дар Теҳрон пас аз шарҳи Макрон дар бораи Ислом - навор

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд. 

Профессор матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

Қотили ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд.

Ин амали Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон гардид.

1365
Барчаспҳо:
Фаронса, маҳкум, Қуръон, Эммануэл Макрон, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Полицейские охраняют территорию после сообщения о нападении с ножом в церкви Нотр-Дам в Ницце

Теракт дар Фаронса: нафари мусаллаҳ сари занеро буриду ду нафари дигарро парронд - навор

1334
(Таҷдидшуда 17:14 29.10.2020)
Наздикии Нотр - Дам - де Нитса як фарди мусаллаҳ ба роҳгузарон ҳамла намуд. Ӯ сари як занро аз тан ҷудо карду дуи дигаро ҳадафи тир қарор дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Теракти мудҳиш дар наздикии Нотр - Дам - де Нитса тақрибан соати 11:00 ба вақти Маскав рух дод. Бар тибқи маълумоти расмӣ, фарди ношинос бо истифода аз корд сари як зани роҳгузаро бурида, чанд нафари дигарро ҳадафи тир қарор дод.

Бо такя ба маълумоти ахир, бар асари ин теракт дасти кам се нафар ҷони худро аз даст доданд. Гуфта мешавад, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муяссар шуд, ки ҳамлаварро дастгир ва шахсияташро муайян созанд.

Ҳоло омили асосии даст задан ба ин амали нангин дақиқ мешавад.

Раиси шаҳри Нитса Кристиан Эстрози ҳодисаи мазкурро амали террористӣ арзёбӣ кард.

Дар Фаронса сари омӯзгори таърихро аз тан ҷудо карданд: аксҳои пайғамбарро масхара мекард

Дақиқан, чанд ҳафта пеш дар Фаронса ҳодисаи ба ин монанд рух дода буд. Он замон сари профессори коллеҷ аз тан ҷудо карда шуд. Омӯзгори марҳум ба донишҷӯёни худ тасвирҳои танзмези Пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

1334
Барчаспҳо:
теракт, Фаронса
День 31 октября

Ҷашнҳои рӯзи 31 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 17:57 30.10.2020)
Рӯзи 31 октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо ва Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ мебошад. Ҳамзамон ин рӯз дар таърих ҳамчун Рӯзи байналмиллалии Баҳри сиёҳ ҳисобида мешавад

Рӯзи 31 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод.

Соли 1932 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин Кодекси гражданӣ мавриди амал қарор гирифт.

Соли 2011 бинобар ҳисоботи Фонди нуфузи аҳолии СММ 7-миллиардумин сокини Замин ба дунё омад.

Люди в защитных масках на улице
© REUTERS / CARLOS GARCIA RAWLINS
Люди в защитных масках на улице

Соли 1892 Артур Конан Дойл китоби худ "Воқеаҳои ногаҳонии Шерлок Хомс"-ро ба нашр расонд.

Соли 1906 Намоиши ҷаҳонии "Экспо-1906" дар шаҳри Милани Италия кори худро ба анҷом расонид.

Соли 2012 тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шуд.

День 30 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 31 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод.

Соли  2011 дар шаҳри Порис масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону ЮНЕСКО баррасӣ шуданд.

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4 ва вазири вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6 – ум миёни Тоҷикистону Афғонистон оғоз бахшиданд.

Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото
Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии "Шаҳри бехатар" ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор дароварданд.

День 29 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2015 байни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ҷоҳор Дарул Такзим"-и Малайзия ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф овард.

Соли 2013 Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 31 октябр.

  • Рӯзи байналмилалии Баҳри сиёҳ.
  • Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо.
  • Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ.

     

Рӯзи 31октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст.

Соли 1941 – Сарояндаи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Содиқова.

Соли 1953 – ҳофиз ва мусиқачӣ Азизулло Шариф.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон