Военнослужащие армии Ирана, архивное фото

Ба қаламрави мо мушак напартоед: Ҳушдори дигарбораи Эрон ба Озарбойҷону Арманистон

806
(Таҷдидшуда 17:37 08.10.2020)
Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ёддошти расмӣ, эътирози шадиди Ҷумҳурии Исломиро дар мавриди партоби мушакҳо ба қаламрави Эрон ба Озарбойҷон ва Арманистон иблоғ кард

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Сухангӯи  вазорати умури хориҷаи Эрон Саид Хатиб‌зода ахиран дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба исобати гулӯлаҳои шиллик шуда аз хоки Озарбойҷон ва Арманистон ба хоки Эрон гуфт, ки аз сӯи  марзбонони Эрон дар дидор бо марзбонони Озарбойҷон ва Арманистону ироаи номаи эътирози расмӣ дар ин замина, Вазорати умури хориҷаи Эрон низ дар ёддошти  расмӣ дар хусуси нақзи тамомияти сарзаминӣ ва ҳамчунин салби амнияту хисороти молӣ ба шаҳрвандони Эронӣ, эътирози шадиди давлатро ба Озарбойҷон ва Арманистон иблоғ кардааст.

Хатибзода бо таъкиди муҷаддад бар ин ки Эрон аз амнияти атбоъи худ ба ҳеч ваҷҳ  чашмпушӣ нахоҳад кард афзуд, ки Теҳрон аз Боку ва Ереван хост дар партави равобити дӯстона ва усули ҳусни ҳамҷаворӣ, зимни эҳтиром ба ҳокимияту тамомияти сарзамини  Ҷумҳурии Исломии Эрон, тамомии иқдомоту тадобири амниятии лозимро барои ҷилавгирӣ аз такрори ин гуна  ҳаводиси ғайриқобилии қабул дар назар гиранд.

Дар рузҳои ахӣир, даргириҳо миёни Озарбойҷон ва Арманистон ба исобати теъдодии ракету хумпораи тарафайни мунозиъа ба теъдоде аз рустоҳо ва манотиқи ҳамҷавор бо марзи ин ду кишвар дар Эрон ва маҷрӯҳ шудани як кӯдаки панҷсолаи эронӣ мунҷар шудааст.

806
Барчаспҳо:
ҳушдор, эътироз, партоб, мушак, вазорати умури хориҷа, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон
Пассажирский самолет вылетает из аэропорта города Красноярска

Ҳафтае як маротиба: парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон барқарор мешаванд

207
(Таҷдидшуда 15:27 23.10.2020)
Интизор меравад, ки нахустин парвоз байни пойтахтҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон охири моҳи октябр анҷом дода шавад

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои барқарор кардани парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе ба мувофиқа расидаанд, менависад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати нақлиёти ин кишвар.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 28 октябр сурат мегирад.

Парвозҳо аз Тошканд ба Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе анҷом дода мешаванд.

Ҳавопаймоҳо ҳафтае як маротиба рӯзи панҷшанбе аз пойтахти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон парвоз хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки қаблан Тоҷикистон аз 1 июл барқарор кардани парвозҳо бо бархе шаҳрҳои Ӯзбекистонро барномарезӣ карда буд, аммо ба далели вазъи ноустувори эпидемиологӣ, ин тасмим боздошта шуд.

207
Барчаспҳо:
парвоз, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Раҳимов дар бораи бозиҳои аввали дастаи КФ "Уфа": вазъ осон нест

36
Сармураббии бошгоҳи футболи "Уфа" Рашид Раҳимов дар бораи таассуроти худ пас аз бозиҳои аввал бо дастаи нав сӯҳбат кард

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Рашид Раҳимов, собиқ футболбоз ва мураббии шинохтаи тоҷик, пас аз таъин шуданаш ба вазифаи сармураббии дастаи “Уфа”-и Бошқирдистон аллакай ду бозӣ гузаронид.

Дар бозии аввал тими Раҳимов дар доираи Премер Лигаи Русия аз дастаи “Локомотив” бо ҳисоби 1:0 шикаст ёфт ва дар бозии дуввумаш тими дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Русия бо ФК "Чертаново" – ро 4: 0 шикаст дод.

Дар чунин вазъ гуфтан душвор аст, ки чӣ гуна таассурот метавонад бошад, гуфт мураббии футбол Рашид Раҳимов дар суҳбат бо Sprutnik Тоҷикистон.

"Вазъият, бояд бигӯям, осон нест. Ва дар робита ба имкониятҳои ба даст овардани бозигарон вақт нест. Ҳоло танҳо агентҳои озод ҳастанд, аммо дар байни онҳо бозигарони ҳирфаӣ ёфтан хеле мушкил аст", - гуфт мураббии футбол.

Раҳимов афзуд, ки на ҳама футболбозони касбӣ ба бозӣ дар тиме, ки дар зинаи охирини Премер Лигаи Русия  ҷойгир аст, омодаанд.

"Даста дар зинаи паст қарор дорад, албатта, чизи зиёдеро бояд тағир дод. Аз ин рӯ, танҳо як нақша ҳаст - ҳарчи зудтар боло рафтан ва мавқеъро дар Премер Лига нигоҳ доштан", - гуфт мураббӣ.

Дар оғози кор бо тим аз бозӣ қонеъ шудан мумкин нест, алахусус агар бохте дошта бошед, илова кард Раҳимов.

Рашид Раҳимов, мутахассиси шинохтаи тоҷик сармурабии тими "Уфа" шуд

"Албатта, лаҳзаҳои мусбӣ буданд, аммо дар ниҳоят ҳама чиз натиҷаро муайян мекунад. Метавон лаҳзаҳои хубро ҳамчун асос қабул кар, аммо дар айни замон дарк мекунӣ, ки боз чӣ қадар беҳтар кардан лозим аст", - хулоса кард мураббӣ Рашид Раҳимов.

36
Барчаспҳо:
бозӣ, Сармураббӣ, Рашид Раҳимов, футбол
Прогулка в дождливую погоду

Дар Кӯлоб қариб 130 гектар ҷангал бунёд шуд

0
(Таҷдидшуда 14:53 23.10.2020)
Давоми соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷангали минтақаи Кӯлоб 129,6 гектар ҷангалзори нав ва дар 13 гектар ниҳолхона бунёд карда шудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тайи соли равон дар минтақаи Кӯлоб инчунин ҳудуди 399,4 гектар ҷангалзор барқарор гардида, дар  ниҳолхонаҳо парвариши буттаву  дарахтони  гуногун роҳандозӣ шуд, хабар дод “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло кормандони хоҷагиҳои ҷангал дар баробари омодагӣ ба мавсими сармо баҳри иҷрои нақшаи ҷамъоварии мева ва гиёҳҳои шифобахш низ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

“Аз ҳисоби ҷамъоварӣ ва хушконидани меваҳо дар қитъаҳои  махсуси ҷангалзор барои ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир маводи хӯрокӣ барои зимистон захира карда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои масъулин, имсол барои зимистонгузаронӣ дар хоҷагиҳои ҷангал аз нақша зиёд коҳу беда ва хӯроки серғизо захира карда шудааст. Таъкид шудааст, ки ҳифзу нигаҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир, ки дар ҷангалзор сукунат доранд, вазифаи аввалиндараҷаи кормандони хоҷагиҳои ҷангал мебошад.

0
Барчаспҳо:
Кӯлоб, ҷангал, ҷангалбонҳо, Тоҷикистон