Реактивный снаряд системы Смерч на территории общины Иванян Нагорного Карабаха

Озарбойҷон ва Арманистон оташбас эълон карданд

468
(Таҷдидшуда 11:47 10.10.2020)
Барои қабул кардани чунин қарори муҳим, ба намояндагони расмии Арманистон ва Озарбойҷон даҳ соат лозим шуд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раҳбарони Вазорати умури хориҷаи Арманистон ва Озарбойҷон гуфтушунидро дар Маскав ба охир расониданд. Гуфтушунид дар атрофи қазияи Қарабоғи Кӯҳӣ 10 соат идома кард.

Чуноне намояндагони вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров хабар доданд, ҷонибҳо дар чандин масоил ба мувофиқа расиданд.

Аз ҷумла аз соати 12:00 рӯзи 10 октябр оташбас эълон шуда, мубодилаи гаравгонон ва фавтидагон баргузор карда мешавад.

Ҳамчунин Озарбойҷон ва Арманистон ба гуфтушуниди дигар дар доираи созишномаи Минск, бояд пардозанд.

Қарабоғи Кӯҳӣ метавонад “Макка”-и дуюми террористони байналмилалӣ шавад

Бояд гуфт, ки гуфтушуниди миёни Арманистон ва Озарбойҷон паси дарҳои баста доир шуд.

Кремл дар бораи ворид кардани нерӯҳои посдори сулҳи Русия ба Қарабоғи Кӯҳӣ

Қазияи Қарабоғи Кӯҳӣ

Даргириӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ миёни Арманистон ва Озарбойҷон рӯзи 27 сентябр оғоз шуд. Дар Ҷумҳурии эътирофнашуда изҳор доштанд, ки аз ҷониби қувваҳои Озарбойҷон оташ кушода шуд, ки қурбонӣ дар пай дошт.

Вазорати дифоъи Озарбойҷон изҳор доштанд, ки танишро ҷониби Арманистон оғоз кард. Низомиёни арманӣ мегӯянд, Қарабоғи Кӯҳӣ аз ҷониби Озарбойҷон мушакборон карда шуд.

Русия аз Озарбойҷон ва Арманистон даъват кард, ки ба даргирӣ хотима диҳанд ва сари мизи гуфтушунид нишинанд.

Ҳамин тавр, аз саҳнаи даргириҳои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, маълумоти зиддунақиз мерасад.

Озарбойҷон ва Арманистон якдигарро дар оғози даргирӣ гунаҳкор мекунанд.

Дар ин росто, рӯзи 28 сентябр дар Озарбойҷон омодагии пурраи ҳарбӣ эъло шуда, Илҳом Алиев президенти ин кишвар дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи ҳарбӣ ҷорӣ кард.

Дар Арманистон як рӯз пеш вазъияти низомӣ эълон карда шуд.

468
Барчаспҳо:
Озарбойҷон, Қарабоғи Кӯҳӣ, оташбас, Арманистон
Дмитрий Полетаев

Полетаев: пас аз пандемия муҳоҷиронро дар Русия корҳои зиёд интизор аст

121
(Таҷдидшуда 17:22 19.10.2020)
Дмитрий Полетаев, директори Маркази тадқиқоти муҳоҷират, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия гуфт, ки дар оянда Русия ба коргарони мавсимӣ муддати дароз ниёз хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Соли 2020 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав 40% коҳиш ёфт. Дар ин бора мири шаҳр Сергей Собянин хабар дод.

Камшавии нисфи шумораи муҳоҷирон дар кори хадамоти шаҳрӣ, алахусус дар ҷойҳои кории муваққатӣ барои тоза кардани шаҳр ба назар мерасад.

Коҳиши шумораи муҳоҷирон ба бозори меҳнат дар Маскав таъсир мерасонад. Ин алалхусус ба соҳаи манзилию коммуналӣ дахл дорад, ки дар он коргарони мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.

Ба гуфтаи директори Маркази тадқиқоти муҳоҷират Дмитрий Полетаев, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия, дар Маскав ва дигар шаҳрҳои калон ҷойҳои муҳоҷирон боқӣ хоҳанд монд, зеро пас аз бекор кардани карантин, иқтисод ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.

Генерал Валентина Казакова шарҳ дод, чигуна ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят хоҳад шуд

Полетаев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хидматрасонӣ, тозагӣ - ин ҳама ба ҷое нахоҳад рафт ва ҳамзамон дар умури хизматрасонии хаткашонӣ низ ҷойҳои нав пайдо хоҳанд шуд.

Коршинос қайд кард, ки ҳамин ки иқтисод тадриҷан аз оромии маҷбурӣ бармегардад, ҷойҳои корӣ боз пайдо мешаванд.

Илова бар ин, Полетаев қайд кард, ки раванди ҷалби қувваи корӣ ба маркази Русия ва шаҳрҳо идома дорад. Дар берун аз минтақаҳои калони, ба монанди Санкт-Петербург ва Москва ҷойҳои нав пайдо шудаистодаанд.

"Ин тамоюл барои 10-15 соли оянда аст, бинобар ин, мо бояд ҳатто сари он андешем, ки шояд ҳатто он муҳоҷирони меҳнатиро, ки ҳоло мо ба онҳо такя карда метавонем, нарасад", - илова кард манбаъ.

Ӯ ҳамзамон тавзеҳ дод, ки ин ҷойҳо барои муҳоҷирони дорои тахассуси пасти меҳнатӣ хоҳанд буд, ки дар он ҷо кори душвор хоҳад буд ва аз ин рӯ онҳо танҳо ба муддате ба он ҷо хоҳанд омад.

Мактуб аз баргҳо: муҳоҷири роҳруб тарзи мубориза бо коронавирусро нишон дод - навор

"Мусаллам аст, ки вазъи демографӣ талаб мекунад, ки шумораи бештари муҳоҷирони синни қобили меҳнат ҷалб карда шаванд, ки онҳо русиягӣ шуда метавонанд. Ин муқаррарот амалӣ карда мешавад", - хулоса кард директори Маркази омӯзиши муҳоҷират.

121
Барчаспҳо:
кор, муҳоҷир, Тоҷикистон, Русия
Мусульманин в защитной маске молится во время хаджа

Дар Масҷиди Ал-Ҳаром дар Макка ба хондани намоз шурӯъ карданд

197
Давлати Арабистони Саудӣ маҳдудиятеро, ки бо далели коронавирус дар масҷиди асосии Ал-Ҳаром ҷорӣ карда буд, бекор кард 

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Мақомоти Арарбистони Саудӣ ба шаҳрвандони Арабистони Саудӣ дубора иҷозат доданд, ки дар масҷди Ал- Ҳаром намоз гузоранд.

Дар ин бора расонаҳои Арабистони Саудӣ гузориш медиҳад.

Масҷиди Ал-Ҳаром - масҷиди калонтарин дар тамоми ҷаҳон мебошад.

Ҳамчунин дар ин масҷиди будург, ки Каъба ҷойгир аст, 7 моҳи ахир намоз гузоштан на танҳо ба хориҷиҳо, балки ба шаҳрвандони худи Арабистони Саудӣ низ мамнӯъ буд. Сабаби ин иқдоми мақомот, коронавирус будааст.

Рӯзи якшанбе Вазорати умури ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ дар бораи оғози амалисозии давраи дувуми ҳаҷҷи умра эълон кард. 

Ба Каъба нарасед: ҳаҷ дар шароити пандемия чигуна аст? - 10 акс

Ёдрас мешавем, Арабистони Саудӣ бо далели пандемияи коронавирус эълон кард, ки аз тамоми кишварҳо қабули муҳоҷирон лағв шудааст.

197
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Анжелика Шопп, роҳбари нави НамояндагииКБСС дар Тоҷикистон

Таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи Салиби Сурх дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 20:59 19.10.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон таъйин шудааст.

Манбаъ афзуд, рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

“Зимни cуҳбат масоили фаъолияти КБСС ва  барномаҳои расонидани кумакҳои башардӯстона дар ҷумҳурӣ,  афзудани иқтидори сохторҳои давлатии дахлдор, паҳн намудани дониш дар бораи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки таваҷҷуҳи хоса ба кӯмакҳои башардустона ба муассисаҳои тиббӣ, хонаҳои кӯдакон ва ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулода дар давраи ҳамагирии COVID-19 равона гардид.

Манбаъ афзуд, Анжелика Шопп миннатдории хешро ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дастгирӣ ва мусоидат дар амалӣ гардидани барномаҳои башардӯстона баён намуд.

0
Барчаспҳо:
таъйин, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Тоҷикистон