Пандемия коронавируса COVID-19. Просьба носить маски на экране в деловом районе Кэнэри-Уорф в Лондоне

Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд

649
(Таҷдидшуда 17:00 10.10.2020)
Дар гузориши коршиносони Бритониёи Кабир боз се нишонаи дигар, ки метавонад аз зуҳури коронавирус хабар диҳад, ном бурда шуд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Гурӯҳи илмӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи Бритониё ба Ҳукумат дар бораи коронавирус, гузориши тоза пешниҳод кардааст, хабар медиҳад Daily Mail.

Дар баробари нишонаҳои муайяншуда, олимон боз ба се нишонаи дигар, ишора кардаанд.

Ин дард дар мушакҳо, хастагӣ ва обила дар пойҳо мебошад.

Афзоиши дардмандони коронавирус дар Қирғизистон

Ин нишондодҳо ба хотири изофаборӣ накардан, то ҳол дар феҳристи нишонаҳои асосӣ дар клиникаҳо ворид карда нашудааст. 

Дар гузориш инчунин ба зарурати ҳавасманд намудани одамон ба хонанишинӣ таъкид шудаааст.

Вирусро паҳн мекунад: пизишк номи "ашёи хатарноктарин" - и ҳифозатӣ аз COVID -19 - ро гуфт

Коршинсоон барои ҳавасмандии мардум пешниҳод кардаанд, ки дастгирии молиявӣ ба аҳолӣ афзоиш ёбад ва майхонаҳо баста шавад.

649
Барчаспҳо:
вируси нав, нав, нишона, Бритониё
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (805)

Манзилҳои сокинони мо низ хароб мешавад: Эрон ба Арманистону Озарбойҷон ҳушдор дод

56
(Таҷдидшуда 15:05 24.10.2020)
Сухангӯи аршади ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кардааст, ки дар даргириҳои миёни Арманистону Озарбойҷон дар сари Қаробоғ манзилҳои наздимарзии Эрон низ хароб гаштааст

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Сухангӯи аршади Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Абулфазли Шикорчӣ ба Арманистон ва Озарбойҷон ҳушдор дод, гузориш медиҳанд расонаҳои эронӣ.

Ӯ таъкид кардааси, ки Теҳрон ҳеч гӯна хатову таҳдид дар марзҳои муштараки Эрон бо Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷонро таҳаммул намекунад ва бо ҳар навъ  таҳдид бархурд хоҳад кард.

"Даргириҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон дар хусуси минтақаи Қарабоғ ва риоят накардани қавоиди байналмилалии ҳусни ҳамҷаворӣ ва масолеҳи ҷангӣ дар марзи кишвари севум, мунҷар ба шиллик ва исобати гулӯлаҳои хумпора ба дохили манотиқи сарзаминии Ҷумҳурии исломии Эрон шудааст", - изҳор доштааст Шикорчӣ.

Сухангӯи аршади Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кард: Риояти ҳусни ҳамсоягӣ ва сабурии Эрони исломӣ бо кишварҳои ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон набояд мавриди сӯиистифода қарор гирад ва ду кишвар набояд ба хутути қирмизи Эрон вуруд кунанд, дар ғайри ин сурат қатъан пушаймонӣ ба дунбол хоҳад дошт. 

Сардори сартип Абулфазли Шикорчӣ афзуд: Амнияти манотиқи марзӣ ва мардуми Эрон, хати қирмизи мост ва дар ин робита ба ҳар ду кишвари даргир ёдовар мешавем, ки муроқиби оташафрӯзӣ ва шайтанатҳои бегонагон бошанд.

"Мушкилоти дуҷонибаро аз тариқи мусолиматомез ва гуфтугӯ ҳаллу фасл кунанд ва бо бедиққатӣ дар амалиёти низомии худ, марзҳои сарзаминӣ ва амнияту осоиши мардуми Эронро ба мухотира наандозанд" - афзудааст вай.

"Инҷо мардумро мекушанд": Русияро дар Қаробоғ кӣ интизор аст?

Аз оғози даргириҳо дар минтақаи Қарабоғ то кунун даҳҳо гулӯла хумпора ва ракета ба рустоҳои марзии Эрон исобат ва хисороте ба марзнишинҳои эронӣ ворид кардааст.

56

Кӯдакон COVID-19-ро паҳн намекунанд: табибон афсонаи интиқоли вирусро рад карданд

207
(Таҷдидшуда 20:06 23.10.2020)
Эпидемиологи рус афсонаро дар бораи он, ки кӯдакони хурдсол калонсолонро ба коронавирус сироят мекунанд, дурӯғ хонда, гуфт, ки мактаббачаҳо интиқолдиҳандаи фаъоли сироят нестанд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Роҳбари Маркази илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Пастери Роспотребнадзор, академики Академияи илмҳои Русия Арег Тотолян гуфт, ки кӯдакон интиқолдиҳандаи коронавирус нестанд ва ин фарзия тасдиқ нашудааст, менависад РИА Новости.

Баръакс, калонсолон ва шаҳрвандони пиронсол ба кӯдакон сироят мекунанд. Афсонае, ки кӯдакон интиқолдиҳанда мебошанд, аз мушоҳидаи аввал ба вуҷуд омадааст.

Тотолян қайд мекунад, ки олимони қаблӣ пешниҳод мекарданд, ки кӯдакон сироятро дар шакли бенишона мегузаронанд ё интиқолдиҳандаи вирус мебошанд.

Мувофиқи он, ба хулосае омаданд, ки пиронсолон аз онҳо сироят меёбанд.

"Дар яке аз кишварҳои Скандинавия тадқиқоте гузаронида шуд ва нишон дод, ки баръакс аст: на кӯдакон пиронро, балки пиронсолон кӯдаконро сироят мекунанд",-таъкид кард академик.

Олимон гуфтанд, одамон бо кадом гурӯҳи хун коронавирусро сабук мегузаронанд

"Дарвоза" -и асосии коронавирус ба бадан, ки дар он афзоиш хоҳад ёфт, ретсептор ACE2 мебошад, ки дар одамони синну сол калон васешуда мебошад.

Дар кӯдакон ретсепторҳо хурданд, яъне вирус дар бадан камтар хоҳад буд ва аз ин рӯ манбаи сироят камтар аст.

Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд

"Агар мо тамоми кӯдаконро гирем, на бештар аз 10% дар таркиби гирифторони COVID-19 онҳо мебошанд. Ҳиссаи бемориҳо дар кӯдакон нисбат ба дигар гурӯҳҳои синну сол ба таври назаррас камтар аст", - хулоса кард ҳамагиршиноси рус.

207
Барчаспҳо:
сироят, кӯдакон, вируси корона, Олимон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (805)

"Бо модарам падруд гуфта будам": Лукашенко дар бораи ҳамла ба Раҳмон гуфт - видео

37
Президенти Белорус Александр Лукашенко дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон дар бораи интихоботи президентии баргузоршуда дар Тоҷикистон гуфт

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Президенти Белорус Александр Лукашенко дар рафти сафари кориаш ба минтақаҳои кишвар бо рӯзноманигорон мулоқот кард ва аз интихоботи президентии Тоҷикистон низ гуфт. Дар ин бора телевизиони СТВ гузориш медиҳад.

Ӯ дар посух ба саволҳо дар бораи шӯришҳо дар Белорус аз интихобот дар Тоҷикистон ёдрас шуд.

"Эмомалӣ, дӯсти меҳрубони ман аст. Ман ӯ ва хонаводаашро хуб мешиносам. Дар интихобот бештар аз 91 дар сади овозҳоро ба даст овард. Ин мутлақо одилона аст. Касе ҳатто наҷунбид, касе нашӯрид, дар ҳоле ки кӯшиш карданд кишварро такон диҳанд", - қайд кард президети Белорус.

Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон одамоне низ зиёданд, ки метавонистанд вазъро пас аз интихобот тезу тунд кунанд, аммо ҳодисае рух надод.

"Чаро? Чунки онҳо дар миёнаҳои соли 90-ум дар назди чашмони ман, ба қавле дусад ҳазор, ба қавле аз сесад то ниммиллион нафарро аз даст доданд. Он замон дар бораи инқилоби рангин намегуфтанд, он вақт исломгароҳо ғавғо бардошта буданд", - гуфт Лукашенко.

Вай қайд кард, ки шахсан ҳамон вақтҳо ба Тоҷикистон рафта буд.

Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

"Ва Раҳмон, ки каме аз ман калонтар аст, пурра сабз, бо ҷанг ба Душанбе ворид шуда буд. Аз почааш тир хӯрда буд. Мо он ҷо будем ва худаш нақл карда буд, ки қазия чигуна буд. "Ман, - мегуфт, - бо модарам падруд гуфта будам, зеро намедонистам, ки зинда мемонам". Ва ӯ бо мардум кишварро аз исломгароҳо тоза кард", - ба ёд меоварад президенти Белорус.

Лукашенко афзуд, ки мардуми Тоҷикистон, ки аз даҳшатҳои ҷанг гузаштаву хуб дар хотир доранд, маҳз барои ҳамин раисҷумҳури амалкунандаи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд.

 

37