Медицинские работники во временном госпитале для пациентов с COVID-19

Дубора мубталои коронавирус шуд ва фавтид: ин ҳолат то ҳол ягона дар ҷаҳон аст

3757
Зан тақрибан ду моҳ пас аз шифоёфтан аз маризии коронаврус, дубора мубталои он шуд ва ин навбат ҷон аз даст дод

ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Дар Нидерландия зани 89 - сола, дубора маризи коронавирус шуд.

Бар хабари олимони нидерландӣ, марҳум тақрибан ду моҳ пас аз шифоёфтан, боз гирифтори ин дард шуд. Аммо маротибаи дуюм вазъи саломатии ӯ якбора бад шуд ва ӯро фавран ба бемористон интиқол додаанд.

Марҳум ҳамагӣ пас аз 2 ҳафтаи мариз шуданаш, ҷон бохт.

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки ҳолати дубора мубтало шудан ба коронаврус ва ахиран ҷон бохтан, дар ҷаҳон бори нахуст ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҷаҳон алъон 37,7 миллион гирифтори маризии коронавирус сабт гардидааст. Беш як миллион аҳолии сайёра аз ин бемории сироятӣ фавтида, 26,2 миллиони дигар тавонистанд ҷон ба саломат баранд.

Дар Тоҷикистон теъдоди умумии дардмандони коронавирус ба 10 260 нафар баробар шудааст. Зимнан, 79 мариз дар кишвар ҷон бохтанд.

3757
Барчаспҳо:
бемор, фавт, маризӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (798)
Вакцинация против COVID-19 в Москве

Вирусшинос гуфт, ваксинаи зидди COVID-19 ба кӣ кумак намекунад

321
(Таҷдидшуда 13:36 21.10.2020)
Вирусшинос гурӯҳи одамонро номбар кард, ки ваксинаи коронавируси COVID-19 метавонад барои онҳо бесамар бошад

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Ваксинаи коронавирус метавонад одамонеро, ки норасоии масуният доранд муҳофизат накунад, мегӯяд доктори илмҳои тиб, вирусшинос Анатолий Алтштейн.

Барои чунин гурӯҳи одамон эмкунӣ шояд муассир набошад, менависад портали ura.ru.

Ба гуфтаи табиб, бемороне, ки чунин патология доранд, метавонанд баъди гузаронидани ваксина дар пайдоиши антитело ба коронавирус мушкилӣ кашанд.

Инчунин, вирусшинос шубҳа кард, ки имкон дорад одамонро аз рӯи қобилияти ташаккули иммунитет ба бемориҳо ба гурӯҳҳои махсус тақсим кард.

"Инсонҳо бо қобилияти тавлиди антитела аз ҳам фарқ мекунанд, аммо ба гурӯҳҳо ҷудо кардани онҳо хеле душвор аст. Ин на ба вазъи саломатӣ, балки ба хусусиятҳои организм вобаста аст, ки касе намедонад", - гуфт табиб.

Ёдовар мешавем, Вазорати тандурустии Русия моҳи август аввалин ваксинаро дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19 ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмии электрохимиявии Гамалея таҳия карда,  он "Sputnik V" ном дорад.

Путин аз сабти номи ваксинаи дуввуми Русия алайҳи COVID-19 хабар дод: сеюмаш дар роҳ аст

Чанд рӯз қабл президенти Русия Владимир Путин аз сабти номи ваксинаи дуюми русии "ЭпиВакКороны"  алайҳи COVID-19 ва инчунин сабти қарибулвуқӯи сеюм ваксина хабар дод.

321
Барчаспҳо:
одамон, пизишк, вирус
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (798)
Медсестра держит в руках ампулу с вакциной Гам-Ковид-Вак

Барои эҳтиёт: дастури Бердимуҳаммадов барои харидории ваксина алайҳи COVID-19

197
(Таҷдидшуда 13:30 21.10.2020)
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, сарфи назар аз он, ки расман дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ мавҷуд надорад, амр додааст, ки ваксинаи зидди коронавирус харидорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов фармон додааст, ки ваксинаи зидди сирояти коронавирус харидорӣ шавад, менависад рӯзномаи русизабони ҳукумати "Нейтральный Туркменистан".

"Сарвари давлат оид ба корҳои ташкилӣ доир ба хариди ваксинаҳои нави баландсифат бар зидди сирояти коронавирус, ки ҳоло дар давлатҳои мухталиф истеҳсол мешаванд, дастурҳои мушаххас дод", - гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар кадом кишварҳо ваксина харида мешавад, мушаххас нашудааст, аммо ду ҳафта қабл зимни як гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин Бердимуҳаммадов гуфт, ки Туркманистон ба дастовардҳои олимони Русия дар эҷоди ваксина алайҳи коронавирус баҳои баланд медиҳад ва мехоҳад дар ин самт ҳамкорӣ кунад.

Дар Туркманистон, бо вуҷуди гузоришҳои мақомот дар бораи набудани ҳолатҳои коронавирус, режими ниқоб ва маҳдудиятҳои дигар ҷорӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, Вазорати тандурустии Русия моҳи август аввалин ваксинаро дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19 ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмии электрохимиявии Гамалея таҳия карда,  он "Sputnik V" ном дорад.

Русия арзиши як вояи ваксинаи зидди коронавирусро гуфт

Чанд рӯз қабл президенти Русия Владимир Путин аз сабти номи ваксинаи дуюми русии "ЭпиВакКороны"  алайҳи COVID-19 ва инчунин сабти қарибулвуқӯи сеюм ваксина хабар дод.

 

197
Барчаспҳо:
харидорӣ, Бердимуҳаммадов Гурбонгулӣ, Туркманистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (798)
Комроншох Устопириён, архивное фото

Танҳо Комроншоҳ ва Сомон: ширкати ду паҳлавони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузурги Будапешт"

0
Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии  Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Будапешти  Венгрия доир мегардад, Комроншоҳи Устопирён ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тоскулоҳи бузурги Венгрия аз 23 то 25-уми октябр доир мегардад, ки дар он аз Тоҷикистон танҳо Комроншоҳ ва Сомон ширкат мекунанд, гуфт намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ дар суҳбат ба  Sputnik Тоҷикистон.

Қаблан дар назар буд аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа панҷ варзишгар ширкат мекунад.

Аммо ба иттилои Умаралӣ Сафаралӣ  Акмал Муродов ва Темур Раҳимов натавонистанд сари вақт раводит дастрас кунанд.

“Комроншоҳ ва Сомон раводити яксолаи шенгенро доштанд, бинобар ин барои онҳо чунин мушкил пеш наомад”,-гуфт манбаъ.

Номбурда гуфт, Беҳрӯзи Хоҷазода низ бояд ширкат мекард, аммо бо сабаби лат бардоштанаш натавонист ва щоло табобат мегирад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Гранд слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфт роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо, Мариус Визер баргузории мусобиқаи Гранд слам рӯйдоди таърихӣ хондааст.

“Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони ҷудо ва варзиш аст. Мо бо беқарорӣ интизорем, ки мусобиқаи Гранд сламро баргузор кунем, албатта бо қоидаи муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо Covid-19 мутобиқ шавем ва беҳтар чӣ аст, ки инро мо бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии ҷудо нишон диҳем", - изҳор дошт Визер.

Ӯ таъкид кардааст, ҳамаи корро, ки бар уҳдаашон аст, иҷро мекунанд, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз кунанд ва худашонро нишон диҳанд.

0
Барчаспҳо:
Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, варзишгарон, Тоҷикистон