Равшанбек Сабиров, новый вице-премьера Киргизии

Равшанбек Собиров - як тоҷик дар Қирғизистон муовини сарвазир шуд

1656
(Таҷдидшуда 16:56 14.10.2020)
Расонаҳои Қирғизистон эълон карданд, ки дар кишвар сарвазири нав тасдиқ ва ҳайъати ҳукумат муайян гардид. Дар он, исми як тоҷики қирғизистонӣ - Равшанбек Собиров низ зикр мешавад, ки муовини сарвазир таъин шудааст

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Парлумони Қирғизистон пас аз якдилона тасдиқ кардани номзадии Садир Жапаров ба мансаби сарвазири Қирғизистон ҳайъат, сохтор ва барномаи ҳукумати нави ин кишварро тасдиқ карданд.

Тавре Sputnik Қирғизистон гузориш медиҳад, дар ҳайъати ҳукумати нав, ки аз 18 мансабдор иборат аст, як тоҷики қирғизистонӣ Равшанбек Собиров муовини сарвазир зикр мешавад.

Қарори мазкур аз ҷониби парлумон ба президенти кишвар Сооронбой Жээнбеков барои имзо ирсол карда мешавад.

Равшанбек Собиров собиқ муовини раиси Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон, раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ ва дар гузашта вазири рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.

Сабиров Равшанбек Азатович 50 сол дошта, 18 феврали соли 1970 дар ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Хатмкардаи Академияи гумруки Русия (1999) ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон аст.

1656

Раҳимов дар бораи бозиҳои аввали дастаи КФ "Уфа": вазъ осон нест

6
Сармураббии бошгоҳи футболи "Уфа" Рашид Раҳимов дар бораи таассуроти худ пас аз бозиҳои аввал бо дастаи нав сӯҳбат кард

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Рашид Раҳимов, собиқ футболбоз ва мураббии шинохтаи тоҷик, пас аз таъин шуданаш ба вазифаи сармураббии дастаи “Уфа”-и Бошқирдистон аллакай ду бозӣ гузаронид.

Дар бозии аввал тими Раҳимов дар доираи Премер Лигаи Русия аз дастаи “Локомотив” бо ҳисоби 1:0 шикаст ёфт ва дар бозии дуввумаш тими дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Русия бо ФК "Чертаново" – ро 4: 0 шикаст дод.

Дар чунин вазъ гуфтан душвор аст, ки чӣ гуна таассурот метавонад бошад, гуфт мураббии футбол Рашид Раҳимов дар суҳбат бо Sprutnik Тоҷикистон.

"Вазъият, бояд бигӯям, осон нест. Ва дар робита ба имкониятҳои ба даст овардани бозигарон вақт нест. Ҳоло танҳо агентҳои озод ҳастанд, аммо дар байни онҳо бозигарони ҳирфаӣ ёфтан хеле мушкил аст", - гуфт мураббии футбол.

Раҳимов афзуд, ки на ҳама футболбозони касбӣ ба бозӣ дар тиме, ки дар зинаи охирини Премер Лигаи Русия  ҷойгир аст, омодаанд.

"Даста дар зинаи паст қарор дорад, албатта, чизи зиёдеро бояд тағир дод. Аз ин рӯ, танҳо як нақша ҳаст - ҳарчи зудтар боло рафтан ва мавқеъро дар Премер Лига нигоҳ доштан", - гуфт мураббӣ.

Дар оғози кор бо тим аз бозӣ қонеъ шудан мумкин нест, алахусус агар бохте дошта бошед, илова кард Раҳимов.

Рашид Раҳимов, мутахассиси шинохтаи тоҷик сармурабии тими "Уфа" шуд

"Албатта, лаҳзаҳои мусбӣ буданд, аммо дар ниҳоят ҳама чиз натиҷаро муайян мекунад. Метавон лаҳзаҳои хубро ҳамчун асос қабул кар, аммо дар айни замон дарк мекунӣ, ки боз чӣ қадар беҳтар кардан лозим аст", - хулоса кард мураббӣ Рашид Раҳимов.

6
Барчаспҳо:
бозӣ, Сармураббӣ, Рашид Раҳимов, футбол
Монумент Независимости Туркменистана в Ашхабаде, архивное фото

Мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сабаби COVID-19 ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд

35
(Таҷдидшуда 12:16 23.10.2020)
Қаблан дар назар буд, ки сеюмин дидори машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан моҳи август дар Бишкек ба нақша гирифта шуда буд, бинобар пандемияи коронавируси COVID-19 ба тирамоҳ мавқуф гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҷаласаи сеюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан дар Қирғизистон ба нақша гирифта шуда буд, бинобар пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд, гуфт вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов.

Ба гуфтаи ӯ, ин мулоқот эҳтимолан дар Туркманистон баргузор хоҳад шуд.

"Мутаассифона, бинобар ҳолатҳои марбут ба коронавирус ва номуайянии давомдор дар бораи замони рафъи ин пандемия, дар гумон аст, ки то охири соли равон ҷаласаи сеюми машваратӣ баргузор карда шавад",- гуфт Комилов.

Комилов гуфт, ки Туркманистон пешниҳод кардааст, ки мулоқоти сеюм дар соли 2021 дар ин кишвар  баргузор шавад.

"Мо, ки ҳамраиси шӯрои машваратӣ ҳастем, ин пешниҳоди Туркманистонро комилан дастгирӣ мекунем ва умедворем, ки нишасти навбатии машваратии Осиёи Марказиро бо як барномаи васеъ ва пурмазмун баргузор мекунем" гуфт ӯ.

Ӯ гуфтааст, ки пас аз нишаст дар Туркманистон, бозгаштан ба пешниҳоди Қирғизистон дар бораи ташкили нишасти машваратӣ дар Бишкек имконпазир хоҳад буд.

"Ин маънои онро надорад, ки кишварҳои минтақа дар роҳи банақшагирифташудаи ҳамкориҳои минтақавӣ " суст шудаанд", - илова кард Комилов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои бисёрҷониба барои ҳамаи панҷ давлати Осиёи Марказӣ афзалиятнок аст.

35
Барчаспҳо:
Осиёи Марказӣ, вохӯрии сарони кишварҳо, мулоқот, дидор