Криштиану Роналду

Криштиану Роналду гирифтори коронавирус шуд

388
(Таҷдидшуда 16:52 14.10.2020)
Федерасиюни футболи Португалия эълом кард, натиҷаи озмоиши коронаи Криштиану Роналду мусбат шудааст

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ба гузориши сомонаи “Варзиш 3”, Федератсиюни футболи Португалия эълом кард, ки тести коронаи Криштиану Роналду мусбат баромад.

Ситораи маъруфи португалӣ, ки дар урдӯи тими миллии кишвараш барои бозӣ муқобили Швейтсария дар Лигаи миллатҳои Аврупо ҳузур дошт, ин бозиро аз даст хоҳад дод ва бояд ба карантин биравад.

Тибқи гузоришҳо Роналду феълан алоими бемориро надорад, вале аз ҳамтимиҳояш дар тими миллӣ ҷудо шудаву зери назари пизишкон аст.

Бояд қайд кард, ки тибқи омори СҶБ шумори мубталоён ба вирус корона КОВИД-19 дар олам ба беш аз 38 миллион нафар (38 081 367 ) расид.

Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои олам 93 ҳазору 968 нафар сироятшудагони нав ба қайд гирифта шуданд ва аз ин беморӣ 1 ҳазору 681 нафар фавтиданд.

Теъдоди ҷонбохтагон ба коронавирус аз оғоз ба 1 086 017 нафар расид. 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ошкор шудани боз 38 мубталои нав ба коронавирус хабар дод ва навишт, ки шумори умумии сироятёфтагон ба ин беморӣ дар кишвар ба 10260 расидааст.  То кунун 88,7% гирифторон муолиҷа шудаанд.

Шабонарӯзи гузашта дар 18 минтақаи Русия 13 ҳазору 592 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 ба қайд гиифта шудааст, ки дар 26,2% онҳо аломатҳои сироят дида нашудааст.  Ҳамоно дар шаҳрҳои Москав (4395) Санкт-Петербург (538), Подмосковйе (440), вилоятҳои Ростов (274), Нижегород (271), Архангелск (242), Свердлов (218) ва Вилояти мухтори Ханта-Манси  (208) сироятшудагони бештар сабт шудаанд.  

388
Барчаспҳо:
Португалия, гирифторон, вируси корона, вирус, Роналдо

Кӯдакон COVID-19-ро паҳн намекунанд: табибон афсонаи интиқоли вирусро рад карданд

150
(Таҷдидшуда 20:06 23.10.2020)
Эпидемиологи рус афсонаро дар бораи он, ки кӯдакони хурдсол калонсолонро ба коронавирус сироят мекунанд, дурӯғ хонда, гуфт, ки мактаббачаҳо интиқолдиҳандаи фаъоли сироят нестанд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Роҳбари Маркази илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Пастери Роспотребнадзор, академики Академияи илмҳои Русия Арег Тотолян гуфт, ки кӯдакон интиқолдиҳандаи коронавирус нестанд ва ин фарзия тасдиқ нашудааст, менависад РИА Новости.

Баръакс, калонсолон ва шаҳрвандони пиронсол ба кӯдакон сироят мекунанд. Афсонае, ки кӯдакон интиқолдиҳанда мебошанд, аз мушоҳидаи аввал ба вуҷуд омадааст.

Тотолян қайд мекунад, ки олимони қаблӣ пешниҳод мекарданд, ки кӯдакон сироятро дар шакли бенишона мегузаронанд ё интиқолдиҳандаи вирус мебошанд.

Мувофиқи он, ба хулосае омаданд, ки пиронсолон аз онҳо сироят меёбанд.

"Дар яке аз кишварҳои Скандинавия тадқиқоте гузаронида шуд ва нишон дод, ки баръакс аст: на кӯдакон пиронро, балки пиронсолон кӯдаконро сироят мекунанд",-таъкид кард академик.

Олимон гуфтанд, одамон бо кадом гурӯҳи хун коронавирусро сабук мегузаронанд

"Дарвоза" -и асосии коронавирус ба бадан, ки дар он афзоиш хоҳад ёфт, ретсептор ACE2 мебошад, ки дар одамони синну сол калон васешуда мебошад.

Дар кӯдакон ретсепторҳо хурданд, яъне вирус дар бадан камтар хоҳад буд ва аз ин рӯ манбаи сироят камтар аст.

Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд

"Агар мо тамоми кӯдаконро гирем, на бештар аз 10% дар таркиби гирифторони COVID-19 онҳо мебошанд. Ҳиссаи бемориҳо дар кӯдакон нисбат ба дигар гурӯҳҳои синну сол ба таври назаррас камтар аст", - хулоса кард ҳамагиршиноси рус.

150
Барчаспҳо:
сироят, кӯдакон, вируси корона, Олимон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дана Уайт: Ҳабиб дар роҳи бузургтарин размикори таърих шудан аст

416
(Таҷдидшуда 18:16 23.10.2020)
Мусобиқаи навбатии UFC 254 фардо дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад, ки дидори Ҳабиб ва Гэтҷи аз муҳорибаҳои асосии он мебошад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт мӯътақид аст, ки агар Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар UFC 254 бар Ҷастин Гетҷи ғолиб ояд, русиягӣ новобаста аз категорияи вазн беҳтарин размикори ҷаҳон хоҳад шуд ва дар садри рейтинги ба истилоҳ Pound-for-Pound пеш ҷой хоҳад гирифт.

"Агар ӯ рӯзи 24 октябр Ҷастин Гетҷиро мағлуб кунад, новобаста аз категорияи вазн беҳтарин размикори ҷаҳон хоҳад шуд. Вай дар роҳи бузургтарин размикори таърих шудан аст”,­ - гуфтааст ӯ.

"Бубинед, ки ӯ чӣ қадар муҳорибаҳо дорад ва ҳанӯз ҳам шикастнопазир аст. Ҳамзамон, ӯ дар як гурӯҳи сахт ва хеле сангин баромад мекунад", - таъкид кардааст, Дана Уайт.

Муборизаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов - Ҷастин Гетҷӣ рӯзи 24 октябр дар "Fight Island" дар Абу-Даби (Аморати Муттаҳидаи Араб) баргузор мешавад ва ҳодисаи асосии намоиш хоҳад шуд.

Раҳбари UFC дар бораи рақобати Ҳабиб ва Гэтҷи навори дидание нашр кард - видео

Муҳориба рӯзи  24 октябр дар Абу-Дабӣ (АМА) баргузор мешавад. Дар ин рақобат қаҳрамони феълии UFC бо рақиби худ Ҷастин Гэтҷи вомехӯрад ва қувва меозмояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб ин навбат талош мекунад камарбанди қаҳрамонии худро барои маротибаи сеюм ҳифз кунад.

Ҳабиб гуфт, чӣ гуна Гэтҷиро "мешиканад": "Зидди ӯ нақшаи нав дорам".

Ҳабиб то ҳол 28 муҳориба баргузор намудааст ва боре ҳам мағлуб нашудаст. Ҳарифи ӯ бошад аз 22 рақобати умумӣ 2 мағлубият дорад.

416
Барчаспҳо:
муҳориба, размикор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Русия
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо ризокорон дар Хоруғ

Ташкили колхозу кооператив ба ҷои хоҷагиҳои оилавӣ: пешниҳоди ҳукумати ВМКБ

0
(Таҷдидшуда 20:58 23.10.2020)
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз натиҷаи машварати назоратии назди раиси вилоят гузориш дод, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ё худ оилавӣ дар вилоят таҷдиди сохтор шаванд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҳукумати ВМКБ теъдоди хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ё худ оилавиро 15 ҳазору 844 адад гуфта, фаъолияти онҳоро ноустувор ва нокифоя хондааст.

Бар асоси иттилоияи нашркардаи мақомоти ВМКБ, гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳо - ташкили кооперативҳои истеҳсолию колхозҳо зарур аст. Манбаъ илова намудааст, ки инчунин зиёда аз 1300 гектар замин солҳои дароз дар зери сохтмон ҳастанд, вале ҳанӯз аз ҳисоботи омори замини кишт бароварда нашудаанд

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ,  барои истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда ва таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ  ташкили ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои деҳқониро пешниҳод карда буд.

“Хочагиҳои деҳқонии инфиродӣ имрӯз дар вилоят зиёда аз 16 ҳазор ҳастанд, вале ҳиссаи ҷамъи замин ба ҳар яки онҳо 0,10 ҳисса мерасад. Ба ин хотир ассотсиатсияҳо ё кооперативҳои хоҷагиҳои деҳконӣ таъсис додан зарур аст. Ин омил имкон медиҳад, на танҳо ҳисобу китоби фаъолият, балки тавлиди зиёди ҳосили рӯёнда ва андозбандии онҳо, ҳамзамон хизматрасониҳои дигар ба онҳо беҳтар ба роҳ монда мешаванд", - омада буд дар изҳороти Файзов, ки котиботи ҳукумати ВМКБ нашр карда буд.

0
Барчаспҳо:
ВМКБ, пешниҳод, Тоҷикистон