Зубная щетка, архивное фото

Дандонпизишк нишон дод, чӣ қадар хокаи дандоншӯӣ бояд истифода кард - навор

504
(Таҷдидшуда 15:46 15.10.2020)
Истифодаи миқдори зиёди хокаи дандоншӯӣ ҳангоми тамиз кардани дандон, ба пайдо шудани изҳои сиёҳ дар дандон оварда мерасонад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дандонпизишк аз Малайзия бо номи Dr Gao нишон од, ки ҳангоми тамиз кардани дандон бояд чӣ қадар хокаи дандоншӯӣ истифода бурд.

Навор тарзи дуруст истифода намудан аз хокаи дандоншӯиро ӯ Tik Tok нашр намуд.

 

​Дандонпизишк тавсия дод, ки миқдори хокаи дандоншӯӣ барои одамони калонсол аснои шустани дандон набояд аз андозаи нахуд калонтар бошад.

Ҳамчунин маслиҳат дод, ки дар чӯткаи кӯдакони то се сола хамиро бояд  мобайн бисёр танук молида шавад.

Ӯ мегӯяд, истифодаи аз ҳад зиёд миқдори хокаи дандоншӯӣ ба пайдо шудани изҳои сиёчатоб дар дандонҳо боис мешавад.

504
Вакцинация против COVID-19 в Москве

Вирусшинос гуфт, ваксинаи зидди COVID-19 ба кӣ кумак намекунад

392
(Таҷдидшуда 13:36 21.10.2020)
Вирусшинос гурӯҳи одамонро номбар кард, ки ваксинаи коронавируси COVID-19 метавонад барои онҳо бесамар бошад

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Ваксинаи коронавирус метавонад одамонеро, ки норасоии масуният доранд муҳофизат накунад, мегӯяд доктори илмҳои тиб, вирусшинос Анатолий Алтштейн.

Барои чунин гурӯҳи одамон эмкунӣ шояд муассир набошад, менависад портали ura.ru.

Ба гуфтаи табиб, бемороне, ки чунин патология доранд, метавонанд баъди гузаронидани ваксина дар пайдоиши антитело ба коронавирус мушкилӣ кашанд.

Инчунин, вирусшинос шубҳа кард, ки имкон дорад одамонро аз рӯи қобилияти ташаккули иммунитет ба бемориҳо ба гурӯҳҳои махсус тақсим кард.

"Инсонҳо бо қобилияти тавлиди антитела аз ҳам фарқ мекунанд, аммо ба гурӯҳҳо ҷудо кардани онҳо хеле душвор аст. Ин на ба вазъи саломатӣ, балки ба хусусиятҳои организм вобаста аст, ки касе намедонад", - гуфт табиб.

Ёдовар мешавем, Вазорати тандурустии Русия моҳи август аввалин ваксинаро дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19 ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмии электрохимиявии Гамалея таҳия карда,  он "Sputnik V" ном дорад.

Путин аз сабти номи ваксинаи дуввуми Русия алайҳи COVID-19 хабар дод: сеюмаш дар роҳ аст

Чанд рӯз қабл президенти Русия Владимир Путин аз сабти номи ваксинаи дуюми русии "ЭпиВакКороны"  алайҳи COVID-19 ва инчунин сабти қарибулвуқӯи сеюм ваксина хабар дод.

392
Барчаспҳо:
одамон, пизишк, вирус
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Медсестра держит в руках ампулу с вакциной Гам-Ковид-Вак

Барои эҳтиёт: дастури Бердимуҳаммадов барои харидории ваксина алайҳи COVID-19

201
(Таҷдидшуда 13:30 21.10.2020)
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, сарфи назар аз он, ки расман дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ мавҷуд надорад, амр додааст, ки ваксинаи зидди коронавирус харидорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов фармон додааст, ки ваксинаи зидди сирояти коронавирус харидорӣ шавад, менависад рӯзномаи русизабони ҳукумати "Нейтральный Туркменистан".

"Сарвари давлат оид ба корҳои ташкилӣ доир ба хариди ваксинаҳои нави баландсифат бар зидди сирояти коронавирус, ки ҳоло дар давлатҳои мухталиф истеҳсол мешаванд, дастурҳои мушаххас дод", - гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар кадом кишварҳо ваксина харида мешавад, мушаххас нашудааст, аммо ду ҳафта қабл зимни як гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин Бердимуҳаммадов гуфт, ки Туркманистон ба дастовардҳои олимони Русия дар эҷоди ваксина алайҳи коронавирус баҳои баланд медиҳад ва мехоҳад дар ин самт ҳамкорӣ кунад.

Дар Туркманистон, бо вуҷуди гузоришҳои мақомот дар бораи набудани ҳолатҳои коронавирус, режими ниқоб ва маҳдудиятҳои дигар ҷорӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, Вазорати тандурустии Русия моҳи август аввалин ваксинаро дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19 ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмии электрохимиявии Гамалея таҳия карда,  он "Sputnik V" ном дорад.

Русия арзиши як вояи ваксинаи зидди коронавирусро гуфт

Чанд рӯз қабл президенти Русия Владимир Путин аз сабти номи ваксинаи дуюми русии "ЭпиВакКороны"  алайҳи COVID-19 ва инчунин сабти қарибулвуқӯи сеюм ваксина хабар дод.

 

201
Барчаспҳо:
харидорӣ, Бердимуҳаммадов Гурбонгулӣ, Туркманистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Суванқулов Содиқҷон маҳкумшуда барои қатли маъшуқи ҳамсараш

Ҷазои Суванқулов барои куштор ҳангоми ҳамхобагии собиқ занаш бо ҳамсоя-видео

0
Додгоҳи вилояти Хатлон Суванқулов Содиқҷони 51-соларо барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ ҳамсараш бо ҳамсояи 52-сола ба 26 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Суванқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз, 19-уми августи соли равон, тахминан соати 23:30 дар холати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзонаи 26-сола омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Раҷабов Рустам, марди 52-сола муносибати маҳрамона дорад.

Манбаъ афзуд, гумонбаршаванда бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Раҷабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

"Бо ин конеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3 маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия Суванқулов Содиқҷонро  ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. 

0