Теофимо Лопес қаҳрамони мутлақи ҷаҳон шуд: видеои муҳорибаи диданӣ

304
(Таҷдидшуда 14:18 18.10.2020)
Теофимо Лопес ва Василий Ломаченко дар Лас-Вегас барои унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни сабук рақобат карданд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар Лас-Вегас муҳорибаи муштзани амрикоӣ Теофимо Лопес ва варзишкори укроинӣ Василий Ломаченко баргузор шуд.

Варзишкорон барои унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни сабук аз рӯи чор версиа - WBA, WBO, WBC ва IBF рақобат карданд.

Муҳорибаи Лопес ва Ломаченко 12 раунд идома карда, бо қарори доварон бо пирӯзии варзишкори амрикоӣ анҷом ёфт.

Санаи муҳорибаи Макгрегор ва Поре маълум шуд

Ҳамин тавр, Лопес қаҳрамони мутлақи ҷаҳон ва ҷавонтарин дорандаи чор унвон шуд.

 

Теофимо Лопес 23 сола аст. Дар давоми фаъолияти варзишиаш ӯ боре ҳам мағлуб нашудааст: аз 16 муҳорибае, ки варзишкор паси сар кардааст, 12 рақобатро бо усули нокаут анҷом додааст.

 

Размикори тоҷик Муҳаммад Наимов бо UFC шартнома бастанист

Василий Ломаченко бошад 32 сол дошта, дар 14 муҳорибааш дуюмин бор мағлуб шудааст.

304
Барчаспҳо:
ёдбуди қаҳрамон, қаҳрамон, муҳориба, рақобат, ИМА

Кӯдакон COVID-19-ро паҳн намекунанд: табибон афсонаи интиқоли вирусро рад карданд

159
(Таҷдидшуда 20:06 23.10.2020)
Эпидемиологи рус афсонаро дар бораи он, ки кӯдакони хурдсол калонсолонро ба коронавирус сироят мекунанд, дурӯғ хонда, гуфт, ки мактаббачаҳо интиқолдиҳандаи фаъоли сироят нестанд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Роҳбари Маркази илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Пастери Роспотребнадзор, академики Академияи илмҳои Русия Арег Тотолян гуфт, ки кӯдакон интиқолдиҳандаи коронавирус нестанд ва ин фарзия тасдиқ нашудааст, менависад РИА Новости.

Баръакс, калонсолон ва шаҳрвандони пиронсол ба кӯдакон сироят мекунанд. Афсонае, ки кӯдакон интиқолдиҳанда мебошанд, аз мушоҳидаи аввал ба вуҷуд омадааст.

Тотолян қайд мекунад, ки олимони қаблӣ пешниҳод мекарданд, ки кӯдакон сироятро дар шакли бенишона мегузаронанд ё интиқолдиҳандаи вирус мебошанд.

Мувофиқи он, ба хулосае омаданд, ки пиронсолон аз онҳо сироят меёбанд.

"Дар яке аз кишварҳои Скандинавия тадқиқоте гузаронида шуд ва нишон дод, ки баръакс аст: на кӯдакон пиронро, балки пиронсолон кӯдаконро сироят мекунанд",-таъкид кард академик.

Олимон гуфтанд, одамон бо кадом гурӯҳи хун коронавирусро сабук мегузаронанд

"Дарвоза" -и асосии коронавирус ба бадан, ки дар он афзоиш хоҳад ёфт, ретсептор ACE2 мебошад, ки дар одамони синну сол калон васешуда мебошад.

Дар кӯдакон ретсепторҳо хурданд, яъне вирус дар бадан камтар хоҳад буд ва аз ин рӯ манбаи сироят камтар аст.

Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд

"Агар мо тамоми кӯдаконро гирем, на бештар аз 10% дар таркиби гирифторони COVID-19 онҳо мебошанд. Ҳиссаи бемориҳо дар кӯдакон нисбат ба дигар гурӯҳҳои синну сол ба таври назаррас камтар аст", - хулоса кард ҳамагиршиноси рус.

159
Барчаспҳо:
сироят, кӯдакон, вируси корона, Олимон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дана Уайт: Ҳабиб дар роҳи бузургтарин размикори таърих шудан аст

424
(Таҷдидшуда 18:16 23.10.2020)
Мусобиқаи навбатии UFC 254 фардо дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад, ки дидори Ҳабиб ва Гэтҷи аз муҳорибаҳои асосии он мебошад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт мӯътақид аст, ки агар Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар UFC 254 бар Ҷастин Гетҷи ғолиб ояд, русиягӣ новобаста аз категорияи вазн беҳтарин размикори ҷаҳон хоҳад шуд ва дар садри рейтинги ба истилоҳ Pound-for-Pound пеш ҷой хоҳад гирифт.

"Агар ӯ рӯзи 24 октябр Ҷастин Гетҷиро мағлуб кунад, новобаста аз категорияи вазн беҳтарин размикори ҷаҳон хоҳад шуд. Вай дар роҳи бузургтарин размикори таърих шудан аст”,­ - гуфтааст ӯ.

"Бубинед, ки ӯ чӣ қадар муҳорибаҳо дорад ва ҳанӯз ҳам шикастнопазир аст. Ҳамзамон, ӯ дар як гурӯҳи сахт ва хеле сангин баромад мекунад", - таъкид кардааст, Дана Уайт.

Муборизаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов - Ҷастин Гетҷӣ рӯзи 24 октябр дар "Fight Island" дар Абу-Даби (Аморати Муттаҳидаи Араб) баргузор мешавад ва ҳодисаи асосии намоиш хоҳад шуд.

Раҳбари UFC дар бораи рақобати Ҳабиб ва Гэтҷи навори дидание нашр кард - видео

Муҳориба рӯзи  24 октябр дар Абу-Дабӣ (АМА) баргузор мешавад. Дар ин рақобат қаҳрамони феълии UFC бо рақиби худ Ҷастин Гэтҷи вомехӯрад ва қувва меозмояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб ин навбат талош мекунад камарбанди қаҳрамонии худро барои маротибаи сеюм ҳифз кунад.

Ҳабиб гуфт, чӣ гуна Гэтҷиро "мешиканад": "Зидди ӯ нақшаи нав дорам".

Ҳабиб то ҳол 28 муҳориба баргузор намудааст ва боре ҳам мағлуб нашудаст. Ҳарифи ӯ бошад аз 22 рақобати умумӣ 2 мағлубият дорад.

424
Барчаспҳо:
муҳориба, размикор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Русия

Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:46 22.10.2020)
Рӯзи 24 октябр Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид, Рӯзи байналмилалии иттилоот оид ба рушд ва Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи фалаҷ мебошад

Рӯзи 24 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1897 - дар шаҳри Санкт- Петербург нахустин бозии футбол баргузор гардид.

Футбол. Кубок конфедераций-2017. Матч Россия – Новая Зеландия
© Sputnik / Григорий Сысоев
Футбол. Кубок конфедераций-2017. Матч Россия – Новая Зеландия

Соли 1945 - оинномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

Соли 2005 -  дар ҷаҳон нахустин қаторае ба фаъолият оғоз намуд, ки бо гази табиӣ кор мекард.

© Sputnik / Стрингер
Вокзал, архивное фото

 Соли 1857 -  хатмкунандагони Донишгоҳи Кембриҷ дар шаҳри Шеффилди Англия аввалин шуда, дар ҷаҳон дастаи футбол таъсис доданд.

Соли 1996 - дар ҷануби Ветнам бар асари омадани сел 118 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1986 - дар Лондон нахустин мағозаи фурӯши пластинаҳои мусиқие, ки дар он садо сабт менамуданд, ба фаъолият оғоз намуд.

Виниловые пластинки
Виниловые пластинки

Соли 2000 - дар осорхонаи мисрии Берлин ягона соядасти Клеопатра дар ҷаҳон пайдо карда шуд.

Рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 дар шаҳри Хелсинки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ваколатдори парлумони Финландия оид ба ҳуқуқи инсон Петри Яааскела мулоқот намуд.

День 22 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Минск  Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуд.

Соли 2016 вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид.

Соли 2012 вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Финландия баррасӣ шуданд.

Соли 2015 Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр

  • Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид.
  • Рӯзи байналмилалии иттилоот оид ба рушд.
  • Рӯзи кормандони дипломатии Қирғизистон.

Рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1914 - 1989)  - Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Ҳалим Тоҳиров.

Соли 1957 - бостоншинос Набиҷон Раҳимов.

Соли 1973 - раққосаи машҳури тоҷик Дилором Сатторова.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 17 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон