"Душмани ислом ҳастӣ": муфтии Чеченистон кишвардори Фаронсаро террористи рақами як гуфт

4641
(Таҷдидшуда 14:33 27.10.2020)
Салоҳ Ҳоҷӣ Меҷиев муфтии Чеченистон пас аз вокуниши кишвардори Фаронса Эммануэл Макрон дар робита ба қатли профессори таърих, ӯро душмани кулли мусалмонон номид

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар Фаронса чанде пеш барои карикатураи Ҳазрати Муҳаммад (с), сари профессори яке аз коллеҷҳо аз тан ҷудо карда шуд.

Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд.

Ин амали Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон гардид. Аз ҷумла, муфтии Чеченистон Салоҳ Ҳоҷӣ Меҷиев амалкарди кишвардори Фаронсаро ҳамлаи рӯирост ба тамоми мусалмонон номид, ки метавонад талафоти зиёди одамонро ба бор орад.

Раёсати мусалмонҳои Ӯзбакистон «Шарли Эбдо»-ро маҳкум кард

Муфтӣ дар сафҳаи худ дар Инстаграм чунин навиштааст:

"Президенти Фаронса Эммануэл Макрон фармон дод, ки карикатураҳои бузургтарин мард, паёмбар Муҳаммад (с) -ро дар тамоми биноҳои ҳукуматӣ овезанд ... Ин на танҳо як амали бемасъулиятест, ки аз тамоми марзҳои ахлоқӣ берун аст, балки ҳамлаи хуби тарҳрезишуда ба Ислом ва тамоми ҷомеаи мусалмонон аст, ки метавонад талафоти бузурги инсониро ба бор орад".

Ӯ мегӯяд, кишвардори Фаронса ба ҷойи маҳкум намудани амали иғвоангезонаи профессори фавтида, ки дидаву дониста оқибати амалашро медонист, шаъну шарафи бузургтарин марди исломро олуда кард.

Зимнан, муфтии Чеченистон, Макронро террористи рақами як ва душмани ашадии кулли мусалмонон номид. Ӯ гуфт, таҳқир кардани пайғамбар ин таҳқир намудани кулли мусалмонон аст.

"Шумо душмани башарият ва тамоми мусулмонон ҳастед, ки принсипҳо ва арзишҳои ахлоқиро надоред...Шумо бо дастҳои худ муноқишаи байни миллатҳо ва динҳоро бармеангезед ", - гуфт муфтӣ.

Вай гуфт, ки Макрон "дидаю дониста мусалмононро ба амалҳои таҳрикомез тела медиҳад ва аз профессори девона "қаҳрамони миллӣ" метарошад.

Муфтӣ таъкид намуд, ки Макрон бо ин амали худ беш аз 2 миллион мусалмонро  душмани худ кард.

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд. 

Профессор матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

Қотили ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

4641
Барчаспҳо:
Чеченистон, муфтӣ, Эммануэл Макрон, Фаронса

Куреи Шимолӣ хостааст ваксинаи алайҳи коронавирусро аз Куреи Ҷанубӣ дуздад

142
(Таҷдидшуда 14:53 27.11.2020)
Куреи Шимолӣ талош кардааст тарҳи таҳияшудаи ваксинаи алайҳи коронавируси нави COVID - 19 -ро аз Куреи Ҷанубӣ дуздад

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Хадамоти ҷосусии ин кишвар мегӯяд, Пхенян омода буд ба ширкатҳои дорусозии кишвари ҳамсоя ҳамла кунад, хабар медиҳад КҲФ бо такя ба News One.

Аммо дар ин хабар гуфта нашудааст, ки чанд ширкати дорусозии Куреи Ҷанубӣ мавриди ҳамла бояд қарор мегирифт ва ба онҳо ҳамла мешуд.

Эрон то тобистони соли оянда ваксинаи COVID -19 - ро вориди бозор хоҳад кард

Охири моҳи июли соли равон вазири муттаҳидаи Куреи Шимолӣ ва Ҷанубӣ Ли Ин Ён изҳор дошта буд, ки Сеул омодаи ҳамкорӣ бо Пхенян дар мубориза зидди коронвирус аст.

Вай он замон изҳори нигаронӣ карда буд, ки ин вирус билохира дар шаҳри Кэсон-дар марз миёни ду кишвар авҷ мегирад.

Аммо Куреи Шимолӣ пайваста изҳор медорад, ки ин кишвар ҳеч ниёзе ба ёрии беруна надорад.

Гӯё то он замон дар ин кишвар ягон ҳолати сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуда буд.

Ҳарчанд гумони сироят ба ин вирус ҳамагӣ як маротиба тафтиш шудааст, вале асаре аз сироят дида нашудааст.

142
Барчаспҳо:
вируси корона, дуздӣ, Куреи Ҷанубӣ, Куреи Шимолӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Офис в здании МИА Россия сегодня в Москве.

Олимон таъсири манфии дуркориро ба саломатии инсон муайян карданд

157
(Таҷдидшуда 12:51 27.11.2020)
Олимон ва коршиносон дар пайи баргузории пурсишномаи бузург бо коргарони дуркор ба хулосаҳои амиқ расиданд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Олимон аз Коллеҷи Тринити (Дублин) муайян крадаанд, ки одамони дуркор ба беомриҳои гулӯ гирифтор мешаванд, хабар медиҳад The Daily Mail.

Коршисонон дар ин росто таҳқиқот баргузор кардаанд.

Коронавирус нишасти G20 - ро сироят кард. Вале Ғарб ваксинаи Русияро тоқат надорад

Ба гуфти олимон дард дар гулӯ барои он пайдо мешавад, ки кормандон замони дуркорӣ барои шунида шудан тариқи видеоконфронси Zoom, аз ҳолати муқаррарӣ дида баландтар сухан мегӯянд.

Олимон гуфтанд кадом гурӯҳи одамон коронавирусро вазнин мегузаронанд

Ҳамин тавр зимни посух додан ба суолҳо 516 нафар аз шумораи умуммии 1 575 гуфтанд, ки гулӯяшон дард мекард.

Олимон мегӯянд, COVID - и нав 10 баробар тезтар паҳн мешавад

Дар баробари ин 86 дарсади пурсандагон таъкид карданд, ки то карантин аз дарди гулӯ азият надоштанд.

157
Барчаспҳо:
ҳуқуқи инсон, вируси корона, Ҷаҳон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Гев Лоҳутӣ - писари Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав

164
Гев Лоҳутӣ, фарзанди дуввуми шоири маъруфи тоҷик, хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав аст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Гев Лоҳутӣ - писари Абулқосим Лоҳутӣ даргузашт, хабар медиҳад рӯзномаи "Тоҷикистон" дар истинод ба Феликс Лоҳутӣ, писари Гев.

Гев Лоҳутӣ, фарзанди дуввуми шоири маъруфи тоҷик, хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав буд.

Аз Абулқосим Лоҳутӣ ва Ситсилия –Бону чор фарзанд – Далер, Гев, Ҳотия ва Лайло тавлид шудаанд, ки як умр дар Маскав зистанд.

Гев Лоҳутӣ солҳои охир бемор буд ва дар садади навиштани китоби ёддоштҳо дар бораи падараш ба бемористон интиқол ёфт.

Гев, ки соли равон 83- сола шуд, нигаҳдорандаи архиви падар буд. Лайло Лоҳутӣ дар як суҳбат гуфта буд, ки сурудҳои дар асоси эҷодиёти падараш эҷодшуда дар хонаи Гев нигаҳдорӣ мешавад ва онҳо ҳар вақт онро мешунаванд.

Дар меҳмонии Лоҳутӣ ва Н. Махсум: сирҳои нуҳуфтаи тоҷикон аз “Хонаи назди соҳил”-и Маскав

Фелекс қаблан хабар дода буд, ки "Чанде пеш падарам баъзе матлабҳои солҳои пеш дар бораи бобоям дар рӯзномаҳо чоп кардаашро ҷамъ овард ва аз ман хост, ки аз онҳо нусха бигирам. Ӯ мехост, ки онҳоро дар китобе гирдиҳам оварад ва дар саҳифааш дар Фейсбук ҷой диҳад".

164