Дэвид и Виктория Бекхэм на свадьбе принца Гарри

Netflix наворҳои хонаводагии Дэвид ва Виктория Бекхэмро бо нархи $ 20 миллион харид

331
(Таҷдидшуда 19:36 31.10.2020)
Ширкати Netflix дар бораи ситораи футбол Дэвид Бекхэм филм меофарад, ки эҳтимолан на пештар аз сои 2022 рӯи экран мебарояд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ширкати Netflix аз Дэвид ва Виктория Бекхэм ҳамаи наворҳои хонаводагиашонро бо нархи 16 миллионов фунт стерлинг (наздики 20 миллион доллар), харидорӣ кардааст, хабар медиҳад The Sun.

Ин наворҳо дар филми ҳуҷҷатӣ дар бораи зиндагии футболбози машҳур истифода хоҳад шуд.

Миёни наворҳо сабти рӯзҳои зодрӯзи варзишкор, таҷлили Соли нав ва "рӯзҳои вижа" ва ҳамчунин чанд навор дар бораи вохӯрии Дэвид ва Виктория мебошанд.

Миллион бинанда : Нурмуҳаммадов бо Дэвид Бекхэм дидор кард

Дар филми ҳуҷҷатӣ аксҳои футболбоз низ истифода мешаванд. Тамошобинон филме дар бораи хонаводаи Бекхэм дӯстони собиқаш ва рафиқони машҳураш интизоранд.

Ҳуҷуми хомӯшакҳои вараҷа ба Дэвид Бэкхем. Навор

Намоиши филм на пештар аз соли 2022 сурат мегирад.

331
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, филм, Футбол, Дэвид Бекхэм
Летучая мышь, архивное фото

Вирусшинос аз Вуҳан дар бораи намудҳои нави коронавирус хабар дод

110
(Таҷдидшуда 18:33 05.12.2020)
Коршиноси чинӣ аз "марказ"-и паҳншавии коронавирус дар бораи таҳқиқотҳои дигари намудҳои коронавирус гуфт

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар ҳудуди Чин боз чанд намуди кӯршапараки дорои коронавирус ҳаст, хабар додааст коршиноси Пажӯҳишгоҳи Вуҳан, вирусшинос  Ши Чжэнли. 

Вай афзудааст, ки намудҳои нави коронавирус дар ҷануб ва ҷанубу ғарби кишвар ба қайд гирифта шуданд.

Ба гуфтаи вай, ин кӯршапаракҳо ҳамчунин берун аз Чин, кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба сар мебаранд.

Чжэнли бар он аст, ки КОВИД бевосита аз кӯршапарак ба одам нагузаштааст, балки бавоситаи дигаре, ки онро бояд муайян кард.

Коронавирус ба Вуҳани Чин баргашт

Вай афзудааст, ҳамчунин маълум нест, ки вирус байни ҳайвонҳо ва шояд одамон, то чанд вақт паҳн мегашт, то он даме ки онро ошкор карданд.

110
Барчаспҳо:
Чин, нав, намудҳо, вируси корона
Президент Азербайджана Ильхам Алиев

Озарбойҷон 10 ноябрро рӯзи пирӯзӣ бар Арманистон эълон кард

57
(Таҷдидшуда 18:30 05.12.2020)
Озарбойҷон рӯзи 10 ноябрро рӯзи пирӯзӣ ва ғалаба бар Арманистон дар муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ эълом кард

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев эълом кард аз ин пас ба муносибати пирӯзии ин кишвар бар Арманистон, дар рӯзи 10 ноябр дар Майдони озодии пойтахти Боку ҳар сол ҷашн ва режа баргузор хоҳад шуд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Раисҷумҳури Озарбойҷон ҳамчунин 27 сентябр рӯзи оғози амалиёти артиши ин кишвар барои озодсозии манотиқи таҳти ишғоли нерӯҳои арманӣ дар минтақаи Қарабоғро рӯзи гиромидошти ёди шаҳидон номид.

Тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои оташбаси комил ва рафъи тамоми душманиҳо дар минтақаи Қарабоғ рӯзи 10 ноябр ба имзои Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев,  нахуст вазири Арманистон Никол Пошинян ва Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин расид. 

Бар асоси ин тавофуқ назорати манотиқӣ дар Қарабоғ, ки дар даргириҳои ахири байни низомиёни Арманистон ва Озарбойҷон ба дасти нерӯҳои озарӣ афтод ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор мешуд.

Ҳамин тариқ, якчанд шаҳрҳои Қарабоғи Кӯҳӣ, аз ҷумла Шуша, Ҷаброил ва Зангилон аз ишғоли Арманистон озод карда шуданд.

Даври ҷадиди даргириҳо байни Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди якшанбеи 27 сентябри 2020 аз сар гирифта шуд ва куштаву захмӣ шудани ҳазорон нафар аз тарафайнро дар пай дошт.

57
Барчаспҳо:
ғалаба, Қарабоғи Кӯҳӣ, пирӯзӣ, Арманистон, Озарбойҷон
Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии

Вазорат: марг бар асари СOVID-19 дар шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта нашудааст

0
(Таҷдидшуда 19:28 05.12.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Раскрыта причина низкой стоимости российской вакцины от COVID-19 - YouTube
© Ruptly РФПИ / youtube_RussiaUN / www.cbc.ca / WHO / АФК "Система", завод "Биннофарм"

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 5 декабр ба 12 ҳазору 389 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 38 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 796 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 5 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
шабонарӯзӣ, фавт, Вазорати тандурустӣ, вируси корона, Тоҷикистон