Кандидат в президенты от Демократической партии, бывший вице-президент Джо Байден

Байден шумораи рекордии овозҳоро дар торихи интихоботи Амрико ба даст овард

938
(Таҷдидшуда 11:44 05.11.2020)
Номзад ба президенти ИМА Ҷо Байден аллакай шумораи зиёди овозҳои интихобкунандагонро дар торихи интихобот дар кишвар ба даст овардааст 

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Номзад ба президенти Амрико аз ҳизби демократӣ Ҷозеф Байден дар гирифтани овози зиёд дар торихи интихоботи кишвар рекорд гузошт, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба телевизиони CNBC.

Бино бар иттилои дардастдошта, сиёсатмадори амрикоӣ аллакай шумораи зиёдтарини овозҳоро дар торихи интихоботи Амрико ба даст оварда, рекорди Борак Обамаро дар соли 2008 барҳам задааст.

Бино ба иттилои телевизиони Fox News, то замони нашри натиҷаҳои пешакӣ номзад аз Ҳизби демократии Амрико аллакай  70 722 759 овоз (50,3 дар сад) -ро ба даст овард. Дар ҳоле ки Обама дар соли 2008 69,5 миллион овоз гирифта буд.

Бино бар иттилои пешакӣ, Байден аллакай 238 овози интихобкунандагонро дорад, дар ҳоле ки президенти амалкунандаи Амрико Трамп 203 овози интихобкунандагонро гирифтааст. 

Барои пирӯзӣ яке аз онҳо бояд 270 овоз ба даст оварад. 

Трамп қабл аз анҷоми ҳисоби овозҳо пирӯзияшро эълон кард

Интихоботи президентии Амрико ба анҷом расида, феълан дар тамоми иёолоти кишвар баршумории овозҳо идома дорад. Новобаста аз ин, штабҳои Байден ва Трамп якчанд маротиба ҳар яке номзадҳояшонро пирӯз эълон карданд. 

Ёдрас мешавем, дар интихоботи президентии соли 2020 дар Амрико дар тайи 120 соли бори аввал шумораи зиёди интихобкунандагон ҳозир шуданд.

Рекорди пештара дар кишвар соли 1900 ба қайд гирифта шуда буд. Он вақт дар интихобот 73, 7 дар сади интихобкунадагон ҳозир шуда буданд, ин даъа 66,9 дар сади сокинони Амрико дар интихобот иштирок карданд.

938
Хабиб Нурмагомедов

Талоши Ҳабиб барои ворид кардани набардҳои ММА ба барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпӣ

54
(Таҷдидшуда 18:18 01.12.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шинохтаи доғистонӣ талош дорад санъати муҳорибаҳои омехта ё худ ММА-ро ба рӯйхати барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпиада шомил созад.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Қаҳрамони UFC Хабиб Нурмуҳаммадов гуфт, ки ба наздикӣ бо роҳбари Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах мулоқот карда, масъалаи ба барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпиадаи 2028 шомил кардани ҳунарҳои муҳорибаи омехтаро баррасӣ мекунад.

"Дохил кардани ММА ба Олимпиада яке аз вазифаҳои асосии ман барои ду соли оянда аст, мо аллакай дар ин самт кор карда истодаем. Дар ояндаи наздик ман мулоқотҳои зиёде хоҳам дошт, аз ҷумла бо Президенти Кумитаи Олимпӣ. Ба фикри ман, агар дар Париж набошад, пас дар Лос-Анҷелес, мо имкониятҳои зиёди таблиғи ММА дорем ", - навиштааст Sputnik Узбекистон аз қавли Нурмуҳаммадов.

Ба гуфтаи Нурмуҳаммадов, ягона мушкилӣ дар ин самт бераҳмӣ дар ин навъи варзиш аст, зеро дар Олимпиада ин истиқбол намешавад, онҳо намехоҳанд хуни зиёд бошад.

Дана Уайт: Ман ҳанӯз шарт мебандам, ки Ҳабиб рекорди 30:0 мегузорад. Инро падараш мехост

Дар робита ба эътирофу сарпарастӣ ва таваҷҷӯҳ ба ин навъи варзиш Нурмуҳаммадов гуфт, агар ММА ба барномаи Олимпиада шомил карда шавад , он аз ҷиҳати манфиат бо футбол ва варзиши сабук дар як саф хоҳад буд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC ва яке аз ситораҳои санъати муҳорибаҳои омехта мебошад.

Гусфанду буқаҳо мепарварам: Ҳабиб аз нақшаҳои панҷсолааш гуфт

Ӯ ахиран дар пайи пирӯзӣ бар Ҷастин Гетҷи, бо 29 ғалаба ва бидуни шикаст изҳор дошт, ки фаъолияти касбияшро хотима медиҳад.

54
Барчаспҳо:
Олимпиада, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ММА

Маълум шуд, ки Майк Тайсон ва Рой Ҷонс дар муҳорибаи ахирашон чандпулӣ гирифтанд

588
(Таҷдидшуда 17:40 01.12.2020)
Маълум шуд, ки нобиғаҳои бокси ҷаҳон Майк Тайсон ва Рой Ҷонс барои баргузории муборизаи ахирашон чӣ қадар маблағ гирифтанд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Бино ба иттилои Комиссияи Атлетикии Калифорния, ки дар сафҳаи Твиттерияш нашр кард, ситораҳои ҷаҳонии бокс маблағи баробар мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, пардохтҳо барои муҳориба пардохти бидуни тарҳ аз фурӯши пахши барномаҳои пулакӣ ва таблиғ ба ҳарду варзишгар 1 миллион долларӣ расидааст.

Ноибтғаи бокс, Майк Тайсон охири моҳи апрел аз бозгашти дубораи худ пас аз 15 сол ба майдони муҳориба эълон карда буд.

Ахиран 29 ноябр Дар Лос-Анҷелес муҳорибаи миёни ду муштзани машҳури ҷаҳон доир шуд. Майк Тайсон ба рақиби ҷавонтараш тавоноии худро пурра нишон дод, аммо ҳайати доварон эълон карданд, ки муҳориба бидуни ғолиб анҷом ёфт.

Ситораи ҷаҳониии бокс, Майк Тайсон охири моҳи апрели соли ҷорӣ аз бозгашти дубораи худ пас аз 15 сол ба майдони муҳориба эълон карда буд.

Ин варзишкори машҳур дар замони фаъолияти касбияш 50 муҳорибаро бурда, 44 рақобатро ба таври нокаут ба анҷом расонидааст. Ӯ ҳамчунин 6 рақобатро бохтааст. 

Гузашта аз ин боз ду набардӣ ӯ беэътибор дониста шуда буд.

Охирин баромади ӯ дар майдони бокс санаи 11-ми июли соли 2005 бо муштзани ирландӣ Кевин Макбрайди буд.

Рой Ҷонси хурдӣ 50 сол дошта, собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар панҷ категорияи вазнӣ буд, карераи варзишиашро соли 2018 ҷамъбаст карда буд.

Натиҷаи баҳсбарангез: муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Джонс бидуни ғолиб анҷом ёфт

Номбурда дар умум 66 маротиба дар майдони бокс ғолиб омада, 47-тоашро бо нокаут анҷом дода, ду рақобаташро низ бохтааст.

588
Барчаспҳо:
маблағи пулӣ, муҳориба, муштзанӣ, Майк Тайсон

Ба дасти Толибон супориданд: Амрико Афғонистонро тарк мекунад

0
(Таҷдидшуда 18:45 01.12.2020)
Амрико аз рӯзи имзои созишнома бо ҷунбиши Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар Афғонистон беш аз 10 пойгоҳҳои низомии худро бастанд

Дар ин бора нашрияи The Washington Post дар истинод ба мақомдорони амрикоиву афғоне, ки номашон зикр нашудааст, хабар доданд. Амрико ва “Толибон” моҳи феврали соли 2020 созишномаи таърихиеро ба имзо расониданд.

Тибқи яке аз бандҳои ин созишнома нирӯҳои Амрико бояд дар давоми 14 моҳ Афғонистонро пурра тарк кунанд. Қаблан раисҷумшҳури Амрико Доналд Трамп хабар дода буд, ки Амрико теъдоди пойгоҳҳои низомиашро дар Афғонистон ба маротиб коҳиш хоҳад дод.

Тибқи иттилои мақомдорони расмӣ то миёнаи моҳи январ шумори нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз 5000 то 2500 ҳазор нафар расонида мешавад.  

Толибон дар ивази он, дар бахши амниятӣ ба Амрико ваъдаҳои хос дода, ба оғози гуфтугӯҳои байнулафғонӣ розӣ шудаанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар изҳороти гуфта буд, ки "пас аз хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, мумкин аст, Толибон ба ҳукумати Кобул пирӯз шаванд ва қудратро ба даст гиранд". Доналд Трамп ин суханонро рӯзи 6-уми март дар Кохи Сафед ба хабарнигорон баён кард.

Ӯ дар идома гуфт, "дар ниҳоят, кишварҳо худ бояд ғами худро хӯранд. Мо наметавонем бист соли дигар дар он ҷо монем. Бист сол дар онҷо будем ва аз он кишвар ҳимоят кардем. Наметавонем 20 соли дигар дар онҷо бошем. Дар ниҳоят, онҳо бояд аз худ дифоъ кунанд. Мо бояд ба кори кишвари худ ҳам бирасем".

0
Барчаспҳо:
баста, пойгоҳҳои низомӣ, Толибон, Амрико, Афғонистон