Вакцина

Чин омода аст ваксинаи худ бар зидди вируси коронаро ба кишварҳои узви СҲШ пешниҳод намояд

285
(Таҷдидшуда 13:51 11.11.2020)
Роҳбари Чин дар бистумин иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай гуфт, Пекин ваксинаи коронаро дар ихтиёри кишварҳои узви ин созмон қарор хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Си Ҷинпин, роҳбари Чин, ахиран дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки тариқи маҷозӣ сурат гирифт бо ишора ба дастёбии Чин ба ваксинаи вируси корона  гуфт, ки Пекин моил аст фаъолона ниёзи кишварҳои дигар ба ваксинаро дар назар бигирад ва онро дар ихтиёри онҳо қарор диҳад.

Роҳбари Чин ҳамчунин бо ишора ба нақшу аҳамияти Созмони Ҳамкории Шанхай дар шукуфоии кишварҳои узв гуфт, ки кишварҳои узв бояд иқдомоти амалитареро барои беҳбудии ҷомеаи башарӣ анҷом диҳанд.

Си Ҷинпин таъкид кард, ки чандҷонибагароӣ саранҷом якҷонибагароиро шикаст хоҳад дод.

Бистумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба сурати маҷозӣ ва бо мизбонии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи сешанбе баргузор шуд.

Дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай муҳимтарин мавзӯоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии минтақаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ мешавад.

285
Барчаспҳо:
Шанхай, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, созмон, вируси корона, Пекин, Чин
Швейцарские кроны

Иқтисоддонҳо гуфтан, кадом асъор нисбат ба доллар фоидаовартар аст

246
(Таҷдидшуда 11:12 03.12.2020)
Таҳлилгар дар бораи он чӣ дар бозори асъор рӯй медиҳад шарҳ дод ва фоидаовартарин асъори соли 2020-ро номбар кард

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар пасманзари коҳиши қурби рубл нисбати доллар, баъзе асъорҳо рушди назаррас нишон доданд, хабар медиҳад "Прайм" бо истинод ба коршиноси бозори саҳҳомии  "БКС Мир инвестиций" Дмитри Бабин.

Иқтисодшинос крони Шветсияро фоидаовартарин асъор миёни 36 "бозигар" -и ҷаҳон дар соли равон номид.

Ба гуфтаи таҳлилгар, дар тӯли 11 моҳи охир он дар муқобили доллар беш аз 9% афзоиш ёфтааст.

Коршинос таваҷҷӯҳро ба ҷаҳиши шадиди юани чинӣ ҷалб кард. Ӯ гуфт, ки ҷаҳиши юан дар пайи хабарҳо дар бораи пешсафии роҳбарии демократҳо Ҷо Байден дар интихоботи президентии ИМА суръат гирифт.
Таҳлилгар шарҳ дод,  он чизе, ки дар бозори асъор рух медиҳад, хеле тахминист.

Афзоиши талабот ба дороиҳои хавфнок дар интизории оғози эмгузарониҳои оммавӣ алайҳи коронавирус ба назар мерасад, ки бояд ба иқтисод таъсири мусбат расонанд, илова намуд ӯ.

Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

Коршинос тавсия додааст, ки пасандозҳои долларро ба рубл ё дигар асъор табдил надиҳед, зеро ҳолати бозори асъор метавонад тағир ёбад.

246
Барчаспҳо:
асъор, иқтисоддон
День 3 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 3 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

76
(Таҷдидшуда 18:40 02.12.2020)
Имрӯз Рӯзи сеюми декабр ҳамчун рӯзи маъюбон ва дар кишвари Белорус Рӯзи ҳуқуқшиносон таҷлил карда мешавад

Рӯзи 3 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1775 аввалин маротиба парчами ИМА парафшон шуд.

Флаг США
© AP / Gene J. Puskar
Флаг США

Соли 1892 дар Канада департаменти савдо ва тиҷорат таъсис ёфт.

Соли 1959 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киштии атомии яхшикани "Ленин" ба истифода дода шуд.

День 2 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1967 дар Африқои Ҷанубӣ ҷарроҳ Кристиан Барнард аввалин маротиба дили як нафарро ба нафари дигар гузаронид.

Рӯзи 3 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  2002 раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Фаронса рафт.

Соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ" ба имзо расид.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе  Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони моҳномаи "Вашингтон диплома" — и Иёлоти Муттаҳидаи Америка мусоҳиба оростанд.

Соли 2009 созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо ба имзо расид.

Соли 2010 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 3 декабр

Рӯзи байналмилалии маъюбон.

Дар Беларус – Рӯзи ҳуқуқшиносон.

Рӯзи 3 декабр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1927 — Буринисо Бердиева, журналисти тоҷик. 

Соли 1935 — Қурбон Зардак, корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.

Рӯзи 3 декабр кӣ даргузашт

Соли 1892 — Афанасий Афанасевич Фет, шоири рус.

Соли 1919 — Пер Огюст Ренуар, рассоми фаронсавӣ яке аз асосгузорони импрессионизм.

Соли 1995 — Александр Кайдановский, ҳунарманди театр ва кинои рус.

 

76
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Нафт, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон тавлиди маҳсулоти нафтиро каму воридоташонро зиёд кардааст

0
(Таҷдидшуда 16:14 03.12.2020)
Дар Тоҷикистон аз оғози соли 2020 то моҳи ноябр воридоти маҳсулоти нафтӣ зиёд шуда, истеҳсолот коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тайи 10 моҳи 2020 тавлиди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 21 дарсад кам шудааст, хабар дод Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Бар асоси омори расмӣ, ҳаҷми тавлиди бензин 51,1%, сӯзишвории дизелӣ 51,2% ва мазут 51,3% кам шудаст.

Дар маҷмуъ аз январ то октябри соли равон дар Тоҷикистон 20,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ дар кишвар 15,6% афзоиш ёфтааст. Таъминкунандаи асосии маводи сӯхт дар Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ мондааст.

Аз аввали сол ба ҷумҳурӣ 488,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 231,6 миллион доллар ворид шудааст.

Қаблан Вазорати рушди иқтисоду савдо хабар дода буд, ки воридоти мол ба кишвар дар 10 моҳ ба 2,5 миллиард доллар баробар шудааст, ки ба андозаи 6,3 фоиз нисбати нишондоди январ – октябри соли 2019 камтар мебошад.

0
Барчаспҳо:
маҳсулот, нафт, Тоҷикистон