Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото

СҶБ: то имрӯз вируси корона дар ҷаҳон ҷони беш аз 1 миллион 279 ҳазору нафарро гирифт

114
(Таҷдидшуда 14:29 11.11.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар додааст, ки шумори гирифторон ба COVID-19 дар саросари ҷаҳон ба беш аз 51 миллиону 810 ҳазору 343 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, аз оғози пандемия аз коронавирус дар ҷаҳон 1 миллиону 279 ҳазору 546 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 36 миллиону 395 ҳазору 204 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Тибқи иттилои ҳамин манбаъ ҳоло дар саросари ҷаҳон 94 ҳазору 967 нафар дар ҳоли вазнин бо COVID-19 дастбагиребонанд.

Шумори мубталоён ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 417 нафар расидааст ва то кунун аз ин беморӣ дар кишвар 84 нафар фавтидаанд. Сатҳи маргумир бар асари COVID-19 дар Тоҷикистон 0,74% будааст. 

Амрико бо 10 миллиону 559 ҳазору 184 мубтало ба коронавирус ва 245 ҳазору 799 фавтида дар ҷадвали кишварҳои пурсироят дар ҷойи аввал аст.  

Ҳинд 8 миллиону 636 ҳазору 011 мубтало дорад ва аз ин беморӣ дар ин кишвар то кунун 127 ҳазору 615 нафар ҷон бохтаанд.

Сеюмин кишвар дар шумори зиёди мубталоён Бразилия аст, ки 5 миллиону 701 ҳазору 283 сироятшуда дорад ва фавтидагон аз ин беморӣ дар ин кишвар 162 ҳазору 842 нафар эълон шудааст.

Фаронса дар сироят ба коронавирус аз Русия пеш гузашт. Ҳоло дар ин кишвар 1 миллиону 829 ҳазору 659 мубтало ба КОВИД-19 сабт шуда ва 42 ҳазору 207 нафар ҷон додаанд.

Дар Русия тибқи охирин омор, 1 миллиону 817 ҳазору 109 нафар сироятшуда дорад ва аз COVID-19 то кунун 31 ҳазору 161 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар шабонарӯзи гузашта дар Русия аз коронавирус 368 нафар ҷон дода ва 20 977 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст. 

Сабаби ин ошкор шудани мубталоён ба коронавирус дар миёни он кормандони бандарҳост, ки бо ғизои воридодӣ сарукор доранд.  

Мақомоти Дания эътироф карданд, ки онҳо пас аз муайян кардани навъи мутатсияи коронавирус дар вашақҳо асоси қонунии маҳви онҳоро надоштанд. 

Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон аз ошкор шудани боз 564 сироятшудаи нав хабар дод.

Дар Қирғизистон бошад, дар шабонарӯзи гузашта 570 нафар ба коронавирус мубтало шуданд. Қисмати бештари сироятёфтагон дар шаҳри Ош – 114 ва вилояти Боткант – 82 мебошад.  

10 ноябри соли равон Ӯзбекистн аз сирояти 68 788 нафар хабар дод. Тибқи иттилои расмӣ то кунун аз ин беморӣ дар Ӯзбекистон 65 791 нафар муолиҷа шудаанд ва 585 нафар фавтидаанд.

114
Барчаспҳо:
миллион, ҷаҳон, вируси корона, шумор, СҶБ
Самолет на закате, архивное фото

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад

135
(Таҷдидшуда 18:38 24.11.2020)
Азсаргирии парвозҳо байни Душанбе ва Шарм-аш-Шайх масъалаи марказии мулоқоти намояндагони ду кишвар буд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Қоҳираи Миср сафири Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ бо вазири туризм ва осори бостонии ин кишвар Холид Ал-Инонӣ мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва осорхонадорӣ баррасӣ шуданд.

"Бо дарназардошти имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳар ду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид доштанд", - афзудааст манбаъ.

Вазорат ҳамзамон мегӯяд, зимни мулоқот зикр гардид, ки хатсайри ҳавоии Душанбе - Шармушшайх ва давраҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ дар Миср барои кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва осорхонадории Тоҷикистон бояд аз нав ба роҳ монда шаванд.

Дар поёни нишаст, Косимӣ ва Ал-Инонӣ омодагии худро барои таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ таъкид карданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва корҳои осорхонаҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Хотиррасон мекунем, ки муносибатҳои дипломатии байни ҷумҳуриҳо 1 апрели соли 1993 барқарор карда шуд. Миср 1 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард. Дар давраи ҳамкориҳои байни кишварҳо нӯҳ санад ба имзо расидааст.

Рӯз ба рӯз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Душанбеу Қоҳира дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва илму техника ҳамкорӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар соҳаи маориф табодули донишҷӯён сурат мегирад.

135
Барчаспҳо:
парвозҳо, ҳамкорӣ, Миср, Тоҷикистон
Никита Мендкович

Мендкович: Рустами Эмомалӣ бо сафараш ба Маскав дар пайи эҷоди сарусадоҳо нест

725
Роҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович сафари нахустини раиси палатаии болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалиро ба Русия шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Рустами Эмомалӣ дар садри як ҳайати парлумонӣ барои мулоқот бо Валентина Матвиенко ва музокироти байнипарлумонӣ ба Маскав омад.

Ин сафар бо сабаби он нахустин аст, ки Рустами Эмомалӣ бори аввал мансаби давлатиро ишғол кардааст, ки он муносибатҳои байналмилалиро дар бар мегирад, шарҳ дод роҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.

“Мансабҳои қаблии ӯ чунин робитаҳои ин сатҳро дар бар намегирифтанд. Ман боварӣ дорам, ки ба эҳтимоли зиёд, президенти феълӣ мӯҳлати ҳозираи худро танҳо ба сабаби синну сол ва вазъи саломатии худ охирин мешуморад, аз ин рӯ мехоҳад, ки вориси эҳтимолии ӯ тадриҷан ба ин масъала ворид шавад”, - гуфт Мендкович.

Ба гуфтаи коршинос, сафар ба Маскав ба Рустами Эмомалӣ кӯмак мекунад, ки бо шарикон робитаҳои шахсӣ барқарор кунад, вазъро дарк кунад ва дар музокироти байналмилалӣ таҷриба гирад.

Рустами Эмомалӣ бо нахустин сафари расмӣ вориди Маскав шуд

Сиёсатшинос афзудааст, ки сафар ба Маскав қаблан эълом нашуда буд, эҳтимол аз он сабаб, ки Рустами Эмомалӣ аз таблиғот канорагирӣ мекунад, бинобарин дар атрофи ин нишасти сиёсӣ сарусадоҳо эҷод намекунад, мехоҳад аз таваҷҷӯҳи расонаҳо канорагирӣ кунад.

"Дар ҷараёни мулоқот метавон масоили марбут ба ҳамкориҳои омӯзишӣ ва башардӯстонаро баррасӣ кард. Он инчунин метавонад дар бораи робитаҳои фарҳангӣ низ бошад",- гуфт Мендкович.

Азбаски роҳбари Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко масъалаҳои марбут ба ҳузури омӯзгорони рус дар Тоҷикистонро назорат мекунад, ин мавзӯъро дар ҷаласа баррасӣ кардан имкон дорад, афзуд коршинос.

725
Барчаспҳо:
Валентина Матвиенко, Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, Русия, Тоҷикистон
День 25 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:29 24.11.2020)
Рӯзи бисту панҷуми ноябр аз Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 25 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Сли 2014 Президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмии серӯза ба Душанбе омад.

 

Президент Чешской Республики Милош Земан, архивное фото
© Sputnik
Президент Чешской Республики Милош Земан, архивное фото

 

Соли 1667 бар асари заминларза дар шаҳри Шамахии Озарбойҷон 80 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1867  Алфред Нобел моддаи тарканда- динамитро ихтироъ кард.

 

Портрет Альфреда Нобеля. Архивное фото
© AFP 2020 / JONATHAN NACKSTRAND
Портрет Альфреда Нобеля. Архивное фото

 

Соли 1991 Ҳизби сотсиалистии Украина ба қайд гирифта шуд.

Соли 1996 СММ ба Ироқ барои фурӯхтани нафт бар ивази маводи озуқаворӣ иҷозат дод.

Соли 1918 Розике Швиммер аввалин зане шуд, ки дар тӯли таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ сафир интихоб гардид.

Рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар бўстонсароии шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, суханронӣ кард.

Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путин масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва ҳамгироии ду кишвар дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистонро баррасӣ намуданд.

 

© Sputnik / Алексей Никольский
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

 

Ссоли 2014 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амният", "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм", "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм" ба имзо расида буданд.

Сли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"-ро муҳокима намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон.
  • Дар Ҷумҳурии Суринам-Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омад

Солҳои 1887-1943 генетики рус, ботаник ва географи Тоҷикистон Николай Вавилов.

Солҳои 1934-1984  композитор Дости Орзуев.

Солҳои 1938-2007 ходими нишондодаи Тоҷикистон Асрор Рашидов.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон