Обручальное кольцо

Дар Дания арӯс пас аз 15 дақиқаи тӯяш вафот кард

597
(Таҷдидшуда 18:34 13.11.2020)
Мард орзуи деринаи дӯстдухтарашро амалӣ кард ва ӯро ба занӣ гирифт. Ин ҷуфт моҳи августи соли гузашта тӯй барпо карданд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Духтари даниягӣ, ки бемории саратон дошт, 15 дақиқа пас аз арӯсиаш ҷон бохт. Ин воқеъаро ҳамсараш ба Metro нақл кардааст.

Қайд мешавад, ки Лу Тулин Симонсени 41 - сола гирифтори бемории саратон будааст.

Он замон ӯ аллакай 10 сол боз бо сокини 49 - солаи Лондон Шафф Прабатани муносибат доштааст. Ҳамаи ин даҳсол зан дар бораи тӯйи арӯсӣ орзу мекардааст.

Оҳиста - оҳиста чашмони зан торик мешуданд ва сараш сахт дард мекард. Пизишкон гуфтанд, ки аз зиндагии Лу танҳо ду сол боқӣ мондааст. Он замон мард қарор кард, ки орзӯи деринаи дӯстдухтарашро бароварда кунад ва ӯро ба занӣ хонд.

Моҳи августи соли гузашта ин ҷуфт маросими арӯсии худро барпо кард, вале пас аз 15 дақиқаи тӯй, духтар вафот кард.

Барои поси хотири ҳамсараш Прабатани каме дуртар аз манзилаш таҳти унвони "Китобхонаи хурди Лу" китобхонаи кӯчагӣ ифтитоҳ кард.

Ӯ гуфт, ҳамсараш хондани китобро дӯст медошт ва ба чунин роҳ пос доштани хотири ӯро истиқбол мекард.

597
Барчаспҳо:
ҳалокат, арӯсӣ, тӯй, Урупо
Самолет на закате, архивное фото

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад

188
(Таҷдидшуда 18:38 24.11.2020)
Азсаргирии парвозҳо байни Душанбе ва Шарм-аш-Шайх масъалаи марказии мулоқоти намояндагони ду кишвар буд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Қоҳираи Миср сафири Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ бо вазири туризм ва осори бостонии ин кишвар Холид Ал-Инонӣ мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва осорхонадорӣ баррасӣ шуданд.

"Бо дарназардошти имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳар ду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид доштанд", - афзудааст манбаъ.

Вазорат ҳамзамон мегӯяд, зимни мулоқот зикр гардид, ки хатсайри ҳавоии Душанбе - Шармушшайх ва давраҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ дар Миср барои кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва осорхонадории Тоҷикистон бояд аз нав ба роҳ монда шаванд.

Дар поёни нишаст, Косимӣ ва Ал-Инонӣ омодагии худро барои таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ таъкид карданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва корҳои осорхонаҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Хотиррасон мекунем, ки муносибатҳои дипломатии байни ҷумҳуриҳо 1 апрели соли 1993 барқарор карда шуд. Миср 1 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард. Дар давраи ҳамкориҳои байни кишварҳо нӯҳ санад ба имзо расидааст.

Рӯз ба рӯз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Душанбеу Қоҳира дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва илму техника ҳамкорӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар соҳаи маориф табодули донишҷӯён сурат мегирад.

188
Барчаспҳо:
парвозҳо, ҳамкорӣ, Миср, Тоҷикистон
Никита Мендкович

Мендкович: Рустами Эмомалӣ бо сафараш ба Маскав дар пайи эҷоди сарусадоҳо нест

854
Роҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович сафари нахустини раиси палатаии болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалиро ба Русия шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Рустами Эмомалӣ дар садри як ҳайати парлумонӣ барои мулоқот бо Валентина Матвиенко ва музокироти байнипарлумонӣ ба Маскав омад.

Ин сафар бо сабаби он нахустин аст, ки Рустами Эмомалӣ бори аввал мансаби давлатиро ишғол кардааст, ки он муносибатҳои байналмилалиро дар бар мегирад, шарҳ дод роҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.

“Мансабҳои қаблии ӯ чунин робитаҳои ин сатҳро дар бар намегирифтанд. Ман боварӣ дорам, ки ба эҳтимоли зиёд, президенти феълӣ мӯҳлати ҳозираи худро танҳо ба сабаби синну сол ва вазъи саломатии худ охирин мешуморад, аз ин рӯ мехоҳад, ки вориси эҳтимолии ӯ тадриҷан ба ин масъала ворид шавад”, - гуфт Мендкович.

Ба гуфтаи коршинос, сафар ба Маскав ба Рустами Эмомалӣ кӯмак мекунад, ки бо шарикон робитаҳои шахсӣ барқарор кунад, вазъро дарк кунад ва дар музокироти байналмилалӣ таҷриба гирад.

Рустами Эмомалӣ бо нахустин сафари расмӣ вориди Маскав шуд

Сиёсатшинос афзудааст, ки сафар ба Маскав қаблан эълом нашуда буд, эҳтимол аз он сабаб, ки Рустами Эмомалӣ аз таблиғот канорагирӣ мекунад, бинобарин дар атрофи ин нишасти сиёсӣ сарусадоҳо эҷод намекунад, мехоҳад аз таваҷҷӯҳи расонаҳо канорагирӣ кунад.

"Дар ҷараёни мулоқот метавон масоили марбут ба ҳамкориҳои омӯзишӣ ва башардӯстонаро баррасӣ кард. Он инчунин метавонад дар бораи робитаҳои фарҳангӣ низ бошад",- гуфт Мендкович.

Азбаски роҳбари Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко масъалаҳои марбут ба ҳузури омӯзгорони рус дар Тоҷикистонро назорат мекунад, ин мавзӯъро дар ҷаласа баррасӣ кардан имкон дорад, афзуд коршинос.

854
Барчаспҳо:
Валентина Матвиенко, Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, Русия, Тоҷикистон
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 ва анҷоми сафари Рустами Эмомалӣ

0
Сафари нахустини раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Маскав, бо имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 миёни шаҳрдориҳои Душанбе ва Маскав анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Русия дар бинои Ҳукумати шаҳри Маскав бо ҳамтояш раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин мулоқот кард, хабар Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон.

Мазмуни асосии вохӯрӣ муҳокимаи маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Маскав ва дар ин робита муайян намудани самтҳои афзалиятноки робитаҳои минбаъда будааст.

Вобаста ба ин иштирокчиёни вохӯрӣ ҷиҳати бо мазмуни нав пурра намудани сатҳи ҳамкориҳои судманд ва дар ин замина ба имзо расонидани Барномаи нави ҳамкорӣ байни Мақомоти шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Маскав барои солҳои 2020-2023 мубодилаи афкор намудаанд.

Бино ба гузориши манбаъ, дар вохӯрӣ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар робита бо паҳншавии пандемияи короновирус таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст.

"Дар фарҷоми мулоқот Рустами Эмомалӣ ва Сергей Собянин Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 - ро байни Мақомоти шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Маскав, имзо карданд", - омадааст дар хабарнома.

Барнома бо мақсади тавсеаи робитаҳо дар мусоидат ба рушди иқтисодии шаҳрҳои Душанбе ва Маскав равона гардида, самтҳои афзалиятноки идомаи ҳамкорӣ бахшҳои тиҷорату иқтисод, инфрасохтори роҳу нақлиёт, шаҳрсозӣ, ободонии ҳудуди шаҳр, соҳибкорӣ, савдо ва хизматрасонӣ, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, саноат ва инноватсия, маориф ва илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзишро фаро мегирад.

Аз як даст садо намебарояд: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ зарбулмасали тоҷикӣ гуфт

Манбаъ афзуда, ки раиси шаҳри Душанбе аз раиси шаҳри Маскав даъват кардааст, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Душанбе биёяд.

Манбаъ афзуда, ки бо ҳамин нахустин сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Русия ба анҷом расид.

0
Барчаспҳо:
имзо, барнома, Рустами Эмомалӣ, Сергей Собянин, Маскав, Маскав