Робот у двери больницы для пациентов с коронавирусом. Архивное фото

Дар Ҳиндустон роботҳо дар мубориза алайҳи коронавирус ба табибон кумак мерасонанд - навор

227
(Таҷдидшуда 13:49 16.11.2020)
Дар Ҳиндустон як ширкати ватанӣ се роботро ихтироъ намудааст, ки ба пизишкон дар мубориза алайҳи коронавирус кумак мекунанд

ДУШАНБЕ, 16 Ноябр - Sputnik. Дар яке аз дармонгоҳи Ҳиндустон роботҳое пайдо шудаанд, ки дар мубориза алайҳи коронавирус ба табибон кумак мерасонанд, хабар медиҳад CNN Business.

Шумораи ҳолатҳои ошкоршудаи сирояти коронавирус дар ин кишвар ба 9 миллион нафар мерасад. Аз ин рӯ, баъзе беморхонаҳо ба истифодаи роботҳо барои пайвастани беморон бо наздикон ва кӯмак ба кормандони соҳаи тандурустӣ дар минтақаҳои сурх шурӯъ карданд.

Воҳимаи мардуми Ҳиндустон пас аз дастури Норендра Модӣ бобати коронавирус – акс, навор

Ширкати маҳаллии Invento Robotics се роботро барои иҷрои вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, дезинфексия, посух додан ба саволҳои беморон ва гузаронидани машваратҳои видеоӣ бо табибон ихтироъ намуданд.

Модели маъмултарин Mitra ном гирифтааст, ки маънояш ба забони ҳиндӣ "дӯст" аст. Он тақрибан 10 ҳазор доллар арзиш дорад. Ин робот метавонад номҳои беморонеро, ки бо ӯ муомила кардааст, "ба ёд биёрад".

Робот мустақилона дар атрофи беморхона ҳаракат карда, ба беморон дар муошират бо аъзои хонаводаи онҳо ва ҳамчунин бо табибон тавассути камераҳо ва экрани видеоӣ кӯмак мекунад. Mitra метавонад ҳамшира ё ёрдамчии духтур бошад, ва ба беморон аз истеъмоли саривақтии доруҳояшон хотиррасон кунад.

Дар наворҳо дида мешавад, ки беморхонае дар шаҳри Нойда ду роботро истифода мебарад, ки яке дар даромадгоҳ нишонаи  COVID-19 - ро дар беморон месанҷад ва дигаре дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад.

Робот метавонад вазъи беморонро дар дохили беморхона ба пайвандони онҳо нишон диҳад.

Манбаъ меафзояд, хизматрасонии робот ба беморон ниҳоят писанд аст.

227
Барчаспҳо:
навор, робот, Ҳиндустон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (862)
Кандидат в президенты США Джо Байден

Пойи Байден аз ду ҷо шикаст: бо ӯ чӣ шуд?

490
(Таҷдидшуда 11:57 30.11.2020)
Ҷо Байден номзад ба президентии Амрико аснои бозӣ кардан бо саг, лағжида афтидаст, ки дар натиҷа пояш аз ду ҷо шикаст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ҷо Байден бо сагаш бозӣ карда лағжидаст, ки дар натиҷа пойи ӯ аз ду ҷо шикаст хӯрдаст, хабар медиҳад РИА новости бо такя ба расонаҳои амрикоӣ.

"Ташхиси компютерӣ нишон додааст, ки пойи Ҷо Байден дар ду ҷой шикасти сабук хӯрдаст, - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳоло барои барқарор шудани устухони пояш, Байден бояд муддати чанд вақт пойафзоли махсус пӯшад.

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур ҳанӯз рӯзи шанбе иттифоқ афтод. Он замон, пизишк пас аз муоинаи пойи Байден ягон зарбаи ҷиддӣ, аз ҷумла шикастро пайдо накард.

Рекорди Ҷо Байден дар интихоботҳои президентии ИМА: ӯ гуфт чаро президент шуд

Вале баъдан ҳангоми гузаштан аз ташхиси комилтар, муайян шуд, ки пойи Ҷо Байден аз ду ҷо шикаст хӯрдааст.

Ёдовар мешавем, маъракаи интихоботӣ дар Амрико ҳарчанд 3 ноябр баргузор шуд, вале то ҳол натиҷаи ниҳоии интихобот эълон нашудааст. Ба ҳар сурат, расонаҳои амрикоӣ аз пирӯз шудани Ҷо Байден хабар медиҳанд.

490

Иттиҳомот алайҳи пизишки Марадона: ситораи футбол ба айби табиб ҷон бохт?

298
(Таҷдидшуда 13:26 30.11.2020)
Диего Марадона ситораи ҷаҳонии футбол ҳафтаи гузашта дар синни 60- солагӣ ҷон аз даст дод. Феълан дар манзил ва ҷойи кори табиби ӯ кофтукобу пурсишҳо ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Леополдо Луке, табиби ситораи ҷаҳонии футбол Диего Марадонаро дар куштори ӯ айбдор медонанд, хабар медиҳад "Р-Спорт" бо такя ба расонаҳои аргентинӣ.

Бар хабари манбаъ, дар манзили зист ва ҷойи кори Луке кофтукоб идома дошта, ташхисҳои футболбози марҳум ва ҳуҷҷатҳои дигар дар робита ба маризии ӯ барои тафтишот гирифта шудааст.

Ҳоло далели хунукназарӣ ва беэътиноии табиб нисбати бемор тафтиш мешавад.

Ҷаҳон бо Диего Марадона видоъ мекунад: навори маросими хайрбод

Зимнан, шабакаи Todo Noticias хабар медиҳад, ки Леополдо Луке дар ҷараёни нишасти хабарӣ бо чашмони пур аз ашк изҳор дошт, ки барои наҷоти Марадона ҳар кори аз дасташ меомадаро анҷом дод. 

Ӯ гуфт, дар марги Марадона на худро ва на каси дигарро муттаҳам намекунад.

Зимнан, пизишки футболбоз омодагии худро барои ҳамкорӣ бо тафтишот иброз дошт.

Ёдовар мешавем, Диего Марадона рӯзи 25 ноябр дар синни 60- солагӣ аз дунё гузашт.

298
Барчаспҳо:
пизишк, иттиҳом, Диего Марадона
Арест, архивное фото

Либоси зимистонаву телефонашро аз танаш гирифтанд: ғорати ошкорои як мард дар Хуҷанд

0
Вазорати умури дохилиии Тоҷикистон аз боздошти ду марди қаблан судшуда хабар медиҳад, ки дар ғорати ошкорони марди дигар муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 47 ва 43-солаи сокинони шаҳри Истаравшан, ки қаблан низ суд шудаанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, номбурдагон, санаи 25-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 22:00, дар бозори Панҷшанбе бо роҳи зӯроварӣ ва тариқи ошкоро аз тани марди 38-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, болопӯши зимистона, 715-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Хонор А-7”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҷавони 19-сола барои пинҳон намудани дуздии 10 сомонӣ ва гӯшии бесим мошинро оташ зад

Манбаъ мегӯяд, зарари ба ҷабрдида расонидашуда 1 ҳазору 995 сомониро ташкил медиҳад.

Боздошти ду ноболиғи 15 ва 16-сола барои дуздии мошин

ВУД мегӯяд, нисбати номбурдагон парванди ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
ғорат, Панҷшанбебозор, Хуҷанд, Тоҷикистон