Гробы умерших от коронавируса, архивное фото

Коронавирус дар саросари ҷаҳон ҷони 1 миллиону 324 ҳазору 689 нафарро гирифт

89
(Таҷдидшуда 18:15 17.11.2020)
Субҳи имрӯз шумори умумии мубталоён ба коронавируси COVID-19 дар саросари ҷаҳон ба 54 миллиону 832 ҳазору 578 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз 54 миллиону 832 ҳазору 578 нафар то кунун дар саросари ҷаҳон 1 миллиону 324 ҳазору 689 нафар ҷон бохтаанд.

Гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир аз вазъи вахими 98 ҳазору 827 нафар хабар дода мешавад.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд аз вируси корона 38 миллиону 147 ҳазору 815 нафар пурра муолиҷа шудаанд. 

Шабонарӯзи гузашта бори аввал аз оғози ҳамагирӣ дар Русия 22 ҳазор сироятшудаи нав ба COVID-19 -ро кашф карданд.   

Дар 24 соати сипаришуда одамон бештар (қариб 252,7 ҳазор нафар) дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба КОВИД-19 сироят шудаанд. 

Раиси Ҳукумати Русия, Михаил Мишустин боз як соли дигар, то 1 январи соли 2022 низоми содаи сабти доруҳо ва маҳсулоти тиббии муолиҷаи коронавирусро тамдид кард.

Дар ҳамин ҳол, донишмандон муайян кардаанд, ки ғубайрои мевасиёҳ 97% ва оби анор ва чойи сабз 80% фаъолнокии коронавирусро коҳиш медиҳанд.  

Афшурдаи табиии меваҳо ва чойи сабз бино ба гуфтаи олимон қодиранд таъсири COVID-19-ро заиф кунанд, зеро онҳо дар таркиби худ полифенолҳои рустанӣ доранд, ки ба вирус таъсири манфӣ мерасонанд. Ин таҳқиқот ҳанӯз аз ҷониби ҷомеаи илмӣ арзёбӣ нашудааст.

89
Барчаспҳо:
саросари кишвар, ҷаҳон, вируси корона
Хабиб Нурмагомедов

Талоши Ҳабиб барои ворид кардани набардҳои ММА ба барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпӣ

65
(Таҷдидшуда 18:18 01.12.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори шинохтаи доғистонӣ талош дорад санъати муҳорибаҳои омехта ё худ ММА-ро ба рӯйхати барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпиада шомил созад.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Қаҳрамони UFC Хабиб Нурмуҳаммадов гуфт, ки ба наздикӣ бо роҳбари Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах мулоқот карда, масъалаи ба барномаи бозиҳои тобистонаи Олимпиадаи 2028 шомил кардани ҳунарҳои муҳорибаи омехтаро баррасӣ мекунад.

"Дохил кардани ММА ба Олимпиада яке аз вазифаҳои асосии ман барои ду соли оянда аст, мо аллакай дар ин самт кор карда истодаем. Дар ояндаи наздик ман мулоқотҳои зиёде хоҳам дошт, аз ҷумла бо Президенти Кумитаи Олимпӣ. Ба фикри ман, агар дар Париж набошад, пас дар Лос-Анҷелес, мо имкониятҳои зиёди таблиғи ММА дорем ", - навиштааст Sputnik Узбекистон аз қавли Нурмуҳаммадов.

Ба гуфтаи Нурмуҳаммадов, ягона мушкилӣ дар ин самт бераҳмӣ дар ин навъи варзиш аст, зеро дар Олимпиада ин истиқбол намешавад, онҳо намехоҳанд хуни зиёд бошад.

Дана Уайт: Ман ҳанӯз шарт мебандам, ки Ҳабиб рекорди 30:0 мегузорад. Инро падараш мехост

Дар робита ба эътирофу сарпарастӣ ва таваҷҷӯҳ ба ин навъи варзиш Нурмуҳаммадов гуфт, агар ММА ба барномаи Олимпиада шомил карда шавад , он аз ҷиҳати манфиат бо футбол ва варзиши сабук дар як саф хоҳад буд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC ва яке аз ситораҳои санъати муҳорибаҳои омехта мебошад.

Гусфанду буқаҳо мепарварам: Ҳабиб аз нақшаҳои панҷсолааш гуфт

Ӯ ахиран дар пайи пирӯзӣ бар Ҷастин Гетҷи, бо 29 ғалаба ва бидуни шикаст изҳор дошт, ки фаъолияти касбияшро хотима медиҳад.

65
Барчаспҳо:
Олимпиада, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ММА

Маълум шуд, ки Майк Тайсон ва Рой Ҷонс дар муҳорибаи ахирашон чандпулӣ гирифтанд

659
(Таҷдидшуда 17:40 01.12.2020)
Маълум шуд, ки нобиғаҳои бокси ҷаҳон Майк Тайсон ва Рой Ҷонс барои баргузории муборизаи ахирашон чӣ қадар маблағ гирифтанд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Бино ба иттилои Комиссияи Атлетикии Калифорния, ки дар сафҳаи Твиттерияш нашр кард, ситораҳои ҷаҳонии бокс маблағи баробар мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, пардохтҳо барои муҳориба пардохти бидуни тарҳ аз фурӯши пахши барномаҳои пулакӣ ва таблиғ ба ҳарду варзишгар 1 миллион долларӣ расидааст.

Ноибтғаи бокс, Майк Тайсон охири моҳи апрел аз бозгашти дубораи худ пас аз 15 сол ба майдони муҳориба эълон карда буд.

Ахиран 29 ноябр Дар Лос-Анҷелес муҳорибаи миёни ду муштзани машҳури ҷаҳон доир шуд. Майк Тайсон ба рақиби ҷавонтараш тавоноии худро пурра нишон дод, аммо ҳайати доварон эълон карданд, ки муҳориба бидуни ғолиб анҷом ёфт.

Ситораи ҷаҳониии бокс, Майк Тайсон охири моҳи апрели соли ҷорӣ аз бозгашти дубораи худ пас аз 15 сол ба майдони муҳориба эълон карда буд.

Ин варзишкори машҳур дар замони фаъолияти касбияш 50 муҳорибаро бурда, 44 рақобатро ба таври нокаут ба анҷом расонидааст. Ӯ ҳамчунин 6 рақобатро бохтааст. 

Гузашта аз ин боз ду набардӣ ӯ беэътибор дониста шуда буд.

Охирин баромади ӯ дар майдони бокс санаи 11-ми июли соли 2005 бо муштзани ирландӣ Кевин Макбрайди буд.

Рой Ҷонси хурдӣ 50 сол дошта, собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар панҷ категорияи вазнӣ буд, карераи варзишиашро соли 2018 ҷамъбаст карда буд.

Натиҷаи баҳсбарангез: муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Джонс бидуни ғолиб анҷом ёфт

Номбурда дар умум 66 маротиба дар майдони бокс ғолиб омада, 47-тоашро бо нокаут анҷом дода, ду рақобаташро низ бохтааст.

659
Барчаспҳо:
маблағи пулӣ, муҳориба, муштзанӣ, Майк Тайсон

Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи ноябр

0
(Таҷдидшуда 19:29 01.12.2020)
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон гирифторони коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳод. Дар ҳамин ҳол, шумораи ҳолатҳои ошкоргардида дар як рӯз назар ба моҳи гузашта кам шудааст
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори ноябрӣ
© Sputnik

Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумораи гирифтори корнавирус дар кишвар дар як рӯз дар моҳи ноябр рӯ ба коҳиш ниҳодааст.

Рӯзҳои ахири ҳафта дар ҷумҳурӣ на зиёд аз 45 нафар бемор дар як рӯз ошкор мегардид. Дар ҳамин ҳол шумораи сиҳатёфтагон азCOVID-19 дар ҳар як рӯзи аввали моҳи ноябр аз 50 то 60 нафар гуфта мешуд, охирҳои моҳ ин нишондод то 40 кас кам гардид.

Ҳамчунин, дар як моҳи ахир аз коронавирус дар Тоҷикистон 4 кас ҳалок шуданд.

Ҳамагӣ аз оғози ҳамагирӣ аз инфексияи намуди нав дар Тоҷикистон 12 194 тан сироят ёфта, 11599 кас шифо ёфтаанд ва аз ин маризӣ 86 тан ҳалок шудаанд.

Вазорат омори навро гуфт: шумораи мубталоёни коронавирус дар Тоҷикистон аз 12 ҳазор гузашт

Ҷумҳурӣ чун пештара аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус дар Осиёи Марказӣ ҷои чорумро мегирад. Дар ҷои авал Қазоқистон(131 659), дувум Қирғизистон (72 807), севум - Ӯзбекистон (72 920).

Туркманистон то ҳол ягона кишварест дар Осиёи Макразӣ, ки расман ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои ҷоришуда дар пайи пандемия идома доранд. Чанде пеш Сироди мубориза бо коронавирус қарор дод, ки таҷлили Соли нав дар кишвар лағв мешавад. 

Мурда зинда шуд: пирамарде пас аз "марг" аз коронавирус ба манзилаш баргашт

Дар ҳамин ҳол, моҳи ноябр дар зиндонҳои Тоҷикистон иҷозат шуд, ки маҳбусон бо наздиконашон дидор кунанд.

Аз 29 ноябр дар кишвар парвозҳои дохилӣ бақарор карда шуданд. Дар Русия бошад муҳоҷирон метавонад ба хатсайрҳои чартерӣ бидуни номнавис шудан аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ озодона чипта харанд.

0