ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Микоил Ҷабборов, вазири иқтисоди ҷумҳурии Озарбойҷон дар 36-умин ҷаласаи Кумитаи доимии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Созмони Ҳамкории Исломӣ гуфт, иҷрои зерсохтҳои ҷадидӣ ва тарҳҳои сохтумонӣ дар минтақаи озод шудаи Қарабоғ, якӣ аз аслитарин вазоифе аст, ки ҷумҳурии Озарбойҷон дар пеши рӯ дорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей дар истинод пойгоҳи хабарии Ҳақоиқи Қафқоз.
Дурнамои тозасозии Қарабоғ аз минаҳо
Вай бо ишора ба нақши муҳими Созмони Ҳамкории Исломӣ дар беҳбуди рифоҳ дар ҷаҳони ислом эълом кард, дар ин минтақа фурсатҳои бисёре барои сармоягузории кишварҳои исломӣ вуҷӯд дорад.
Чӣ гуна афсонаҳои тавоноии “Байрактар”-ҳои туркӣ дар Қарабоғ пайдо шуданд
Ин нишаст ба сӯрати видеоӣ ба раёсати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ва ҳайатҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, намояндагони муассисоти тахассусии ин созмон ва намояндагони ниҳодҳои мухталифи байналмилалӣ баргузор шуд.
Соли 1789 аввалин Конститутсия ИМА ба ҳукми амал даромад.
Соли 2010 дар ҷаласаи Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» баррасӣ карда шуд.
Соли 2012 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар даври ниҳоии Ҷоми КФО-2012 ба пойтахти Непал- шаҳри Катманду сафар кард.
Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қарор кард, ки ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо терроризм» тағйирот ворид намояд.
Соли 2014 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими кушодашавии 16-умин намоиш-ярмаркаи армуғон ва сайёҳии «Тоҷикистон-2014» баргузор гардид.
Соли 2015 дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор гардид.
Соли 2016 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маросими ботантана Маҷмааи тандурустии "Истиқлол"- ро ифтитоҳ намуд.
Соли 2017 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон баргузор гардид, ки ду рӯз идома ёфт.
Соли 2019 дар бо қарори Ҳукумати Ҷопон собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров барои саҳми арзандааш дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ҷопон бо мукофоти давлатии ин кишвар – Ордени Тулӯи офтоб дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.
Соли 2020 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои Олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб гардид.
Соли 1875 -нависандаи тоҷик, равшанфикр ва рӯзноманигор Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ.
Соли 1936 - рӯзноманигор Тулфор Қадамов.
Соли 1947 - доктори илмҳои биологӣ Сафарбек Раҳимов.
Соли 1949 - ҳофиз, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Дона Баҳромов.
Соли 1957 – рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода.
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Соҳибкори ҷопонӣ Юсаку Маезава дар бораи ҷалби гурӯҳ барои парвоз ба Моҳ хабар дод. Вай дар ин бора дар сафҳаи Твиттери худ эълом кардааст.
Ҳашт нафар метавонанд, ки ба моҳвораи Замин сафар кунанд. Парвоз ба моҳ дар соли 2023 пешбинӣ шудааст.
Бо вуҷуди ин, корҳо он қадар содда нестанд: Маезава як қатор шартҳоро ба миён гузошт, яъне ихтиёриён бояд онҳоро иҷро кунанд. Аввал ин хоҳиши ҳар довталаб барои расонидани манфиат ба ҷомеа тариқи парвоз ба Моҳ аст.
"Ҳар пешае ки доред, ман умедворам, ки парвоз ба моҳ ба шумо кӯмак мекунад, ҳудуди фаъолиятҳоятонро васеътар созед, то ба дигарон ва дар маҷмӯъ ба ҷомеа манфиати бештаре оред", - гуфт соҳибкор.
Ҳамчунин шарти дуввум, хоҳиши дар як гурӯҳ кор кардан ва дастгирии ҳар як иштирокчии сафари ғайриоддӣ мебошад.
Қаблан Маезава ҳуқуқ пайдо кард, то аввалин сайёҳи кайҳонии SpaceX шавад ва ӯ ҳамаи ҷойҳои киштии Starship -ро харидорӣ кард.
Миллиардер 45 сол дорад. Вай бузургтарин мағозаи онлайнии либосҳои Ҷопон Zozotown -ро таъсис дод. Тибқи маҷаллаи Форбс, Маезава дар рейтинги сарватмандтарин ҷопониҳо дар ҷои 23-юм қарор дорад. Дороии соҳибкор ба ду миллиард доллар баробар аст.
Пештар, Маезава чунин озмунро ташкил карда буд, аммо шарти асосии он танҳо иштироки занон буд. Ҳамин тариқ, миллиардер пас аз ҷудо шудан бо дӯстдухтари худ рафиқе пайдо карданӣ буд.
Соли гузашта соҳибкор озмунеро барои муштариён ташкил кард. Вай дар Twitter байни 100 нафар одамони тасодуфӣ 900 000 долларро гузошт. Ин твит маъмултарин дар таърихи шабакаи иҷтимоӣ шудааст.