Шаҳри Вуҳан- макони густариши вируси корона ба пурбоздидтарин шаҳри Чин табдил ёфт

479
(Таҷдидшуда 21:05 29.11.2020)
Шаҳри Вуҳан, ки макони густариши вируси корона дар ҷаҳон буд, акнун ба пурбоздидтарин шаҳри Чин табдил шудааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Ба гузориши ИРНА, Вуҳан, ҷое, ки ҳудуди як соли пеш нахустин бор вируси корона дар онҷо пайдо шуд, акнун дар канори иштиёқи мардум бо тадобире, ки мақомоти Чин бакор гирифтаанд ба пурбоздидтарин шаҳри ин кишвар табдил шудааст.

Вуҳан ҳангоми карантин, акс аз бойгонӣ
© REUTERS / Instagram / Emilia

Одди шудани вазъияти зиндагӣ дар бештари шаҳрҳои Чин аз ҷумла Вуҳан ба унвони конуни аввалияи шуюи корона дар ҳоле аст, ки саросари дунё даргири мавҷи дувуми Ковид-19 шудааст ва ин мавҷ дар баъзе аз кишварҳо сахттар аз мавҷи аввал будааст.

Оморҳо ҳокист, устони Ҳубей ҳам, ки шаҳри Вуҳан маркази он аст аз замони иҷрои сиёсати тарвиҷи гардишгарӣ аз нимаи тобистони имсол то кунун беш аз 53 миллион гардишгарро ҷазб кардааст.

Як сол пеш буд, ки давлати Чин шиносоии нахустин бемори мубтало ба коронаро дар ин шаҳр расман таъйид ва шаҳри 11 миллионнафарии Вуҳанро 60 рӯзи баъд, ҳудӯди 11 ҳафта ба таври комил карантин кард.

Ба дунболи дунболи ин иқдоми Чин, Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз амалкарди ин кишвар ташаккур кард ва онро беш аз ҳадди стандарт ва дар таърих бесобиқа тавсиф кард.

479
Барчаспҳо:
густариш, вируси корона, боздид, Чин
Премьер-министр Никола Пашинян

Пашинян шарти истеъфоашро гуфт

391
(Таҷдидшуда 19:48 25.02.2021)
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар гирдиҳамоии тарафдоронаш шарти истеъфоаш аз мақоми сарвазириро эълом кард

ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Никол Пашинян, сарвазири Арманистон имрӯз дар як гирдиҳамоӣ ҷонибдоронаш, шартҳои ба истеъфо рафтанашро гуфт.

Вай эълон кард, ки мавзӯи интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ дигар матраҳ нахоҳад шуд. Ба гуфтаи Пашинян, худи мардум бояд тақдири ӯро ҳал намоянд.

"Бигзор мардум истеъфои манро талаб намояд, бигзор маро дар майдон парронанд", - танҳо дар ҳимин сурат сарвазир розӣ шуд, ки аз мақомаш барканор шавад.

Ҳамзамон Пашинян рақибонашро бо боздошт таҳдид кард.

Дар ҳамин ҳол, мухолифин ба назди бинои Маҷлиси Миллӣ омада, дар назди бинои парлумон хаймаҳои худро ҷой карданд.

Вазорати дифои Арманистон изҳор дошт, ки дахолати артиш ба сиёсат ғайри қобили қабул аст, зеро он ба субот ва амнияти кишвар таҳдид мекунад.

Бояд гуфт, ки теъдоде аз кормандони полис - ҳозира ва собиқ - ба талаби истеъфои Пашинян ҳамроҳ шуданд.

Дар Арманистон мунтазам гирдиҳамоиҳо баргузор мешаванд, ки дар он истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб мекунанд. Мардум аз моҳи ноябри соли 2020 ба кӯчаҳои пойтахт мебароянд.

Сокинони кишвар аз натиҷаи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва шартҳои созишномаи баимзорасида бо Озарбойҷон ва Русия норозӣ ҳастанд.

Пашинян борҳо хабарҳои  истеъфоашро аз мақоми сарвазири Арманистон рад кард. Вай аз ҷумла таъкид кард, ки акнун дар назди ӯ вазифаи таъмини субот ва амнияти кишвар истодааст.

Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо вазъи сиёсӣ дар Арманистон боз муташаниҷтар шуд. Никол Пашинян дар бораи мушакҳои “Искандар”-и сохти Русия бадгӯи кард, ки боиси интиқоди низомиёнаш шуд.

Гуфтаҳои Пашинянро муовини аввали Ситоди генералии Арманистон Тиран Хачатрян танқид кард. Баъд аз ин Хачатрян бо фармони раисҷумҳури Арманистон аз вазифааш озод шуд.

Ситоди генералии Арманистон ба тағйироти кадрӣ вокуниш нишон доданд ва хостори истеъфои Никол Пашинян шуданд.

Аммо, нахуствазири Арманистон ин вазъро “табодулоти низомӣ” донист ва ба раисҷумҳури кишвар санад дар бораи аз вазифа озод намудани роҳбари Ситоди генералии Арманистон Оник Гаспарянро равон кард.  

Ҳамин тавр дар арманистон 25 феврал тазоҳуроти мардум сар зад:  ҳазорҳо тарафдоруну мухолифони Пашинян ба кӯчаҳои Ереван баромаданд. 

391
Барчаспҳо:
мақом, гирдиҳамоӣ, истеъфо, Никол Пашинян, Арманистон

Жириновский гуфт Пашинян сабаби шикасти Арманистон хоҳад шуд - видео

250
(Таҷдидшуда 18:57 25.02.2021)
Сиёсатмадори рус Владимир Жириновский ҳануз се сол пеш дар бораи низоъи дохилӣ дар Арманистон пешгӯӣ карда буд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Роҳбари ҳизби Либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар шабакаи Telegram-и худ вазъи имрӯзаи Арманистонро шарҳ додааст.

Жириновский зери навиштаҳои худ ҳатто навори се соли пешро низ интишор кард, ки дар он ӯ дар бораи вазъи имрӯзаи Арманистон гуфта буд.

“Ба Арманистон нигаред. Пашинян сари қудрат меояд ва тими ӯро баъд аз як ё ду сол бо роҳи табодулот аз қудрат дур мекунанд ва тундгароҳо дар Арманистон ба қудрат мерасанду хунрезӣ мешавад. Ҳеҷ беҳбудие дар Арманистон намешавад”, - гуфта буд сиёсатмадори рус.

Жириновский зери ин навор навиштааст, ки ҳанӯз се сол пеш огаҳи дода буд, ки омадан ба сари қудрати Пашинян барои Арманистон чӣ паёмадҳо хоҳад дошт.

Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо вазъи сиёсӣ дар Арманистон боз муташаниҷтар шуд. Никол Пашинян дар бораи мушакҳои “Искандар”-и сохти Русия бадгӯи кард, ки боиси интиқоди низомиёнаш шуд.

Гуфтаҳои Пашинянро муовини аввали Ситоди генералии Арманистон Тиран Хачатрян танқид кард. Баъд аз ин Хачатрян бо фармони раисҷумҳури Арманистон аз вазифааш озод шуд.

Ситоди генералии Арманистон ба тағйироти кадрӣ вокуниш нишон доданд ва хостори истеъфои Никол Пашинян шуданд.

Аммо, нахуствазири Арманистон ин вазъро “табодулоти низомӣ” донист ва ба раисҷумҳури кишвар санад дар бораи аз вазифа озод намудани роҳбари Ситоди генералии Арманистон Оник Гаспарянро равон кард.  

Ҳамин тавр дар арманистон 25 феврал тазоҳуроти мардум сар зад:  ҳазорҳо тарафдоруну мухолифони Пашинян ба кӯчаҳои Ереван баромаданд. 

250
Барчаспҳо:
шикаст, Никол Пашинян, пешгӯӣ, Владимир Жириновский, Арманистон
День 26 февраля нац

Истеҳсоли "Волксваген" ва шомил шуданиТоҷикистон ба САҲА: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 18:47 25.02.2021)
Рӯзи бисту шашуми феврал, Рӯзи байналмилалии фориғболӣ мебошад. Дар ин рӯз раҳбари ансамбли фолклории "Помир", фалаксарои маъруф Соҳиба Давлатшоева ба дунё омадааст

Рӯзи 26 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1936 дар Олмон нахустин автомобили "халқӣ"- "Волксваген" истеҳсол карда шуд.

Соли 2017 дар намоишгоҳи техникӣ-коммуникатсионӣ дар Барселона тамғаи навкардашудаи телефони Nokia 3310 ба  тамошо гузошта шуд.

Рӯзи 26 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1995 аввалин маротиба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоботи парлумонӣ баргузор гардид.

Соли 1992 Тоҷикистон ба САҲА ҳамроҳ шуд.

Соли 2010 дар Душанбе маросими ботантанаи мукофотонидани барандагони стипендияи ба номи Дмитрий Менделеев баргузор гардид.

Соли 2014 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ карда шуд

Соли 2016 ташаббусҳои муштараки Тоҷикистону Нидерландия муҳокима карда шуданд.

Соли 2016 дар Ню-Йорк ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи рӯзномаи ҷаҳонии оби тоза муҳокима карда шуд.

Соли 2009 дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ" баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Соли 2016 Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи марҳум генерал-майор Рустам Амакиев, собиқ фармондеҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.

Ҷашнҳои рӯзи 26 феврал

  • Рӯзи байналмилалии фориғболӣ.

Рӯзи 26 феврал кӣ ба дунё омадааст

Меҳрӣ Абдуллоева (1931) – раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Карим Абдулов (1939-2011) – доктори илми таърих, профессор, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Зебо Давлатшоева (1969) – рассом.

Соҳиба Давлатшоева (1970)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Наргиси Карим (1975)- шоира.

Усмон Раҷабов (1950)- меъмор.

Раиса Савина (1925) – доктори илми тиб, профессор.

Нозим Сафаров (1939) – доктори илми таърих.

Ҷамшеди Саъдулло (1961)- публисист.

Абдувадуд Файзиев (1942)- актёри театр.

Аҳмад Юсуфов (1928 – 1987) – доктори илми тиб, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон