Президент Азербайджана Ильхам Алиев

Озарбойҷон 10 ноябрро рӯзи пирӯзӣ бар Арманистон эълон кард

330
(Таҷдидшуда 18:30 05.12.2020)
Озарбойҷон рӯзи 10 ноябрро рӯзи пирӯзӣ ва ғалаба бар Арманистон дар муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ эълом кард

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев эълом кард аз ин пас ба муносибати пирӯзии ин кишвар бар Арманистон, дар рӯзи 10 ноябр дар Майдони озодии пойтахти Боку ҳар сол ҷашн ва режа баргузор хоҳад шуд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Раисҷумҳури Озарбойҷон ҳамчунин 27 сентябр рӯзи оғози амалиёти артиши ин кишвар барои озодсозии манотиқи таҳти ишғоли нерӯҳои арманӣ дар минтақаи Қарабоғро рӯзи гиромидошти ёди шаҳидон номид.

Тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои оташбаси комил ва рафъи тамоми душманиҳо дар минтақаи Қарабоғ рӯзи 10 ноябр ба имзои Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев,  нахуст вазири Арманистон Никол Пошинян ва Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин расид. 

Бар асоси ин тавофуқ назорати манотиқӣ дар Қарабоғ, ки дар даргириҳои ахири байни низомиёни Арманистон ва Озарбойҷон ба дасти нерӯҳои озарӣ афтод ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор мешуд.

Ҳамин тариқ, якчанд шаҳрҳои Қарабоғи Кӯҳӣ, аз ҷумла Шуша, Ҷаброил ва Зангилон аз ишғоли Арманистон озод карда шуданд.

Даври ҷадиди даргириҳо байни Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди якшанбеи 27 сентябри 2020 аз сар гирифта шуд ва куштаву захмӣ шудани ҳазорон нафар аз тарафайнро дар пай дошт.

330
Барчаспҳо:
ғалаба, Қарабоғи Кӯҳӣ, пирӯзӣ, Арманистон, Озарбойҷон
Американские военные в Афганистане

Амрико аз коҳиши шумори низомиёнаш дар Ироқу Афғонистон эълон кард

10
(Таҷдидшуда 15:36 16.01.2021)
Вазорати дифои Амрико дар баёнияе аз коҳиши шумори низомиёни ин кишвар дар Ироқу Афғонистон ба ду ҳазору 500 нафар хабар дод

ДУШАНБЕ, 16 январ - Sputnik. Бар асоси эъломи Пентагон, теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Ироқ аз се ҳазору 200 нафар ба ду ҳазору 500 нафар коҳиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Аз сӯи дигар тибқи иттилои манбаъ, артиши Амрико рӯзи ҷумъа эълом кард, шумори низомиёни ин кишвар дар Афғонистон низ ба ду ҳазору 500 нафар коҳиш ёфтааст.

Christopher Miller, сарпарасти Вазорати дифои Амрико пештар аз тасмими Кохи Сафед барои коҳиши шумори низомиёни амрикоӣ дар Ироқу Афғонистон хабар дода буд.

Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ ва афғонистонӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористи амрикоӣ аз кишварҳояшон ҳастанд ва порлумони Ироқ низ тарҳе дар бораи хурӯҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст.

Ироқиҳо ва афғонҳо муътақиданд, ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар кишварҳояшон ҷуз афзоиши ноамнӣ ва терроризму густариши тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон натиҷае надоштааст.

10
Барчаспҳо:
коҳиш, нерӯҳо, Афғонистон, Амрико

Трамп Кохи Сафедро субҳи рӯзи чаҳоршанбе тарк хоҳад кард

141
(Таҷдидшуда 13:20 16.01.2021)
Расонаҳо ба нақл аз як мақоми амрикоӣ эълон карданд, ки Доналд Трамп дар рӯзи баргузории маросими савганди Ҷо Байден, раисиҷумҳури мунтахаби ин кишвар Кохи Сафедро тарк хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 16 январ - Sputnik. Яке аз мақомдори Кохи Сафед ахиран эълом кардааст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико субҳи рӯзи чаҳоршанбе пеш аз оғози маросими савганди Ҷо Байден, Кохи Сафедро тарк мекунад ва дар маросими савганди раисиҷумҳури мунтахаб низ ширкат нахоҳад кард, итилоъ додааст РИА Новости.

Бархе расонаҳо гумоназанӣ кардаанд, Трамп аз Кохи Сафед мустақим ба иморати шахсиаш дар иёлати Флорида хоҳад рафт.

Ёдрас мешавем, ки Трамп панҷшанбеи ҳафтаи гузашта пас аз моҳҳо эътироз ба натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии сеюми ноябри 2020 Амрико дар як паёми видеоӣ зимни маҳкум кардани ҳамлаи ҳаводоронаш ба Конгресси Амрико эълом кард, ки интиқоли қудрат дар ин кишвар ба сурати мусолиматомез хоҳад буд.

Рӯзи чаҳоршанбе 6 январ дар ҳоле, ки ҷаласаи муштараки Конгресси Амрико барои таъийди ниҳоии пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар дар ҳоли баргузорӣ буд, иддае аз ҳаводорони Трамп ба дунболи фарохони ӯ ба дохили бинои Конгресс ҳуҷум карданд, ки дар он дастикам 5 нафар ба ҳалокат расид.

141
Барчаспҳо:
савгандёдкунӣ, Раисҷумҳур, Кохи сафед, тарк, Амрико, Доналд Трамп, Трамп
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19

Ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус дар Чин: мутахассисони СҶБ вориди Вуҳон шуданд

0
(Таҷдидшуда 16:07 16.01.2021)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ахиран омори нави гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳонро эълон кард

ДУШАНБЕ, 16 январ – Sputnik. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт то санаи 15 январ шумори сироятшудагон  ба 91 миллиону  816 ҳазору 91 нафар расид.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷонбохтагон ба 1  миллиону 986 ҳазору 871 нафар расидаааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори муолиҷашудагон ба беш аз 67 миллиону нафар расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои муайян кардани ҷойю макони аввали зуҳури вируси корона ба Вуҳони Чин ворид шуданд.

Тибқи иттилои расида ин коршиносон дар ҳайати 14 нафар ба Чин рафтанд, гуфтушуниди дурудароз билохира самар дод ва Чин 14 январи соли равон ба коршиносону мутахассисони байналмилалӣ иҷозаи вуруд дод.

Дар ин ҳайат вирусшиносон аз Амрико, Австралия, Олмон, Ҷопон, Британияи Кабир, Русия, Нидерландия, Қатар ва Ветнам шомиланд.

Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки дар Чин бори аввал аз моҳи марти соли гузашта то ба имрӯз шумори зиёди гирифторони нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Мақомот гуфтанд, ки шабонарӯзи гузашта 144 нафар чун мубталои нав сабт шуд (моҳи марти соли гузашта 202 нафар буд).  Дар қиёс ба мамолики дигар ин омор чандон зиёд ҳам нест, вале ҳукуматдорони Чин онро чун як бонги изтироб қабул мекунанд.

0
Барчаспҳо:
омор, вируси корона, ҷаҳон, вирус, Чин