Вазъи нохуби коронавирус дар Эрон: беш аз 52 ҳазор нафар қурбон шуданд

102
Дар 24 соати гузашта 247 нафар аз беморони коронавирус худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 52 ҳазору 196 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik.  Дар Эрон шабонарӯзи гузашта боз 7 ҳазор мавориди ҷадиди сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ, дар 24 соати ахир 247 нафар ҷон аз даст доданд. Ҳамин тариқ шумораи умумии қурбониёни коронавирус дар Эрон ба 52 196 нафар баробар шудааст.

Симо Содот Лорӣ рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори беморони COVID - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт, "бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 7 ҳазору 451 бемори нав шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод  833 нафар бистарӣ ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёз ироа шуд".

Манбаъ меафзояд, то кунан дар Эрон шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 1108 269 нафар расидааст, ки 812 270 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Беш аз 95 дарсади гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон шифо ёфтанд

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 72 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 610 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 51 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд. 

102
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (931)
Место взрыва на нефтяном предприятии в Татарстане

Таркиши мудҳиш дар Тотористон ду кушта ва як захмӣ бар ҷой гузошт

86
(Таҷдидшуда 17:08 22.01.2021)
Дар як корхонаи истеҳсоли нафти Тотористон таркиш ба амал омад. Феълан аз чанд кушта хабар дода мешавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар як корхонаи нафт, воқеъ дар деҳаи Болшое Нуркеевои Тотористон, таркиш рух дод. Дар ин бора ТАСС ва "Интерфакс" бо такя ба манобеъи худ хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки то ҳол дар паи ин таркиш ду нафар ҷон бохта як нафари дигар захмӣ шудааст.

Тибқи иттилои манобеъ, як контейнер бо ҳавои фишурдашуда таркидааст. Ҳодиса ҳангоми санҷиши ҳавоии партоби об рух додааст.

Ногуфта намонад, ки Болшое Нуркеево дар ноҳияи Сармановски Тотористон ҷойгир аст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, ҷарбдида дар ҳолати вазнин ба беморхона фиристода шудааст.

Хадамоти матбуоти прокуратураи Тотористон марги ду нафарро тасдиқ кард.

Таркиши шадид дар бозори Бағдод: ду маргталаб 28 нафарро куштанду 75 касро захмӣ карданд

Ҳамзамон, шӯъба қайд кард, ки дар ҷои ҳодиса таркиш ба амал наомадааст.

"Ин ҷо контейнер кафида буд, таркиш ба амал наомадааст", - гуфт намояндаи прокуратура.

Манбаъ афзуда, ки ин ҳодиса дар корхонаи ҶДММ "Ширкатҳои хурди нафтии Тотористон" соати 09:50 ба вақти Маскав ҳангоми озмоиши ҳавоии агрегати партоби об дар минтақаи кушод рух додааст.

86
Барчаспҳо:
захмӣ, кушта, таркиш, Татаристон
Монеты, архивное фото

Коршинос роҳҳои муассири ҷамъоварии пулро номбар кард: на дар зери болишт

198
(Таҷдидшуда 14:01 22.01.2021)
Самаранокии ҷамъоварии маблағ аз мақсади он вобаста аст - пасандоз кардан ё зам намудан. Дар навбати дуввум бояд муҳлати ҷамъоварӣ низ дақиқ шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дмитрий Ферапонтов, муаллими калони кафедраи бонкии Донишгоҳи Синергия, ба хабаргузории "Прайм" роҳҳои самарабахши ҷамъоварии маблағро номбар кард.

Ба гуфти коршинос самаранокии пасандозҳо пеш аз ҳама аз ҳадаф - сарфа ё зиёд кардан, сониян - бо он даврае муайян карда мешавад, ки дар давоми он ташаккули портфели маболиғ пешбинӣ шудааст. Дар ниҳоят, пардохтпазирии сармоягузорӣ низ муҳим аст, яъне қобилияти зуд ба даст овардани пул, агар маблағ лозим шавад.

"Бо вуҷуди ин, бояд дарк кард, ки дар мавриди ҳама гуна сармоягузорӣ, қоидаи тиллоӣ амал мекунад - ҳар қадаре ки хавф баланд бошад, ҳосилнокӣ ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Чунин қоида дар мавриди пардохтпазирӣ низ татбиқ мешавад - чӣ қадаре пардохтпазирӣ баланд бошад, ҳосил ҳамон қадар камтар мешавад", - гуфт Феропонтов.

Ҳамин тавр, масалан, маболиғ дар суратҳисоби ҷорӣ сатҳи ҳадди ақали даромаднокӣ доранд (вақте ки аз ҳисоби бақияи суратҳисоб фоизҳо ситонида мешавад) ва дар баъзе ҳолатҳо даромад комилан нест, масалан, "агар бо пули миллӣ дар зери болишт нигоҳ дошта шаванд.

"Роҳи дигар, ҷамъ кардан дар пасандозҳои бонкӣ мебошад, ки бехатар, вале хеле камдаромад аст. Агар бонк ба низоми суғуртаи пасандозҳои бонкӣ дохил шуда бошад, пас дар сурати бозхонди иҷозатнома, давлат баргардонидани онро кафолат медиҳад.

Ба гуфти Ферапонтов, пасандозҳои бонкӣ, роҳи ҷамъоварии пул дар муҳлати дарозмуддат буда, хароҷоти таваррумиро ҷуброн мекунанд.

"Алтернатива дар ҳолати хусусияти дарозмуддат метавонад пасандозҳои бонкии асъори хориҷӣ бошад, ки аз тағйирёбии асъори харидшуда фоида мегиранд - дар ин ҳолат шумо бояд қурб ва омилҳои ба он таъсиррасонро назорат кунед. Чӣ тавре таҷриба нишон медиҳад , чунин пасандозҳо ҳамчун сармоягузории дарозмуддат муфиданд, агар асъор дуруст интихоб карда шавад", - қайд кард коршинос.

Алтернативаи дигар ин сармоягузорӣ ба тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо аст, аммо тавассути суратҳисобҳои металлӣ. Бояд дар назар дошт, ки металлҳои қиматбаҳо дороии молиявии хеле дарозмуддат мебошанд, ки дар давоми се сол нархашон афзоиш меёбад.

Ферапонтов мегӯяд, бояд амонатро ва сармоягузорӣ фарқ кард.

Амонатгузорӣ, пеш аз ҳама, пуле мебошад, ки шаҳрванд дар муҳлати дарозмуддат ташаккул медиҳад, ҳадафи асосии онҳо болишти боэътимоди амнияти молиявӣ мебошад, ки дар шароити кунунии иқтисодӣ ва бо суръати пасти асосӣ ҳосили паст дорад.

Раиси “Амонатбонк”: “Долларҳои “таги болишт” фоида надоранд”

Аммо сармоягузорӣ ин маболиғе ҳаст, ки бо роҳи гузоштани сармоя ба дороиҳои дилхоҳи молиявӣ ва ғайримолиявӣ - коғазҳои қиматнок, амволи ғайриманқул, хариду фурӯши асъор ба фоидаи худ кор мекунанд.

198
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, пасандоз, пул, сарфакорӣ, сарфаҷӯӣ, коршиносон
Далер Назаров дал интервью

Аз писари вазир то домоди Президент ва дороӣ: ногуфтаҳои Далер Назаров-видео

547
(Таҷдидшуда 21:26 22.01.2021)
Далер Назаров, овозхони шинохтаи тоҷик, дар бораи ҳаёту эҷодиёташ чун писари вазир, домоди президент, дороӣ ва хушбахтияш суҳбат кардааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Далер Назаров дар ин суҳбат бархе аз ҷанбаҳои ҳаёту эҷодиёташро гуфтааст, ки қаблан оммавӣ изҳор надошта бу.

Навори суҳбат дар саҳифаи расмии Daler Nazarov Studio дар Youtube нашр шудааст.

Ӯ гуфт, замоне, ки бори аввал сурудҳои The Beatles-ро шунидааст, майли овозхонияшро дарк кардааст.

Далер Назаров афзуд, талабаи хуб набуд ва аз ягон фан дониши фавқулодае надоштааст. Дар мактаб вохӯрӣ бо дӯстонро хуш медоштааст. Ба суол дар мавриди писари вазир буданаш, Далер Назаров изҳор дошт, ки бо вуҷуд мулоқот бо дӯстон аз қишрҳои гуногунро ҳамеша хуш медошт.

“Ман ҳамеша ҷамъ овардани одамонро дӯст медоштам ва то ҳол ин корро мекунам. Ҳар қадаре одамон гуногунтар бошанд, ҳамон қадар руҳияам роҳат мекунад. Агар одамони миллату табақаҳои гуногун ҷамъ омада бошанд”, - изҳор дошт Далер.

Ӯ инчунин аз солҳои мактабию ишқи наврасияш гуфтааст.

“Бисёри онҳое, ки ошиқашон шудаам, то ҳол ҳам инро намедонанд. Ин ишқе буд, ки наметавонистӣ бо он мухолифат нишон диҳӣ ва наметавонистӣ онро баён кунию наздик шавӣ”, - изҳор дошт овозхон.

Дар суҳбат инчунин аз издивоҷ бо Мунаввара Набиева, духтари нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон Набиев гуфта шудааст, ки дар мактаб шинос шудаанд. Ӯ гуфт, ин хонадорӣ се сол давом кардааст.

“Раҳмон Набиев инсони бисёр нек буд, ки дар чеҳраи ӯ ман падари дуюми худро пайдо кардам. Ӯ маро хеле зуд худӣ қабул кард”, - афзуд Назаров.

Маҳз дар суҳбату муошират бо ин сиёсатмадор, Далер Назаров дарк кардааст, ки чӣ гуна вазнин аст, президент будан, сарфи назар аз бартариятҳое, ки ба назар мерасанд.

Овозхон дар мавриди он ки дар 62-солагияш худро чӣ гуна эҳсос мекунад, изҳор дошт, ки касе нест, варақи тоза аст.

“Ман касе нестам, ҳеч гуна, варақи сафедеям, ки дар он ҳар замон метавонад чизи дигаре навишта шавад”, - илова намуд ӯ.

Овозхон гуфт, тайи ин қадар сол ҳеч дороиеро ҷамъ накардааст. Ӯ мегӯяд, мошин дорад, ки барои ҳаракати роҳаташ миёни Душанбе ва Хоруғ зарур аст. Ба гуфтаи овозхон, наметарсад, ки бе чиз мемонад, зеро дӯстони зиёд дорад.

Вай таъкид кард, ки ягона нишонаи муваффақияти инсон ин хушбахтии ӯст ва илова намуд, ки хушбахт аст.

Ӯ мегӯяд, баъди зиндагияш мехоҳад мусиқияш боқӣ монад, мехоҳад сурудҳояш чун беному халқӣ садо диҳанд.

547