Боз як кишвар парвозҳоро барқарор мекунад - бо Тоҷикистон чӣ?

955
(Таҷдидшуда 17:51 28.12.2020)
Ҳуҷҷатҳои лозима омода шуда буданд, танҳо бояд ҷонибҳо имзо мекарданд. Пас аз барқарор шудани парвозҳо бо дигар кишварҳо эҳтимоли зиёд гуфтушунидҳо байни мақомоти Тоҷикистон ва Умон дар атрофи ин масъала барқарор мешаванд

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Роҳҳои ҳавоӣ, обӣ ва хушкии Умон аз 29 декабр барқарор мешаванд, гузориш медиҳад Sky News Arabia, дар истинод ба дастури  Кумитаи болоии салтанат.

"Аз 29 декабо қарори манъи вуруд ва хуруҷ аз кишвар тавассути роҳҳои гуногун бекор мешавад", - қайд карда мешавад дар изҳорот.

Ҳангоми вуруд ба кишвар бояд маълумотномаи ташхиси манфии коронавирусро бо худ дошт, ки на бештар аз 72 соати пеш аз сафар анҷом дода шуда бошад.

Дар ҳамин ҳол дар тамоми гузаргоҳҳои марзии кишвар метавон ташхиси коронавирусро анҷом дод.

Ёдрас мешавем, марзҳои Умон аз 22 декабр бо далели пайдо шудани навъи нави коронаврус, ки сирояткунандатар аст, баста буданд. Ин меъёрҳо дар Арабистони Саудӣ ва Қувайт низ ҷорӣ шуда буданд.

Ҷои зикр аст, ки феълан байни Тоҷикистон ва Умон парвозҳои муқаррарӣ ҷорӣ карда нашудаанд. Масъалаи ташкили парвозҳо байни Душанбе ва Маскат тобистони соли 2020 баррасӣ шуд.

Пешниҳоди Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Русия: шарҳи сафир
Официальный

Ҳуҷҷатҳои лозима омода шуда буданд, танҳо бояд ҷонибҳо имзо мекарданд. Пас аз барқарор шудани парвозҳо бо дигар кишварҳо эҳтимоли зиёд гуфтушунидҳо байни мақомоти Тоҷикистон ва Умон дар атрофи ин масъала барқарор мешаванд.

955
Водохранилище Таджикское море

Паҳнкунандагони хабари дурӯғ дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум боздошт шуданд

424
(Таҷдидшуда 17:33 16.01.2021)
Дар ин бора аз эфири телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълум шуд. Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон шаҳрвандонеро боздошт карданд, ки дар бораи рахнашавии сарбанди обанбори Қайроққум маълумоти бардурӯғ паҳн кардаанд.

Дар ин бора шабакаи телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълумот додааст.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки як сокини минтақаи Сардоба ба маълумоти беасоси шиносҳояш бовар карда, ба ҳамсараш амр додааст, ки фавран ба кӯча барояд.

Ин овозаҳо дар маҳаллаи "Дӯстлик" -и минтақаи Сардоба ваҳмро ба вуҷуд овард. Ғайр аз ин, як блогер аз минтақаи Акалтин дар Ютюб видеоеро нашр карда, мардумро ба тарки хонаҳо даъват кардву аз обхезӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Ғайр аз он, як сокини ноҳияи Мирзоободи ин хабарро аз шаҳрвандони ду ноҳияи дигар шунида, ба бедор кардани ҳамсояҳо шурӯъ кардаву  гуфтааст, ки ҳарчи зудтар аз хонаҳо бароянд.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Истеҳсоли барқ дар неругоҳи "Қайроққум"-ро то 38% зиёд мекунанд: барқрасонӣ хубтар мешавад

Ёдовар мешавем шаби 14 ба 15-уми январ овозаи рахнашавии сарбанди обанбори “Қайроққум”-и Тоҷикистон аҳолиии чанд минтақаи Ӯзбекистонро дар таҳлука андохт.

"Қайроққум" то соли 2023 таҷдид мешавад

 Дар пайи ин ҳолат,  Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққумро рад кард ва мардумро ба оромӣ даъват карда гуфт, иншоот солим ва муътадил кор мекунанд.

424
Американские военные в Афганистане

Амрико аз коҳиши шумори низомиёнаш дар Ироқу Афғонистон эълон кард

85
(Таҷдидшуда 15:36 16.01.2021)
Вазорати дифои Амрико дар баёнияе аз коҳиши шумори низомиёни ин кишвар дар Ироқу Афғонистон ба ду ҳазору 500 нафар хабар дод

ДУШАНБЕ, 16 январ - Sputnik. Бар асоси эъломи Пентагон, теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Ироқ аз се ҳазору 200 нафар ба ду ҳазору 500 нафар коҳиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Аз сӯи дигар тибқи иттилои манбаъ, артиши Амрико рӯзи ҷумъа эълом кард, шумори низомиёни ин кишвар дар Афғонистон низ ба ду ҳазору 500 нафар коҳиш ёфтааст.

Christopher Miller, сарпарасти Вазорати дифои Амрико пештар аз тасмими Кохи Сафед барои коҳиши шумори низомиёни амрикоӣ дар Ироқу Афғонистон хабар дода буд.

Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ ва афғонистонӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористи амрикоӣ аз кишварҳояшон ҳастанд ва порлумони Ироқ низ тарҳе дар бораи хурӯҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст.

Ироқиҳо ва афғонҳо муътақиданд, ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар кишварҳояшон ҷуз афзоиши ноамнӣ ва терроризму густариши тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон натиҷае надоштааст.

85
Барчаспҳо:
коҳиш, нерӯҳо, Афғонистон, Амрико
Карабиненко Александр

Коршинос сабаби нест шудани коронавирус дар Тоҷикистонро шарҳ дод

0
Табиби хизматнишондодаи Русия, Александр Карабиненко маълумоти Вазорати танудурстии Тоҷикистонро дар бораи якбора коҳиш ёфтани ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз коронавирус шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз аввалҳои моҳи январ якбора шумораи ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус коҳиш ёфт. Дар давоми ду ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 12 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.

Зичии аҳолӣ дар Тоҷикистон, фарз кунем  нисбат ба вилояти Маскав хело кам аст. Маҳз ҳамин далел шароит фароҳам меоварад, ки паҳншавии вирус бозистад, мегӯяд коршинос.

Ҳамчунин, Карабиненко дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки шароити экологӣ ва климати кишвар метавонист боиси камшавии омори коронавирус шавад.

"Феълан ин масъала пажӯҳиш нашудааст, бояд солҳо мушоҳида кард ва он вақт метавон ҷавоби дақиқ дод", - меафзояд ӯ.

Ба гуфтаи табbби рус, бадани одамони гуногун иммунитетро гуногун коркард мекунад. Бархе нафарон умуман ба ин беморӣ антитела ҳосил намекунанд.

"Дар ин ҳолат эмгузаронӣ боиси ҳосил шудани иммунитет дар бадан мешавад ва дар ин ҳолат аз коронавирус антитела ҳосил мегардад", - таъкид кард Карабиненко.

Вазири тоҷик: табибони кишвар аз имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ аз COVID-19 гузаштанд

Ба гуфтаи вай, ваксинаи зидди грипп низ кӯмак мекунад, ки бемории коронавирус сабуктар гузарад ва барои ҳамин бояд ҳама эм карда шаванд.

"Инфексияи коронавирус то абад дар бадани инсон мемонад. Аз вирус ҷои гурез нест ва ба он иммунитети коллективӣ пайдо мешавад", - тавзеҳ дод вай дар анҷом.

0