Ҷавоби Амрико ба “Калибр”-и русӣ: “Томагавк”-ҳои нав аз чӣ бархурдоранд

232
(Таҷдидшуда 18:09 28.12.2020)
Парвоз дӯртар, зарбаи сахтар, ғайри имкон будани мухолифат бар он - амрикоиҳо мушаки навсозишудаи болдори Tomahawk — Block V-ро озмоиш карданд

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik, Андрей Котс.  Дар Уқёнуси Ором, дар наздикии ҷазираҳои Ҳавая киштии ҷангии Chafee ба сӯи тамрингоҳи баҳри мушакпартоӣ анҷом дод. Нирӯҳои дарёии Амрико  эълон карданд: ҳамааш хуб гузашт. Дар бораи Block V  чӣ маълум аст ва фарқият аз "Калибрҳо" -и Русия дар чист - дар гузориши РИА Новостиро дар ин бора бихонед.

Ду шакл

Сохти мушаки  Block V дар Пентагон бо суръат гирифтани иқтидори баҳрии Чин асоснок карда шудааст аст.  Чин воқеан хеле зуд кишти ва киштиҳои зериобӣ месозад, силоҳҳо ва низмоҳои электрониро фаъолона рушд медиҳад. Амрикоиҳо ба таври ҷиддӣ метарсанд бартарии худро дар уқёнус аз даст диҳанд - ба гуфтаи коршиносон, Чин то соли 2035 дорои 420 вымпел хоҳад шуд.

Ба ҳамин хотир, Пентагон фармоиши силоҳҳои зидди киштииро афзоиш дод. Қарор аст, Пентагон то соли 2025 850 мушаке, ки қодири нобуд кардани ҳадафҳои бузурги болои обиро дорад, харидорӣ намояд. То давраҳои ахир дар ихтиёри нирӯҳои дарёии Амрико танҳо мушакҳои сохти солҳои 70-уми зиддикиштии  "Ҳарпун"- ҳо буд, дар масофаи  то 280 километр нишонро ба ҳадаф мегирифт. Бо вуҷуди ин, дар соли 2018 нерӯҳои дарёии соҳиби  мушакҳои нав LRASMs AGM-158C шуданд, ки қодиранд ҳадафҳои баҳриро дар масофаи то 900 километр нобуд кунанд.

Аммо, бояд гуфт, ки  ба истеҳсоли ин силоҳи нав ҳануз оғоз нагардидааст. Аз ин рӯ, дар баробари истеҳсоли LRASM, Пентагон тасмим дорад, мушакҳои қадимаи "Томагавк" -ро, ки дар миёнаи солҳои 90 пас аз қабули варианти Блоки II аҳамияташро аз даст дода буд, баргардонад.

Навъи аввал Block Va ном хоҳад гирифт ва аз киштиву киштиҳои зериобӣ бар зидди ҳадафҳои рӯиобӣ истифода мешавад. Ин навъро Maritime Strike Tomahawk номгузорӣ карданд, ки он дорои каналҳои фаъолу ғайрифаъоли радарӣ мебошад, инчунин протсессори пурқудрати маълумот ва аз воҳиди нави роҳнамоии инерциалӣ бархурдор аст. Ин  мушаки "Томагавк" метавонад ҳадафҳои бузурги ҳаракаткунандаи рӯиобӣ дар масофаи то 1600 километро нобуд созад.

Мушаки Block Vb низ ҳаст. Ин мушаки "Томагавк"-и класикӣ аст ва он барои нобудсозии ҳадафҳои заминӣ мебошад. Ин мушак ҳам бункерҳои зеризаминии мустаҳкамшуда ва ҳам ҳадафҳои низомии маъмулиро зери ҳадаф қарор мегирад.

Панҷ сабаб

Мутахассисони сомонаи Defence News шарҳ доданд, ки то ҳол мушаки "Томагавк" имрӯз ҳам миёни силоҳҳои муоссир аҳамиятдор мебошад.

Аввалан, Block V нисбат ба мушакҳои муоссири худ хеле дақиқтар аст ва ин масофа барои муқовимат бо мушакҳои чинии DF-26 ва DF-21 дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором кифоя мекунад.

Ин мушак нисбатан арзон аст. Партоби як мушаки Block V ба андозсупорандагон ҳудуди 1 миллион доллар меафтад. Барои мисол, хариди мушаки СМ-6, чаҳор маротиба гаронтар аст.

Рақиби асосӣ

Рақиби асосии мушакҳои Томогавки амрикоӣ мушакҳои болдори Калибр дониста мешавад, ки Русия бори аввал тирамоҳи соли 2015 онро дар шароити ҷангӣ озмоиш кард. Киштиҳои ҷангии Русия якбора ба  26 иншооти террористонро дар Сурия зери ҳадаф қарор гирифтанд. Ҳамаи мушакҳо бомуваффақият ба ҳадаф расиданд.

Бо ин  мушакҳо тамоми киштиҳои аксарияти киштиҳои Русия муҷаҳҳаз мебошанд. Дар ояндаи наздик, баъзе аз киштиҳо, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ сохта шуда буданд, барои муҷаҳазгардонии мушакҳои "Калибр" омода мешаванд.

Мушаки Калибр-М аз рӯи маълумоти мавҷуда аз рӯи хусусиятҳои тактикӣ ва техникӣ аз Томагавкҳои нави амрикоӣ пештар аст. Аммо, амрикоиҳо як бартарии раднопазир доранд, онҳо дорои шумори зиёди интиқолдиҳандагони мушакҳои болдор мебошад. Нирӯҳои дарёии Амрико дорои беш аз садҳо киштиҳои рӯиобӣ ва зериобӣ мебошад, ки онҳо бо силоҳҳои муоссир муҷаҳаз гардонида шудаанд. Имрӯзҳо Русия беш аз 20 киштӣ доранд, ки қобилияти муҷаҳаз намудани мушакҳои Калибрро доранд.

232
Барчаспҳо:
силоҳ, мухолифат, мушак, Амрико, Русия
Мороженое в вафельном стаканчике

Шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар Чин

158
(Таҷдидшуда 20:06 16.01.2021)
Хабаргузории Сен-Хуа аз шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар шаҳри Тиянзин дар шимоли Чин ва наздикии Пекин хабар дод

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ахиран расонаи чинӣ гузориш дод, ки баррасиҳои муқаддамотии сироятӣ нишон медиҳад, ки яхмосҳои олуда дар як ширкати тавлиди маводи ғизоӣ дар Чин бо истифода аз маводи аввалияе монанди хокаи шир воридшуда аз Зеляндияи нав ва хокаи панири воридотӣ аз Украина тавлид шуда аст, иттилоъ додааст   радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинод ба хабаргузории Сен-Хуа.

Тибқи гузориши мақомоти тандурустии Чин ин ширкат таътил шуда аст.

Ба маҳзи мушаххас шудани олудагии яхмосҳо ба корона, тамоми 1662 корманди ширкат таҳти карантина қарор гирифта ва озмоиши корона додаанд.

Коршиносон мегӯянд вирус метавонад ба далели дараҷаи сард ва равғани яхмос то муддатҳо дар маҳсул зинда бимонад.

Мавҷи нави густариши вируси корона аз чанд рӯз пеш дар Чин оғоз шудааст, ки боиси карантина шудани вилояти Хубей дар шимоли ин кишвар шудааст.

Чин рӯзи шанбе 16 январ нахустин марги вобаста ба вируси коронаро дар ин кишвар дар ҳашти моҳи гузашта гузориш кард, ки дар вилояти Хубей ба қайд гирифта шудааст.

158
Барчаспҳо:
Пекин, яхмос, вируси корона, Чин
Водохранилище Таджикское море

Паҳнкунандагони хабари дурӯғ дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум боздошт шуданд

635
(Таҷдидшуда 17:33 16.01.2021)
Дар ин бора аз эфири телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълум шуд. Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон шаҳрвандонеро боздошт карданд, ки дар бораи рахнашавии сарбанди обанбори Қайроққум маълумоти бардурӯғ паҳн кардаанд.

Дар ин бора шабакаи телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълумот додааст.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки як сокини минтақаи Сардоба ба маълумоти беасоси шиносҳояш бовар карда, ба ҳамсараш амр додааст, ки фавран ба кӯча барояд.

Ин овозаҳо дар маҳаллаи "Дӯстлик" -и минтақаи Сардоба ваҳмро ба вуҷуд овард. Ғайр аз ин, як блогер аз минтақаи Акалтин дар Ютюб видеоеро нашр карда, мардумро ба тарки хонаҳо даъват кардву аз обхезӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Ғайр аз он, як сокини ноҳияи Мирзоободи ин хабарро аз шаҳрвандони ду ноҳияи дигар шунида, ба бедор кардани ҳамсояҳо шурӯъ кардаву  гуфтааст, ки ҳарчи зудтар аз хонаҳо бароянд.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Истеҳсоли барқ дар неругоҳи "Қайроққум"-ро то 38% зиёд мекунанд: барқрасонӣ хубтар мешавад

Ёдовар мешавем шаби 14 ба 15-уми январ овозаи рахнашавии сарбанди обанбори “Қайроққум”-и Тоҷикистон аҳолиии чанд минтақаи Ӯзбекистонро дар таҳлука андохт.

"Қайроққум" то соли 2023 таҷдид мешавад

 Дар пайи ин ҳолат,  Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққумро рад кард ва мардумро ба оромӣ даъват карда гуфт, иншоот солим ва муътадил кор мекунанд.

635
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

0
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон