СҶБ: инсоният маҷбур аст бо коронавирус ба сар барад

334
(Таҷдидшуда 18:04 30.12.2020)
Коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бар инанд, ки ҳамагирии коронавирус ба бемории эндемикӣ (таҳҷоӣ) мубадал мешавад

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Коронавирус ба бемории таҳҷоӣ табдил мешавад, мегӯяд коршиноси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, профессор Дэвид Хейманн.

Ин маънои онро дорад, ки COVID - 19 ба бемории барои маҳалле хос табдил меёбад. Ба чунин бемориҳои сироятӣ аз ҷумла вараҷа дар Африқо ва халерия дар Ҳиндустон дохил мешаванд.

Ба гуфти коршинос, мутатсияи коронавирус дар кишварҳое ба вуҷуд меояд, ки сироят тезтар паҳн мешавад. Дар баробари ин, ба гуфти профессор инсоният дар сурати саломатии хуб ва дастгоҳҳои алайҳи сироятӣ метавонад бар вабо пирӯз шавад. Ин ба мардум даст медиҳад, ки бо коронавирус ҳам чун бо дигар навъи бемориҳо ба сар баранд.

Коршиноси дигари СҶБ Марк Райан низ бо фикри ҳамкораш розӣ аст. 

"Сенарияи эҳтимолӣ ин аст, ки вирус эндемикӣ мешавад ва як навъи таҳдиде боқӣ хоҳад монд. Аммо таҳдиди кам дар доираи барномаи эмгузаронии ҷаҳонӣ хоҳад буд", -  гуфт Райан.

Ба гуфтаи ӯ, мавҷудияти ваксина ба нобудшавии пурраи коронавирус кафолат дода наметавонад. Коршинос қайд кард, ки "ин як сатри хеле баланд аст, то онро бартараф кардан мумкин аст".

Вай афзуд, дарси асосие, ки инсоният бояд аз пандемия бигирад - талошҳои муштарак аст.

Пешгӯии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт: ҳамагирии COVID - 19 охирин нест

"Мо бояд онҳоеро, ки аз даст додаем, эҳтиром намоем, то дар корҳои ҳаррӯзаамон беҳтар шавем" гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози ҳамагирӣ то кунун дар ҷаҳон беш аз 81 миллион сирояти коронавирус сабт шудааст. Дар миёнаҳои моҳи декабр дар Бритониёи Кабир як намуди нави мутатсияи COVID-19 муайян карда шуд, ки 70% тезтар сироят мекунад.

334
Барчаспҳо:
зиндагӣ, ҷаҳон, Ҷаҳон, вируси корона, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (927)

Байден чанд фармони Трампро бекор кард: ӯ ба вуруди мусалмонон иҷозат дод

135
(Таҷдидшуда 12:02 21.01.2021)
Қаблан собиқ кишвардори Амрико Доналд Трамп бо судури фармоне вуруди мусалмонони аксар кишварҳоро манъ карда буд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ҷо Байден рӯзи 20 январ расман савганд ёд кард. Пас аз анҷоми маросими савгандёдкунӣ нахустин коре, ки Байден анҷом дод, ин бекор кардани чандин фармонҳои Трамп буд.

Кишвардори феълӣ аз ҷумла фармон дар мавриди манъи вуруд барои мусалмонони аксар кишварҳо ба Амрикоро лағв кард. Гузашта аз ин, Амрикоро дигарбора ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Созишномаи иқлими Порис баргардонд.

Паёми хайрбодии Трамп: Амрико кишвари инсонҳои ноустувор нест

Ҳамчунин дар робита ба вазъият дар марзи Мексика вазъи фавқулодаро бекор ва сохтмони деворро дар марз бо он давлат низ лағв намуд.

Байден аз тамоми амрикоиҳо даъват кард, ки давоми 100 рӯз режими ниқобро риоя кунанд ва дар ҳама ҷо ниқоб пӯшанд.

Илова бар ин, Байден 20 январро ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон кард.

Мушовири Байден аз нақшаи музокира бо Русия гуфт

Қаблан, Қасри сафед хабар дода буд, ки Доналд Трамп чор соат пеш аз маросими савгандёдкунӣ Вашингтонро тарк мекунад.

135
Барчаспҳо:
фармон, Доналд Трамп, Амрико
День 21 января

Аз Рӯзи оғӯш то ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон дар боғи "Наврӯзгоҳ": имрӯзи таърих

109
(Таҷдидшуда 19:37 20.01.2021)
Рӯзи бисту якуми январ дар Лаҳистон – Рӯзи бибиҳо, дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ. Рӯзи байналмилалии оғӯш мебошад

Рӯзи 21 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1862 Адам Опел дар шаҳри Рюсселхайми Олмон корхонаи истеҳсоли мошинаҳои дӯзандагӣ ифтитоҳ намуд. Соли 1886 ширкати "Опел" истеҳсоли дучарха ва соли 1899 истеҳсоли мошинро сар кард ва  ҳоло яке аз ширкатҳои машҳуртарин дар ҷаҳон мебошад.

Соли 1932 дар Остона аввалин шумораи рӯзномаи "Ҳақиқати Қазоқистон" («Казахстанская правда») нашр шуд.

Соли 1954 дар ҷаҳон нахустин маротиба бомбаи атомии зери обӣ сар дода шуд.

Соли 2011 дар Остона, дар  Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон ҷаласаи дуюми Шӯрои ректорони консерваторияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2014 дар пойтахти Чин- шаҳри Пекин ҷаласаи якуми раёсати Шӯрои расмии Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарони қисмҳои миллии Шӯрои расмии кишварҳои иштирокчии СҲШ- Тоҷикистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон ширкат варзиданд.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки дастаҳои футболи Испания — "Реал" ва "Барселона", инчунин "Манчестер Юнайтед"-и Англия дар соли 2015 беш аз 500 миллион евро ба даст овардаанд.

Рӯзи 21 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 нахустин шумораи ҳафтаномаи "Азия-Плюс" аз чоп баромад.

Соли 2004 Парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард, ки мувофиқи он муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ барои хатмкунандагони донишгоҳҳо аз 18 ба 12 моҳ поин оварда шуд.

Соли 2011 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2014 сарвазир Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои наздисоҳилии  шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шинос шуд.

Соли 2017  Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Венгрия, аз ҷумла, кӯдакону наврасон бар асари садамаи воситаи нақлиётӣ дар Италия ба Президенти Венгрия Янош Адер барқияи тасаллият ирсол намуд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон бо  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 январ

  • Дар Лаҳистон – Рӯзи бибӣ (модаркалон).
  • Дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ.
  • Рӯзи байналмилалии оғӯш.

Рӯзи 21 январ кӣ ба дунё омадааст

Анвар Абдурасулов (1947)- физикдон, профессор.

Аҷамӣ Муҳаммадалӣ (1954) – шоир.

Бандишоева Савсан (1922 – 2003) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Гулов Тағоймурод (1945) – доктори илми кишоварзӣ.

Ғаниев Комилҷон (1950) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Кандинов Лев (1932) – нависанда.

Каримова Аза (1925 – 2000) – доктори илми филологӣ.

Қаландарбеков Имомёрбек (1955)- доктори илми техникӣ, профессор.

Мастонгулов Мирзо (1939-2008)- доктори илми иқтисод, аввалин лётчики касбии тоҷик.

Маҳкамов Файз (1941) – дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Мирзоев Кароматулло (1941) – Нависандаи Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Мусулмонкулов Раҳим (1938) – доктори илми филологӣ, профессор.

Собиров Султон ( 1933 – 1998) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

109
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов то таҷдиди сохтори Дастгоҳи президент: имрӯзи таърих
Таъсиси "ЦРУ" ва тасдиқи лоиҳаи "CASA-1000" аз ҷониби Тоҷикистон: имрӯзи таърих
Рӯзи ҳамсар, таъсиси ноҳияҳои Хуҷанду Қумсангир ва зодрӯзи Дастин Поре: имрӯзи таърих