Пассажиры на платформе вокзала в масках

Афзоиши фавт аз Covid-19 дар Бритониё: омори коронавирус дар ҷаҳон

244
(Таҷдидшуда 10:43 10.01.2021)
Дар Британиёи Кабир зарфи 28 рӯзи охир аз коронавирус 1325 нафар фавтиданд. Ин мақомоти давлатиро нигарон карддааст

ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Шумори гирифторони коронавиурс дар олам  ба 89 миллиону 456 ҳазору 348 нафар расид. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 924 ҳазору 96 нафар ҷан бохтаву 64 миллиону 108 ҳазору 46 нафар шифо ёфтаанд. Ин шабу рӯз дар беморхонаҳои олам 108 ҳазору 904 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Кишварҳое, ки сироятшудагони бештар доранд:

  • ИМА — 22 461 696
  • Ҳинд — 10 432 526 
  • Бразилия — 8 015 920 
  • Русия — 3 379 103  
  • Бритониёи Кабир — 2 957 472  
  • Фаронса — 2 747 135   

Навъи нави коронавирус SARS-CoV-2, ки 50% фаъолтар аз гунаҳои дигари он паҳн мешавад, метавонад дар ИМА низ пайдо шавад. Дар ин бора ширкати телевизионии CNN истинодан ба маърӯзаи гурӯҳи кории Кохи Сафед, ки масъалаҳои мубориза бо коронавирусро меомӯзад, хабар дод.

Лепешки, испеченные к празднованию Дня национального единства
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Дар Бритониёи Кабир зарфи 28 рӯзи охир аз коронавирус 1325 нафар фавтиданд. Ин мақомоти давлатиро нигарон кард. Дар натиҷа сеюмин навъи воксани амрикоии Modernaро барои истифода иҷозат доданд. Ҳукуматдорон аллакай 17 миллион вояи истифодаи ин фоксанро, ки қарор аст ҳамзамон бо воксани қаблан қабулшудаи Pfizer-BioNTech ва Oxford-AstraZeneca истифода шавад, фармоиш додаанд.

Дар маҷмӯъ, тақрибан якуним миллион шаҳрвандон дар Британия воксан гирифтанд. Тибқи ҳисобҳои ҳукумат, шумораи гирифторон дар Лондон дар ҳар 100 ҳазор нафар сокинони пойтахт аз ҳазор нафар гузаштааст. Бюрои омори миллӣ рақами аз ин ҳам бештарро эълон мекунад: тибқи ҳисобу китоби он, аз ҳар 30 нафар дар Лондон яке аз онҳо метавонад сироятёфта бошад.

Иттиҳодияи Аврупо бо ширкатҳои дорусозии Pfizer ва BioNTech барои харидани 300 миллион вояи иловагии воксани Covid-19 ба мувофиқа расид. Воксанҳо одатан дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мутаносибан бо шумораи аҳолии онҳо тақсим карда мешаванд, аммо дар сурати бастани шартномаи нав, ҳоло маълум нест, ки оё ҳама кишварҳо тибқи ин принсип фармоиш медиҳанд ё не. Pfizer мақсад дорад, ки имсол дар саросари ҷаҳон то 1,3 миллиард воза тавлид кунад.

Фаронса мегӯяд ба фаъолияти тафреҳгоҳҳои лижаронӣ аз 20 январ иҷозат хоҳад дод, агар вазъи эпидемиологӣ дар иртибот ба сирояти коронавирус иҷозат диҳад.

Парламони Шветсия рӯзи ҷумъа қонун дар бораи ҳамагириро қабул кард, ки ба ҳукумат барои андешидани чораҳои фаврӣ ихтиёроти бештар медиҳад. Ин кишвар дар гузашта ягон маротиба тадбирҳои шадиди зиддикоронавирусӣ эълон накарда буд, аммо мавҷи дуюм ин бор мақомотро водор кард дар тасмимҳои худ ҷиддитар бошанд, чун сирояти КОВИД-19 ин бор фарогиртару кушандатар аз қабл омад.

Исроил дар суръати эмкунии аҳолӣ назар ба ҳамаи кишварҳо, ҳатто аз ИМА низ пеш аст. Аз аввалин рӯзҳои тасдиқи воксани Pfizer ин кишвар ба эмкунии сартосарии аҳолӣ сар кардаву хеле муваффақ будааст. То 8 январи соли равон наздик ба 20 дарсади аҳолӣ эм шудаанд. 

Дар Чин 53 ҳолати нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, ки 37 ҳолати он  маҳаллӣ буд ва боқӣ воридшуда аз хориҷ мебошанд. 33 ҳолат дар вилояти Ҳубэй ва ду ҳолат дар Ляонин ва як нафарии дигар дар Пекин ва Хэйлунсян сабт шудааст.

Хадамоти амнияти Украина хабар додааст, ки дар мавриди эҳтимолияти бо роҳи қочоқӣ ба кишвар ворид кардани воксан аз КОВИД-19 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рӯзи 7 январ президенти ин кишвар Владимир Зеленский хабар дода буд, ки Украина иттило дар мавриди гӯё қочоқӣ ворид кардани воксан зидди коронавирусро месанҷад.

Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 23 652 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Дар Қазоқистон аз сирояти нави 831 нафар хабар доданд, ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзе қабл 775 сирояти нав сабт шуда буд.  

Шумори гирифтрон ба КОВИД-19 дар Қирғизистон ба 81 991 нафар расидааст ва дар шабонарӯзи сипаришуда 165 ҳодисаи нави сироят ба ин вирус сабт шудааст.

Ӯзбекистон аз сирояти боз 73 нафар ба вируси корона хабар дод ва мақомоти ин кишвар гуфтанд, ки аз аввали ҳам агирӣ 77 485 нафар сироят шуда буданд.

Дар Тоҷикистон эмкунии аҳолӣ бар зидди коронавирус дар доираи механизми байналмилалии COVAX сурат мегирад, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.   

Ба гуфтаи вай, интиқоли воксани COVID-19 ба ҷумҳурӣ метавонад аз нимаи соли 2021 оғоз шавад.

"Воксан 20% аҳолии кишварро фаро хоҳад гирифт. Аввал онро кормандони тиб, муаллимон, шахсони аз 50-сола боло, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои музмин мегиранд", - шарҳ дод ӯ.

Ҳамин тариқ, пеш аз ҳама, дар Тоҷикистон тақрибан 1 миллиону 800 ҳазор нафар эм карда мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон аллакай барои дарёфти воксан дархост ирсол кардаанд.

244
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, фавт, марг, вируси корона
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (917)
Американский актер Питер Марк Ричман с супругой Хелен. Архивное фото

Даргузашти ҳунарманде, ки дар филми "Санта Барбара" нақши Сисиро бозид

147
(Таҷдидшуда 18:18 15.01.2021)
Ричман яке аз ҳунармандоне буд, ки дар филми машҳури бисёрсериягии "Санта Барбара" нақши Сисиро бозида буд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳунарманди амрикоӣ Питер Марк Ричман, ки бо нақши Сиси Кэмпвелла дар сериоли "Санта Барбара" машҳур аст, вафот кард.

Дар ин бораи даргузашти ҳунарманд, The Hollywood Reporter хабар медиҳад.

Даргузашти ҳунарманди машҳур Шон Коннери

Ҳунарманд 93 сол дошт. Ӯ дар манзилаш дар Лос-Анҷелес дунёро падруд гуфт.

Ричман яке аз ҳунармандоне буд, ки дар филми машҳури бисёрсериягии "Санта Барбара" нақши Сисиро бозид.

Соли мотам: бузургони рафта дар соли 2020

"Санта Барбара" - яке аз машҳуртарин сериолҳои истеҳсоли Амрико мебошад, ки аз соли 1984 то соли 1993 тариқи шабакаи NBC намоиш дода мешуд.

Ҳамагӣ 2137 серияи ин филм рӯи экран баромадааст.

147
Барчаспҳо:
даргузашт, ИМА
Cудно работает на шельфе Балтийского моря на газопроводе Nord Stream 2, архивное фото

ИМА боз "Маҷрои Шимолӣ - 2" - ро "сахт" гирифт

142
Расонаҳо менависанд, ки ширкати даниягии Ramboll, ки дар сохтмони "Маҷрои Шимолӣ - 2" ширкат мекунад, аз таҳримҳои Вашингтон дар ҳарос шудааст.

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik, Наталя Дембинская. Дар воқеъ, аз 1 январ Иёлоти Муттаҳида чораҳоро зидди он давлатҳое, ки бо лоиҳа алоқаманданд, пурзӯр кардааст.

Аммо, сохтмон идома дорад. Дар Урупо ҳавасҳо дубора ба ин ҷӯш мезананд: дар ҳоле, ки олмониҳо барои ҳимоят аз таҳримот як сандуқ омода мекунанд, бритониёиён мехоҳанд аз амрикоиҳо пайравӣ кунанд ва шведҳо аз сар задани "ҷанги газӣ" метарсанд. Дар ниҳоят бо лоиҳа чӣ мешуда бошад?

Қисми заминии "Маҷрои Шимолӣ - 2" бомуваффақият анҷом ёфт. Ҳоло қубурҳо дар обҳои Олмон, сипас дар Дания гузошта мешаванд. Лоиҳа ба ниҳоят расида истодааст. Аммо Вашингтон инро эътироф карданӣ нест. Қонуни нав дар бораи дифои буҷа, ки аз 1 январ амал мекунад, таҳримҳои иловагӣ алайҳи лӯлаи гази Русияро дар бар мегирад.

Аз ҷумла, сухан дар бораи ташкилотҳое меравад, ки хидматҳои санҷишӣ ё сертификатсияро пешниҳод мекунанд. Ширкати норвегии DNV GL аллакай эълом дошт, ки тамоми фаъолиятҳои санҷиши лӯлаи газро қатъ мекунад ва наметавонад онро тасдиқ кунад.

Чуноне раҳбари ҷумҳурихоҳон Митч Макконелл қаблан гуфт, қонуни дифоъи буҷа барои амнияти миллӣ муҳим аст ва "ҷилавгирӣ аз абарқудратҳои рақиб мисли Чин ва Русия" қабул шудааст. Ин санад бартарии ИМА-ро "дар баҳр, хушкӣ, ҳаво, фазои киберӣ ва кайҳон" мустаҳкам мекунад.

"Газпром" бояд тақрибан 150 километри дигар лӯла кашад: 120 дар Дания ва дар Олмон каме бештар аз 30 қубур. Лӯлаи газ 94% омода шудааст.

Сарфи назар аз кӯшишҳои Вашингтон барои пешгирӣ аз анҷоми лоиҳа, ки аз ҷониби панҷ ширкати бузурги энергетикии Урупо маблағгузорӣ мешавад, кор дар обҳои ҳудуди Олмон пас аз танаффуси яксола рӯзи 11 январ аз сар гирифта шуд. Аз 15 январ дар соҳили Дания низ қубурҳо гузошта мешаванд.

Ба қубургузори "Фортуна" аз ҷониби Мурман ва Пажӯҳишгари Балтикаи Хадамоти наҷоти баҳрии Русия ва инчунин дигар киштиҳои ёрирасон кумак расонида мешавад. Дар баҳр дар ду тарафи хатти қубуркашӣ минтақаи холигии муваққатӣ, ки паҳноияш 200 метр аст, сохта мешавад.

Тавре директори кулли "Газпром" Елена Бурмистрова қаблан гуфта буд, мӯҳлати ба анҷом расонидани сохтмон аз як қатор ҳолатҳо, алахусус обу ҳаво вобаста аст.

Механизми дифоъ

Дар ҳамин ҳол, дар ИМА боз ба ширкатҳои урупоӣ, ба гуфтаи Вашингтон дар сохтмони "Маҷрои Шиомлӣ - 2" ба Русия кумак мекунанд, таҳдид менамоянд.

"Мо мекӯшем, онҳоро дар бораи хатар огоҳ кунем ва онҳоро даъват кунем, ки пеш аз дер шудан аз ҳамкорӣ даст кашанд",- гуфт як манбаъ дар Департаменти давлатӣ аз қавли Reuters. Ба гуфти хабаргузорӣ дар рӯзҳои наздик, Кохи Сафед рӯйхати созмонҳои носазоро нашр хоҳад кард.

Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид мекунад, ки Маскав сарфи назар аз фишорҳои Вашингтон ба шарикони ғарбии Русия, ба муваффақияти "Маҷрои Шимолӣ - 2" шубҳа надорад.

Дар Олмон "Маҷрои Шимолӣ -2" -ро лоиҳаи иқтисодӣ мешуморанд ва таҳримҳои ИМА-ро қабул намекунанд. Дар ин бора бори дигар муовини намояндаи расмии Девони Вазирони Олмон Улрике Деммер ёдоварӣ кард. Гузашта аз ин, дар аввали моҳи январ парлумони иёлати федеролии Мекленбург-Верпоммерн бо аксарияти овозҳо ташаббуси ҳукумати минтақаро дар бораи ташкили фонди экологии "Иқлим ва ҳифзи муҳити зист" дастгирӣ кард.

Ин фондро барои канорагирӣ аз таҳримҳои ИМА ташкил кардаанд. Ташкилот метавонад таҷҳизоти барои сохтмон заруриро харидорӣ кунад. Ва пеш аз ҳама, лӯлаи газро барои муҳити атроф безарар эътироф мекунад. Бино ба гузориши хабаргузории Bild, ин имкон медиҳад, ки "Маҷрои Шимолӣ -2" ҳамчун "унсури асосии ҳифзи муҳити зист" қабул карда шавад.

Иқтисоддон гуфт, дар робита ба "Маҷрои шимолӣ 2" аз Байден бояд чиро интизор шуд

Ин бунёд ният дорад як корхонаеро сабти ном кунад, ки танҳо бо "Маҷрои Шимолӣ -2" сарукор дорад. Ширкатҳое, ки ба онҳо таҳримҳо таҳдид мекунанд, бо ҷониби Русия тавассути василаҳои иқтисодии пешниҳодкардаи ин корхона ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Вақтро аз даст медиҳад

Оё олмониҳо вақт доранд, ки худро аз таҳримҳо муҳофизат кунанд? Нозирон тақсим шуданд. Аз як сӯ, ин фонд сармоягузорӣ ва салоҳиятҳоро ба даст овард, ки талошҳои Вашингтонро беэътибор мекунад, мегӯяд директори ТМТ Даниил Ростовцев.

"Бо вуҷуди ин, ташаббус бо ин фонд боиси норозигии ҷомеа, бахусус "сабзҳо" шудааст. Муҳити зист дар ин тарҳ саҳм гузоштанро ба як лоиҳае, ки ба ақидаи онҳо, "тамоман" сабз нест, балки барои муҳити зист хатарнок аст, ғайримуқаррарӣ мешуморад", - мегӯяд таҳлилгар. Ҳоло ҳама чиз аз он вобаста аст, ки оё ҷонибдорони МШ-2 метавонанд бо мардум ба мувофиқа расанд.

Ҳамзамон, коршиноси мустақили саноатӣ Леонид Хазанов итминон медиҳад, ки Берлин ба ҳеҷ ваҷҳ ба Вашингтон гузашт намекунад: Олмон ба сӯзишвории кабуди Русия ниёз дорад, ки аз сӯзишвории Амрико арзонтар аст. Ва боз ҳам бештар ҳифзи муносибатҳои иқтисодӣ бо Русия зарур аст: ин бозор барои ширкатҳои олмонӣ стратегӣ аст.

"Албатта, ин бунёд таҳти таҳримот қарор хоҳад гирифт, аммо онҳо асаре нахоҳанд дошт. Ва бар хилофи пудратчиёни онҳо бояд лоиҳаи қонуни наверо омода кунанд, онро тавассути Конгресс қабул намоянд ва имзои президентро интизор шаванд. Ин метавонад то шаш моҳ тӯл кашад, ки дар ин муддат Маҷрои Шимолӣ - 2" ба анҷом хоҳад расид" , - мегӯяд коршинос.

Бо вуҷуди ин, ӯ мушкилотро дар марҳилаи ба истифодадиҳӣ истисно намекунад - танҳо ба сабаби таҳримоте, ки ба дифоъи буҷаи ИМА ворид карда мешаванд.

Тарс ва нафрат

Бритониёиҳо мехоҳанд ба амрикоиҳо пайравӣ кунанд. Ба гуфтаи вакили бритониёӣ Даниэл Кочинский, лӯлаи гази Русия "бениҳоят хатарнок" аст, зеро он на тавассути шабакаҳои газ ва нафт, ки дар қаламрави кишварҳои НАТО ҷойгиранд балки "мустақиман ба Русия" мегузарад. Ба гуфти ӯ, Бритониёро акнун узвият дар Иттиҳоди Урупо маҳдуд намекунад ва аз ин рӯ "мо бояд дӯстони амрикоиро пайравӣ кунем ва алайҳи ҳар як ширкате, ки дар сохтмони МШ -2 даст дорад, таҳримот ҷорӣ кунем.

Дар ҳамин ҳол, дар Шветсия метарсанд, ки раёсати Ҷо Байден "ҷанги газӣ" -ро дар наздикии ин кишвар бар сари лӯла оғоз мекунад. Тавре ки Свенска Дагбладет қайд кард, демократии амрикоӣ нисбат ба Доналд Трамп "рақиби ҳатто сахттари ӯ" аст. Ва барои Скандинавия ин масъала аллакай ҳалли худро ёфтааст: ҳукумат гузоштани қубурҳоро тавассути минтақаи иқтисодии Шветсия тасдиқ кард.

Сиёсати энержии Байден, ба истилоҳ, роҳи сабз, ҷанбаи манфии раёсати ӯ дониста мешавад. Демократҳо нақша доранд, ки то соли 2035 барои гузаштан ба энергияи тоза ду триллион доллар сарф кунанд. Ва то соли 2050 - партовҳоро ба сифр баробар намоянд. Аммо, ин ҳам ба нафъи  Русия бозӣ мекунад: "Маҷрои Шимолӣ - 2" метавонад на танҳо гази табиӣ, балки гидрогенро низ интиқол диҳад. Дар Урупо талабот ба сӯзишвории гидрогенӣ эҳтимолан хеле зиёд аст.

Насби қубурҳои "Маҷрои шимолӣ - 2" наздик омадаст

Худи ИМА ба имконпазирии ҳамаи он чизе, ки Кохи Сафед ба "Маҷрои Шимолӣ - 2" ваъда додааст, шубҳа дорад. Тавре ки сенатори собиқ аз Вирҷиния Ричард Блэк итминон медиҳад, Байден хостори он аст, ки бо Маскав оромона гуфтушунид кунад. Ва дар навбати худ, вай кӯшиш хоҳад кард, ки барои Вашингтон баъзе фоидаҳо ба даст орад.

142
Барчаспҳо:
таҳримот, шикоят, Русия, ИМА

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

0
Дар Русия аз ҳафтаи оянда, эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронависрус оғоз мешавад. Президенти Русия, Владимир Путин дар ин бора ҳукумати кишварашро муваззаф кардааст

Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.

Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.

Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд.  Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст. 

Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, навор, Русия, Русия