Президент США Дональд Трамп

Трамп қисман гуноҳашро барои авҷи бетартибиҳо дар Амрико бар ӯҳда гирифт

332
(Таҷдидшуда 14:37 12.01.2021)
Кишвардори феълии Амрико Доналд Трамп изҳор доштааст, ки барои сар задани бетартибиҳои ахир дар ин кишвар худро қисман гунаҳкор медонад

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Раисҷумҳури феълии Амрико Доналд Трамп дар сӯҳбат бо роҳбари ҷумҳурихоҳон дар Палатаи намояндагон, Кевин Маккарти иқрор кард, ки дар ошӯбҳои ҳафтаи гузашта дар Вашингтон то андоза гунаҳкор аст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Fox News.

Зимнан, худи Маккарти низ зимни як сӯҳбати телефонӣ низ "розӣ шуд, ки Трамп барои ошӯбҳои ахир масъул аст".

Ёдовар мешавем, ки бегоҳи рӯзи 6 январ ҷонибдорони кишвардори Амрико Доналд Трамп ҷаласаи Конгрессро халалдор намуданд. Дар ҷаласа бояд натоиҷи интихоботи президентӣ эълон мешуд.

Ҷонибдорони Доналд Трамп, ки аз натиҷаҳои интихобот норизо ҳастанд, дар назди бинои Конгресси Амрико даст ба эътироз заданд. Бо вуҷуди кашмакашҳои зиёди тарафдорони Трамп, Конгресси ИМА расман бар асоси натоиҷи интихоботи президентӣ, интихоби Ҷо Байденро ба мақоми президент тасдиқ кард. 

Обама гуфт эътирозҳои ахир дар Капитолия "беобрӯии бузург" барои Амрико аст

Муайян гардид, ки Байден дар интихоботи президентӣ 306 раъй ба даст оварда, кишвардори феълӣ Доналд Трамп танҳо 232 овоз гирифт.

Байден расман кишвардори Амрико баргузида шуда, маросими савгандёдкунии ӯ рӯзи 20 январ сурат мегирад.

332
Барчаспҳо:
бетартибиҳо, Доналд Трамп, Амрико
Отрывок из Тик Ток канала Дины Саевой

Ситораи Tik Tok, зодаи Тоҷикистон Дина Саева табобат мегирад

62
(Таҷдидшуда 14:52 20.01.2021)
Блогери машҳури TIK Tok, зодаи Тоҷикистон Дина Саева хабар дод, ки 20 рӯзи охир ҳамвандонаш ягон контенти навро интизор нашаванд

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Блогери машҳури тоҷикистонӣ Дина Саева ба ҳамвандонаш хабар дод, ки рӯзҳои оянда онҳоро бо аксҳои нав шод карда наметавонад. Дар баробари ин ӯ мегӯяд, сафараш ба осоишгоҳ барояш ғайричашмдошт буд.

Зиёда аз ин, тибқи қавонини санатория ба ӯ истифодаи интернет иҷоза дода намешавад.

Манижа Сангин нахустин сафири СММ аз Русия оид ба гурезагон

Ҳаводорони блогер ҳадз задаанд, ки ин на истироҳат, балки табобати иҷборӣ аст: чун вақтҳои охир Дина хеле лоғар шудааст, ки сабабаш стресс, мушкилоти равонӣ ё вобастагӣ аз чизе шуда метавонд.

Сабаби дигар метавонад бемориҳои қаблӣ бошад. Масалан, тобистони соли гузашта духтарак ҷарроҳии мураккаберо аз сар гузаронид.

Аммо, PR-директори блогер Максим Задворнов дар суҳбат бо StarHit тавзеҳ дод, ки сафар ба осоишгоҳ хусусияти табобатӣ надорад. Вай гуфт, Саева дар санаторияи оддии Русия аст, на дар реабилитатсия ё ягон клиникаи махсус.

"Яке аз шартҳои истироҳати хуб дур будан аз кор аст. Азбаски кори Дина блоггинг аст - ин маънои аз шабакаҳои иҷтимоӣ канда шуданро дорад. Вай, албатта, намехоҳад аз ҳамвандонаш ҷудо шавад, аммо барои истироҳат бояд баъзан ин корро кард", - гуфт Задворнов.

Ёдовар мешавем, ки зодаи Тоҷикистон Дина Саева дар Русия шӯҳрати беандоза пайдо кардааст. Маҷаллаи Forbes ӯро дар байни блогерҳои сердаромади TikTok дар Русия аз пешсафон ном бурд.

62
Барчаспҳо:
табобат, истироҳат, осоишгоҳ, Русия
Президент Дональд Трамп

Паёми хайрбодии Трамп: Амрико кишвари инсонҳои ноустувор нест

148
(Таҷдидшуда 13:45 20.01.2021)
Сиёсатмадор таъкид кард, ки ӯ "аввалин президент дар даҳсолаҳо шуд, ки ягон ҷангҳои навро оғоз накардааст"

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Доналд Трамп ба ҳайси президент паёми хайрбодӣ ироа кард, порчаҳо аз суханронии ӯро Кохи Сафед нашр кард. Ҳамчун сарвари давлат, Трамп гуфт, ки "идеяи муқаддасро, ки дар Амрико мақомот дар назди мардум ҷавоб медиҳанд" бори дигар тасдиқ кард.

"Мо он чиро, ки барои карданаш омадем, ва бештар аз он",- изҳор дошт Трамп.

Сиёсатмадор таъкид кард, ки ӯ "аввалин президент дар даҳсолаҳо шуд, ки ягон ҷангҳои навро оғоз накардааст".

Маъмурияти ӯ "қудратро ба Иёлоти Муттаҳида ва" роҳбарияти Амрико дар хориҷа "барқарор кард" гуфт Трамп.

"Мо ба иттифоқҳоямон нафаси нав бахшидем (бо дигар давлатҳо. - Ред.) ва дигар кишварҳои ҷаҳонро гирд овардем, то ба Чин мисли пештара муқобилият кунанд", - гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Ба ақидаи ӯ, бузургтарин хатар дар назди Иёлоти Муттаҳида аз даст додани эътимод ба худ ва "бузургии миллии" онҳост.

"Амрико кишвари хоксору инсонҳои ноустувор нест, ки бояд аз онҳое пинҳон ва муҳофизат карда шавад, ки мо бо онҳо ихтилофи назар дорем", - илова кард Трамп.

Вай гуфт, ки барои муваффақияти маъмурияти нави Ҷо Байден дар таъмини амният ва шукуфоии кишвар дуо мегӯяд.

Ҳамзамон, вай қайд кард, ки ҳаракати сиёсии ӯ дар оғози роҳ аст.

Дар ниҳоят Байден пирӯз шуд: чаро Трамп реванш пешниҳод накард

"Ҳоло, вақте ки ман барои супоридани қудрат ба маъмурияти нав дар нимаи рӯзи чоршанбе омодагӣ мебинам, мехоҳам шумо бидонед, ҳаракате, ки мо оғоз кардем, танҳо ибтидо аст", - гуфт ӯ.

Трамп бори дигар ҳамлаи рӯзи шашуми январ ба бинои Конгрессро маҳкум кард, ки пас аз як суханронияш дар гирдиҳамоие сар зада будва панҷ қурбониро дар пай дошт.

"Ҳамаи амрикоиҳо аз ҳамла ба Капитолияи мо ба ваҳшат афтоданд. Зӯроварии сиёсӣ ин ҳамла ба ҳама чизест, ки мо ҳамчун амрикоиҳо қадр мекунем. Ҳеҷ гоҳ набояд таҳаммул кард", - гуфт ӯ.

Пас аз ошӯбҳо, палатаи намояндагон Трампро бо иттиҳоми ташвиқ ба ошӯб импичмент эълон кард.

Ҳоло парвандаи ин амалкард ба Сенат рафтааст, ки имрӯз аз таътил баргашт.

“Лаънати Трамп”: коҳиши 51 - миллиарддолларии арзиши Фейсбук ва Твиттер

Ҳамзамон, маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден бояд имрӯз 20 январ баргузор шавад.

148
Барчаспҳо:
Кохи сафед, Доналд Трамп, ИМА
Самолет, на фоне заката

Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро сар кард

0
(Таҷдидшуда 15:36 20.01.2021)
Парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳар ҳафта як маротиба рӯзи чоршанбе сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Uzbekistan Airways парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро аз сар гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

Нахустин парвози ҳавопаймо дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд имрӯз, 20 январ пас аз танаффус, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба вуқӯъ пайваст, бори аввал аз баҳор сурат гирифт.

Манбаъ мегӯяд, дар оянда парвозҳо рӯзи чоршанбе тибқи ҷадвал сурат мегиранд.

Ҳавопаймо аз Тошкандро соати 8-и субҳи вақти маҳаллӣ парида, пас аз як соат дар пойтахти Тоҷикистон фуруд хоҳад буд.

Бозгашти ҳавопаймо аз Душанбе соати 11 бо вақти маҳаллӣ сурат гирифта, соати 12-и нисфирӯзӣ вориди Тошканд мешвад.

Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон аз 16 марти соли 2020 бо сабаби таҳдиди паҳншавии COVID-19 иртиботи нақлиёти мусофирбарро бо кишварҳои дигар қатъ кард.

Барои шаҳрвандон ва ҳамватанони хориҷӣ парвози махсуси содиротӣ ба ватанашон ташкил карда шуд.

Охирин парвози махсус байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 5 январ сурат гирифт.

Пешниҳоди Тоҷикистон барои оғози парвозҳо ба Русия: шарҳи сафир

Қаблан директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба хабарнигорон гуфта буд, ки ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" парвозҳо байни Душанбе ва Тошкандро низ ҳар ҳафта - рӯзҳои ҷумъа анҷом хоҳад дод.

0
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, парвозҳо, Тоҷикистон