Русскоязычный журналист Андрей Яковлев

Собиқ муҳаррири Вaltnews дар бораи таъқиби ВАО: Латвия ба ақидаи алтернативӣ ниёз надорад

49
(Таҷдидшуда 18:24 14.01.2021)
Андрей Яковлев, яке аз рӯзноманигорони боздоштшуда, мавҷи нави зулму ситам ба расонаҳои русизабони Балтикаро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Собиқ муҳаррири портали Baltnews.lv Андрей Яковлев дар мусоҳиба бо RT гуфт, ки чӣ гуна ӯро барои ҳамкорӣ бо Россия Сегодня боздошт карданд.

Ин навбат назди рӯзноманигор на сантехникҳои қалбакӣ, балки нафароне омаданд, ки тамоми ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намуданд. Фақат дар замони пандемия онҳо бидуни пӯшидани ниқоб вориди манзили хабарнигор шуданд.

ВКХ ФР: манъи расонаҳои русӣ дар Латвия беэътиноӣ ба озодии сухан аст

Яковлев гуфт, ки ӯ ВАО-и Baltnews.lv-ро комилан аз рӯи қонун таъсис дод, аммо пас аз расман интиқол ёфтани ВАО тавассути Феҳристи давлатии Латвия, рӯзноманигорони маҳаллӣ тавонистанд фаъолияти худро қонунӣ анҷом диҳанд. Собиқ муҳаррир қайд кард, ки маҳз ҳамин вазъ боиси норозигии кишвар гардид.

Яковлев гуфт: "Ин усулҳои ошкорои репрессивӣ мебошанд, ки озодии ВАО-ро маҳдуд мекунанд". Як ҳамкораш афзуд, ки тибқи ҳамон мантиқ, Русия метавонад алайҳи Би-Би-Си таҳримот ҷорӣ кунад.

Муаллифи русзабон гуфтааст, ки кормандони оперативӣ "ҳама чизро, ҳатто чизҳои тамоман нолозим аз қабили модем ва роутерро ҳам мусодира карданд".

"Инҳо амалҳои методӣ ҳастанд, ки ҳар гуна нуфузи Русияро решакан мекунанд. Кӯшиши тоза кардани майдони иттилоотӣ ва хориҷ кардани ақидаи алтернативӣ аз роҳ, ки ҳадди ақалл чоряк аср астҷамъоварӣ шуд, амалӣ карда мешавад", - гуфт Яковлев.

Намояндаи ВАО таъкид намуд, ки Латвия аз ин амал ягон фоида ба даст наовард.

49
Барчаспҳо:
ВАО, Латвия
Люди в защитных масках в Индии, архивное фото

Пешбинии СҶБ: ҷаҳонро фалокати маънавӣ фаро мегирад

572
(Таҷдидшуда 19:12 18.01.2021)
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бар ин аст, ки дастрасии нобаробар ба ваксинаи алайҳи коронавирус, ба бӯҳрони маънавӣ оварда мерасонад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. СҶБ аз дастрасии нобаробари бархе аз кишварҳо ба ваксинаи алайҳи коронавирус нигарон шудааст. Дар ин бора мудири кулли созмон Тедрос Аданом Гебрейесус гуфт.

Ӯ қайд кард, ки имрӯз дар 49 кишвари доро эмкунии сартосарӣ аз коронавирус идома дорад. Ба ин кишварҳо беш аз 39 миллион доза ваксина дастрас шуд. Дар баробари ин дар яке аз кишварҳои камбағалтарини дунё танҳо 25 нафар эм гирифт.

"Ҷаҳон дар рӯ ба рӯи хатогии маънавӣ қарор гирифтааст, ки нархи он ҳалокати инсонҳо ё зиндагӣ дар кишварҳои камбағал мебошад", - қайд кард Гербейесус.

Ӯ қайд кард, ки ин аз вайрон шудани як принсипи муҳими башардӯстона шаҳодат медиҳад, ки мувофиқи он ҳама одамон бояд ба ваксинаҳои зидди коронавирус дастрасии баробар дошта бошанд. Ин метавонад фалокатовар бошад.

"Ҳафтаҳои охир ба ман саволҳои якчанд кишварро дар бораи он, ки оё (механизми байналмилалии дастрасии баробар ба ваксинаҳо) ваксинаҳои COVAX мегирад ва оё кишварҳои доро ба ваъдаҳои худ вафо мекунанд, дода мешавад", - гуфт ӯ.

"Русия дунболи пул нест". Урупо пуштибони "Спутник V" шуд

Роҳбари ТУТ афзуд, ки баъзе давлатҳо принсипи тақсимоти одилонаи ваксинаи коронавирусро дастгирӣ мекунанд, аммо нархҳоро баланд мебардоранд ва созишномаҳои дуҷониба мебанданд.

572
Барчаспҳо:
пешбинӣ, пешбинӣ, фалокат, Ҷаҳон
Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором

Рабаданов: Ҳабиб ба хотири шӯҳрату доллар ваъдаашро вайрон намекунад

235
(Таҷдидшуда 18:28 18.01.2021)
Шореҳи варзишӣ ва дӯсти хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо, Рамазон Рабаданов хабарҳо дар мавриди бозгашти Ҳабиб ба октагонро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Рамазон Рабаданов шореҳи варзишӣ ва дӯсти қарини хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо мегӯяд, Ҳабиб ваъдаашро намешиканад ва дубора ба октагон барнамегардад.

"Ба умед нашавед, ки Ҳабиб бармегардад. Ӯ нисбати худ ва ҳарфи гуфтааш сахтгир аст ва ҳеҷ вақт ба хотири шӯҳрат ва маблағи калон ваъдаашро вайрон намекунад", - шарҳ додааст Рабаданов.

Дӯсти ин хонавода ба сомонаи "Чемпионат" гуфтааст, ки мақсади Ҳабиб ҳарчӣ дарозтар нигоҳ доштани камарбандӣ қаҳрамонӣ аст.

"Камарбандро ӯ барои Ислом Махачев нигоҳ медорад. Ҳамин кӣ Ислом ба унвони қаҳрамонӣ наздик шуд, Ҳабиб бо хотири ҷамъ, камарбандро ба рафиқаш месупорад", - илова кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш роҳбари UFC Дана Уайт пас аз мулоқот бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов изҳор дошт, ки масъалаи баргаштани размикори доғистонӣ пас аз рақобатҳои Конор Макгрегор, Дастин Пуаре, Дэн Ҳукер ва Майк Чендлер маълум мешавад.

Абдул-Азиз: барои ба майдон омадани Ҳабиб ба мо 100 млн пешниҳод карданд

Зеро Ҳабиб дар посух ба даъвати Уайт гуфтааст, ки "агар ин чор размикор набарди хуберо нишон диҳанд ва маро водор ба бозгашт намоянд, ман бармегардам".

Размикори доғистонӣ пас аз мағлуб кардани ҳарифи амрикоии худ дар моҳи октябри соли гузашта тасмими тарк кардани октагонро эълон кард.

235
Рустами Шоҳмурод, вакили парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад

699
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.

“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.

“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

699
Барчаспҳо:
қонун, хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон