Роналду бо "бандит" - ҳо меҷангад: ӯ дар навори тарғиботӣ нақш офарид

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонк Криштиану Роналду
 Криштиану Роналду  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин навори тарғиботӣ футболбоз бо пӯшоки вижа пайдо мешаваду дорои қувваи фавқуллоад мебошад. Барои истифодаи қуввааш Роналду чун пас аз голзанӣ, хурсандӣ карда аз ҷояш мепарад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ситораи футбол, ҳамлагари дастаи итолиёии "Ювентус" Криштиану Роналду бо образи қаҳрамоне дар рекламаи бозии мобилӣ "Legend of the bounty hunter: part 2", нақш офарид, хабар медиҳад Eurosport.

Дар навори тарғиботӣ футболбоз либоси махсус пӯшидааст ва аз намудҳои ғайриоддии силоҳ истифода мекунад. Вай бо "бандитон" мубориза мебарад ва онҳоро бо таркишҳои лазерӣ ва маҳорати ҳарбӣ мағлуб мекунад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Cristiano Ronaldo (@cristiano)

Дар охири реклама, Роналду бо истифода аз нерӯ аз миёни тӯдаи душманон мегузарад ва кӯдаки дар асорат бударо наҷот медиҳад.

Барои истифодаи қувваи фавқуллодааш, ӯ ҳамон гуна меҷаҳад, ки одатан голҳои дар майдон задаашро ҷашн мегирад.

Роналду аз рӯи голҳои задааш аз Пеле пеш гузашт: ду гол то шикасти рекорди Йозеф Бикан

Бозингари португалӣ қаблан дар рекламаҳои ғайриоддӣ нақш бозидааст. Дар 2019, ӯ бо Неймар дар Бразилия дар як рекламаи тарғиботӣ либосҳои асримиёнагӣ пӯшиданд ва бо шамшер мубориза бурданд. Дар мавсими футболи 2020–2021, Роналду дар 13 вохӯрӣ 15 гол зад.

Вай панҷ тӯби тиллоӣ дорад, ки ин  баландтарин ҷоиза барои ҳар футболбози ҷаҳонӣ аст.

Лентаи хабарҳо
0