Вакцина против COVID-19 Pfizer-Biontech

"Русия дунболи пул нест". Урупо пуштибони "Спутник V" шуд

319
(Таҷдидшуда 15:11 18.01.2021)
Русияро ваксинаеро ихтироъ кард, ки қодир аст ҳамагирии коронавируси навъи COVID - ро несту нобуд кунад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ғарб дар бораи илми Русия изҳори бехабарӣ мекунад, менависад рӯзномаи фаронсавии "Monde diplomatique".

Ба гуфти муаллифи мақола, Федерико Кузко, вокуниши шубҳаноки Ғарб ба ваксинаи "Sputnik V" надонистани анъанаҳои илмии Русия мебошад.

"Ба тафаккури забонӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ такя карда, аз ҷаҳолат, Ғарб ба ташаббусҳои Русия бо шубҳа менигаранд", - гуфт журналист.

Ройгон ва ихтиёрӣ: дар Русия эмгузаронии оммавӣ шурӯъ шуд

Ӯ таъкид кард, ки таҳияи дору натиҷаи як силсилаи таърихии пешрафтҳои илмӣ дар Русия аст. Аммо, ба ақидаи ӯ, "достонсароён" -и Ғарб дастовардҳои илмии Русияро солҳо инкор мекарданд ва акнун аз эълони ваксина дар ҳайратанд.

"Баръакси кишварҳо, ба мисли ИМА ва Иттиҳоди Аврупо, ки лабораторияҳои дорусозӣ доруҳои худро бо нархи астрономӣ таҳмил мекунанд, Русия дунболи пул нест", - мегӯяд Куско.

Ба гуфти рӯзноманигор, пас аз 50 сол, касе шубҳаҳо нисбати "Sputnik V" - ро, ки ҳоло дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон фаъолона паҳн мешавад, дар ёд нахоҳад дошт.

319
Барчаспҳо:
Русия, пуштибонӣ, вируси корона, Аврупо
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Дар Бадахшони Афғонистон 15 нафар зери тарма ҷон доданд

57
Тарма дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромадаст, ки зери назорати толибон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар Афғонистон 15 нафар бар асари фаромадани баҳман ва ё тарма ҷон аз даст доданд.

Ба иттилои мақомоти Афғонистон, тарма рӯзи 4 март дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромад, ки он зери назорати толибон қарор дорад.

Макони фаромадани тарма рустои Зарандоб, ки дар ноҳияи Роғистон ҷойгир аст, гуфта мешавад. Дар ин макон кони тилло ҷойгир аст.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар доданд, ки нахуст ҷасади 12 нафар аз зери тарма берун оварда шуд.

Сипас теъдоди қурбониёни ин офати табиӣ ба 15 нафар расид. Ҳамзамон панҷ нафари дигар бар асари фаромадани баҳман маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад, рӯзи 24 феврал якбора 16 тарма дар масири Хоруғ - Ишкошим фаромад ва хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Тарма танҳо барои чанд муддат баста шуд ва сипас бо талоши поксозони роҳ ин мушкилӣ бартарафгардид.

57
Барчаспҳо:
тарма, Афғонистон
Крокодил, архивное фото

Дар Индонезия тимсоҳ кӯдакро фурӯ бурд: шикамашро чок карда, ӯро бароварданд

1662
(Таҷдидшуда 19:16 06.03.2021)
Ҳарчанд падари кӯдак зуб бохабар шуд ва хост фарзандашро наҷот диҳад, вале тимсоҳ зуд худро ба даруни об андохта нопадид шуд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар рӯдхонаи Темпакули Индонезия як фоҷиаи мудҳиш рух дод. Ба ҳангоми моҳидории падару писар, пимсоҳ ба кӯдак ҳамла намуда, ӯро комилан фурӯ бурд, менависад The ​​Sun.

Ба иттилои манбаъ, хазандаи шаш метра ҳангоми аз соҳил дур шудани падар ба фарзанди 8 - солаи ӯ ҳамла кард.

Вақте ки мард баргашт, ӯ кӯшиш кард, ки даррандаро набард кунаду фарзандашро наҷот диҳад, вале тимсоҳ зуд худро дар об нопадид  кард.

Манбаъ меафзояд, сокинони маҳаллӣ танҳо рӯзи дигар тимсоҳро дастгир намуданд. Онҳо шиками хазандаро чок карда, аз меъдаи ӯ кӯдакро берун оварданд.

Ҳарчанд ба кӯдак осебе нарасидааст, аммо ӯ мурда буд.

Ҳамин гуна ҳолат дар Филиппин соли 2019 рух дод. Хазанда ба наврас дар ҳоле ҳамла кард, ки ӯ ва бародари хурдиаш дар дарёи маҳаллӣ шиноварӣ мекарданд.

Даҳшат: тимсоҳи азимҷусса сагро дар пеши соҳибаш фурӯ бурд - видео

Он замон тимсоҳ аз дасти чапи кӯдак газида, ӯро ба қаъри дарё кашиданӣ буд, аммо падараш тавонист фарзанди худро наҷот диҳад.

Мард барои наҷоти фарзанд, тимсоҳро аз чанд ҷо газид, ки дар натиҷа ӯ кӯдакро раҳо кард ва худ зери об рафт.

1662
Барчаспҳо:
кӯдак, тимсоҳ, Индонезия