US-Raketen Patriot in Polen

“Мо роҳи бурди Русияро пайдо кардем”: Пентагон чӣ кор хоҳад кард?

286
(Таҷдидшуда 16:32 19.01.2021)
Амрикоиҳо тасмим гирифтаанд, бахши низомии энержии ҳастаиро рушд диҳад. Президенти феълии Амрико Доналд Трамп фармон дар бораи ихтирои реакторҳои камиқтидори атомӣ барои артиш ва таҳқиқи кайҳонро ба имзо расонд

ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik, Андрей Котс. Тақрибан дар давоми ним аср бори аввал аст, ки Иёлоти Муттаҳида энергияи атомиро на танҳо дар нирӯҳои дарёӣ истифода мебарад. Дар бораи он ки чаро ба Вашингтон реакторҳои хурд лозим шудааст - дар маводи РИА Новости.

Манбаъи захиравӣ

Дар артиши ИМА, киштиҳои зериобӣ ва киштиҳои ҳавопаймобар бо реакторҳои ҳастаӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ба ҳамин хотир, киштиҳои низомии Амрико имкон доранд ба муҳлати қариб номаҳдуд дар баҳр шино кунанд.

Аз энержии ҳастаӣ нирӯҳои дарёии дигар кишварҳо низ истифода мекунанд  барои мисол, киштиии ҳавопаймобари фаронсаӣ “Шарл де Голл” ва киштии ҷангии набарданови “Пётри Кабир” аз энержии ҳасатӣ истифода мекунанд. Бо вуҷуди ин, Амрико дорои киштиҳои ҳастаӣ ҳастанд ва амрикоиҳо намехоҳанд аз ин дастовардҳои худ даст кашанд.

"Бо дастури президент Трамп, вазорати дифоъ озмоиши реакторҳои ҳастаии хурдро оғоз хоҳад кард. Чунин манобеи нерӯ барои таҳқиқи кайҳон дур, ки истифодаи нерӯи офтобӣ имконпазир аст, бисёр зарур аст. Инчунин, ин нерӯ дар бахши дифоӣ низ истифода мешавад", - иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Кохи Сафед.

Барои чӣ реакторҳои ҳастаии хурд лозим шудааст, мақомот дақиқ накардааст. Коршиносони сомонаи Defensenews.com боварӣ доранд, ки сухан дар бораи захираҳои дигар барқ ​​барои таъмини пойгоҳҳои низомӣ меравад. Агар дар ягон иншооти низомӣ барқ ​​хомуш шавад, реактор таҷҳизоти муҳимро бо нерӯ таъмин хоҳад кард. Тибқи фармони мазкур, озмоишҳои намунаи аввали ин реактор дар пойгоҳи низомии Невада, ки яке аз калонтарин дар Иёлоти Муттаҳида ба ҳисоб меравад, дар тӯли шаш моҳи оянда оғоз хоҳад ёфт.

Фатҳи кайҳон

Брайан Уиден, коршинос дар умури амнияти кайҳонии ташкилоти ғайридавлатии Secure World Foundation, таъкид доштааст, ки парвозҳои дарозмуҳлат, аз ҷумла ба сӯи Моҳ, Миррих ва дигар сайёраҳо бидуни энержии ҳастаӣ ғайри имкон аст. Дар оянда реакторҳои ҳастаӣ барои зиндагӣ дар сайёраҳои дигар зарур аст.  Баъзе коршиносон боварӣ доранд, ки технологияҳои навро метавон барои силоҳҳои кайҳонӣ низ истифода кард. Рости ин сенария ба сиёсати  зургӯёна нерӯҳои кайҳонии ИМА, ки фазоро як майдони эҳтимолии ҷанг медонад, мувофиқ аст.

"Фикр мекунам, пеш аз ҳама ин барои амрикоиҳо барои ҳадафҳои кайҳонӣ лозим аст", - гуфт ба РИА Новости Виктор Мураховский, сармуҳаррири маҷаллаи "Арсенал Отечества".

Коршинос ёдрас шуд, ки солҳои 50-60-ум Амрикову Иттиҳоди Шӯравӣ барои ихтирои реакторҳои хурди ҳастаӣ барои ҳавопаймоҳо кӯшиш карданд. Аммо, сипас аз ин лоиҳаҳо даст кашиданд – дар ягон ҳавопаймо ҳатто  бузургтарин низоми муҳофизати биологии халабонҳо таъмин карда нашуд. Аз ин рӯ, ин гуна реакторҳо танҳо дар киштиҳои калон қобили истифода дониста шуданд.

Ба гуфтаи Мураховский, то ҳол ягон кишвари дунё ба сохти реакторҳои хурди ҳастаӣ, ки онро метавон дар ҳавопаймоҳо, киштиҳои начандон бузург ё мошинҳо насб кард, муваффақ нашудааст. Дар ҳамин ҳол коршинос шак дорад, ки амрикоиҳо тавонанд дастовардҳои Русия дар сохти силоҳи "Буревестник" ва "Посейдон"-ро такрор кунанд.

286
Барчаспҳо:
ҳастаӣ, энержӣ, Доналд Трамп, кайҳон, Амрико
Акция по выдаче питания лицам без определенного места жительства

Нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт

141
(Таҷдидшуда 20:31 02.03.2021)
Коршиносони байналмилалӣ ахиран эълон доштанд, ки қиммати ҷаҳонии ғизо ба болотарин сатҳ дар 6 соли гузашта расидааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".

Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.

Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.

141
Барчаспҳо:
боло, қиммат шудан, ғизо, байналмилалӣ, ҷаҳон
Саудовские продавцы на продовольственном ларьке

ИМА тасмим гирифт, ки саудиёнро муҷозот кунад. Оё Русия ва Эрон аз ин манфиатдор ҳастанд?

183
(Таҷдидшуда 19:07 02.03.2021)
Феълан Арабистони Саудиро дар марҳилаи равобит бо Амрико мушкилии ҷиддӣ интизор аст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Софя Мелничук, Галия Ибрагимова. Пас аз он ки Иктишофи миллии Амрико гузорише дар бораи куштори рӯзноманигор Ҷамол Хашукҷӣ дар соли 2018 интишор доданд, Кохи Сафед стратегияи наверо эълом кард: амрикоиҳо исрор доранд, ки ҷанг дар Яман хотима дода шавад ва ҳуқуқи инсон эҳтиром карда шавад. Вашингтон то куҷо хоҳад рафт ва Риёз чӣ гуна посух дода метавонад...

Шоҳзодаи беиҷозат

Тавре ки интизор мерафт, изҳороти нав танҳо иловае ба ниятҳои мақомоти Амрико мебошанд, ки рӯзи ҷумъа садо доданд. Сардори Департаменти давлатӣ Энтони Блинкен маҳдудиятҳои раводид барои 76 нафар саудӣ эълом кард, ки ба бовари онҳо "дар тарсондани мухолифон дар хориҷ, аз ҷумла дар куштори Хашукҷӣ ширкат кардаанд. Таҳримҳои мазкур ҳамчунин ба раиси Хадамоти Умумии Истихборот Аҳмад ал-Асирӣ низ дахл доранд.

Дар гузориши иктишофӣ гуфта мешавад, ки валиаҳд Муҳаммад бин Салмон дар таъқиби бераҳмонаи мунаққиди мақомоти Арабистони Саудӣ, даст доштааст. Бо ризояти ӯ, рӯзноманигор вақте ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул рабуда шуд ва сипас кушта гардид. Вале Вазорати корҳои хориҷии Салтанат ин иттиҳомотро қатъиян рад кард.

Аммо, алайҳи шоҳзодаи валиаҳд ҳеҷ гуна таҳримоти шахсӣ ҷорӣ нашудааст, гарчанде ки президенти нав Ҷо Байден ваъда дод, ки Риёзро радди маърака кунад.

"Ман бар инам, ки муносибат бо тамоми кишвар афзалият дорад, назар ба як шахс",- гуфт Блинкен дар ин мавзӯъ.

Ба гуфтаи ӯ, маъмурият робитаҳо бо Арабистони Саудиро бознигарӣ мекунад, аммо онҳо ҳанӯз ҳам муҳиманд ва Амрико махсусан ба онҳо таваҷҷӯҳ дорад. 

Котиби давлатӣ таъкид кард: Барои Кохи Сафед муҳим аст, ки Риёз байни кумакҳое, ки аз амрикоиҳо мегирад ва вазъи Яманро фарқ кунад, дар он ҷое ки саудиён ҳукумати президент Абу Рабу Мансур Ҳодиро алайҳи ҷунбиши шиаҳо дастгирӣ мекунанд. Ба тариқи дигар, Вашингтон мехоҳад боварӣ ҳосил кунад, ки силоҳи амрикоӣ дар майдони ҷанг дар кишварҳои сеюм истифода намешавад.

Мудофиаи ҳуҷумӣ

Дар маркази муносибатҳои ду давлат дастрасии Амрико ба нафт дар ивази ӯҳдадорӣ дар бораи ҳимояи салтанат мебошад. Арабистони Саудӣ бузургтарин харидори силоҳи ИМА мебошад.

Шарикӣ манфиатҳои стратегии ҳарду ҷонибро таъмин мекунад. Аммо, дар масъалаҳои арзишҳо - демократия ва ҳифзи ҳуқуқи инсон - давлатҳо аз ҳам ҷудо мешаванд.

Дар солҳои охири раёсати ҷумҳурии Барак Обама, паймон ба "ихтилофи назарҳо" дучор омад, ки мушовири шахсии шоҳ Салмон онро тавсиф кардааст. Онҳо аз муносибати ИМА ба Эрон, рақиби асосии Арабистони Саудӣ дар минтақа, изҳори нигаронӣ карданд. Илова бар ин, гарчанде ки хадамоти ҷосусии кишварҳо дар соҳаи амният бомуваффақият ҳамкорӣ кардаанд, аммо усулҳои муомилаи саудӣ бо мунаққидони салтанати подшоҳӣ аз ҷониби ИМА ба даст наомадаанд. Ба ин мушкилот ҳамчунин  Яман ҳам илова карда шудааст. Кохи Сафед аз шумораи қурбониёни амалиёти ҷангӣ, ки эҳтимолан силоҳҳои амрикоӣ дар он буданд, нигарон буд.

Бо омадани Доналд Трамп ба Кохи Сафед муносибатҳо гармтар шуданд. Ҳамзамон, пеш аз ба кор омаданаш, ӯ нисбат ба шарики Ховари Миёна ҳамдардии зиёде зоҳир накард - гуфт, ки ӯ "бешубҳа як мухлис" - и салтанат нест ва давлатҳо набояд "ба террористони саудӣ" кумак кунанд.

Бо вуҷуди ин, Трамп аввалин сафари расмии худро ба Риёз анҷом дод ва дар охири мӯҳлати худ Департаменти давлатӣ ҳуситҳоро ҳамчун як созмони террористӣ эътироф кард. Президенти собиқ бо валиаҳд равобити наздикро асосан тавассути домод ва мушовираш Ҷаред Кушнер нигоҳ медошт. Ҳисобот дар бораи куштори Хашукҷӣ ҳатто дар давраи маъмурияти қаблӣ омода буд, он оддӣ нашр нашуда буд.

"Трамп ба сармоягузорӣ ба муттаҳидон барои коҳиш додани ӯҳдадориҳои Вашингтон такя кард. Шарикон, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, маҷбур буданд, ки силоҳи бештар ҳам харанд ва масъулияти рӯйдодҳоро дар минтақаҳо бар дӯш бигиранд", - мегӯяд Максим Сучков, директори Маркази амрикоӣ дар ИМИ.

Навбати нав

Бо вуҷуди ин, коршиносон мегӯянд, ки дар бораи таҷдиди назар дар равобити ду кишвар ҳарф задан ғайриимкон аст. Алексей Хлебников, мутахассиси Ховари Миёна гуфт: "Онҳо фиреб хоҳанд кард, аммо ҳеҷ гуна арзёбии ҳамкориҳо нахоҳад буд". Ба гуфтаи ӯ, сухан бештар дар бораи "таҷдиди калибркунӣ" меравад - яъне аз нигоҳи стратегӣ ҳеҷ чиз тағир нахоҳад ёфт.

Руслан Мамедов, менеҷери лоиҳаҳои Ховари Миёна дар Шӯрои корҳои байналмилалии Русия бо ӯ мувофиқ аст.

"Аз рӯзҳои роҳбарии Обама, амрикоиҳо, ки  аз ҷиҳати истеҳсоли нафт дар ҷаҳон ба ҷои аввал баромаданд, ба Арабистони Саудӣ ниёзи камтар пайдо карданд", - мегӯяд ин коршинос.

Мамадов таъкид мекунад, ки дар раванди дохилиминтақавӣ, чизи зиёд аз созишномаи ҳастаии Эрон вобаста аст. Риёз яке аз шарикони асосии Иёлоти Муттаҳида дар муносибат бо Теҳрон аст. 

Нақшаи амали ҳамаҷонибаи муштарак, ки соли 2015 ба имзо расид, барои монархияҳои халиҷ як навъ "қатори охирин" шуд, - шарҳ медиҳад Алексей Хлебников.

Дар тӯли даҳ соли охир дар минтақа якчанд таҳаввулот ба амал омаданд. Шӯришҳо дар Тунис ва Миср, ки пас аз он, бидуни дастгирии ИМА, президентҳо мансабҳои худро аз даст доданд, сипас табаддулот дар Миср ва дар натиҷа боздоштани кумаки низомии Амрико ба Қоҳира. Ва дар ниҳоят, муомила бо Эрон. Ҳамаи ин, ба гуфтаи сиёсатшинос, "салтанатҳо, аз ҷумла Арабистони Саудиро водор сохт, ки портфелҳои дипломатии худро тақвият диҳанд ва робитаҳо бо дигар қудратҳои бузург, аз қабили Русия ва Чин тақвият ёбанд".

Маскав инчунин ба Риёз силоҳ мефурӯшад: соли 2019 таҳвили партияҳои аввал тибқи созишномаҳои соли 2017 оғоз ёфт. Пас аз он подшоҳӣ бо Русия дар бораи харид ва маҳаллисозии истеҳсолоти системаҳои вазнини оташгирандаи ТОС-1А, комплексҳои зиддитанкии "Корнет-ЕМ", норинҷакҳои АГС-30 ва автоматҳои Калашников АК-103 меморандум баст.

Дар аввали соли 2021 гузориш дода шуд, ки саудиён метавонанд ҳам системаҳои зиддимушакии S-400-и Русия ва ҳам ҷангандаҳои Су-35-ро харидорӣ кунанд.

Ҳамчунин муҳим аст, ки кишварҳо сиёсати худро дар бозори нафт ҳамоҳанг кунанд, ёдовар мешавад Мамедов. "Дар муносибатҳои Риёз бо Маскав ба назар гирифтани таъсири созишномаи ОПЕК + муҳим аст. Ин ба ҳарду ҷониб имкон дод, ки даромади зиёд ба даст оранд. 

Монархия имкон дорад, ки барои амрикоиҳо дар минтақа мушкилот ташкил кунад, гуфт Мамедов. Аммо, дар ниҳоят, ҳама мефаҳманд, ки Иёлоти Муттаҳида барои Риёз бениҳоят муҳим аст ва чунин амалиётҳо танҳо роҳи ҷалби таваҷҷӯҳ мебошанд.

"Дар Арабистони Саудӣ онҳо чунин мешуморанд, ки муносибатҳо бо ИМА аз он вобаста нестанд, ки кӣ дар Кохи Сафед аст, ба ақидаи онҳо, робитаҳои ду кишвар бунёдӣ ҳастанд, дар тӯли даҳсолаҳо ташаккул ёфтаанд ва ба ҳар гуна изтироб тоб меоранд", - хулоса мекунад коршинос. .

Шарикии даҳсолаҳо ба бисёр чизҳо таъсир гузоштааст: амалан ҳама элитаи Арабистони Саудӣ дар Иёлоти Муттаҳида таҳсил мекунанд, риёли Саудӣ бо доллар баста шудааст ва силоҳ ва омӯзиши низомиён умдатан амрикост. Барои тағир додани ин чиз солҳои зиёд лозим аст. Аз ин рӯ, диверсификатсияи робитаҳои сиёсати хориҷӣ як иқдоми тактикӣ, роҳи бисёрҷониба мебошад, ки ба талаботи ҷаҳони нави бисёрқутба ҷавобгӯ мебошад.

183
Барчаспҳо:
Эрон, Русия, муҷозот, Арабистони Саудӣ, ИМА
День 3 марта

Зодрӯзи Акашариф Ҷӯраев ва нахустин пирӯзии Майк Тайсон: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 14:30 02.03.2021)
Рӯзи 3 март Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ, Рӯзи байналмилалии нависанда буда дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ ва дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ мебошад

Рӯзи 3 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1842 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон қонун дар бораи танзими меҳнати кӯдакон қабул карда шуд.

День 2 марта
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид.

Соли 1987 боксёри машҳури америкоӣ Майк Тайсон аввалин маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард.

Соли 1991 дар Латвия ва Эстония раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он аксарияти аҳолӣ барои баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд.

Рӯзи 3 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Соли 2009  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном кард.

Соли 2010 ФИФА рӯйхати нави раддабандии худро нашр намуд. Дар раддабандии мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон  20 зина боло рафта, беҳтарин ҳисобида шуд ва мақоми 128-умро ишғол кард.

Соли 2010 дар ноҳияи Ёвон  бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба кор дароварда шуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои гирифтани орд, ғалла, намак ва дигар ашёи рўзгор истеҳсол намояд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки  навбатии ҳайатҳои ҳукуматии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ба Президенти ин кишвар Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: "Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Тоҷикистон густариши ҳамкориро бо Франсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад".

Ҷашнҳои рӯзи 3 март

  • Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ.
  • Рӯзи байналмилалии нависанда.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ.
  • Дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ.

Рӯзи 3 март дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1894 — Акашариф Ҷӯраев, ҳофизи мардумии Тоҷикистон. 

Соли 1919 — Александр Усенко, шоири русзабони Тоҷикистон. 

Соли 1940 — Баҳром Сироҷев, собиқадори соҳаи энерджии Русия.

0
Барчаспҳо:
таърих, барои имрӯз, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Истеҳсоли "Фолксваген" ва шомил шуданиТоҷикистон ба САҲА: имрӯзи таърих
110 сол пеш Тоҷикистонро заминҷунбии шадид ларзонду кӯли Сарез пайдо шуд: имрӯзи таърих
Мавлуди Гул Шералӣ ва ихтирои нахустин лифти электрикӣ: имрӯзи таърих
Дар Украина ҳукм қатл бекор ва дар Тоҷикистон афсарон соҳиби хона шуданд: имрӯзи таърих
Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих