Президент США Дональд Трамп

Трамп гуфт, ки пас аз тарки раисҷумҳурӣ чӣ кор мекунад

835
(Таҷдидшуда 13:03 23.01.2021)
Собиқ раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп дар бораи нақшаҳои минбаъдааш пас аз тарки курсии раисҷумҳурӣ гуфтааст

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Доналд Трамп бори нахуст пас аз ба итмом расидани мӯҳлати раисҷумҳуриаш бо рӯзноманигорон сӯҳбат кард.

Собиқ президент дар ин сӯҳбат аз нақшаҳои ояндааш низ гуфтааст: ӯ нақша дорад, барои худ кори наве пайдо кунад.

"Мо бо кори наве машғул мешавем, аммо ҳоло не", - таъкд кардааст вай.

Дар ҳамин ҳол, собиқ президент шарҳ надодааст, ки пешаи нави Трамп кадом хоҳад буд.

Феълан, ӯ пас аз тарки Қасри Сафед дар клуби голфи шахсиаш дар шаҳри Палмбич, иёлати Флорида қарор дорад ва мусоҳибааш ҳам бо рӯзноманигорон дар ҳамин ҷо сурат гирифтааст.

Дар охири мӯҳлати Трамп, палатаи намояндагон ба ӯ импичмент эълон кард. Президенти собиқи ИМА ба барангехтани бетартибиҳо ва ошӯбҳо аз ҷониби тарафдоронаш дар Капитолия дар 6 январ айбдор мешавад.

Раванди импичмент аз 8 феврал оғоз мешавад. Ба гуфтаи раҳбари демократҳо дар парлумон Чак Шумер, маводҳо ба Сенат рӯзи 25 январ пешниҳод карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентӣ дар ИМА рӯзи 3 ноябр баргузор шуд. Барои мақоми сардори давлат, ҷумҳурихоҳ Трамп бо демократ Ҷо Байден мубориза бурд.

Мелания Трамп пеш аз тарки Қасри Сафед анъанаи 70-соларо вайрон кард

Ҳисобкунии овозҳо бо сабаби дер фиристодани бюллетенҳо тавассути почта барои як моҳ кашол гардид. Дар интихобот Байден пирӯз шуд, ки 20 январ ба ҳайси президенти Иёлоти Муттаҳида ба кор шурӯъ кард. Трамп дар маросими савгандёдкунии ӯ ҳузур надошт.

835
Барчаспҳо:
интихобот, ИМА
Премьер-министр Никола Пашинян

Пашинян шарти истеъфоашро гуфт

381
(Таҷдидшуда 19:48 25.02.2021)
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар гирдиҳамоии тарафдоронаш шарти истеъфоаш аз мақоми сарвазириро эълом кард

ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Никол Пашинян, сарвазири Арманистон имрӯз дар як гирдиҳамоӣ ҷонибдоронаш, шартҳои ба истеъфо рафтанашро гуфт.

Вай эълон кард, ки мавзӯи интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ дигар матраҳ нахоҳад шуд. Ба гуфтаи Пашинян, худи мардум бояд тақдири ӯро ҳал намоянд.

"Бигзор мардум истеъфои манро талаб намояд, бигзор маро дар майдон парронанд", - танҳо дар ҳимин сурат сарвазир розӣ шуд, ки аз мақомаш барканор шавад.

Ҳамзамон Пашинян рақибонашро бо боздошт таҳдид кард.

Дар ҳамин ҳол, мухолифин ба назди бинои Маҷлиси Миллӣ омада, дар назди бинои парлумон хаймаҳои худро ҷой карданд.

Вазорати дифои Арманистон изҳор дошт, ки дахолати артиш ба сиёсат ғайри қобили қабул аст, зеро он ба субот ва амнияти кишвар таҳдид мекунад.

Бояд гуфт, ки теъдоде аз кормандони полис - ҳозира ва собиқ - ба талаби истеъфои Пашинян ҳамроҳ шуданд.

Дар Арманистон мунтазам гирдиҳамоиҳо баргузор мешаванд, ки дар он истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб мекунанд. Мардум аз моҳи ноябри соли 2020 ба кӯчаҳои пойтахт мебароянд.

Сокинони кишвар аз натиҷаи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва шартҳои созишномаи баимзорасида бо Озарбойҷон ва Русия норозӣ ҳастанд.

Пашинян борҳо хабарҳои  истеъфоашро аз мақоми сарвазири Арманистон рад кард. Вай аз ҷумла таъкид кард, ки акнун дар назди ӯ вазифаи таъмини субот ва амнияти кишвар истодааст.

Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо вазъи сиёсӣ дар Арманистон боз муташаниҷтар шуд. Никол Пашинян дар бораи мушакҳои “Искандар”-и сохти Русия бадгӯи кард, ки боиси интиқоди низомиёнаш шуд.

Гуфтаҳои Пашинянро муовини аввали Ситоди генералии Арманистон Тиран Хачатрян танқид кард. Баъд аз ин Хачатрян бо фармони раисҷумҳури Арманистон аз вазифааш озод шуд.

Ситоди генералии Арманистон ба тағйироти кадрӣ вокуниш нишон доданд ва хостори истеъфои Никол Пашинян шуданд.

Аммо, нахуствазири Арманистон ин вазъро “табодулоти низомӣ” донист ва ба раисҷумҳури кишвар санад дар бораи аз вазифа озод намудани роҳбари Ситоди генералии Арманистон Оник Гаспарянро равон кард.  

Ҳамин тавр дар арманистон 25 феврал тазоҳуроти мардум сар зад:  ҳазорҳо тарафдоруну мухолифони Пашинян ба кӯчаҳои Ереван баромаданд. 

381
Барчаспҳо:
мақом, гирдиҳамоӣ, истеъфо, Никол Пашинян, Арманистон

Жириновский гуфт Пашинян сабаби шикасти Арманистон хоҳад шуд - видео

237
(Таҷдидшуда 18:57 25.02.2021)
Сиёсатмадори рус Владимир Жириновский ҳануз се сол пеш дар бораи низоъи дохилӣ дар Арманистон пешгӯӣ карда буд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Роҳбари ҳизби Либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар шабакаи Telegram-и худ вазъи имрӯзаи Арманистонро шарҳ додааст.

Жириновский зери навиштаҳои худ ҳатто навори се соли пешро низ интишор кард, ки дар он ӯ дар бораи вазъи имрӯзаи Арманистон гуфта буд.

“Ба Арманистон нигаред. Пашинян сари қудрат меояд ва тими ӯро баъд аз як ё ду сол бо роҳи табодулот аз қудрат дур мекунанд ва тундгароҳо дар Арманистон ба қудрат мерасанду хунрезӣ мешавад. Ҳеҷ беҳбудие дар Арманистон намешавад”, - гуфта буд сиёсатмадори рус.

Жириновский зери ин навор навиштааст, ки ҳанӯз се сол пеш огаҳи дода буд, ки омадан ба сари қудрати Пашинян барои Арманистон чӣ паёмадҳо хоҳад дошт.

Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо вазъи сиёсӣ дар Арманистон боз муташаниҷтар шуд. Никол Пашинян дар бораи мушакҳои “Искандар”-и сохти Русия бадгӯи кард, ки боиси интиқоди низомиёнаш шуд.

Гуфтаҳои Пашинянро муовини аввали Ситоди генералии Арманистон Тиран Хачатрян танқид кард. Баъд аз ин Хачатрян бо фармони раисҷумҳури Арманистон аз вазифааш озод шуд.

Ситоди генералии Арманистон ба тағйироти кадрӣ вокуниш нишон доданд ва хостори истеъфои Никол Пашинян шуданд.

Аммо, нахуствазири Арманистон ин вазъро “табодулоти низомӣ” донист ва ба раисҷумҳури кишвар санад дар бораи аз вазифа озод намудани роҳбари Ситоди генералии Арманистон Оник Гаспарянро равон кард.  

Ҳамин тавр дар арманистон 25 феврал тазоҳуроти мардум сар зад:  ҳазорҳо тарафдоруну мухолифони Пашинян ба кӯчаҳои Ереван баромаданд. 

237
Барчаспҳо:
шикаст, Никол Пашинян, пешгӯӣ, Владимир Жириновский, Арманистон
Замерзшие яблоки, архивное фото

Коршиноси тоҷик гуфт сармо ба ҳосил чӣ гуна зарар мерасонад

0
(Таҷдидшуда 20:52 25.02.2021)
Паст шудани ҳарорати ҳаво дар мамлакат барои кишоварзон номусоид арзёбӣ мешавад. Бо сабаби якбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар минтацащои Тоыикистоон эҳтимоли зиён дидани зироати хоҷагии қишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров  дар сӯхбат бо “Ховар” иброз дошт, ки боридани барф дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор  бетаъсир намемонад.

Ба гуфти вай, дар оғози моҳи феврал ҳарорати ҳаво баланд гардида, боиси гулкунии дарахтони донакдор ва гулу буттаҳо гардид. Аз ин рӯ ба ин дарахтон хатари камшавии ҳосил таҳдид мекунад. Аммо агар ҳавои номусоид ду ё се рӯз идома ёбад, онгоҳ зиёни бештар боқӣ намемонад.

 Ҳикматулло Назиров аз ҷумла зикр кард, ки кишоварзон бояд талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд.

“Ҳамчунин дар ин шабу рӯз, махсусан қисми шабона бояд дар майдони дарахтон бо маҳсулоти органикӣ, аз қабили хасу хошок, навдаи дарахтон дудмониро ба роҳ монанд. Дудмонӣ дар қисми шабона ба он хотир тавсия мегардад, ки шабона ҳарорат назар ба рӯзона пасттар мешавад”, - гуфт донишманд.

 Ҳамчунин вай гуфт баъд аз бартараф гардидани ҳавои номусоид навдаҳои сармозадаи боғу токзорро буридан лозим аст.

“Дар ин ҳолат барои инкишофи минбаъдаи навдаи наврӯида замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ бояд чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад”, - қайд кард Ҳикматулло Назиров. 

акс аз саҳифаи корбари Facebook Ҳаётҷон Одил

Бино ба гуфтаи донишманд дар  ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олу, гелос, зардолу ва шафтолу аллакай гул кардаанд.

Ва илова кард, ки дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф  зиён намебинанд.

Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён мерасонад.

“Картошка яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Инчунин дар болои онҳо пору ва коҳ пошидан лозим аст”, - гуфт донишманди тоҷик.

0
Барчаспҳо:
зироат, сармо, дарахтон, ҳосил, Тоҷикистон