ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Рӯзҳои наздик дар Фаронса карантини сеюм эълон хоҳад шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба рӯзномаи Le Journal du Dimanche.
Қарор бояд рӯзҳои наздик қабул шавад, хабар медиҳад нашриёт аз қавли манбаъ дар мақомот.
Ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои навро коршиносон ба паҳншавии густардаи ду навъи ҷадиди коронавирус дар кишвар - бритонӣ ва африқоӣ вобаста медонанд. Бино ба гузориши манбаъ, дар ин росто президенти Фаронса Эманнуэл Макрон бояд рӯзи 27 январ суханронӣ кунад.
Масъалаи эълони карантин қариб пурра ҳал шудааст, фақат муҳлати он ва қоидаҳои нав норӯшан боқӣ мондааст. Эҳтимол меравад, ки аз авохири ҳафтаи оянда дар Фаронса карантин оғоз шаваду то се ҳафта давом кунад.
Қайд мешавад, ки ин дафъа бо назардошти он, ки режими карантин барои сокинони кишвар душвор аст, маҳдудиятҳои нармтар ҷорӣ карда мешаванд.
Мумкин аст, ин бор кори мағозаҳои ниёзи аввал низ бо маҳдудияти чандсоатӣ, иҷозат дода шавад.
Эълони омори фавт, гирифторӣ ва шифо аз COVID - 19 дар Русия
Вазири маориф Жан-Мишел Бланкйер дар мусоҳиба бо Le Journal du Dimanche гуфт, ки агар чораҳои нав андешида шаванд, мактабҳо ва литсейҳо фаъолияти худро идома хоҳанд дод.
ДУШАНБЕ, 8 март - Sputnik. Президенти Сурия Башор Асад гирифтори коронавирус шудааст, иттилоъ додааст роҳбари давфтари матбуоти раисҷумҳур дар сафҳаи Twitter-иаш.
Якҷоя бо Асад, ҳамсараш Асма ал-Асад низ ба коронавирус гирифтор шудааст.
"Пас аз эҳсоси нишонаҳои сабуки COVID-19, президент Башор Асад ва ҳамсари ӯ аз санҷиш гузаштанд. Натиҷа нишон дод, ки онҳо ба ин вирус сироят ёфтанд", - омадааст дар хабари хадамоти матбуот.
Маълум шудааст, ки ҳоло вазъи саломатии президенти Сурия ва хонуми ӯ хуб аст. Вазъи онҳо мӯътадил аст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Сурия илова кард, ки ҳафтаҳои наздик Башор ва Асма Асад дар хона хоҳанд монд.
"Президент Асад ва хонум Асма, ба ҳамаи мардуми Сурия ва ҷаҳон ҳифзи саломатӣ мехоҳанд ва аз мардуми Сурия даъват мекунанд,ки эҳтиёткориро идома диҳанд", - илова кард хадамоти матбуот.
Ёдрас мешавем, ки коронавирус дар шаҳри Ухани Чин дар охири соли 2019 пайдо шуд. Дар зарфи шаш моҳ коронавирус ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон паҳн ёфт.
То имрӯз ба ин беморӣ 117,5 миллион нафар бемор шудааст. 2,6 миллион беморон аз ин беморӣ ҷон бохтанд.
Дар Сурия 15 ҳазору 981 шаҳрвандон гирифтори бемории коронавирус шуданд ва беш аз ҳазор нафар фавтиданд.
ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Маркази матбуотии Кумитаи иҷроии ИДМ эълом кард, дар нишасти ин ҷомеъа дар Беларус, аъзо мувофиқати худро бо эҷоди “комиссияи ҳуқуқи башари ИДМ” эълом карданд.
Ширкаткунандагон дар ин нишаст ба лузӯми баррасӣ ва такмили мавзуоти созмонӣ ва молии фаъолияти комиссияи ҳуқуқи башари ИДМ, таъкид карданд.
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) пас аз фурупошии Шуравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991 дар Алмаато тавассути раҳбарони ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Украина имзо шуд. Узвияти Гурҷистон дар ин иттиҳодия ба дунболи тасмими расмии раисони ҷумҳури кишварҳои узв дар 3 декабри 1993 ва ба дунболи дархости Эдуард Шеварднадзе, раисиҷумҳури Гурҷистон дар 8 октябри 1993 сӯрат гирифт.
Беш аз 70 дарсади буҷети ИДМ тавассути Русия пардохт мешавад.
ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи душанбе дар вокунише тунд ба номаи ахири вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки давлати Байден наметавонад бо зӯру фишор хостаҳои ғайриқонунии худро ба мардуми Афғонистон таҳмил ва давлати Афғонистонро водор ба ташкили давлати муваққат кунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими гиромидошти ҳафтумин солгарди даргузашти Муҳаммадқосими Фаҳим, собиқ муовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул изофа кард, ки вахомати авзои амниятӣ мардумро дар шароити душворе қарор додааст ва ҷомеаи маданӣ, расонаҳо, хабарнигорон, уламои динӣ ва ҳеч як аз афроди ҷомеа масуният надоранд.
Дар ҳамин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳам дар ин маросим таъкид кард, Кобул сулҳи омиронаро намепазирад ва дар муқобили он меистад.
Амруллоҳ Солеҳ тарҳи нави сулҳи Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистонро «санади нанг» номид ва изофа кард, ки мақомоти афғонистонӣ ҳаргиз чунин санадеро имзо нахоҳанд кард.
Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон изҳор дошт, ки ҳамон гуна, ки Амрикову Ғарб ҳақ доранд дар бораи сарнавишти низомиёни худ бо Толибон нишаст баргузор кунанд, мо ҳам ҳақ дорем дар бораи сарнавишти шаҳрвандони худ бар асоси манофеи миллии кишварамон тасмим бигирем.
Амруллоҳ Солеҳ афзуд, ки давлати Кобул ҳаргиз ҳозир намешавад бо сарнавишти мардуми худ муомила ва созиш кунад.
Вазири умури хориҷаи Амрико дар номае ба Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вайро таҳдид кардааст, ки бо тарҳи нави давлати Амрико дар хусуси ташкили давлати муваққат ва ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон мувофиқат кунад.