Дабири кулли СММ: ҷаҳон бо сангинтарин буҳрон дар 100 соли охир рӯбарӯ шуд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш
Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дабири куллии СММ мегӯяд, ҳамагирӣ чунин мушкилоти ҷаҳон, ба монанди нобаробарӣ дар ҷомеа ва кишварҳо, ноустуворӣ "буҳрони иқлим ва биологӣ" -ро ошкор кард

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Ҷаҳон дар паи пандемияи коронавирус ба бадтарин буҳрони иқтисодӣ дар сад соли охир рӯбарӯ шуд. Дар ин бора дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар чорабинии "Рӯзномаи Давос" изҳор дошт.

Роҳбари СММ таъкид кард, ки ҷаҳони имрӯзро бо сабаби ҳамагирӣ метавон бо як калима "осебпазир" тасвир кард.

"Беш аз 2 миллион нафар ҳалок шуданд ва мо дар бадтарин буҳрони иқтисодии аср қарор дорем" - гуфт Гутерриш.

Вай бовар дорад, ки пандемия чунин мушкилоти ҷаҳон, ба монанди нобаробарӣ дар ҷомеа ва кишварҳо, ноустуворӣ "буҳрони иқлим ва биологӣ" -ро ошкор кардааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аз пандемияву буҳрон гуфт: ҷаҳон чунинро тайи сад сол ёд надошт

Ба гуфтаи ӯ, "ҷанг бо табиат" ба он оварда мерасонад, ки "табиат ҷавоб мегардонад". Гутерриш ҷаҳонро ба муколама ва ҳамкорӣ даъват мекунад.

"Ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ - ҳама бояд якҷоя кор кунанд" - гуфт раиси СММ.

Гутерриш қайд кард, ки дар соли 2021 ҷаҳон имконияти беназири истифодаи барқароршавӣ аз пандемияро барои "гузаштан аз осебпазирӣ ба устуворӣ", дорад.

Ёдрас мешавем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ имрӯз зимни ироаи паёми худ ба парлумони кишвар аз буҳрони бесобиқа гуфт.

Ба гуфти президент, имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад.

Лентаи хабарҳо
0