Интиқоди тунди Жириновский аз Туркия: наравед ба он ҷо

639
(Таҷдидшуда 20:07 26.01.2021)
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз сафар ба "кишвари маккор" - Туркия, ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия, Владимир Жириновский макони истироҳат - Туркияро кишвари "маккортарин" номид.

"Ба Туркия наравед, маккортарин кишвар аст", - изҳор дошт Жириновский.

Бо чунин суханон Жириновский ҳамлаи мусаллаҳона ба чор шаҳрванди Русияро шарҳ дод. Ин ҳамла дар кӯчаи Бешикташи шаҳри Истамбул ба вуқӯъ пайвастааст.

Як марди кӯчарӯб ба ду зан ва як марди русиягӣ ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ аз ҷиҳати равонӣ бемор будааст.

Шаҳрвандони Русия ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Сокинони маҳаллӣ ба захмиён кумаки аввалия расонида ва баъдтар онҳо бистарӣ карда шуданд.

Яке аз замхиёнро ба зудӣ аз бемористон ҷавоб хоҳанд дод, чун вазъи саломатии ӯ хуб арзёбӣ мешавад.

Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш нархномаи истироҳат барои шаҳрвандони Русия дар Туркия дар қиёс бо соли 2020, то 15 дарсад боло рафт.

Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ин нархнома боз ҳам гаронтар хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки 90 дар сади истироҳаткунандагон Анталияро интихоб мекунанд.

639
Барчаспҳо:
Русия, Туркия, Владимир Жириновский
Медицинский сотрудник держит в руках ампулу с российским препаратом Спутник V

Омори ахири коронавирус дар ҷаҳон

106
(Таҷдидшуда 13:30 04.03.2021)
Шумори гирифторон ба коронавирус дар саросари олам ба 115 миллиону 768 ҳазору 959 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта ба ин ҷамъ боз 179 ҳазору 810 нафар пайвастанд

 ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ 2 миллиону 571 ҳазору 785 нафар эълон шуд ва зарфи 24 соати гузашта дар олам боз 5 292 нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд.

91 миллиону 469 ҳазору 136 нафар пурра муолиҷа шудаанд. 90 ҳазору 78 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.  Ҳамоно ИМА, Ҳинд ва Бразилия се кишваре мебошанд, ки олудаҳои бештар ба КОВИД-19 доранд.

Барои истеҳсоли воксани ватании зидди коронавирус дар қаламрави Италия аз 4 то 6 моҳ вақт лозим аст, гуфтаанд олимон ва намояндагони ширкатҳои дорусозии ин кишвар дар мулоқот бо роҳбарони вазорати рушди иқтисодӣ рӯзи чоршанбе.  

Дар як нуқтаи озмоишии Нидерландия таркиш ба вуҷуд омадааст ва пулиси ин кишвар гуфтааст, ки касе осеб надидааст.

Ин ҳодиса субҳи рӯзи чоршанбе ҳангоми ифтитоҳи маркази тестӣ барои коронавирус дар шаҳри Бовенкарспел дар ғарби ин мамлакат рух додааст. Пулис фарзияи таркиши қубури даромадгоҳро мавриди таҳқиқ қарор додааст.  

Ҳукумати Лаҳистон хабар додааст, ки ин кишвар дар рӯ ба рӯ ба мавҷи сеюми коронавирус қарор дорад. Зарфи як шабонарӯзи охир 15 698 ҳодисаи сироят ба КОВИД-19 сабт шудааст.

Ин ду баробар бештар аз як рӯзи пеш аст. Ҳамчунин теъдоди бистаришудагон дар беморхонаҳо ва фавтидагон низ меафзояд.

Коронавирус боз авҷ мегирад? СҶБ аз афзоиши сироятшавӣ дар ҷаҳон гуфт

Чанд кишвар дар қораи Африқо дар доираи барномаи байналмилалии Covax соҳиби воксан зидди коронавирус шуданд. Рӯзи чоршанбе  Кения беш аз як миллион доза воксани Донишгоҳи Оксфорд ва ширкати AstraZeneca-ро ба даст овард.

Дар Никарагуа рӯзи 2 марти соли равон эмкунии сартосарии аҳолӣ бо воксани русии "Спутник V" оғоз шуд.

Қарор аст моҳи майи соли 2021 Ҷумҳурии Халқӣ Демократии Корея дар доираи барномаи байналмилалии  COVAX Facility 1,7 миллион доза воксани зидди коронавируси ширкати дорусозии AstraZeneca-ро дарёфт кунад.

ҶХДК дар рӯйхати 92 кишвари олам шомил аст, ки тибқи як барномаи умуиҷаҳоние соҳиби воксан мешаванд, ки кишварҳои мутараққӣ сармоягузорӣ кардаанд.  

Агентии Синхуа хабар дод, ки беш аз 5 миллион нафар сокинони шаҳри Пекин-пойтахти Чин вояи аввали воксани зидди коронавирусро дарёфт кардаанд. Аз ҳисоби умумӣ 2,64 миллион нафар дозаи дуюми онро низ гирифтаанд.  

Дуюмин рӯз аст, ки дар Русия камтар аз 11 ҳазор мубталои нав ба КОВИД-19 ба қайд гирифта мешавад. Беш аз 300 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Русия  аввалин дозаи воксани  "Спутник V"-ро гирифтаанд. 

Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 717 нафар сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст, ки аз рӯзе қабл 60 нафар зиёд аст.  

 Қирғизистон аз сирояти боз 48 нафар ба коронавирус хабар дод.

Рӯзи 3 марти соли равон дар Ӯзбекистон боз 45 нафар чун гирифтори нав ба COVID-19 сабт шуд ва шумори умумии сироятёфтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 80 006 нафар расид.

Дар айни замон 835 нафар дар беморхонаҳо муолиҷа мешаванд, ки ҳоли 146 нафар вазнин ва саломатии 27 нафар хеле вазнин арзёбӣ шудааст.

COVID - 19 ақибнишинӣ дорад: сироятёбӣ дар ИДМ рӯ ба коҳиш ниҳодааст - видео

Замони эмкунии саросарӣ дар ин кишвар бар зидди коронавирус нимаи аввали моҳи март эълон шудааст ва тибқи нақша то охири сол 7 миллион сокинони он эм карда хоҳанд шуд. 

106
Барчаспҳо:
Дар ҷаҳон, вируси корона, Тоҷикистон

Таҳдиди ҳамла ба Капитолий: Амрико ҷаласаи конгрессро фавран лағв кард

138
(Таҷдидшуда 13:25 04.03.2021)
Вакилони амрикоӣ бо далели таҳдиди ҳамлаи дубора ба Капитолий аз ҷониби шаҳрвандони тундгарои кишвар ҷаласаро лағв карданд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Палатаи намояндагони Конгресси Амрико бо далели ҳушдори амниятиҳои кишвар аз маслиҳати ҳамла ба Капитолий аз ҷониби як қатор шаҳрвандон ҷаласаро лағв карданд, хабар медиҳад Washington Post.

Вакилон пас аз он ҷаласаро лағв карданд, ки маълумот дар бораи эҳтимоли ҳамла ба парлумонро аз ҷониби як қатор шаҳрвандони тундгаро ба даст оварданд.

Маълум гардидааст, ки радикалҳо маълумотеро паҳн мекунанд, ки 4 март "рӯзи ҳақиқии савгандхӯрӣ"-ст. Дар ин рӯз бояд собиқ раисҷумҳур Доналд Трамп савганд ёд карда, ба марҳилаи дувуми президентӣ оғоз кунад.

Полиси Капитолий изҳор доштааст, ки аз нақшаи ин гурӯҳ, ки мехоҳанд дар ин рӯз ба парлумон зада дароянд, бохабар аст.

Хадамоти амниятӣ бо боварӣ изҳор доштааст, ки ба ҳама гуна таҳдид омода аст. Аммо маълумоти бештарро зери чатри "махфӣ" бурдаанд.

Ёдрас мешавем, 6 январ эътирозгарон, ҷонибдорони Трамп нахуст ба бинои Капитолий ворид шуда, толори сенатро, ки дар нақша буд, натиҷаҳои интихоботро дар он баррасӣ кунанд, иҳота намуданд.

Эътирозгарон то замоне ки полис онҳоро пеш кунад, чанд соат дар бино монаданд.

Дар рафти бесарусомониҳо полис 70 нафарро дастгир кард, 5 тан, аз ҷумла як корманди амнияти Капитолий кушта шуданд.

Маросими савгандёдкунии раисҷумҳурони ИМА: аз Рейган то Трамп

Он замон собиқ раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ҳидисаро маҳкум кард ва ваъда дод, ки гунаҳконрон мутобиқи қонун ҷазо мегиранд. Ҷо Байден, президентӣ феълӣ бошад изҳор дошт,  бесарусомониҳо аз ҷониби экстримистҳои сиёсӣ, ки онҳоро Трамп ба шӯр андохтааст, ба роҳ андохта шуд.

138
Барчаспҳо:
пулис, Доналд Трамп, ҳамла, таҳдид, Амрико
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад

345
Роҳбари Қирғизистон Содир Ҷаббаров бо сафари расмӣ ба Душанбе сафар карданист ва дар ояндаи наздик ӯ инчунин аз Ӯзбекистон, Чин ва Туркманистон дидан хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.

Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.

"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", -  гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.

Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод

Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.

Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.

345
Барчаспҳо:
сафар, Тоҷикистон, раисҷумҳур, Қирғизистон