Казнь. архивное фото

Эрон дуввумин паҳлавонашро дор кашид

1327
(Таҷдидшуда 17:23 29.01.2021)
Эрон бо гузашти шаш моҳ аз эъдоми паҳлавони шинохтааш Навид Афкорӣ дуввумин гӯштингирашро дор кашид

ДУШАНБЕ, 29 янв— Sputnik. Рӯзи душанбе Эрон эъдоми паҳлавони сатҳи миллӣ Меҳдӣ Алӣ Ҳусейниро иҷро кард, хабар медиҳад Bloodyelbow.

Шӯрои Миллии муқовимати Эрон (NCRI) гузориш дод, ки Ҳусейнӣ, зодаи Андимешик, дар зиндони Дезфул эъдом шудааст. Гуфта мешавад, ӯ 30 сол дошт.

Мақомот Ҳусейниро дар соли 2015 ба куштор муттаҳам карда, гуфта буданд, ки ӯ ҳангоми занозании оммавӣ касеро куштааст. Ҳукми қатли Ҳусейнӣ бинобар саббаи гузашт накардани хонаводаи қурбонӣ аз боқӣ монд.

Қаҳрамони гуштии Эрон Ҳомид Сориён, барандаи медали тиллои Чемпионати Олимпӣ, Ҷаҳон ва Осиё, аз хонавода ҷабрдида дархост карда буд, ки ба Ҳусейнӣ раҳм кунанд ва ӯро бибахшанд, аммо чунин нашуд.

Ёдовар мешавем, моҳи сентябри соли гузашта Эрон аз варзишкорони шинохтааш оид ба варзиши гуштии юнониву румӣ Навид Афкории 27 соларо эъдом карда буд.

Афкорӣ барои ширкат дар намоишҳои хиёбонии зиддиҳукуматӣ дар соли 2018 ба қатл маҳкум карда шуд.

Инчунин, ин варзишгар ба ташкили гурӯҳҳои махсус барои сарнагун кардани режими кунунии кишвар айбдор шуда буд.

Дар Чин дояи боғчаро барои заҳролуд кардани кӯдакон эъдом карданд

Ҳукумати Эрон новобаста аз вокунишҳо дар дохил ва хириҷи кишвар ва ҳамзамон ташкилотҳои байналхалқиву нафарони саршинос нигоҳ накарда, субҳи 12 сентябр варзишкорро эъдом кард.

1327
Барчаспҳо:
қатл, паҳлавон, ҳукми эъдом, Эрон
Премьер-министр Никол Пашинян проходит по улицам столицы (25 февраля 2021). Еревaн

Пашинян мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ тарки Арманистон намекунад

1
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян сару садоҳо дар мавриди берун рафтани ӯ аз қаламрави кишварро шарҳ дода, мегӯяд, нияти тарк кардани ватанро надорад

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян зимни эътироз бо ҷонибдорони худ дар маркази Ереван изҳор дошт, ки аз Арманистон берун намеравад.

Қаблан Telegram-канал, хабар дод, ки ҳавопаймои махсус аллакай омода аст ва дар сурати бад шудани вазъият Пашинян зуд ватанро тарк мекунад.

Ситоди генералии Арманистон истеъфои Пашинянро талаб кард

Аммо сарвазир ин гуна маълумоҳоро терроризми иттилоотӣ номида гуфт, "ҳар чӣ мардуми мо бо ингуна ахборот одат кардаанд".

"Ман нияти тарк карадни давлатро надорам ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз Арманистон берун намеравам. Хонаводаи ман ҳам дар ҳамин ҷо аст. Шумо ҳоло худ шоҳид мешавад, зеро онҳо маҳз ба мо ҳамроҳ мешаванд", - афзуд Пашинян.

Аз наворҳо маълум аст, ки зимни эътирозҳо, Пашинянро писари ӯ Ашот ҳамроҳӣ мекунад.

Бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон пас аз он шиддат гирифт, ки Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳ рӯзи 25 феврал истеъфои сарвазирро талаб кард ва гуфт, ки роҳбарияти сиёсӣ давлатро ба дами хатар мерасонад. Ин пас аз он рух дод, ки сарвари ҳукумат муовини аввали сардор генерал-лейтенант Тиран Хачатрянро, ки қаблан изҳороти сарвазирро дар бораи Искандар танқид карда буд, аз вазифа сабукдӯш кард.

Занозанӣ дар Ереван: ҷонибдорону мухолифони Пашинян вориди муноқиша шуданд - навор

Дар посух, сарвазир дар бораи кӯшиши табаддулот эълон кард ва шаҳрвандонро даъват кард, ки дар майдони ҷумҳурӣ ба хотири "дифоъ аз инқилоб" ҷамъ оянд.

Вай инчунин гуфт, ки дар бораи аз вазифа сабукдӯш кардани Сардори Ситоди Генералии Арманистон Оник Гаспарян қарор имзо кардааст. Аммо, президент то ҳол зери ин санад имзо нагузоштааст.

1
Барчаспҳо:
тарк, Арманистон, Никол Пашинян

Дар Чин ягон камбизоат намонд? Син Ҷинпин аз пирӯзӣ бар фақр хабар дод

34
Кишвардори Чин мегӯяд, давоми ҳашт соли ахир тақрибан 100 миллион нафар дар ин кишвар тавонист аз фақр берун оянд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Син Ҷинпин аз пирӯзии давлаташ бар камбизоативу нодорӣ хабар дод, менависад агентии "Синхуа".

Ба иттилои манбаъ, кишвадори Чин дар ин бора зимни суханронӣ дар ҳамоиш бахшида ба натиҷаҳои мубориза бо камбизоатӣ иброз дошт.

Ба гуфтаи роҳбари Чин, дар тӯли ҳашт соли охир тақрибан 100 миллион нафар дар ин кишвар тавонистанд аз сатҳи камбизоатӣ бароянд.

"Ба туфайли саъю кӯшиши якҷояи Ҳизби коммунистӣ ва халқи Чин мо дар мубориза ба муқобили камбизоатӣ ғалабаи комил ба даст овардем", - шарҳ дод Ҷинпин.

Ӯ инчунин зикр кард, ки тайи солҳои охир 98,99 миллион нафар сокинони деҳот аз сатҳи камбизоатӣ бароварда шуданд.

Илова бар ин, ӯ хабар дод, ки 832 шаҳристон ва 128 ҳазор деҳа аз рӯйхати минтақаҳои камбизоати Чин хориҷ карда шуданд.

"Бо чунин муваффақиятҳо Чин мӯъҷизаи дигаре эҷод кард, ки дар таърих боқӣ хоҳад монд", - илова намудаст роҳбари Чин.

Бояд тазаккур дод, ки бори аввал Син Ҷинпин ғояи коҳиши мақсадноки камбизоатиро ҳанӯз соли 2013 зимни сафари санҷишӣ ба музофоти Хунан дар маркази Чин эълон карда буд.

Аз оғози сиёсати ислоҳот ва бози Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз охири солҳои 70-уми асри гузашта амалӣ мешавад, 770 миллион сокини деҳот аз камбизоатӣ раҳо карда шуданд.

34
Барчаспҳо:
фақр, пирӯзӣ, Чин