Медицинская сестра в палате

Олимон муфассал тасвир карданд, ки чигуна одам мемирад

669
Олимон дар мавриди марги инсон  тадқиқотҳои бузург анҷом дода, худ аз натиҷаҳои он шигифтзада шуданд 

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Коршиносон ҷузъиёти марги инсонро омӯхтанд. Натиҷаҳои тадқиқот дар маҷаллаи New England Journal of Medicine.

Пештар чунин ҳисобида мешуд, ки марг - ҳодисаи фаврист, аммо феълан олимон мутмаинанд: ин як раванди бесарусомонии пур аз падидаҳои ғайричашмдошт аст.

Дар тадқиқот 600 бемори вазъияташон вазнин ва дар ҳолати пеш аз марг қарордошта иштирок кардаанд. Бо ризогии наздиконашон онҳоро аз системаи нафасдиҳӣ берун оварда, назорат бурданд, ки марг чигуна рух медиҳад. 

Олимон аз як намунаи ғайриоддӣ ба ҳайрат афтоданд: дили баъзе беморон аз кор монд, аммо пас аз як вақти муайян, пеш аз таваққуфи абадӣ дубора ба тапиш медаромад.

Чунин ҳолат дар 14 дар сади тадқиқотшавандагон ба қайд гирифта шуд. Кори дил пас аз кор мондан баъди чанд дақиқа барқарор мешуд ва боз аз кор мемонд. 

Яке аз ҳодисаҳо хело ҳайратовар буд: дили бемор расо 4 дақиқаву 20 сония аз задан бозмонд. Пеш аз марги ниҳоӣ дил каме ба кор даромад ва сипас барои абадан аз таридан монд. 

Олимон гуфтанд, кадом омил хавфи марг аз коронавирусро дучанд мекунад

Донистани вақти марг, ба олимон имкон медиҳад, ки роҳҳои нави трансплантатсиям узвҳоро барои наҷоти нафари дгаре ошкор кунанд. Феълан, марҳилаи интизорӣ пас аз кор мондани дил 5 дақиқа аст. Сипас, пизишкон маргро расман ба қайд мегиранд.

669

Вазъи коронавирус дар ҷаҳон: аз маҳдудиятҳои нав дар Урупо то талош барои ваксинаҳо

70
(Таҷдидшуда 21:00 05.03.2021)
Шабонарӯзи гузашта дар дунё 164 ҳазору 748 нафар ба коронавирус сроят шуду шумори гирифторон аз аввали ҳамагирӣ то кунун ба 116 миллиону 233 ҳазору 565 нафар расид

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Дар 24 соати гузашта боз 5 ҳазору 13 нафар аз ин вируси маргзо ҳалок шуданд ва теъдоди ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 2 миллиону 581 ҳазору 943 нафар расид, хабар медиҳад КҲФ бо такя ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт.

Тибқи иттилои СҶБ, то кунун 91 миллиону 902 ҳазору 716 нафар аз коронавирус пурра муолиҷа шудаанд, вале 90 ҳазору 081 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

Чун рӯзҳои пеш ИМА, Ҳинд ва Бразилия се кишваре мебошанд, ки аз ҳама бештар гирифторони коронавирус доранд.  

Перу аввалин бастаи воксани зидди коронавируси тавлиди ширкати амрикоии Pfizer-ро дарёфт кард.

Дар Шветсия теъдоди марг ба асари КОВИД-19 дар шабонарӯзи гузашта дар қиёс ба як рӯзи пеш 13 нафар афзуд.

Юнон тадбири нави зидди коронавирус меандешад, карантини эълоншуда шадидтар мешавад. Аз 4 марти соли равон сокинон метавонанд танҳо ба он бонкҳо ва марказҳои тиҷоратӣ ва дукону мағозаҳое раванд, ки дар қаламрави ноҳияи истиқомати онҳо ҷойгиранд.

Истифодаи мошинҳо низ ба ин хотир манъ шудааст. Ин маҳдудиятҳо то 16 март идома хоҳанд кард.  

Ироқ расман ваксинаи "Спутник V" -ро ба қайд гирифт.

Хазинаи Русиягии сармоягузориҳои мустақим сабти воксани русии  "Спутник V" дар  Шри-Ланкаро тасдиқ намуд.

Ҳукумати Таиланд моҳи июл инзивои ҳатмии сайёҳони хориҷӣ ба қаламрави ин подшоҳиро кутоҳ мекунад. Қарор аст моҳи октябр дар ин кишвар карантин пурра барҳам дода шавад.

Европу накрывает третья волна коронавируса
Ruptly / instagram.com/vkikilias / lv.wikipedia.org / New Media Department of Nowon-Gu District Office, Seoul

Эҳтимол меравад Ҷопон низоми ҳолати фавқулода дар кишварро дар иртибот ба авҷи сирояти коронавирус боз ду ҳафтаи дигар тамдид кунад. Ин дар ҳолест, ки муҳлати эълоншуда дар Токио ва навоҳии наздик ба он рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад.  

Чин фурӯши се доруи суннатии тиббиро барои муолиҷаи COVID-19 иҷозат дод.

Ҳукумати Гурҷистон барои дарёфти 1 миллион воя ваксини коронавируси тавлиди ширкати дорусозии амрикоии Novavax мувофиқат кард.

Дар Қазоқистон шумори гирифторони шабонарӯзии коронавирус афзудааст. Мақомот ахиран эълон карданд, ки зарфи 24 соати гузашта дар ин кишвар 804 мубталои навро ба қайд гирифтаанд, ки аз рӯзи пеш 87 бемор бештар аст.

Қирғизистон аз ошкор шудани боз 54 ҳодисаи сирояти нав ба коронавирус хабар дод.  

Шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар Ӯзбекистон аз аввали ҳамагирӣ ба 80 035 нафар расидааст.

Дар Тоҷикистон хушбахтона дар давоми шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

70
Барчаспҳо:
бемориҳои сироятӣ, вируси корона, Ҷаҳон
Флаг США

Демократия меомӯзонанд. ИМА усулҳои мудохиларо ёфт

141
(Таҷдидшуда 16:11 05.03.2021)
Амрикоиҳо дигар барои демократия мубориза нахоҳанд бурд. Вақт нишон дод, ки дахолат ва сарнагунии сарварони худкома бесамаранд

Душанбе 5 мар — Sputnik, Софья Мельничук. Вашингтон аз ин сабақ гирифт ва нақша дорад, ки ҷаҳонро аз худаш сар карда тағйир диҳад.

Замони нав - усулҳои ҷадид

Нахустин суханронии расмии котиби давлатӣ Энтони Блинкен дар Департаменти давлатӣ, гарчанде ки он дар як толори холӣ баргузор шуд, сару садоро ба вуҷуд овард. Дар тӯли ним соат сарвари дипломатияи Амрико самтҳои асосии сиёсати хориҷиро номбар кард, ки ба қарибӣ дар стратегияи амнияти миллӣ тасдиқ карда мешаванд.

Флаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе.
© Sputnik / Алексей Витвицкий

Тақрибан ҳар чизе ки Блинкен гуфт, нав нест: ҳам ӯ ва ҳам президент Ҷо Байден дар моҳҳои охир инро на як бору ду бор ба такрор гуфтаанд. Аммо як чиз таваҷҷуҳро ҷалб кард.

"Равиши мо тағйир хоҳад ёфт, - изҳор дошт котиби давлатӣ". Мо демократияро тавассути дахолати гаронарзиши низомӣ ё кӯшиши сарнагун кардани режимҳои авторитарӣ бо зӯрӣ таблиғ намекунем.

"Чунин усулҳо, гарчанде бо нияти нек истифода мешуданд, ҳеҷ натиҷаи хуберо ба бор наоварданд, эътироф кард ӯ. Гузашта аз ин, калимаҳои "мусоидат ба демократия" тобиши манфӣ гирифтаанд ва ҳатто худи амрикоиҳо дигар ба онҳо бовар намекунанд.

Ҷаҳон тағйир ёфт ва дар шароити нав Вашингтон диққати худро аз таҳдиди терроризм ба мубориза бо қудратҳои рақиб табдил хоҳад дод.

Ривоҷ додани демократия, ки ҳамоно сиёсати хориҷии ИМА аст - бояд бо намунаи ибрат пешбарӣ карда шавад. "Дар акси ҳол, мо дар якҷоягӣ бо рақибоне чун Чин ва Русия бозӣ мекунем, ки аз ҳар як имконият истифода бурда, дар бораи пойбандии мо ба идеалҳо шубҳаҳо ба вуҷуд меоранд. Ҳоҷат нест, ки ин корро барояшон осонтар созем", - гуфт сиёсатмадор.

Мисоли наонқадар хуб

Соли гузашта барои кишвар душвор омад. Ҳамагирии коронавирус, ки дар муқоиса бо Ҷангҳои Якум, Дуввум ва Ветнам шумораи бештари амрикоиҳоро кушт, нобаробарии иҷтимоиро дар соҳаи тандурустӣ нишон дод. Ошӯбҳои нажодӣ бар асари бераҳмии полис ва куштори сиёҳпӯстон бори дигар мушкилоти нажодпарастиро дар ҷомеа нишон доданд.

Интихоботи президентӣ пурсарусадотарин дар даҳсолаҳои охир шуд. Доналд Трамп ҳанӯз ҳам даъво дорад, ки натиҷаҳо тақаллуб карда шудаанд. Ин ба ҳуҷуми воқеъӣ ба арзишҳои асосӣ оварда расонд: 6 январ ҳангоми тасдиқи овоздиҳӣ издиҳом ба бинои Капитолия ворид шуд.

Президенти нав Ҷо Байден бо зарурати фавран барқарор кардани ваҳдат дар дохили кишвар рӯ ба рӯ шуд, то пеш аз ҳама, ба худи амрикоиҳо исбот кунад, ки Иёлоти Муттаҳида то ҳол маҳаки  демократия аст.

"Ҳоло дар Иёлоти Муттаҳида мушкилоти калон мавҷуданд", -  гуфт Павел Кошкин, корманди калони илмии Пажӯҳишгоҳи Иёлоти Муттаҳида ва Канада, дар мусоҳиба бо РИА Новости.

"Онҳо барои сафарбар кардани интихобкунандагон ба воситаи риторикӣ ниёз доранд, онҳо бояд нишон диҳанд, ки мо қодирем вазъи кишварро ба эътидол орем".

Кошкин бовар дорад, ки изҳороти Блинкен то андозае ба дохил равона карда шудааст. "Ба тартиб даровардани дар дигар давлатҳо, як навъ ҳавасмандӣ аст: бояд аз худ оғоз кард", -  мегӯяд ӯ.

Рушд муқобили демократия

Маъмурияти Байден доимо таъкид мекунад, ки рақиби асосии стратегӣ Чин ва модели рушди он мебошад. Вашингтон маҳз тағйири онро мехоҳад.
Худи Пекин нақшаи тағйири низоми сиёсиро надорад, тавре ки раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин гуфтааст. "Мо имкониятҳои сулҳро тавассути рушд пеш мебарем" гуфт ӯ.

Дар баъзе кишварҳо воқеан дархости воридоти унсурҳои алоҳидаи ҳукумати Чин мавҷуд аст, мегӯяд мушовири маркази Карнеги Маскав, синолог Темур Умаров. Мисол, давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки нуфузи Иёлоти Муттаҳида сол аз сол дар ин минтақа коҳиш меёбад.

"Ҳама давлатҳои минтақа мехоҳанд муваффақияти Чинро такрор кунанд: бидуни ислоҳоти демократӣ ба иқтисоди пешрафта табдил ёбанд",- гуфт Умаров. Дар айни замон, ҳар як худкома дар ҷаҳони муосир ба назар демократӣ менамояд. Бидуни ин, дар ҷаҳон ба таври муқаррарӣ вуҷуд доштан ғайриимкон аст.

Аз ин рӯ, дар суханронӣ ҳама дар Осиёи Марказӣ дар бораи ислоҳот ва ҳуқуқи инсон ҳарф мезананд, аммо дар асл Ғарбро намунаи ибрат намеҳисобанд. Агар қаблан ҳадди аққал як кишвар - Қирғизистон, ба истилоҳ, маркази демократия дар Осиёи Миёна - тарафдори Амрико буд, акнун ӯ низ тасмимашро дигар кард ва роҳи дигарро пеш гирифт, гуфт Темур Умаров мушовир дар маркази Карнегии Маскав.

Иёлоти Муттаҳида метавонист мавқеи худро дар минтақа тақвият диҳад, агар дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолтар бошад ба мисли Пекин. Бидуни ин ба идеология таъсири бузург ба даст овардан ғайриимкон аст, бовар дорад Умаров.

Пешини фаромӯшнашуда

Равиши маъмурияти нав идомаи он сиёсате ҳаст, ки Барак Обама оғоз кард. Доктринаи ба истилоҳ Обама коҳиши ҳузури низомии Амрикоро дар хориҷ дар назар дошт. Ҳатто пас аз он, демократҳо ба хулосае омаданд, ки усулҳои низомӣ чандон муассир нестанд ва демократия бояд на тавассути дахолат, ишғол ва сохтани давлат, балки тавассути қудрати нарм паҳн карда шавад.

Аммо, президенти 44-ум муваффақ нашуд: соли 2011 Иёлоти Муттаҳида ба нерӯҳои ҳукумати Либия зарбаҳои ҳавоӣ зад. Баъдтар Обама эътироф кард, ки қарор, албатта, дуруст буд, аммо Вашингтон ба оқибатҳои он омодагӣ надид. Либия ба бетартибӣ рӯ ба рӯ шуд - Обама онро бадтарин иштибоҳи раёсати худ номид.

Маъмурияти кунунӣ талоши ӯро идома хоҳад дод ва ба ҷуз аз дахолати мустақими низомӣ, ҳама усулҳоро истифода хоҳад кард, бовар дорад Дмитрий Суслов, муовини директори Маркази омӯзиши урупоӣ ва байналмилалии Мактаби олии иқтисодӣ.

"Таъкид ба сиёсати кумакҳои хориҷӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ мешавад, онҳо дар дастгирии инқилоби ранга фаъолтар хоҳанд шуд", - мегӯяд ӯ.

Ӯ бовар дорад, ки дар Сурия ИМА мустақиман бо режими Башор мубориза набурд, аммо ба нерӯҳои мухолиф кумак кард. "Ин як абзори қобили қабул боқӣ мемонад".

Ҳоло Вашингтон ҷонибдори мухолифон дар Русия, Белорус ва Венесуэла мебошад. Қаблан Иёлоти Муттаҳида алайҳи баъзе мақомоти Русия барои парвандаи Алексей Навалний таҳримот ҷорӣ карда буд. Светлана Тихановская бо сафири Амрико чораҳои маҳдудкунӣ нисбати президенти Белорус Александр Лукашенкоро баррасӣ кард.

Як рӯз пеш, Блинкен ба Хуан Гайдо, раҳбари мухолифини Венесуэла занг зад. Дар Чин ва Эрон ИМА ба созмонҳои ғайриҳукуматии ғарбӣ ва дигарандешон кумак мекунад.

Дар ҷое ин дастгирии яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ аст, дар ҷое - иғвои бӯҳрони сиёсӣ.

Сиёсати иттилоотӣ, таблиғот, дипломатияи мардумӣ. Таҳримҳо инчунин як воситаи муҳими густариши демократия мебошанд: онҳо ба он элитаҳое, ки мехоҳанд халос шаванд, зарба мезананд. Аммо Ироқу Либияи нав - чунин амалиёт нахоҳад буд, мегӯяд Дмитрий Суслов муовини директори Маркази омӯзиши урупоӣ ва байналмилалӣ, Донишгоҳи Миллии Тадқиқоти Мактаби олии Иқтисоди Русия.

Таърих нишон медиҳад, ки демократияро танҳо бо намунаи шахсӣ роҳандозӣ кардан мушкил аст - аз ҷудо кардани пул барои лоиҳаҳои хориҷӣ мушкилтар аст. Пас дастгирии молиявии нерӯҳои дӯстона, зоҳиран, воситаи асосии Департаменти давлатӣ хоҳад шуд.

141
Барчаспҳо:
роҳи демократия, демократия, роҳ, Русия, ИМА
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол