День 1 февраля нац

Зодрӯзи Убайдуллоев ва дохилшавии мухолифин ба ҳайати Ҳукумати ҶТ: имрӯзи таърих

343
(Таҷдидшуда 13:16 02.02.2021)
Рӯзи якуми феврал дар ИМА – Рӯзи миллии озодӣ, дар Сенегал – Рӯзи Конфедератсия, дар Алҷазоир – Рӯзи тахлия (аз ҷойҳои хавфнок муваққатан ба ҷойҳои осуда кӯчонидани аҳолӣ ва молу анҷом) мебошад

Рӯзи 1 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1893 ихтироъкори америкоӣ Томас Эдисон дар Ню-Ҷерси аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киностудияи "Черная Мария"- ро таъсис дод.

Соли 1995 Конвенсияи ҳудудӣ дар бораи ҳифзи ақаллиятҳои миллӣ қабул карда шуд.

Соли 1946 дипломати норвегиягӣ Трюгве ЛИ аввалин Дабири Кулли СММ интихоб гардид.

Рӯзи 1 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1993 – Ифтитоҳи намояндагии СММ дар Душанбе.

Соли 1998 – Ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бори нахуст намояндагони мухолифин шомил гардиданд.

Соли 1999 – Роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Дарвоз ба истифода дода шуд.

Соли 1993 дар  шаҳри Душанбе Намояндагии аввали СММ — Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) кушода шуд.

Соли 2010 дар Тоҷикистон шиносномаи биометрӣ роҳандозӣ карда шуд.

Соли 2011 сокинони водии Зарафшон аввалин маротиба аз Хатти интиқоли барқи "Шимол — Рӯдакӣ" қувваи барқи дохилӣ дастрас намуданд.

Соли 2011 дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия дар бораи таъсис ва тарзи фаъолияти маркази фарҳангӣ- иттилоотӣ баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари вақти Агентии федеролии Россия  доир ба корҳо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории гуманитарии байналмилалӣ Фарит Мухаметшин  масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи сохтани  неругоҳҳои хурди обӣ – барқӣ ва имконияти таъсис додани корхонаи муштараки Тоҷикистону Германия оид ба истеҳсоли батареяҳои офтобӣ баррасӣ карда шуд.

Соли 2013 — Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои арзишашон 1 ва 2 дирамиро ба муомилот баровард.

Соли 2018 дар Душанбе Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 1 феврал

  • Дар ИМА – Рӯзи миллии озодӣ.
  • Дар Сенегал – Рӯзи Конфедератсия.
  • Дар Алҷазоир – Рӯзи тахлия  (аз ҷойҳои хавфнок муваққатан ба ҷойҳои осуда кӯчонидани аҳолӣ ва молу анҷом).
  • Дар Никарагуа – Рӯзи неруҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ.
  • Дар Малайзия – Рӯзи ҳудуди федералӣ.

Рӯзи 1 феврал кӣ ба дунё омадааст
Соли 1930 – Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Хайрулло Абдуллоев.

Соли 1930 – олими забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мадиброҳим Норматов.

Соли 1938 – журналист Турғун Дадабоев.

Соли 1950 – Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актриса Хадича Абуалимова.

 Махмадсаид Убайдуллоев
© Sputnik / Амир Исаев
Махмадсаид Убайдуллоев

Соли 1952 – Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, собиқ раиси шаҳри Душанбе.Соли 1953 – журналист Давлаталӣ Раҳмоналиев.

Соли 1962 – Маҳмадалӣ Ватанов, вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.

343
Барчаспҳо:
таърих, Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
День 8 марта

Зодрӯзи Қоҳир Расулзода, Раҳмондӯсти Қурбониён ва Рӯзи Модарон: имрӯзи таърих

132
(Таҷдидшуда 19:15 06.03.2021)
Рӯзи 8 март - Рӯзи байналмилалии занон, дар Тоҷикистон – Рӯзи Модар, дар Малайзия – Рӯзи султон ва зимнан Рӯзи байналмилалии гурда мебошад

Рӯзи 8 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1759 Парлумони Порис "Энсиклопедия"-и Дени Дидроро маҳкум намуд.

Соли 1873 дар самти шимолу ғарби Канада фурӯши маҳсулоти спиртӣ манъ карда шуд.

Соли 1920 конгресси миллии Сурия истиқлолияти мамлакатро эълон намуд.

Соли 1950 Иттиҳоди Шӯравӣ расман дар бораи мавҷуд будани бомбаи атомии худ хабар дод.

Соли 1973 дар раъйпурсии Ирландияи Шимолӣ 59% овоздиҳандагон барои нигоҳдории ин қисм дар ҳайати Британияи Кабир овоз доданд.

Соли 1914 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи маҷаллаи "Работнитса" нашр шуд.

Соли 2013 расонаҳо хабар доданд, ки  роҳбарияти осорхонаи Британия ба Осохонаи миллии Тоҷикистон нусхаи 6 нигораи коллексияи ганчинаи Амударёро туҳфа намуданд.

Рӯзи 8 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири вақти Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ масоили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва амниятии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардиданд.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки дипломатии Исломобод дар маросими гузоштани санги асоси таҳкурсии бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон иштирок намуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 март

  • Рӯзи байналмилалии занон.
  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи Модар.
  • Дар Малайзия – Рӯзи султон.
  • Рӯзи байналмилалии гурда.

Рӯзи 8 март дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1944 - ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Раҳмондусти Қурбониён.

Соли 1948 - раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандмурод Зикиров.

Соли 1950 - шоира Хосият Вализода.

Соли 1956 - собиқ фармондеҳи Горди Президенти Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев.

Соли1960 - овозхон Латофат Давлатова.

Соли 1961 - сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода.

 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021

Соли 1978 - устоди варзиши байналмилалӣ Рауф Ҳикматов.

Соли 1981 - сароянда Баҳриддин Бегов.

132
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото

Дар вилояти Маскав усули нави ба кор ҷалб кардани муҳоҷиронро ташкил мекунанд

339
Бо мақсади ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор дар вилояти Маскав, қоидаҳои нав аз соли 2021 татбиқ карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 7 март - Sputnik. Дар вилояти Маскав усули ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор аз соли 2021 тағир хоҳад ёфт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав.

Қоидаҳои нав аз рӯи алгоритме, ки ҳукумати Русия таҳия кардааст, амал мекунад.

Ҳоло ташкилотҳое, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ талабгоранд, бояд интиқоли муҳоҷирон, додани иҷозатномаҳо барои шуғли онҳо, бастани шартномаҳои меҳнатӣ, ташкили манзилу хӯрок, муоинаи тиббӣ пас аз будубош дар Русия, инчунин риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро таъмин кунанд.

Ташкилотҳо бояд барои ҷалби хориҷиён ба системаи иттилоотию таҳлилии "Пойгоҳи Умумироссиягии ҷойҳои кории холии" Кор дар Русия" муроҷиат кунанд.

Сарраёсати амнияти минтақавӣ дар вилояти Маскав ва Вазорати рушди иҷтимоӣ барои иҷрои тадбирҳо дар минтақаи Маскав масъуланд.

Уфа 400 муҳоҷири тоҷикро бо кор таъмин мекунад

Тибқи иттилои вазорат, интизор меравад, ки ба минтақаи Маскав ҳудуди 10 ҳазор муҳоҷири корӣ расанд. Онҳо дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмон кор хоҳанд кард.

339
Барчаспҳо:
ширкатҳо, санад, Муҳоҷират, Русия
Кохир Расулзода, архивное фото

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон 60 сола шуд: таҷлили зодрӯз дар рӯзи модар

48
(Таҷдидшуда 11:13 08.03.2021)
Имрӯз Қоҳир Расулзода, сарвазир ва яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар сиёсати Тоҷикистон зодрӯз дорад. Ӯ ба синни 61 солагӣ қадам гузошт

ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Имрӯз 8-уми март нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зодрӯз дорад.

Қоҳир Расулзода 8 марти соли соли 1961, дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.

Ӯ, соли 1982 Институти кишоварзии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) ро бо ихтисоси “муҳандис-гидротехник” хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро ба сифати техник дар санҷишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” дар соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст.

Баъдан дар вазифаҳои муҳандиси шуъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, сардори КСМ-4, сардори иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” (шаҳри Хуҷанд) фаъолият доштааст. Аз январи соли 2000 то декабри соли 2006 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз 27 феврали соли 2007 то 2013 – Раиси вилояти Суғд таъин карда шуд. Назиров Абдуқоҳир Абдурасулович аз аввалин мансабдороне шумурда мешавад, ки дар пайравӣ ба Президент Эмомали Раҳмон, соли 2007 ном ва насабшаро тоҷикӣ-миллӣ Қоҳир Расулзода кард.

Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дорои унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” буда, бо медали ҷашни “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон” сарфароз гардидааст.

Қоҳир Расулзода оиладор аст. Ҳамсари Расулзода Иқболой Нозирова мебошад.  Нахуствазири Тоҷикистон соҳиби ду духтар Меҳрангез ва Фарангиз ва як писар Абдурасул аст

Меҳрангез дар озодагиву пухтупаз ҳамто надорад, ба иборае хонаи ӯро бемуболиға ҷойи ҷарроҳӣ метавон истифода кард. Фарангис бошад, забоншиносу тароҳи муд аст.

48
Барчаспҳо:
таҷлил, сарвазир, Тоҷикистон, зодрӯз, Қоҳир Расулзода