Орехи и сухофрукты

Топ - 5 ғизо, ки инсонро ҷавон нигоҳ медоранд

823
(Таҷдидшуда 14:51 02.02.2021)
Пизишки парҳезшинос топ панҷ навъи маҳсулоти ғизоиро ном бурд, ки инсонро ҷавон нигоҳ медоранд: онҳо дар хонаи ҳар яки шумо ҳастанд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik.  Антонина Стародубова, диетологи озоди Раёсати тандурустии Маскав 5 маҳсулотеро номбар кард, ки ба дароз кардани умри инсон мусоидат мекунанд.

Ҷойҳои якум ва дуввумро дар ин феҳрист чойи кабуд ва куркума ишғол карданд. Ба гуфти мутахассис, онҳо инсонро ҷавон нигоҳ медоранд.

Стародубова барои онҳое, ки мехоҳанд зебоии худро муддати дароз ҳифз кунанд, тавсия дод, ки бештар қаламфури булғорӣ истеъмол кунанд.

Ба гуфти коршинос ин сабзавот дар таркибаш минералҳо, витаминҳои C, A, гурӯҳи B ва PP дорад. Қаламфур инчунин дорои ликопени антиоксидантии муфид мебошад.

Гулкарам ва чормағз низ барои ҷавону зебо мондан кумак мекунанд, менависад оҷонсии хабарҳои шаҳри "Маскав" аз қавли коршинос.

Ворид кардани гулкарам ба ғизои парҳезӣ мубодилаи липидҳоро ба эътидол меорад.

Хатари маргбор: ба киҳо хӯрдани мандарин мумкин нест?

Мутахассис таъкид кард, ки чормағз дорои ғизонокии баланд мебошад. Онҳоро ба миқдори на зиёда аз 20-30 грамм бидуни пухтан ва намак хӯрдан мувофиқи мақсад аст.

Рӯйхати маҳсулоте, ки инсонро ҷавон нигоҳ медоранд, қаблан аз ҷониби директори Институти тадқиқоти парҳезии Самара Михаил Гинзбург номбар шуда буд.

Кадом маводи ғизоӣ ба беморони COVID - 19 зарар дораду кадом фоида

Ба ин рӯйхат чойи кабуд, равғани зайтун, тухми зағир, моҳӣ ва шоколади сиёҳи бидуни шакар шомил шуда буданд.

823
Барчаспҳо:
ҷавонӣ, ғизо, рушди захираҳои инсонӣ, ҷавон, Ҷаҳон
День 4 марта

Зодрӯзи Дона Баҳромов ва ифтитоҳи Маҷмааи тандурустии "Истиқлол": имрӯзи таърих

40
(Таҷдидшуда 14:58 02.03.2021)
Рӯзи 4 - уми март дар Белорус - Рӯзи милитсия таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе маҷмааи тандурустии "Истиқлол" ифтитоҳ шуд

Рӯзи 4 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

 Соли 1789 аввалин Конститутсия ИМА ба ҳукми амал даромад.

Рӯзи 4 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар ҷаласаи Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» баррасӣ карда шуд.

Соли 2012 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар даври ниҳоии Ҷоми КФО-2012 ба пойтахти Непал-  шаҳри Катманду сафар кард.

День 2 марта
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қарор кард, ки ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо терроризм» тағйирот ворид намояд.

Соли 2014 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими кушодашавии 16-умин намоиш-ярмаркаи армуғон ва сайёҳии  «Тоҷикистон-2014»  баргузор гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор гардид.

Соли  2016 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маросими ботантана Маҷмааи тандурустии "Истиқлол"- ро ифтитоҳ намуд.

Соли 2017 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон баргузор гардид, ки ду рӯз идома ёфт.

Соли 2019 дар бо қарори Ҳукумати Ҷопон собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров барои саҳми арзандааш  дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ҷопон бо мукофоти давлатии ин кишвар – Ордени Тулӯи офтоб дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.

Соли 2020 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои Олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 4 март

  • Дар Белорус — Рӯзи милитсия.

Рӯзи 4 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1875 -нависандаи тоҷик, равшанфикр ва рӯзноманигор Маҳмудхоҷа  Беҳбудӣ.

Соли 1936 - рӯзноманигор Тулфор Қадамов.

Соли 1947 - доктори илмҳои биологӣ Сафарбек Раҳимов.

Соли 1949 - ҳофиз, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Дона Баҳромов.

Соли 1957 – рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода.

40
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн

Миллиардери ҷопонӣ хоҳишмандонро барои парвоз ба Моҳ даъват кард

290
(Таҷдидшуда 18:10 03.03.2021)
Соҳибкори ҷопонӣ Юсаку Маезава бораи ҷалби ихтиёриён барои парвоз ва боздид аз Моҳ хабар доду барои довталабон чанд шарт гузошт

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Соҳибкори ҷопонӣ Юсаку Маезава дар бораи ҷалби гурӯҳ барои парвоз ба Моҳ хабар дод. Вай дар ин бора дар сафҳаи Твиттери худ эълом кардааст.

Ҳашт нафар метавонанд, ки ба моҳвораи Замин сафар кунанд. Парвоз ба моҳ дар соли 2023 пешбинӣ шудааст.

Бо вуҷуди ин, корҳо он қадар содда нестанд: Маезава як қатор шартҳоро ба миён гузошт, яъне ихтиёриён бояд онҳоро иҷро кунанд. Аввал ин хоҳиши ҳар довталаб барои расонидани манфиат ба ҷомеа тариқи парвоз ба Моҳ аст.

"Ҳар пешае ки доред, ман умедворам, ки парвоз ба моҳ ба шумо кӯмак мекунад, ҳудуди фаъолиятҳоятонро васеътар созед, то ба дигарон ва дар маҷмӯъ ба ҷомеа манфиати бештаре оред", - гуфт соҳибкор.

Ҳамчунин шарти дуввум, хоҳиши дар як гурӯҳ кор кардан ва дастгирии ҳар як иштирокчии сафари ғайриоддӣ мебошад.

Қаблан Маезава ҳуқуқ пайдо кард, то аввалин сайёҳи кайҳонии SpaceX шавад ва ӯ ҳамаи ҷойҳои киштии Starship -ро харидорӣ кард.

Миллиардер 45 сол дорад. Вай бузургтарин мағозаи онлайнии либосҳои Ҷопон Zozotown -ро таъсис дод. Тибқи маҷаллаи Форбс, Маезава дар рейтинги сарватмандтарин ҷопониҳо дар ҷои 23-юм қарор дорад. Дороии соҳибкор ба ду миллиард доллар баробар аст.

Пештар, Маезава чунин озмунро ташкил карда буд, аммо шарти асосии он танҳо иштироки занон буд. Ҳамин тариқ, миллиардер пас аз ҷудо шудан бо дӯстдухтари худ рафиқе пайдо карданӣ буд.

Соли гузашта соҳибкор озмунеро барои муштариён ташкил кард. Вай дар Twitter байни 100 нафар одамони тасодуфӣ 900 000 долларро гузошт. Ин твит маъмултарин дар таърихи шабакаи иҷтимоӣ шудааст.

290
Барчаспҳо:
дороӣ, даъват, парвоз, моҳ