Доналд Трамп ба ҷоизаи Нобел пешниҳод шуд

700
(Таҷдидшуда 13:35 02.02.2021)
Президенти собиқи Амрико Доналд Трамп имкон дорад ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалиро соҳиб шавад

ДУШАНБЕ, 2 феврал - Sputnik. Президенти пешини ИМА Доналд Трамп ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ шуд. Ин ташаббусро вакили парлумони Аврупо аз Эстония Яак Мадисон ба миён гузоштааст.

Яак Мадисон дар бораи қарори худ оид ба пешбарии президенти 45-уми Амрико ба ҷоизаи Нобел дар сафҳаи Фейсбукияш навиштааст.

Мэдисон дастовардҳои Трампро номбар кард, ки собиқ сарвари давлат сазовори ҷоизаи фахрист. Ба гуфтаи вакил, яке аз хизматҳои асосии сиёсатмадор дар он аст, ки ӯ ҷангҳои навро оғоз накардааст. Трамп аввалин президенти ИМА дар 30 соли охир шуд, ки муноқишаҳои мусаллаҳонаро бар наангехтааст.

Вакил таъкид кард, ки Трамп як қатор созишномаҳои сулҳро имзо кард, ки ба таъмини субот ва сулҳ дар минтақа кумак карданд. Яке аз онҳо ҳуҷҷатҳои марбут ба эътидол овардани муносибатҳои байни кишварҳои арабӣ ва Исроил буд.

Мэдисон ёдовар шуд, ки номзадҳоро ба ҷоизаи сулҳи Нобел низ метавонанд аз ҷониби аъзои парламент пешбарӣ кунанд ва ӯ тасмим гирифт, ки ин фурсатро истифода барад.

"Мӯҳлати ниҳоӣ нисфи шаби 31 январ аст ва ман инро расо ду соат пеш аз мӯҳлат иҷро кардам",- гуфт депутат.

Трамп гуфт, ки пас аз тарки раисҷумҳурӣ чӣ кор мекунад

Трамп бори аввал ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ нашудааст. Пештар муаллифони чунин ташаббус нақши онро дар сулҳи байни Исроил ва Аморати Муттаҳидаи Араб, Сербия ва ҷумҳурии қисман эътирофшудаи Косово баҳои баланд доданд.

700
Барчаспҳо:
номзадҳо, Ҷоизаи Нобел, Доналд Трамп

Лукашенко Лукашенкоро аз мансабаш барканор кард

930
(Таҷдидшуда 18:55 26.02.2021)
Александр Лукашенко тасмим гирифтааст, ки дар дастгоҳи президенти Беларус тағйироти кадрӣ анҷом диҳад ва писарашро аз вазифа сабукдӯш кунад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Писари калонии президенти Беларус, Виктор Лукашенко роҳбари Кумитаи миллии олимпии кишвар таъйин шуд, хабар медиҳад БелТА.

Бояд қайд кард, ки Виктор Александрович вазифаи ёвари президент оид ба амнияти миллиро ба ӯҳда дорад.

Тибқи изҳороти президенти Беларус, дар робита ба таъйиноти нав, писари калониаш аз вазифаи ёрдамчии президент барканор карда мешавад.

"Имрӯз вай бо тамоми оқибатҳои минбаъда аз вазифаи ёвари президент оид ба амнияти миллӣ озод карда мешавад", - гуфт президенти Беларус.

Писари калони Александр Лукашенко Виктор 28 ноябри соли 1975 таваллуд шудааст. Вай дар қисми махсуси нерӯҳои марзбонӣ хидмат кардааст.

Ӯ қаблан дар Вазорати корҳои хориҷӣ, аз соли 2005 ба ҳайси ёвари президент оид ба амнияти миллӣ корро оғоз карда, пас аз ду сол ба Шӯрои амнияти Беларус таъйин шуд. Аз соли 2019, ӯ ноиби президенти КМО буд ва ҳамакнун раҳбари он гардид.

Лукашенко дар бораи ояндаи писаронаш: ҳеҷ яке аз онҳо президенти Беларус нахоҳанд шуд

Бародари ӯ, Дмитрий Лукашенко, мансаби раиси шӯрои марказии иттиҳодияи ҷумҳуриявии ҷамъиятии "Клуби варзишии президентӣ" -ро дорад ва узви КМО Беларус мебошад.

Писари хурдии Лукашенко Николай 31 августи соли 2004 бидуни никоҳ таваллуд шудааст.

Ваъдаи Лукашенко ба мардумаш: ором шавед, тибқи Сарқонуни нав президент нахоҳам буд

Вай дар литсейи Донишгоҳи давлатии Беларус таҳсил карда, пас аз нооромиҳо дар кишвар ба муассисаи таълимии Маскав интиқол дода шудааст.

930
Барчаспҳо:
КМО, мансаб, Александр Лукашенко, Беларус
Президент Белоруссии Александр Лукашенко (справа) со своими сыновьями Виктором, Николаем и Дмитрием (слева направо)

Лукашенко дар бораи ояндаи писаронаш: ҳеҷ яке аз онҳо президенти Беларус нахоҳанд шуд

691
(Таҷдидшуда 17:43 26.02.2021)
Президенти Беларус Александр Лукашенко ба мавзӯи ҳассоси интиқоли қудрат дар кишвар ва ба яке аз писаронаш додани вазифаи сарвари давлат дахл кард

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Пас аз он ки писари Лукашенко вазифаи нав гирифт, дар саросари кишвар овозаҳо паҳн карданд, ки Александр Лукашенко қасд дорад қудратро дар кишвар ба ихтиёри яке аз наздиконаш гузорад.

Александр Лукашенко ин гуна тахминҳоро ба таври дағалона шарҳ дод.

"Ман бисёр вақт мегуфтам, ки ин ҳеҷ гоҳ дар оилаи мо баррасӣ нашудааст ва онро муҳокима кардан мумкин нест. Азбаски пас аз ман ҳеҷ яке аз фарзандони ман дар Беларус президент нахоҳанд шуд", - гуфт Лукашенко пеш аз интихоби роҳбарияти Кумитаи милии олимпӣ, хабар медиҳад БЕЛТА.

Ёдовар мешавем, ки писари калонии президент Виктор Лукашенко ба ҳайси ёвари сарвари давлат ва аз 26 феврал раҳбари Кумитаи миллии олимпии Беларус аст.

Бисёриҳо бар онанд, ки номзади беҳтарин барои мақоми президенти оянда писари хурдии Лукашенко аст.

Николай дар байни занони Беларус маҳбуб аст.
Ғайр аз ин, Александр Лукашенко дар синни 12-солагӣ сар карда карда писарро бо худ ба ҳама чорабиниҳои муҳим мебарад.

Лукашенко: каме дар курсии раисҷумҳури Беларус зиёдтар нишастам

Хотиррасон мекунем, ки президенти Беларус дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия-1" эътироф кард, ки шояд ӯ ҳамчун сарвари давлат "каме бештар нишаста" бошад.

Аммо, Лукашенко илова кард, ки ӯ наметавонад ҳоло курсии президентиро тарк кунад.

691
Барчаспҳо:
президент, Александр Лукашенко, Беларус
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото

Вазир дар бораи ифтитоҳи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Наврӯз - мешавад ё не?

646
(Таҷдидшуда 21:01 26.02.2021)
Намояндагони мақомот тавзеҳ доданд, ки кай сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд бе мамоният марзи ду кишварро убур кунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Намояндагони вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гуфтушунид баргузор карданд, ки дар рафти он масоили ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар расонаҳои маҳаллӣ пас аз ин мулоқот маълумот пайдо шуд, ки намояндаи вазорати корҳои хориҷии  Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини аввали вазири умури хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев масоили ифтитоҳи марзро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла хабар дода мешавад, ки сарҳадҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон эҳтимол дорад дар Наврӯз ифтитоҳ шавад.

Хабарнигори  Sputnik Тоҷикистон барои равшанӣ андохтан ба ин масъала, ба вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим муроҷиат кард.

"Мо бо Ӯзбекистон муносибатҳои хубу наздик дорем. Дар соҳаи нақлиёт хело муносибати зич дорем ва феълан масоили мубрамро баррасӣ мекунем, аммо дар бораи ифтитоҳи гузаргоҳҳо гуфтушуниде анҷом надодаем", - изҳор дошт Азим Иброҳим.

Гузаргоҳи "Ҷартеппа" дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон барои донишҷӯён боз шуд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ки марзи байни Тоҷикистон ҳамон вақт ифтитоҳ мешавад, ки "пандемия ба анҷом расад, яъне вазъи мусоиди эпидемиологӣ ба вуҷуд ояд".

646
Барчаспҳо:
марз, Ӯзбекистон, Тоҷикистон