Вид на жилой комплекс Абрадж аль-Бейт с крыши мечети Масджид аль-Харам в Мекке, архивное фото

Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони 20 кишварро муваққатан манъ кард

837
(Таҷдидшуда 17:58 03.02.2021)
Мақомоти Арабистони Саудӣ тасмим гирифтанд, вуруди шаҳрвандони 20 кишварро муваққатан манъ намоянд

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ ба нақл аз як мақом дар Вазорати кишвари Саудӣ ахиран эълом кардааст, ки дар пайи густариши бемории Ковиди 19 вуруди шаҳрвандони 20 кишвар ба ҷуз дипломатҳо, муттахассисони беҳдошт ва саломат ва хонаводаҳои онҳо муваққатан манъ шудааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Бино бар иттилои манбаъ вуруди муваққатӣ ба шаҳрвандони Олмон, Амрико, Аргентина, ИМА, Индонезия, Ирландия, Япония, Италия, Покистон, Бразилия, Португалия, Англия, Туркия, Африқои Ҷанубӣ, Шветсия, Шветсария, Фаронса, Лубнон, Миср ва Ҳинд дахл доштааст.

Арабистони Саудӣ марзҳояшро боз кард

Арабистони Саудӣ пас аз Ироқ зиёдтарин маргу мир аз коронаро миёни кишварҳои арабии Ғарби Осиё сабт кардааст.

То кунун беш аз 368 ҳазор бемори Ковиди 19 дар Арабистон шиносоӣ ва марги 6 ҳазору 400 нафар аз онон низ сабт шудааст.

837
Барчаспҳо:
шаҳрвандон, манъ, вуруд, Арабистони Саудӣ
Принц Саудовской Аравии М. ибн Салман Аль Сауд

Амрико дар куштори Хошуқҷӣ шаҳзодаи арабро муттаҳам мекунад

202
(Таҷдидшуда 19:58 27.02.2021)
Дар гузориши истихбороти ИМА қайд карда мешавад, ки шоҳзодаи валиаҳд рӯзноманигор Хошуқҷиро ҳамчун таҳдид ба Арабистони Саудӣ мешуморад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Амалиёти боздошт ё куштани рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ дар Истамбул, дар соли 2018 аз ҷониби шахсан валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон тасдиқ карда шуда буд. Дар ин бора дар гузориши дафтари мудири иктишофи миллии ИМА омадааст, менависад РИА Новости.

Масъулони иктишоф муътақиданд, ки сатҳи шоҳзода аз болои тасмимгирӣ дар кишвар ба ҳадде баланд аст, ки ин бидуни ризоияти ӯ ба вуқӯъ намеомад.

"Валиаҳд Хошуқҷиро таҳдид ба подшоҳӣ арзёбӣ кард ва дар сурати зарурат барои хомӯш кардани ӯ истифодаи чораҳои зӯровариро дастгирӣ кард", - омадааст дар гузориш.

Дар ин санад омадааст, ки мақомоти Арабистони Саудӣ ин амалиётро тарҳрезӣ кардаанд ва 21 нафареро номбар кардаанд, ки ИМА онҳоро "бо итминони баланд" гумонбарони қатли Хошуқҷӣ қарор додааст. Дар айни замон, иктишоф наметавонад иддао кунад, ки шахсони алоқаманд медонистанд, ки ниҳояти ин амалиёт чӣ мешавад.

Пас аз интишори гузориши иктишофӣ, Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аз ҷорӣ кардани "Таҳримҳои Хошуқҷӣ" хабар дод.

"Ин имкон медиҳад, ки маҳдудиятҳои раводид алайҳи шахсоне ҷорӣ карда шаванд, ки ҳангоми намояндагӣ аз ҳукуматҳои хориҷӣ ба амалҳои ҷиддии экстерриториявӣ алайҳи дигарандешон, аз ҷумла саркӯб кардан, таъқиб, мушоҳида кардан, таҳдид ё зарар расонидан ба рӯзноманигорон, фаъолон ва дигар шахсон анҷом додаанд ", - гуфт вай.

Пас аз интишори гузориш, арӯсшавандаи рӯзноманигори кушташуда Хадиҷа Ҷенгиз хештеги #justiceforjamal ("адолат барои Ҷамол") -ро дар Twitter нашр кард.

Гузоришгари вижаи СММ оид ба қатлҳои ғайриҳуқуқӣ Агнес Калламард аз Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ки алайҳи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон таҳримот ҷорӣ кунанд.

"Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бояд алайҳи валиаҳд, тавре ки бо дигар ҷинояткорон кардааст, нисбати дороиҳои шахсии ӯ ва инчунин ӯҳдадориҳои байналмилалии худ таҳримот ҷорӣ кунад" гуфт ӯ дар изҳорот.

Дар навбати худ, мақомоти Арабистони Саудӣ хулосаҳои гузориши иктишофии ИМА дар бораи иштироки валиаҳд дар куштори Хошуқҷиро рад карданд.

"Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баҳои манфӣ, дурӯғин ва ғайри қобили қабул дар бораи ҳисоботи роҳбарияти Салтанатро, ки дар гузориш омадааст, комилан рад мекунад ва қайд мекунад, ки дар ин гузориш иттилоот ва хулосаҳои носаҳеҳ мавҷуд аст", - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ.

Вазорати корҳои хориҷии салтанати Ховари Миёна инчунин қайд кард, ки байни ИМА ва салтанат "шарикии қавӣ" вуҷуд дорад.

Бернӣ Сандерс аз Трамп хост муколамаи телефониашро бо Муҳаммад бин Салмон ифшо намояд

Рӯзноманигори маъруфи саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ аз соли 2017 дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекард ва дар Washington Post кор мекард. Вай моҳи октябри соли 2018 дар Истамбул кушта шуд.

Дар ибтидо мақомоти Арабистони Саудӣ нопадид шудани ӯро дар консулгарии Арабистон рад карданд, аммо пас аз муддате пас аз пайдо шудани сабтҳои видео ва аудио, онҳо эътироф карданд, ки Хошуқҷӣ "дар натиҷаи муноқиша бо масъулони консулгарӣ" кушта шудааст. Полиси Туркия ҳеҷ гоҳ натавонистааст ҷасади ӯро пайдо кунад.

Расонаҳои арабӣ версияҳоеро пешниҳод карданд, ки фармони куштори Хошуқҷӣ, ки амалҳои мақомоти Арабистони Саудиро танқид мекунад, метавонист ба довталаби тахти салтанат - шоҳзодаи валиаҳд дода шавад. Аммо, Вазорати корҳои хориҷии Салтанат изҳор дошт, ки валиаҳд бо ин ҷиноят ҳеҷ иртибот надорад.

202
Сотрудники службы безопасности Афганистана осматривают место взрыва бомбы в Кабуле, 20 декабря 2020

Ду ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар Афғонистон кушта шуданд

271
Эҳтимоли ғолиб кушташудаҳо аъзои гурӯҳи ДИИШ ҳастанд, ки ба дуруғ худро вобаста бо Толибон муаррифӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ду ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар Афғонистон кушта шуданд, хабар медиҳад "Парс тудей" дар истинод ба "Топ Тиҷи".

Бино бар иттилои манбаъ, ду ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар даргирии ахири нерӯҳои амниятии Афғонистон бо гурӯҳи Толибон дар шаҳристони Нусайи вилояти Бадахшон кушта шудаанд.

Гуфта мешавад, Эшон Зайналобиддин, фармондори шаҳристони Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтааст, ки дар ин даргирӣ се нерӯи амниятӣ ва 9 узви гурӯҳи Толибон кушта шудаанд, ки ду нафар аз онон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

"Ҷасадҳои ин ду тоҷик ба номҳои Муҳаммадюнус ва Хизифа дар минтақаи Хугад ба хок супурда шудааст", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Ӯ муътақид аст, ки авомили даргире бо нерӯҳои амниятӣ дар ин минтақа аъзои гурӯҳи ДИИШ ҳастанд, ки ба дуруғ худро вобаста бо Толибон муаррифӣ мекунанд.

Фармондори шаҳристони Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон ҳамкории наздики мақомоти амниятии Тоҷикистону Афғонистонро барои муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ дар ин вилоят хостор шудааст то дар оянда дардисаре барои кишвари ҳамсоя эҷод нашавад.

Душанбе аз сарбозони кушташуда дар Афғонистон ёд кард: 11 акс аз маросими поси хотири онҳо

Пас аз ин даргирӣ генерал Анатолий Сидоров, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) теъдоди аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Туркманистон дар шимоли Афғонистонро 15 ҳазор нафар эълом кард.

Вай афзуд, теъдоди нерӯҳои гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон низ ҳудӯди 70 ҳазор нафар аст.

Сидоров аз тасмими ин созмон барои баргузории 4 размоиши роҳбурдӣ дар наздикии марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон дар соли 2021 хабар дод.

271
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ

"Юбилей" - и Баҳром бе ӯ: ёди дӯсти Ғафурӣ аз ҷашнҳои зодрӯз, туҳфаи дӯстдошта ва нақшаҳо

0
(Таҷдидшуда 13:48 28.02.2021)
Баҳром Ғафурӣ, овозхони марҳуми тоҷик, агар зинда мебуд имрӯз 45-солагияшро таҷлил мекард. Фахриддин Холбек, дӯсти Баҳром ёд овард, ки солҳои гузашта ин рӯзро чӣ гуна мегузаронданду марҳум барои 45-солагияш чӣ нақша дошт ва чӣ туҳфаро меписандид

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Аслан ин рӯз дар тақвим тайи чор сол як бор меояд, аммо Фахриддин Холбек мегӯяд, барои ҳалқаи дӯстону наздикони Баҳром ҳар сол ин рӯз вуҷуд дошт.

Дар нахустин рӯзи мавлуди Баҳром Ғафурӣ, ки бидуни соҳибҷашн мегузарад,  Холбек дар саҳифааш аз шеваи таҷлили ин рӯз дар гузашта ва ниятҳои овозхон барои имсол навиштааст:

Ин субҳ, ки ман дар сари қабраш истодаам, дар гузашта як субҳи хосе буд. Ҳар сол ин субҳ занг мезад ва мегуфт: “Аввалин касе ҳастӣ, ки фарёдат мекунам. Бегоҳ ҷое наравӣ, хонаи поён меравем. Ёдат наравад!”

Ва мо ҳар сол имрӯз ба хонаи поён мерафтем. Хонаи амаки Шамсиддин. Он ҷо ҳама мебуданд: Садриддин, Остон, Зикриоллоҳ, Рустам, марҳум Суҳробу. Ҳама. Рӯшан ба ёд оварда наметавонам, ки тайи 18 соли гузашта он бегоҳҳо боз киҳо ҷамъ мешуданд. Он бегоҳҳо оши бомаззаи холаам буду дастурхони пур, тарона буду шодмонӣ, шавқ буду шӯр, хонданҳову хандаҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир, ки ҳоло дигар моли хотираҳо шудаанд.

Зодрӯзе, ки имсол дар тақвим нест

Ӯ ин субҳ занг назад. Ҳеҷ кас занг назад. Ман ҳам интизор надоштам, ки касе занг мезанад. Касе, ки занг мезад, дигар нест, ба ҷовидона пайвастааст. Ман дигар он садои хоболудашро намешунавам. Оне ҳам, ки исрор кунад, “ҷое наравӣ!”, нест, балки худ рафтааст. Фақат дар хобҳоям пайдо мешавад, хобҳое, ки замину замонро сарам чаппа мекунанд. Дилам танг мешавад.

Солҳои пеш маро ғофилгир мекард, ё аз ёди ман мерафт, ки он рӯз чӣ рӯз аст. Вале имсол хуб медонам, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Ҳатто як моҳ пеш медонистам, се рӯзи пеш ва ин субҳ ҳам аввалин фикрам ин буд, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Фақат бо ин фарқ, ки медонам, касе зангам намезанад ва ман ҳам ба ӯ занг намезанам, то бигӯямаш: “Додаракам, боз як соли дигар пир шудӣ!” Фақат ба ин фарқ, ки имрӯз дигар ҳеҷ гоҳ як рӯзи оши бомаззаи холаам, таронаву шавқу шӯр, хонданҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир нахоҳад буд. Чанд рӯз аст, ки дасту дилам ҳам кор намеравад.

Шояд барои ҳамеша як рӯзи дигар хоҳад буд. Ҳанӯз як соли пеш орзу дошт, ки ба шарафи 45 – солагӣ – “юбилей” – е, ки мегуфт, як консерт барпо карда бошад, консерти хайрия ва беҳтарин таронаҳои умри худро бихонад. Чӣ орзуе ғайриоддӣ! Дар ин соли ҳамагирӣ, ки мардум дар фикру ҷону нон буданд ва ин ҳама хушназариву хушбинии як ошиқи зиндагиву тарона. Ҳатто ёдаш рафта буд, ки саҳнаҳо ҳам бастаанд.

Ҳатто зодрӯзаш ҳам ғайриоддӣ буд. Мегуфт, рӯзи мавлудаш 29 феврал аст. Ин рӯз агар дар чор сол як бор такрор шавад, барои мо ҳар сол вуҷуд дошт, чун зодрӯзи ӯ буд.

Зиёрати қабристон ва дуои дигар ба ҷои "100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ"

Солҳое буд, ки аз қабл ба ин рӯз омодагӣ медидам. Медонистам, ки барояш беҳтарин туҳфа таронаи нав аст, як таронаи “коғазпеч”. Соли 2003 ин туҳфа “Абри гирёни ғуруб”, соли 2008 – “Муҳоҷирбача” ва баъд... дар ба дари студияҳо гаштану шабу нимашаб танзим кардану хондану шунидан. Ҳамин тавр, бо зодрӯзи ӯ таронаҳо ҳам ба дунё меомаданд.

Имрӯз на дар фикри туҳфае ҳастам ва ҳам намедонам, ки чӣ кор кунаму бо кӣ аз ӯ гӯям. Шаҳр хеле шуд, ки бо рафтанаш холӣ шудааст. Хонаи поён ҳам. 9-ум километру Мавлоно ҳам. Паймонаҳо шикаста, дилҳо шикаста, орзуву армонҳо шикаста... Додаракам ҳам дигар пир намешавад. Рафт. Ҷояшро ҳам дигар касе гирифта натавонист. Мегуфт, бо ман бошӣ, дилам пур аст. Ҳоло мегӯям, нестӣ, дилам пур нест. Холист. Балки худ як холигоҳи бузург шудаам.

Ин субҳ дилам сахт танг шуд ва рафтам ба мазораш, то бигирям, бигиряму... табрикаш кунам. Як роҳе ҳаст, як мӯъҷизае, фариштае ҳаст, ки садои маро ба ӯ бирасонад:

Зодрӯз муборак, додараки ширинам, 45-солагӣ муборак!

Ва ба ҷои “100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ!”, мегӯям, “Ҷоят ҷаннат! Дидорат ба қиёмат!” Дили ман танги ту шуд, кошки пайдо бишавӣ!

Ин ёддошти дӯсти Баҳром Ғафурӣ дар ҳолест, ки овозхони шинохта бар асари як тасодуф дар роҳ 7 августи 2020, тақрибан соатҳои 4:00 дар синни 44-солагӣ даргузашт. Ҳодиса дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух додааст. Мошине, ки овозхон мусофираш буд,  ба автомашинаи "КаМаз" бархӯрд.  Ӯро ба шъъбаи 5-уми беморхонаи Қарияи Боло интиқол медиҳанд, аммо ӯро наҷот дода наметавонанд. Ҷасади ӯ, худи ҳамон рӯз дар қабристони деҳаашон дар маҳаллаи маъруф ба Мавлоно ба хок супурда шуд.

0
Барчаспҳо:
зодрӯз, фавт, овозхон, Тоҷикистон