День 4 февраля нац

Оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА ва таъсиси Facebook: имрӯзи таърих

162
(Таҷдидшуда 19:56 03.02.2021)
Рӯзи чоруми феврал Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории саратон буда дар Шри-Ланка – Рӯзи истиқлолият ва дар Ангола – Рӯзи муборизаҳои мусаллаҳона мебошад

Рӯзи 4 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1861 дар ИМА ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд.

Соли 1911 ширкати "Роллс-Ройс" барои автомобилҳои худ тамғаи махсус созмон дод.

Соли 1934 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Венгрия муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.

Соли 1935 аваллин қатораи озмоишӣ дар Метрополени Маскав ба ҳаракат даромад.

Соли 1976 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Гватемала 23 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

Соли 1985  қатъномаи СММ дар бораи манъ кардани шиканҷа қабул гардид.

Соли 2003 Конститутсияи Сербия ва Ченогория қабул карда шуд.

Соли 2004 Марк Сукерберг сомонаи "Thefacebook"-ро дар суроғаи thefacebook.com фаъол намуд. Имрӯз ин сомона ҳамчун машҳуртарин ва бузургтарин сомонаи иҷтимоӣ – Facebook дар ҷаҳон буда, Марк Сукерберг сарватмандтарин шахси олам ба шумор меравад.

Социальная сеть Фейсбук, архивное фото
© Flickr / Franco Bouly
Социальная сеть "Фейсбук", архивное фото

Рӯзи 4 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми "Шабакаи ташкилотҳои шарикон оид ба обтаъминкунии устувор ва ҳолати санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Шўрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Шӯрои мазкур бо иштироки аъзои он ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раиси шаҳри Душанбе ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Соли 2016 дар сомонаи ФИФА рейтинги февралии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол нашр шуд. Дар ҳисоб дастаи футболи Тоҷикистон мисли моҳи гузашта (январи соли 2016) 196 хол ба даст овард. Миёни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё дастаи мо мисли пешина мақоми 26-умро касб намуд.  

Соли 2016 дар дафтари намояндагии Фонди рушди "Институти тадқиқотии АвруОсиё" маросими супоридани диплом ба барандагони озмуни донишҷӯии ба номи Дмитрий Менделеев ва Михаил Ломоносов баргузор гардид.

Соли 2016 дар Тоҷикистон сомонаи расмии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳо дар самти таъмини ҳуқуқи инсон http://khit.tj фаъол карда шуд.

Соли 2017 хабар дода шуд, ки дар умум дар соли 2017 барои ба Русия кӯч бастан аз Тоҷикистон 16 ҳазору 892  ариза додаанд.

Соли 2019 вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон сафар кард.

Соли 2019 дар яке аз биноҳои истиқоматӣ дар гулгашти Никитский 12 сӯхтор сар заду ҷони чандин касро гирифт.

Ҷашнҳои рӯзи 4 феврал

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории саратон.
  • Дар Шри-Ланка – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Ангола – Рӯзи муборизаҳои мусаллаҳона.

Рӯзи 4 феврал кӣ ба дунё омадааст

Латиф Комилӣ (1954) - мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тиҷикистон.

Аламхон Кӯчаров (1946) - доктори илми филологӣ, профессор.

Муравин Семён (1907 - 1974) - консертмейстр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Муҳаммадзода Нодира (1986)- шоира.

Суҳроби Маҳмуд (1975)- сароянда.

Шевченко Всеволод (1905-1949)- кинооператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Туғрал Шокиров (1953)- доктори илми филологӣ, профессор.

Ҳабиб Юсуфӣ (1916 - 1945) - шоир.

162
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн, ҷашн
Мавзуъ
Зодрӯзи Убайдуллоев ва дохилшавии мухолифин ба ҳайати Ҳукумати ҶТ: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Оқил Оқилов ва Тоҷиддин Муҳиддинов: имрӯзи таърих
Ҳалокати 104 кас дар паи суқути ҳавопаймо дар Кобул: имрӯзи таърих
Медицинский сотрудник держит в руках ампулу с российским препаратом Спутник V

Омори ахири коронавирус дар ҷаҳон

106
(Таҷдидшуда 13:30 04.03.2021)
Шумори гирифторон ба коронавирус дар саросари олам ба 115 миллиону 768 ҳазору 959 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта ба ин ҷамъ боз 179 ҳазору 810 нафар пайвастанд

 ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ 2 миллиону 571 ҳазору 785 нафар эълон шуд ва зарфи 24 соати гузашта дар олам боз 5 292 нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд.

91 миллиону 469 ҳазору 136 нафар пурра муолиҷа шудаанд. 90 ҳазору 78 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.  Ҳамоно ИМА, Ҳинд ва Бразилия се кишваре мебошанд, ки олудаҳои бештар ба КОВИД-19 доранд.

Барои истеҳсоли воксани ватании зидди коронавирус дар қаламрави Италия аз 4 то 6 моҳ вақт лозим аст, гуфтаанд олимон ва намояндагони ширкатҳои дорусозии ин кишвар дар мулоқот бо роҳбарони вазорати рушди иқтисодӣ рӯзи чоршанбе.  

Дар як нуқтаи озмоишии Нидерландия таркиш ба вуҷуд омадааст ва пулиси ин кишвар гуфтааст, ки касе осеб надидааст.

Ин ҳодиса субҳи рӯзи чоршанбе ҳангоми ифтитоҳи маркази тестӣ барои коронавирус дар шаҳри Бовенкарспел дар ғарби ин мамлакат рух додааст. Пулис фарзияи таркиши қубури даромадгоҳро мавриди таҳқиқ қарор додааст.  

Ҳукумати Лаҳистон хабар додааст, ки ин кишвар дар рӯ ба рӯ ба мавҷи сеюми коронавирус қарор дорад. Зарфи як шабонарӯзи охир 15 698 ҳодисаи сироят ба КОВИД-19 сабт шудааст.

Ин ду баробар бештар аз як рӯзи пеш аст. Ҳамчунин теъдоди бистаришудагон дар беморхонаҳо ва фавтидагон низ меафзояд.

Коронавирус боз авҷ мегирад? СҶБ аз афзоиши сироятшавӣ дар ҷаҳон гуфт

Чанд кишвар дар қораи Африқо дар доираи барномаи байналмилалии Covax соҳиби воксан зидди коронавирус шуданд. Рӯзи чоршанбе  Кения беш аз як миллион доза воксани Донишгоҳи Оксфорд ва ширкати AstraZeneca-ро ба даст овард.

Дар Никарагуа рӯзи 2 марти соли равон эмкунии сартосарии аҳолӣ бо воксани русии "Спутник V" оғоз шуд.

Қарор аст моҳи майи соли 2021 Ҷумҳурии Халқӣ Демократии Корея дар доираи барномаи байналмилалии  COVAX Facility 1,7 миллион доза воксани зидди коронавируси ширкати дорусозии AstraZeneca-ро дарёфт кунад.

ҶХДК дар рӯйхати 92 кишвари олам шомил аст, ки тибқи як барномаи умуиҷаҳоние соҳиби воксан мешаванд, ки кишварҳои мутараққӣ сармоягузорӣ кардаанд.  

Агентии Синхуа хабар дод, ки беш аз 5 миллион нафар сокинони шаҳри Пекин-пойтахти Чин вояи аввали воксани зидди коронавирусро дарёфт кардаанд. Аз ҳисоби умумӣ 2,64 миллион нафар дозаи дуюми онро низ гирифтаанд.  

Дуюмин рӯз аст, ки дар Русия камтар аз 11 ҳазор мубталои нав ба КОВИД-19 ба қайд гирифта мешавад. Беш аз 300 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Русия  аввалин дозаи воксани  "Спутник V"-ро гирифтаанд. 

Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 717 нафар сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст, ки аз рӯзе қабл 60 нафар зиёд аст.  

 Қирғизистон аз сирояти боз 48 нафар ба коронавирус хабар дод.

Рӯзи 3 марти соли равон дар Ӯзбекистон боз 45 нафар чун гирифтори нав ба COVID-19 сабт шуд ва шумори умумии сироятёфтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 80 006 нафар расид.

Дар айни замон 835 нафар дар беморхонаҳо муолиҷа мешаванд, ки ҳоли 146 нафар вазнин ва саломатии 27 нафар хеле вазнин арзёбӣ шудааст.

COVID - 19 ақибнишинӣ дорад: сироятёбӣ дар ИДМ рӯ ба коҳиш ниҳодааст - видео

Замони эмкунии саросарӣ дар ин кишвар бар зидди коронавирус нимаи аввали моҳи март эълон шудааст ва тибқи нақша то охири сол 7 миллион сокинони он эм карда хоҳанд шуд. 

106
Барчаспҳо:
Дар ҷаҳон, вируси корона, Тоҷикистон

Таҳдиди ҳамла ба Капитолий: Амрико ҷаласаи конгрессро фавран лағв кард

138
(Таҷдидшуда 13:25 04.03.2021)
Вакилони амрикоӣ бо далели таҳдиди ҳамлаи дубора ба Капитолий аз ҷониби шаҳрвандони тундгарои кишвар ҷаласаро лағв карданд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Палатаи намояндагони Конгресси Амрико бо далели ҳушдори амниятиҳои кишвар аз маслиҳати ҳамла ба Капитолий аз ҷониби як қатор шаҳрвандон ҷаласаро лағв карданд, хабар медиҳад Washington Post.

Вакилон пас аз он ҷаласаро лағв карданд, ки маълумот дар бораи эҳтимоли ҳамла ба парлумонро аз ҷониби як қатор шаҳрвандони тундгаро ба даст оварданд.

Маълум гардидааст, ки радикалҳо маълумотеро паҳн мекунанд, ки 4 март "рӯзи ҳақиқии савгандхӯрӣ"-ст. Дар ин рӯз бояд собиқ раисҷумҳур Доналд Трамп савганд ёд карда, ба марҳилаи дувуми президентӣ оғоз кунад.

Полиси Капитолий изҳор доштааст, ки аз нақшаи ин гурӯҳ, ки мехоҳанд дар ин рӯз ба парлумон зада дароянд, бохабар аст.

Хадамоти амниятӣ бо боварӣ изҳор доштааст, ки ба ҳама гуна таҳдид омода аст. Аммо маълумоти бештарро зери чатри "махфӣ" бурдаанд.

Ёдрас мешавем, 6 январ эътирозгарон, ҷонибдорони Трамп нахуст ба бинои Капитолий ворид шуда, толори сенатро, ки дар нақша буд, натиҷаҳои интихоботро дар он баррасӣ кунанд, иҳота намуданд.

Эътирозгарон то замоне ки полис онҳоро пеш кунад, чанд соат дар бино монаданд.

Дар рафти бесарусомониҳо полис 70 нафарро дастгир кард, 5 тан, аз ҷумла як корманди амнияти Капитолий кушта шуданд.

Маросими савгандёдкунии раисҷумҳурони ИМА: аз Рейган то Трамп

Он замон собиқ раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ҳидисаро маҳкум кард ва ваъда дод, ки гунаҳконрон мутобиқи қонун ҷазо мегиранд. Ҷо Байден, президентӣ феълӣ бошад изҳор дошт,  бесарусомониҳо аз ҷониби экстримистҳои сиёсӣ, ки онҳоро Трамп ба шӯр андохтааст, ба роҳ андохта шуд.

138
Барчаспҳо:
пулис, Доналд Трамп, ҳамла, таҳдид, Амрико
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад

294
Роҳбари Қирғизистон Содир Ҷаббаров бо сафари расмӣ ба Душанбе сафар карданист ва дар ояндаи наздик ӯ инчунин аз Ӯзбекистон, Чин ва Туркманистон дидан хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.

Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.

"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", -  гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.

Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод

Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.

Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.

294
Барчаспҳо:
сафар, Тоҷикистон, раисҷумҳур, Қирғизистон