Соли 1850 дар ИМА арифмометр ихтироъ карда шуд.
Соли 1919 дар Олмон миёни шаҳрҳои Берлин ва Веймар аввалин хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ гардид.
Соли 1947 Фармони раҳбари Шӯрои Олии ИҶШС дар бораи таъсиси унвони "Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон".
Соли 1952 дар яке аз кӯчаҳои Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърих дар гузаргоҳ чароғаки роҳ насб карда шуд.
Соли 1979 Оятулло Ҳумайнӣ Эронро Ҷумҳурии исломӣ эълон кард.
Соли 1991 пойтахти Қирғизистон аз Фрунзе ба Бишкек тағйири ном кард.
Соли 2013 Вазири вақти молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии вақти Бонки чаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив лоиҳаи дуюм "Оид ба таъмини созмонҳои шуғли ҷамъиятӣ дар ҳадафҳои идоракунии устувори хоҷагии қишлоқ ва захираҳои обӣ дар Тоҷикистон" — ро имзо кард.
Соли 2013 аҳолии Тоҷикистон мувофиқи барӯйхатгирии соли 2013, 8000700 нафарро ташкил намуд, ки 79,9 дарсади онҳо тоҷик, 15 дарсад узбак, 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроиниву тотор ва ғайра мебошад.
Соли 2014 дар шаҳри Исфара гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои сарҳадиро баррасӣ намуданд.
Соли 2015 бо супориши Раҳмон ба аҳли оилаи модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд кард, хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шуд.
Соли 2015 Раҳмон дар робита ба фоҷиаи қатли ҳавонавард Муоз ал-Касосиба аз ҷониби гурӯҳи ифротиву террористии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун барқияи тасаллият ирсол намуд.
Соли 2016 масоили рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ муҳокима карда шуданд.
Соли 2017 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Раҳмон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд.
Соли 2018 Ҷоми заррини Қаҳрамонии ҷаҳонии футбол-2018 ба пойтахти Тоҷикистон оварда шуд.
Соли 2018 дар Душанбе 36 истгоҳҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Соли 2019 Раҳмон бо Лавров муносиботи дуҷонибаи минтақавию байналмилалиро баррасӣ кард.
Соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон бо имзои амру фармонҳо як қатор тағйироти кадриро амалӣ кард.
Бихадичаи Аҳмад (1968)- нависандаи узбекзабони Тоҷикистон.
Искандар Қаландаров (1936- 2010)- арбоби ҳизбӣ, Корманди шоиста маданияти Тоҷикистон.
Қудратшоҳи Одина (1950) - шоир.
Сафаралӣ Қурбонов (1947) - арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, Ҳунарпешаи Шоистаи ҷумҳурӣ.
Мавлониддин Пўлодов (1948)- нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Имомалӣ Раҳмонов (1969)- устоди рақс, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Раҷабалии Худоёр (1960)- шоир, адабиётшинос.
Оташ Неъмат (Додобоев) (1953) - шоир.
Бозор Сафаралиев (1956) - доктори илми педагогӣ.
Ҳаитов Аҳмадҷон (1947) - доктори илми кишоварзӣ, профессор.
Криштиану Роналду (1985) футболбози португалӣ.
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян зимни эътироз бо ҷонибдорони худ дар маркази Ереван изҳор дошт, ки аз Арманистон берун намеравад.
Қаблан Telegram-канал, хабар дод, ки ҳавопаймои махсус аллакай омода аст ва дар сурати бад шудани вазъият Пашинян зуд ватанро тарк мекунад.
Ситоди генералии Арманистон истеъфои Пашинянро талаб кард
Аммо сарвазир ин гуна маълумоҳоро терроризми иттилоотӣ номида гуфт, "ҳар чӣ мардуми мо бо ингуна ахборот одат кардаанд".
"Ман нияти тарк карадни давлатро надорам ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз Арманистон берун намеравам. Хонаводаи ман ҳам дар ҳамин ҷо аст. Шумо ҳоло худ шоҳид мешавад, зеро онҳо маҳз ба мо ҳамроҳ мешаванд", - афзуд Пашинян.
Аз наворҳо маълум аст, ки зимни эътирозҳо, Пашинянро писари ӯ Ашот ҳамроҳӣ мекунад.
Бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон пас аз он шиддат гирифт, ки Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳ рӯзи 25 феврал истеъфои сарвазирро талаб кард ва гуфт, ки роҳбарияти сиёсӣ давлатро ба дами хатар мерасонад. Ин пас аз он рух дод, ки сарвари ҳукумат муовини аввали сардор генерал-лейтенант Тиран Хачатрянро, ки қаблан изҳороти сарвазирро дар бораи Искандар танқид карда буд, аз вазифа сабукдӯш кард.
Занозанӣ дар Ереван: ҷонибдорону мухолифони Пашинян вориди муноқиша шуданд - навор
Дар посух, сарвазир дар бораи кӯшиши табаддулот эълон кард ва шаҳрвандонро даъват кард, ки дар майдони ҷумҳурӣ ба хотири "дифоъ аз инқилоб" ҷамъ оянд.
Вай инчунин гуфт, ки дар бораи аз вазифа сабукдӯш кардани Сардори Ситоди Генералии Арманистон Оник Гаспарян қарор имзо кардааст. Аммо, президент то ҳол зери ин санад имзо нагузоштааст.
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Син Ҷинпин аз пирӯзии давлаташ бар камбизоативу нодорӣ хабар дод, менависад агентии "Синхуа".
Ба иттилои манбаъ, кишвадори Чин дар ин бора зимни суханронӣ дар ҳамоиш бахшида ба натиҷаҳои мубориза бо камбизоатӣ иброз дошт.
Ба гуфтаи роҳбари Чин, дар тӯли ҳашт соли охир тақрибан 100 миллион нафар дар ин кишвар тавонистанд аз сатҳи камбизоатӣ бароянд.
"Ба туфайли саъю кӯшиши якҷояи Ҳизби коммунистӣ ва халқи Чин мо дар мубориза ба муқобили камбизоатӣ ғалабаи комил ба даст овардем", - шарҳ дод Ҷинпин.
Ӯ инчунин зикр кард, ки тайи солҳои охир 98,99 миллион нафар сокинони деҳот аз сатҳи камбизоатӣ бароварда шуданд.
Илова бар ин, ӯ хабар дод, ки 832 шаҳристон ва 128 ҳазор деҳа аз рӯйхати минтақаҳои камбизоати Чин хориҷ карда шуданд.
"Бо чунин муваффақиятҳо Чин мӯъҷизаи дигаре эҷод кард, ки дар таърих боқӣ хоҳад монд", - илова намудаст роҳбари Чин.
Бояд тазаккур дод, ки бори аввал Син Ҷинпин ғояи коҳиши мақсадноки камбизоатиро ҳанӯз соли 2013 зимни сафари санҷишӣ ба музофоти Хунан дар маркази Чин эълон карда буд.
Аз оғози сиёсати ислоҳот ва бози Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз охири солҳои 70-уми асри гузашта амалӣ мешавад, 770 миллион сокини деҳот аз камбизоатӣ раҳо карда шуданд.
Дар мусобиқаи ҳунарҳои омехтаи OCTAGON 16 дар Алмаато миёни намояндаи Тоҷикистон Муъмин Шамсов ва варзишгари Қазоқистон Давлатбек Абдуқаҳоров муҳориба баргузор шуд.
Барои Мӯъмин Шамсов, ки 32-сола шуд, ин мубориза аввалин дар карераи касбии ӯ буд.
Давлатбек Абдуқаҳоров низ наметавонад бо таҷрибаи кофии варзишӣ фарқ кунад: вай барои мубориза бо тоҷик як ғалаба ва як мағлубият дошт.
Мубориза бо суръати тез оғоз ёфт: варзишгарон зуд ба табодули зарбаҳои сахт шурӯъ карданд.
Размикори қазоқ Шамсовро ба тури майдон ҷасф карда, ӯро маҷбур кард, ки мавқеи номусоидро ишғол кунад ва дар доираи васеъ хаста кунад.
Дар мобайни давр мубориза боздошта шуд: дидаю дониста ё на, қазоқистонӣ ба чашми Мумин зад. Пас аз каме таваққуф, рақибон набардро идома доданд.
Муштзани тоҷик Сангинов Лаваллеро шикаст дод - навори ҷолиби рақобат
Чунин ба назар мерасид, ки Абдуқаҳоров дар даври аввал пешсаф буд ва талоши бештар карда, кӯшиш кард, ки муборизаро ба замин барад. Аммо вақте ки размикори Қазоқистон танҳо як маротиба ҳимояаш кушода шуд, Мӯъмин Шамсов як зарбаи қавии ҳалкунанда зад.
Ҳаминтавр нахустин муборизаи касбии паҳлавони тоҷик бо нахустин пирӯзии боэътимоди ӯ тариқи нокаути техникӣ ба анҷом расид.